JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 29 Июли 2020 11:28

Таҳлили таъсири офтаҳои табиӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тавозуни экологӣ

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Ҳамасола дар саросари ҷаҳон миқдори зиёди офатҳои табиӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ба солимии аҳолӣ ва соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсироти манфӣ расонида, рушди иқтисодиёту иҷтимоиётро коҳиш медиҳанд ва ҳолати системаҳои экологиро хароб мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда [1] ҳар соле тарқибан 200 млн нафар аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд ва таҳлилҳои ин офатҳо дар тамоми сатҳи Замин нишон медиҳад, ки бо пешрафти илму техника, ҳифзи одамон ва техносфера аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ҳанӯз ҳам ногузир аст. Далелҳо собит менамоянд, ки шумораи аз ин ҳодисаҳо фавтидагон дар ҷаҳон солҳои охир 4,3% ва миқдори зарардидагон 8,6% афзуда, хисороти иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 6% зиёд шудааст. Дар айни замон, маълум аст, ки офатҳои табиӣ - ин мушкилоти глобалӣ буда, сарчашмаи асосии бадбахтии башарият ва яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи рушди устувори иқтисодӣ ба шумор мераванд.

  Зеро маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид [2] нишон медиҳанд, ки бештари одамон аз таъсири ҳодисаҳои табиии гидрометеорологӣ ба ҳалокат мерасанд ва дар ин раванд офатҳои табиии геологию ҳодисоти табиии техногенӣ мақомҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Ин оморҳо нишон медиҳанд, ки миқдори офатҳои техногенӣ дар ҷаҳон, махсусан фалокатҳои нақлиётӣ аз интиҳои солҳои 70-уми асри гузашта якбора рӯ ба афзоиш ниҳод. Ҳамзамон, сарфи назар аз он, ки кишварҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ назар ба дигар қитъаҳо инфрасохтори бештар зич доранд, вале шумораи зиёди қурбониёни ин офатҳо дар Африқо ва Осиё ба назар мерасанд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аз соли 1901 то соли 2007 дар тамоми ҷаҳон 1125 садамаи саноатӣ рӯй додааст, ки дар натиҷа қариб 4,5 млн нафар зарар дида, тақрибан 49 000 нафар вафот кардааст. Хисороти умумии аз ин намуди офатҳои техногенӣ ба 225 млрд доллари ИМА (бо қурби доллар дар соли 2006) мерасад. Дар ин муддат қисми зиёди фалокатҳои техногенӣ дар қитъаҳои Осиё (651 ҳодиса), Аврупо (199) ва Амрико (177) рух додаанд.

  Вале аксар ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта, ба ҳолат ва тағйирёбии шароитҳои метеорологию бузургиҳои гидрологӣ алоқаманд мебошанд. Тайи бистсолаи охир маъсалаи тағйирёбии глобалии иқлим ба яке аз масоили муҳиму ҳалталаб табдил ёфта, диққати кулли башарро ҷалб кардааст. Бисёри олимон тасдиқ мекунанд, ки Заминро гармшавии глобалӣ таҳдид мекунад ва имрӯз бархе нишонаҳои он ба назар расида истодаанд. Бо вуҷуди ин, як чиз равшан аст: инсон иқлими сайёраро ба таври қатъӣ чунон тағйир дод, ки оқибатҳои ин тағйиротро ҳеҷ интизор набуд. Масалан, дар гузориш оид ба проблемаҳои тағйирёбии глобалии муҳити геологии Кумитаи байналхалқии Geochange [3] омадааст, ки дар давоми 10 соли охир (1999-2009) шумораи аз зилзилаҳо фавтидагон назар ба 50 соли қабл 42% зиёд буда, дар ин даҳ сол шумори аз сунамиҳо ҳалокшудагон нисбат ба 100 соли пеш даҳҳо маротиба бештар аст ва дар панҷ соли охир шумораи обхезиҳо дар муқоиса ба панҷ сол муқаддам ду баробар бештар гардид.

