JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 31 Августи 2023 20:42

Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” ба алоқамандону хонандагон дастрас мегардад

Муаллиф:

  Моҳи августи соли ҷорӣ шумораи 7-уми маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” - (нашрияи Шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз чоп баромад.

  Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони соҳа аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва муаллифон –аҳли ҳунар аз ҷумла: Ализода Абдурашид Хӯҷамқул, Далер Миҳтоҷов рассоми маъруфи Тоҷикистон, Сабзали Муродзодаи Шариф рассоми халқии Тоҷикистон, Саидкаримов Б.А. ва Манонова М.Т. (номзадҳои илми санъатшиносӣ), инчунин олимони давлатҳои хориҷи Баҳора Хуррамова (номзади илми санъатшиносӣ), дотсенти кафедраи санъатшиносии Донишгоҳи Давлатии Самарканд ба номи Шароф Рашидов, Мухторова Г.С. (проректор) ва Дадирова А.А. (устоди кафедра) - кормандони Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги ш. Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), ба нашр расиданд. Муҳтавои мақолаҳои мазкур асосан ба проблемаҳои таърих ва назарияи самтҳои мухталифи илми санъатшиносӣ - санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ, кинематография, санъати театрӣ, актёрӣ, санъати ороишӣ-амалӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Мақолаи Б.Хуррамова “Классикаи миллӣ дар драматургия ва театри муосири тоҷик” ҷараёни таърихии ба драматургия ва саҳнаи театри тоҷик ворид гардидани намунаҳои адабиёти классикии тоҷик, ки боиси ба вуљуд омадани асарҳои барҷастаи саҳнавӣ гардид, бахшида шудааст. Муаллиф таъкид намудааст, ки дар беҳтарин асарҳои классикаи миллӣ рамзҳои фалсафӣ ба театр имконияти мукаммали тадқиқи амиқи воқеиятро пешниҳод намуда бо гузориши масъалаҳои умумибашарӣ ҷолиби диққати тамошобин шудааст. Мутахассисони тоҷик Б.Саидкаримов ва М.Манонова аввлаин маротиба муҳтавои асари маъруфи композитори эронӣ, устод Мустафо Камоли Пуртуробро (Теории мусиқӣ) бо ҳуруфоти кириллӣ таҳия намуда пешкаши мутахассисони Тоҷикистон карданд. Мустафо Пуртуроб собиқ раиси консерваторияи миллии Теҳрон, композитор ва мусиқишиноси варзида маҳсуб ёфта, солҳои 1973-74 дар Консерваторияи давлатии Тошканд низ аз фанни “Назарияи мусиқӣ” дарс гуфтааст. Дар ин асари М.Пуртуроб вижагиҳои мусиқии шарқӣ аз назари илми мусиқӣ тавсиф дода шудааст. Муаллиф дар ин хусус зикр намудааст, ки: “Мусиқӣ ҳамчун навозишгари гӯш, раҳнамун ва муҳайиҷи дил ва талтифкунанда ва сафодиҳандаи руҳ аст ва хулқи мусиқӣ иборат аз низоми савтист, ки аҷзои гуногуни як асари мусиқиро бо инсиҷоми васфнопазир ба якдигар пайванд медиҳад".

  Мақолаи яке аз ҳунармандони маъруф, рассоми бо истеъдод Далер Миҳтоҷов, омӯзгори фанҳои тахассусии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов таҳти унвони “Гиряи лолаҳо” хотиротеро ба таври фишурда дар бораи рассомони тоҷик - Исуф Сангов, Зиёратшоҳ Довутов, Фаррух Хоҷаев ва Карим Наҷмиддинов, ки айни ҳол дар қайди ҳаёт нестанд, нақл мекунад. Д.Миҳтоҷов нагоҳи тахассусии хешро доир ба зиндагӣ ва эҷодиёти нафарони номбурда иброз намудааст.

  Мақолаи рассоми халқии Тоҷикистон Сабзали Муродзодаи Шариф бо номи “Было время” баҳри хотироти рассомони тоҷик Исуф Сангов, Довутов Зиёратшоҳ, Шералиев Сайфиддин, устои халқи кандакори чуб Нуриддинов Сироҷиддин, Абдусаматов Дод, Одинаев Валимад ва махсусан шодравон Суҳроб Қурбонов бахшида шудааст. Рассомони номбурда бо Сабзали Муродзодаи Шариф дар солҳои 70-уми асри гузашта баъди хатми мактабҳои олӣ дар хориҷи кишвар, ҳунари рассомии худро ҳама ҷониба сайқал дода ба Ватан баргаштанд ва қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи санъати тасвири гузошта, баҳри ободии Ватан хизматҳои шоиста кардаанд. Сабзали Муродзодаи Шариф дар бораи ҷавониҳои худ ва он, ки чи гуна фаъолияташонро оғоз намуданд, дар мақола маълумотҳои ҷолиберо овардааст.

Мақолаи М.Довутова бо номи “Быть мастером–это долг и честь» дар бораи таърихи рушду нумуъи ҳунари наққошии “Кундал” ҳаст, ки он дар бораи хусусиятҳои нозуки ин ҳунари зебо, оид ба давраҳои пайдоиши он ва рассомоне, ки ин ҳунарро то ба имрӯз ривоҷ дода онро сайқал дода истодаанд, маълумоти муфидро дарбар мегирад.

Киношиноси тоҷик Т.Некқадам дар мақолааш муаммои ба экрани синамо аз нав эҳё намудани сужетҳои классикиро шарҳу тавзеҳ додааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон М.Шодиев аз таҷрибаи бойи хеш дар саҳнаи театр нақл намуда оид ба хусусиятҳои образи саҳнавӣ ибрози андеша меорад.

  Чанде қабл дар ш.Париж (Фаронса) намоиши асарҳои рассоми тоҷик О.Камолов баргузор гардида буд. Мақолаи С.Ҳоҷиева аз ҷараёни ҳамин намоиш ва таассуроти тамошобинони фаронсавӣ нақл мекунад.

Г. Абдуллоева (ходими хурди илмии АМИТ) оид ба баргузории форуми “Санъати хаттотии мардуми тоҷик”, ки бо иштироки олимони тоҷик ва хориҷи кишвар дар Душанбе (феврали соли 2023) гузориш пешниҳод намудааст.

Муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷ. Асрориён дар ин шумораи маҷалла қиссаи хеле аҷоиби илмӣ-оммавиро пешниҳоди хонандагон намудааст.

  Сухангӯ ва муҳаққиқ Абдурашид Ализода бахшида ба 100-солагии шоири ширинкаломи тоҷик А.Шукӯҳӣ мақолаи хеле пурмуҳтаво навиштааст, ки дар он оид ба ҳаётӣ ва эҷодиёти шоир, зебогиҳои каломи ӯ, нидои самимонаи ватандӯстиаш инъикос шудаанд.

  Маълумоти бештарро дар бораи шумораи мазкури маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” метавонед аз сайти ravshanfikr.tj дастрас намоед.

Хондан 1704 маротиба