Асри ХХI агарчӣ аз як ҷониб бо рушди дастовардҳои технологӣ барои инсоният шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда бошад ҳам, пас аз ҷониби дигар, башарият дар ин аср дучори мушкилиҳое гардидааст, ки наметавонад онро дар танҳоӣ ҳал намояд. Рушди пешрафтаи технологияи ҷаҳонӣ, афзоиши аҳолӣ ва истифодаи ноустувори захираҳои табиии Замин ба пайдоиши мушкилоти ҷиддии глобалӣ дар соҳаи экология оварда расонид. Дар пешгуфтори нашри русии китоби донишманди маъруф Питер Фарб «Экологияи оммафаҳм» таъкид шудааст, ки «сол то сола ҳамияти экология афзуда истодааст, чун ки вақтҳои охир он ба масъалаҳои бузурги дорои аҳамияти амалӣ машғуласт». Дар ҳақиқат инсон дар ягон шароит наметавонад аз ҳалли муаммоҳои экологӣ рӯй гардонад, зеро ҳал нагаштани чунин муаммоҳо метавонад ба ҳаёти инсон таҳдид кунад. Олимон дар асоси ҳамаи далелҳо тахмин мекунанд, ки «дар асри ХХI экология ба қатори афзалиятҳои олии системаи глобалии муносибатҳои байналмилалӣ ворид мегардад». Глобалӣ шудани проблемаҳои экологӣ дар асри ХХI воситаи муайян кардани муносибатҳо гаштааст, ки ин муносибатҳоро метавон ба муносибати кишварҳо дар алоҳидагӣ, сатҳи минтақавӣ ва сатҳи байналмилалӣ ҷудо кард.
Яке аз проблемаҳои глобалии экологие, ки имрӯз муносибати байни кишварҳоро муайян мекунад, ин таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Ҳанӯз зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза, ки 29 август ва 1 сентябри соли 2003 баргузор гардида буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро яке аз проблемаҳои асосии сайёра номида, таъкид намуда буданд, ки «масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯи замин аст, иртибот доранд». Бояд зикр кард, ки об ҳамчун унсури муҳими табиат дар ҳама давру замон дар ҳаёти инсоният нақши ҳалкунанда мебозад.
Муҳимияти обро барои ҳаёт ва умуман барои сайёраи Замин олимони зиёде исбот кардаанд, ки ин таваҷҷуҳро нисбат ба он бештар кардааст. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро оғози ҳама оғозҳо эълон кардааст. Ду ҳазор сол баъд Леонардо да Винчи обро илҳомбахши зиндагӣ номид, зеро ҳамаи мавҷудоти зинда дар рӯйи Замин аз об пайдо шудаанд ва онро ҳамчун қисми асосии табиат дар бар мегиранд. Баъд аз ду асри дигар Людвиг Фейербах ба хулосае омад, ки ба сатҳи об назар андохта, инсон ба дарки худ оѓоз намуд. В.И. Вернадский аввалин шуда, нақши аз ҳама васеи обро дар таърихи сайёраи мо фаҳмид. Пас, маълум мегардад, ки ҳанӯз аз замонҳои нахустини пайдоиши оламу одам таваҷҷуҳ нисбат ба проблемаи об аз ҷониби олимон вуҷуд доштааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки проблемаи об, новобаста ба давру замон яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷаҳонӣ боқӣ мондааст.
Пажӯҳиши мавзӯъ нишон дод, ки новобаста аз мавҷудияти захираҳои зиёди обӣ аз ҳисоби пиряхҳои калонҳаҷм дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бо сабаби тағйир ёфтани иқлим норасоии оби тозаи ошомиданӣ рӯз то рӯз бештар эҳсос мешавад. Тибқи маърӯзаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ки соли 2002 оид ба вазъ ва дурнамои истифодава таъмини сайёра бо оби тоза пешниҳод гардидааст, дар истеъмоли оби тоза кишварҳои минтақаи Осиё нисбат ба дигар қитъаҳои ҷаҳон пешсаф мебошанд. Мувофиқи таҳлили маърӯзаи мазкур дар Австралия ва Океания 5%-и об ба 1%-и аҳолӣ, дар Аврупо 8%-и об ба 13%-и аҳолӣ, дар Америкаи Марказӣ ва Шимолӣ 15%-и об ба 8%-и аҳолӣ, дар Америкаи Ҷанубӣ 26 %-и об ба 6%-и аҳолӣ, дар Африқо 11%-и об ба 13%-и аҳолӣ ва дар Осиё 36%-и об ба 60%-и аҳолӣ рост меояд. Ба воситаи овардани чунин маълумот СММ ба хулосае омадааст, ки яке аз сабабҳои норасоии об дар кишварҳои ҷаҳон- ин нобаробарии қитъаҳои гуногун, бахусус вазъи душвори қитъаи Осиё мебошад, ки беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон дар он умр ба сар мебарад, аммо танҳо 36%-и оби сайёраро дар ихтиёр дорад. Дар такя ба чунин маълумоти СММ метавон гуфт, ки нобаробар тақсим шудани об дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, ба истифодаи нодурусти он вобаста аст. Аз ҷумла, баҳсҳои зиёде, ки атрофи масъалаи истифодаи об ва тақсимоти он миёни кишварҳои поёноб ва болооби минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадаанд, шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд. Барои муайян намудани сабабҳои норасоии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ коршиносони соҳа пажӯҳиши илмӣ бурда, аз ҷумла муайян намудаанд, ки «норасоии об дар Осиёи Марказӣ табиатан ба камшавии минтақаҳои ҷангалзор вобаста аст». Тибқи пажӯҳиши коршиносон танҳо 1% кам кардани майдони ҷангалзор нигоҳдории намӣ, ғизогирии дарёҳо ва дигар сарчашмаҳоро то 2% кам мекунад.