  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳисоби заминларза, тӯфон ва дигар офатҳои табиии давоми солҳои 1970-2010 рухдода тахминан 3,3 млн (ба ҳисоби миёна 82 500 нафар дар як сол) нафар вафот кардааст [4]. Мувофиқи ин нишондодҳо бузургтарин офатҳои табиие, ки тайи солҳои 2000-2010 ба вуқуъ омада, зарари молию ҷонии зиёд дар пай гузоштанд: гармои шадид дар Аврупо (тобистони соли 2003, 35000 нафар фавтид), заминҷунбӣ дар Эрон (26.12.2003, зарардидагон - 30000 ва ҳалокшудагон - 43000 нафар), сунами дар уқёнуси Ором (24.12.2004, зарардидагон - 150000 ва фавтидагон - 230000 нафар), тӯфони «Катрина» (августи соли 2005, ҳалокшудагон - 1800 нафар ва хисороти иқтисодӣ - 81 млрд долл. ИМА), заминҷунбӣ дар Покистон (8.10.2005, зарардидагон - 106000 ва фавтидагон - 79 000 нафар), сиклони «Наргис» дар Мянма (2.05.2008, ҳалокшудагон - 138000 нафар ва зарари иқтисодӣ - 12 млрд доллар), заминҷунбӣ дар Чин (12.05.2008, зарардидагон - 375000 ва фавтидагон - 70000 нафар), обхезӣ дар Покистон (6.08.2010, ҳалокшудагон - 2000 нафар ва хисороти иқтисодӣ - 43 млрд долл. ИМА), сӯхтор дар Россия (июл-сентябри соли 2010, зарар ба 127 нуқтаи аҳолинишин), заминҷунбӣ дар Тибет (14.04.2010, зарардидагон - 12150 ва фавтидагон - 2700 нафар), заминҷунбӣ дар Ҳаити (12.01.2010, ҳалокшудагон - 223000 нафар) ва заминҷунбӣ дар Чили (27.02.2010, вафот карданд 750 нафар) мебошанд.

  Давоми ин солҳо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ чандин офатҳои табиии шадид ва хисоротовар ба қайд гирифта шуданд, ки машҳуртаринашон хушксолии солҳои 2000-2001 ва зимистони сарди солҳои 2007-2008 мебошанд. Азбаски Тоҷикистон шароити мураккаби ҷуғрофӣ ва релефи баландкӯҳ дорад, қаламрави он ба тағйирёбии иқлим басо осебпазир мебошад. Масалан, дар натиҷаи номуоид омадани обу ҳаво дар давоми солҳои 2007-2008 беш аз 40 ноҳияи Тоҷикистон дучори офатҳои табиӣ гардиданд ва хисороти чунин ҳодисаҳо зиёда аз 100 млн доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳамаи ин ҳодисот, дар навбати худ оқибатҳои шадиди манфиро ба миён оварда, ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонанд ва имкониятҳои кишварро дар робита ба рушди устувор коҳиш медиҳанд. Зеро дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд офатҳои табиие чун заминҷунбӣ, обхезӣ, хушксолӣ, сел, лағжиши замин ва ҳодисаҳои марбут ба ивазшавии обу ҳаво бештар ба чашм мерасад.

  Мувофиқи тадқиқоти Институти муҳити зист ва бехатарии инсони СММ, ки оид ба осебпазирии кишварҳо ба тағйирёбии иқлим ҳамасола гузаронида мешавад, дар рӯйхати тартибдодаи он Тоҷикистон дар байни 173 давлат мақоми 97-умро ишғол мекунад [5]. Бояд қайд кард, ки дар ин рӯйхат аз миёни кишварҳои собиқ ИҶШС ҷойҳои аввалро Литва (24) ва Украина (26) ва мақомҳои охирро Қирғизистон (117) ва Ӯзбекистон (127) мегиранд. Тибқи гузоришҳои чандисолаи пажӯҳишгоҳ сатҳи обепазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон коҳиш дода шуда, аз 7,47%-и соли 2011 ба 6,72% дар соли 2016 поён фароварда шудааст. Ба андешаи мутахассисони ин ниҳоди пажӯҳишӣ дар зарфи даҳсолаи охир ҳодисаҳои фалокатбор, аз ҷумла беборишӣ, заминларза, сел, обхезӣ, ярч, тӯфон, тундбод, вулқон ва фурӯғалтӣ афзудаанд.

