Рӯзноманигор Мавҷуда АНВАРӢ бо саргеологи Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло ХОҶАЕВ дар бораи касби геологӣ-яке аз касбҳое, ки имрӯз миёни ҷавонони муосир на он қадар шӯҳрат дорад, суҳбат орост.
Касби геологро худатон интихоб кардед ё нафаре шуморо роҳнамоӣ кард?
САРГЕОЛОГ: Ман аз хурдӣ табиату саёҳатро дӯст медоштам ва орзу мекардам, ки кӯҳҳои осмонбӯси диёрро аз наздик бинам. Ба дарсҳои биология ва география ҳам шавқи зиёд доштам. Шавқу ҳаваси ман, албатта, ба интихоби ман таъсир расонид. Дар натиҷа ба хулоса омадам, ки таҳсилро дар факултети геологияву маъдани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳам. Маконе, ки ман бузург шудам, барои ошноӣ бо сарватҳои зеризаминӣ хурдӣ мекард. Бинобар ин ҷавонони он баъди хатми мактаби миёна барои таҳсил ба шаҳрҳои калон, ба монанди Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва ғайра мерафтанд. Лекин ман баъди хатми мактаби миёна пойтахти мамлакатро интихоб кардам.
Таҳсил дар Донишгоҳ мушкил набуд?
САРГЕОЛОГ: Осон набуд, вале бо ҳама мушкилиҳояш ба ман бисёр хуш омад. Зеро ба корҳои амалӣ таваҷҷуҳи зиёд карда мешуд. Дар он акнун бо канданиҳои фоиданок ва дигар сарватҳои табиӣ шиносоии бештар пайдо мекардам, онҳоро аз наздик медидам ва даст мерасонидам. Дар ҳақиқат, баъзан омӯзиши мавзӯъҳои мураккаб ва истилоҳоти он хеле дилгиркунанда менамуд. Вале бо мурури замон омӯзиши ганҷҳо ва асрори табиат бароям ҷолибтару шавқовартар мегардид.
Вақтҳои охир мешунавем, ки хатмкунандагони ин ё он муассисаи олии мамлакат дар ёфтани ҷойи кор мушкилӣ доранд. Оё шумо дар ин самт мушкилӣ доштед?
САРГЕОЛОГ: Хушбахтона, ман чунин мушкилӣ надоштам. Зеро ман ба ҷустуҷӯи кор пешакӣ, аниқтараш аввали соли таҳсили 5-ум оғоз карда будам. Бо ширкатҳои геологӣ ҳамкорӣ доштам, яъне дар корҳои саҳроӣ навбатдорӣ мекардам. Баъди хатми донишгоҳ дар Саридораи геология ба кор ҷалб шудам. Аз соли 2003 инҷониб аввал ҳамчун техник, баъдтар геолог, ҳоло ба ҳайси саргеологи КВ “ЭҶАГ” Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ фаъолият дорам.
Дар ин муддат ба корҳои саҳроии кадом минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб шудед?
САРГЕОЛОГ: Дар тӯли 17 соли фаъолият қариб, ки ба ҳамаи минтақаҳои баландтарини пурганҷи мамлакат сафар кардам. Ҳамчунин барои сайқал додани дониш ба давлатҳои хориҷӣ сафар доштам. Дар пеш боз даҳҳо чунин сафарҳо интизоранд.
Корҳои саҳроӣ чанд муддат идома меёбанд ва дар он чанд нафар ҷалб мешавад?
САРГЕОЛОГ: Баъзе корҳои саҳроӣ бо назардошти минтақа тамоми сол ва баъзеашон мавсимӣ мебошанд. Шумора ба мавзеи омӯзишӣ ва ҳаҷми корҳо вобаста аст. Гурӯҳҳо аз 5 то 15, 30, 40, ҳатто то 100 нафар ташкил карда мешаванд. Марҳилаи гузаронидани корҳои иктишофи геологиро ба назар гирифта, дар мавзеъҳои интихобшуда барои гурӯҳҳо хаймаҳо, вагонҳо ё ин ки хоначаҳои муваққатӣ сохта мешаванд.
Шумо дар кадоми онҳо иқомат доштед ва ҳаёт дар он ҷойҳо чӣ гуна аст?
САРГЕОЛОГ: Ман дар ҳар сеи он будам. Ҳар кадоми онҳо кайфияти худро доранд. Мо-геологон дар мавзеи 4 ҳазор аз сатҳи баҳр боло ва хунукии аз 50 дараҷа боло ба корҳои омӯзишӣ машғул мешавем. Вобаста ба мавсими сол дар ин ҷойҳо хунукии аз 50 дараҷа боло ҳам мешавад. Дар хотирам ҳаст, ки моҳи августи соли 2014 дар Сангвор ва моҳи августи соли 2010 дар Рашт барф борид. Ҳангоми боридани барф корҳои саҳроӣ мушкил мешаванд.