  Маълум аст, ки ҳамасола дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва техногенӣ хисороти молӣ беандоза буда, ҷиҳати кам кардани хавфи онҳо, ҳамзамон наҷоти ҳаёти одамон иқдомоти зиёдеро дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ талаб менамояд. Тоҷикистон, ки сарзамини кӯҳсор аст, ба офатҳои табиӣ ҳасссос буда, ҳар сол Ҳукумати ҷумҳурӣ миллионҳо сомониро сарфи бартарафсозии оқибатҳои фавқулода мекунад ва миллионҳои дигарро дар корҳои пешгирӣ аз ин офатҳо масраф менамояд. Масалан, тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон [6] дар соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 883 ҳодисаҳои хатарноки табиӣ: 720 ҳодисаи фаромадани тарма, 41 ҳодисаи омадани сел, 32 ҳодисаи баландшавии об дар дарёҳо, 23 ҳодисаи ярч, 33 заминларза, 21 ҳодисаи фаромадани сангреза ва 13 ҳодисаи шамоли шадид ба қайд гирифта шуданд. Аз ин шумораи ҳодисаҳои бақайдгирифташуда 56 ҳолат ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ зарари моддии ҷиддӣ расонидаанд. Аз моҳи январ то марти соли 2017 дар марзи кишвар 670 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, ки бар асари ин офатҳо 23 нафар ба ҳалокат расидаанд ва дар расми 1 миқдори офатҳои табиӣ (а) ва шумораи бар асари ҳолатҳои фавқулода фатидагон (б) дар соли 2017 бо фоиз нишон дода шудааст.

 

  Оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиии давоми панҷ соли охир раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза карда, аз ҷумла қайд намуданд, ки: «Танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд. Бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон, 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд. Ҷамъбасти маълумотҳои аз ҷониби комиссияҳо оид ба офатҳои табиӣ тасдиқгардида дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд ва бар асари онҳо 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 млн доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст…» [7].

  Дар ин муддат, дар миқёи ҷумҳурӣ аз рӯи хисороти иқтисодӣ мавқеи аввалро ҳолатҳои сел ишғол мекунад ва беш аз 63% хисороти иқтисодии аз офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар расида ба оқибатҳои омадани селҳо рост меояд. Аз шумораи умумии аз офатҳои табиӣ ҳалокгардида низ селҳо дар ҷойи аввал қарор дошта, дар пайи ҳолатҳои сел 38 нафар ҷон бохтаанд. Чунки назар ба дигар ҳолатҳои фавқулода аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шуда, 34% офатҳои табииро ташкил медиҳад.

   

Расми 2. Оқибат ва хисороти моддию иқтисодии селҳо дар Тоҷикистон

  Ба ғайр аз талафоти ҷонии дар расми 1 ва оқибати селҳо дар расми 2 нишондодашуда, дар соли 2017 дар натиҷаи офатҳои табиӣ 157 хонаи истиқоматӣ, аз онҳо 49 хона пурра вайрон шуда, заминҳои кишт дар масоҳати 605 га нобуд гардида, 16 купрӯк ва 1197 км асфалт ва рӯйпӯши болоии роҳҳои автомобилгард вайрон гардиданд.

  Барои гузаронидани корҳои сохтмонию барқарорсозӣ аз 49 хонаҳои истиқоматӣ, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ пурра вайрон шуданд 35 хона аз нав сохта шуда, сохтмони 14 хонаи дигар то фарорасии давраи баҳору тобистони соли 2017 бозмонда шуд ва барои оилаҳои хонаҳояшон дар натиҷаи офатҳои табиӣ қисман зарардида, аз нав 28 хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Лахш, 6 хона дар Дарвоз ва 5 хона дар шаҳри Панҷакент сохта шуданд. Ғайр аз он, ба оилаҳои зарардида аз буҷаи давлат кумаки яквақтаинаи моддӣ ба маблағи умумии 76 ҳазору 100 сомонӣ ҷудо гардид. Бо мақсади рафъи оқибатҳои боришоти пайдарпай дар ноҳияи Ашт, ки рӯзҳои 13-18 апрел ва 24 июни соли 2017 ба амал омада буд, аз буҷети ҳокимияти маҳаллӣ 50 000 сомонӣ ҷудо карда шуд [6].

  Дар барорбари хисороти моддию иқтисодӣ, инчунин офатҳои табиӣ ба вайроншавии системаҳои экологӣ низ муосидат мекунанд. Ҳамасола бар асари офатҳои табиӣ тавозуни экологии минтақаҳои гуногун вайрон гардида, боиси харобшавии экосистемаҳо мешавад ва барои аз байни рафтани олами набототи маҳал боис мегардад. Ҳамчунин, оқибатҳои ногувори офатҳои табиӣ ба бадшавии системаи экологии маҳал барои ба вуҷуд омадани муҳоҷирони экологӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода бештар аст, сабабҳои пайдоиши муҳоҷирони экологӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехатар низ зиёд аст. Дар ин самт, ҳуҷҷатҳои банақшагирӣ ва ҳисобӣ оид ба кӯчонидани аҳолӣ ҳангоми рахнашавиҳои эҳтимолии кӯли Сарез, обанборҳои Норак, Муъминобод, Селбур, Баҳри тоҷик, Сангтӯда 1 ва 2, Бойғозӣ, Даҳанасой ва инчунин, обанбори Тохтагули Ҷумҳурии Қирғизистон, ки таъсири фаромарзӣ дорад, зери назорат қарор доранд.

  

Расми 3. Машқҳои тамринотӣ бо кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехатар дар деҳаҳои водии Бартанг

  Бояд ёдовар шуд, ки тибқи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилонаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2010-2013 ва Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилонаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016 дар давоми солҳои 2012-2016 1650 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бояд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешуданд. Дар доираи нақшаи мазкур дар соли 2017 349 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ, аз ВМКБ 46 хоҷагӣ, вилояти Суғд - 37, вилояти Хатлон - 158, НТҶ - 92 ва шаҳри Душанбе - 16 хоҷагӣ ба нақша гирифта шуда, бояд аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шаванд. Дар давоми соли 2017 ҳамагӣ 327 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ, аз ҷумла ВМКБ 44 хоҷагӣ, вилояти Суғд - 37, вилояти Хатлон - 154, НТҶ - 88 ва шаҳри Душанбе - 4 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд [6].

  Қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи тадқиқотҳои дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронидашуда 381 мавзеъҳои хатарноки дараҷаи аввал, аз онҳо 186 мавзеъи хатари сел, 90 мавзеъи обхезӣ, 47 мавзеъи хавфи ярч, 25 мавзеъи эрозияи замин, 14 мавзеъи хавфи тарма, 11 мавзеъи хавфи баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва 8 мавзеъи хавфи сангрезӣ муайян карда шуданд [8].

  Тавре ёдовар шудем, дар қаламрави Тоҷикистон чунин зуҳурот ва равандҳои хатарноки табиӣ, аз қабили селҳо, ярчҳо, тармаҳои барфӣ, шамолҳои шадид, боришоти боронҳои сахт, заминларзаҳо, хушксолиҳо, хунукиҳо, жолаи калон, боришоти барфи зиёд ва гармии сахт ба қайд гирифта мешаванд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи номбурда яке аз зуҳуроти зараровари табиӣ ин тармафароӣ, ярч ва сел ба шумор мераванд. Зеро ин ҳолатҳои фавқулода на танҳо ба одамон, балки ба иқтисодиёти кишвар низ зарар мерасонанд. Онҳо ба таъмини фаъолияти зисти аҳолӣ таъсир мерасонанд, ба амвол хисорот меоранд ва инчунин, мувозинати ҳамаи низомҳои ҳаётро вайрон мекунанд. Зеро таҳлили умумӣ нишон медиҳад, ки қисми асосии зарари иқтисодиро селҳо ва омили асосии ҳалокати одамонро тармаву барфтӯдаҳо ба бор меоранд. Бинобар ин, бо мақсади коҳиши зарари иқтисодии селҳо ва талафоти ҷонӣ зарур аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ чорабиниҳои иловагии муҳандисию техникӣ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва иншооти иқтисодӣ таҳияву татбиқ карда шаванд. Ҳамзамон, барои коҳиши ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии талафоти одамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро зарур аст, ки ҳамасола ба мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавсияҳо дода, дар қитъаҳои хатарнок чорабиниҳои зидди офатҳои табииро матраҳ ва амалӣ намояд, то дар минтақаҳои селраву тармафаро долонҳои зидди селу тарма сохта шаванд [9, с.150].