Дидани ин ҷойҳо бе муҳобот орзуи деринаи ҳар сайёҳи хориҷӣ аст. Дар оғӯши табиат хоб кардан, аз овози форами булбулон бедор шудан, аз обҳои мусаффо нӯшидан, дар садои шилдир-шилдири шаршара ва бӯи гулу гиёҳҳои нодир, дар домони кӯҳ нишаставу нӯши ҷон кардани ғизо аҷаб роҳате дорад...
Хеле аҷиб. Дар сармои сахти беш аз 50 дараҷа дар ҳақиқат шумо ба кӯча мебароед?
САРГЕОЛОГ: Албатта, мушкил аст, вале ҳақиқат аст. Баъзан аз барфи бисёр техника аз кор мемонад. Оҳан бо ҳам часпида, мешиканад. Вале геологҳо корро идома медиҳанд.
Ҳаёт дар чунин баландӣ хатарнок ҳам аст. Ҳайвонҳои ваҳшӣ инсонҳоро чӣ гуна истиқбол мегиранд?
САРГЕОЛОГ: Геолог, пеш аз ҳама, бояд нотарс, эҳтиёткор ва бо ҳаёти ҳайвонот ва наботот шинос бошад. Борҳо мо шоҳиди ҳуҷуми хирсон ба қуттии занбӯрпарварону гургон ба рамаҳо мешавем.
Боре хирсе ба минтақаи мо омада, соҳибиро сар кард. Хӯрок мекофт, ба таҷҳизот даст расондан гирифт. Ҳама пинҳон шудему рафтанашро интизор будем. Вале ӯ дар фикри рафтан ҳам набуд. Дар охир ронандаи мо ба мошини боркаш нишаста, ба рондани ӯ шурӯъ кард. Дар аввал хирс бо панҷаҳояш мубориза бурд, аммо баъд рафт.
Аз нақлҳоятон маълум шуд, ки кори геологҳо осон нест. Чӣ гуна шумо ба чунин кор розӣ шудед?
САРГЕОЛОГ: Ман медонистам, ки барои ба мартабаи баланд расидан таҷриба ва собиқаи арзанда гирифтан аввал бояд дар саҳро кор кунам. Илова бар ин, барои чунин кор пули хуб пардохта мешавад. Фаъолияти геологияи муосир аз геологияи қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад, яъне осонтар шудааст.
Замоне одамони ришдор моҳҳо дар кӯҳҳо бо ҷузвдонҳо, дастгоҳҳои бузург ва қутбнамо сайр мекарданд. Геологи муосир ҳоло бештари вақтро дар назди компютер ва дигар таҷҳизот сарф мекунад ва ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ кам машғул аст.
Акнун баъди суҳбат ба назарам чунин менамояд, ки дар дили ман дар бораи “касби геологӣ-яке аз касбҳое ки имрӯз миёни ҷавонони муосир на он қадар шӯҳрат дорад” шубҳае намемонад...
САРГЕОЛОГ: Шояд, ҳамин тавр бошад. Аммо, боду ҳавои номӯътадил ва душвории шароити кор на ҳамаи мушкилии он аст. Бисёриҳо аз ҷудоӣ аз ҷомеа, ҳаёт дар ҷангал ва шароити кӯҳ меҳаросанд. Охир дар ин ҷойҳо маконҳои дилхушӣ, қаҳвахона, кинотеатр, кафебарҳо, ҳатто роҳҳо мавҷуд нестанд. Лекин дар ин ҷо бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст. Шумо метавонед ба рушди худ машғул шавед, дар вақти холигӣ китоб мутолиа кунед.
Аз ҳама муҳим- ин кор ба мо дӯст доштан ва эҳтироми табиатро меомӯзад. Инсон кайҳост худро соҳиби тамоми ҷаҳон эҳсос кардааст. Вале дар ин ҷо табиат моро аксар вақт хотиррасон мекунад, ки мо меҳмони ӯ ҳастем.
Ташаккур барои мусоҳибаи ҷолиб! Дар ниҳоят ба ҷавононе, ки дар оянда мехоҳанд геолог шаванд, чӣ гуфтан мехоҳед?
САРГЕОЛОГ: Пеш аз ҳама, табиатро дӯст доред! Ба ояндаи дурахшони касби интихобкардаатон умед бандед. Аз мушкилиҳои он натарсед. Давлати мо аз ҷиҳати захираҳои исботшуда ва сатҳи истихроҷи маъдан дар ҷаҳон мавқеи назаррас ишғол мекунад, аз ин рӯ, ҳамроҳ бо ихтисоси геологӣ шумо ҳамеша метавонед ба оянда дилпур бошед. Агар геолог бо болға зарба назанад, конҳои нав кашф карда намешаванд
Касби геолог ҳамеша талабгор дошт, дорад ва хоҳад дошт!
Мавҷуда Анварӣ
рӯзноманигор