  Маҳз ба ҳамин хотир, соли 2017 кормандони Кумита дар ба нақша гирифтани нуқтаҳои шаҳрӣ ва аҳолинишини нав иштирок намуда, онро мавриди омӯзиш қарор дода, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва институтҳои лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба қисми «Чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданӣ» ва «Пешгирии ҳолатҳои фавқулода» дар таркиби нақшаҳои куллии шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин, ба монанди шаҳракҳои Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ, Теми шаҳри Хоруғ, Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ, Балхии ноҳияи Ҷ.Балхӣ, Қубодиёни ноҳияи Қубодиён, Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, марказҳои ноҳиявии ноҳияҳои Айнӣ, Дарвоз, Мурғоб, Н.Хусрав, Панҷ, Шаҳристон ва инчунин, хонаи истиқоматии идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим тавсияҳо дода, пешниҳодҳо кардаанд [6].

  Ҳамин тавр, сабабҳои асосии нигоҳдорӣ ва зиёдшавии офатҳои табиӣ тағйирёбии иқлим ва таъсири рӯзафзуни антропогенӣ ба табиати муҳити зист; нодуруст ҷойгиркунии объектҳои иқтисодӣ; тақсимоти қитъаҳои замин дар ҷойҳои эҳтимолан хатарноки табиӣ; самаранокии нокифоя ва рушд наёфтани системаи мониторинги муҳити зист; мавҷуд набудан ё ҳолати бади иншоотҳои гидротехникӣ, зидди сел, ярчу тарма ва дигар иншоотҳои муҳандисии муҳофизатӣ, риоя накардани сохтмони ба заминларза тобовар, устувории биноҳову иншоотҳо дар минтақаҳои хатарноки сейсмикӣ ва инчунин, мавҷуд набудан ё нокифоя будани кадастрҳои минтақаҳои эҳтимолан хатарноки табиӣ (мунтазам обхезӣ, хатарноки сейсмикӣ, хавфи сел, тарма ва ярч) буда метавонанд.

 

Номвар ҚУРБОН,

муҳандис-гидрометеоролог

 Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои геологӣ ва техникӣ», 2019. - №4. - С.130-139.

 

Адабиёт

  1. URL: https://news.un.org/en/news/topic/economic-development.
  2. URL: https://news.un.org/en/news/topic/climate-change.
  3. Доклад Международного комитета Geochange // URL: http://ru klinok.info/ news/2010-11-27-1226.
  4. Natural Hazards. UnNatural Disasters: The Economics of Effective Prevention. - М., 2012. - 312 P.
  5. WorldRiskReport Focus: Governance and civil society UNU-EHS Institute for Environment and Human Security In cooperation with: 2016.
  6. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон / Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли - Душанбе, 2017. - 84 с.
  7. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар панҷ соли охир // URL: http://www. president.tj/ node/14512.
  8. Усмонов И.М. Чрезвычайные ситуации природного характера, возможные на территории Республики Таджикистан, и их последствия / И.М. Усмонов. - Душанбе, 2007. - 44 с.
  9. Якутилов М.Р. Сели, и борьба с ними в Таджикистане / М.Р. Якутилов. - Душанбе, 1966. - 190 с.

 

Хондан 2201 маротиба