Нобаробар тақсим шудани сарчашмаҳои обӣ дар ҷаҳон боиси ҷаҳонӣ гаштани масъалаи об гардидаанд. Вобаста ба ин масъала муҳаққиқ Мари Масиа дар мақолаи худ чунин навиштааст: «Агар ба назар гирем, ки таъмини оби тоза дар минтақаҳои гуногуни сайёра нобаробар тақсим шуда, талаботи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, коммуналӣ, истеъмоли умумии обро чандин маротиба зиёд кардааст, пас маълум мегардад, ки инсоният дар замони ҳозира бо мушкили экологии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст». Ба навиштаи ин коршинос, қариб якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ норасоии оби ошомиданиро аз сар мегузаронанд. Ин ҳам дар ҳоле мебошад, ки СММ соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об иттилоъ додааст, ки истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар зиёд шуда, дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рушдёбанда то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасии нобаробар боқӣ мондааст. Нобаробар тақсим шудани об дар ҷаҳон масъалаест, ки барои ҳалли он кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд, зеро тибқи маълумот дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ қариб 5 миллиард одам, ки тахминан 67 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аллакай то соли 2030 аз оби тоза маҳрум хоҳанд шуд. Чунин тадбир, пеш аз ҳама, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар масъалаи таъмини об ва безараргардонии он аз ифлосшавӣ тасмимҳои ҷиддӣ гирифта шаванд.
Доир ба муҳим будани ҳалли масъалаи об ва истифодаи самараноки он коршиносони зиёд пажӯҳиши илмӣ анҷом дода, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ин масъалаи ҷаҳонӣ ҷалб кардаанд. Тавре муҳаққиқи тоҷик Н. Сайфуллоев муайян кардааст, «проблемаи истифодаи об дар ҷаҳон яке аз омилҳои муҳими таъсиркунанда ба иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, инчунин таъмини амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ маҳсуб меёбад». Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса баровард, ки масъалаи об имрӯз ба сифати «муҳаррики иқтисод» баромад намуда, ҳалли мушкилоти он метавонад барои рушди соҳаи иқтисод, ки асоси пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷомеаро ташкил медиҳад, мусоидат кунад. Дар масъалаи таъмини амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҳалли масъалаи об боис мегардад, то низоъ ва баҳсҳои мавҷуда миёни кишварҳо ва халқиятҳои алоҳида аз байн бурда шаванд. Иқтисоддон ва табиатшиноси рус Виктор Данилов-Данилян сабабҳо ва пайомадҳои норасоии оби тозаро таҳқиқ намуда, дар мақолаи худ «Проблемаи глобалии норасоии оби тоза» навиштааст, ки «дар даҳсолаи охир норасоии оби тоза бештар дар минтақаҳое ба вуҷуд омадааст, ки қаблан дар он ҷо дида намешуд». Ба навиштаи ин коршинос омили асосии чунин ҳолат- ин афзоиши талабот ба оби тоза аз ҳисоби зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод мебошад. Гуфтаҳои мазкур исбот мекунанд, ки зиёдшавии аҳолӣ, пеш аз ҳама, пешравии иқтисодиро тақозо мекунад. Барои пешрафти иқтисодӣ фаъолияти корхонаҳои истеҳолӣ дар мадди аввал меистад, ки фаъолияти бештари онҳо ба неруи барқ, ки асосан аз ҳисоби захираҳои обӣ ҳосил мешавад, вобаста мебошад.
Дар баробари зиёд шудани талабот ба оби тозаи ошомиданӣ, тадриҷан масъалаи истифодаи самараноки он низ таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне, дар замони ҳозира самаранок истифода бурдани об яке аз масъулиятҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи ҳар як фарди сайёра маҳсуб мешавад. Баҳри ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии истифодаи об дар ҳар як кишвар санадҳои муҳими давлатӣ қабул шудааст, ки онҳо меъёри истифодаи онро муайян мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими муайянкунандаи об ҳамчун моликияти давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре дар моддаи 13-и санади мазкур омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳороба манфиати халқ кафолат медиҳад». Инчунин барои танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки мақсади он «ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо» мебошад.
Дар ҶумҳурииТоҷикистон дар баробари муайян намудани мақсад ва вазифаҳои истифодаи об, ҳамзамон барои риоя накардани талаботи санадҳои марбутаи захираҳои обӣ шаҳрвандони кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мутобиқи моддаи 226-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои ифлос ё олуда кардани обҳоирӯйизаминӣ ва манбаъҳои обинӯшиданӣ шаҳрвандон ҷазо дода мешаванд. Барои худсарона тасарруф кардани объектҳои об ва худсарона истифода кардану тақсим намудани об мутобиқи моддаи 173-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ ҷарима карда мешаванд.
Хулоса, расидан ба қадри об вазифаи ҳар як фарди сайёра ба ҳисоб рафта, ҳамкории давлатҳо дар ҳалли мушкилоти об тақозои замон аст.
Номвар ҚУРБОН,
узви ИЖТ
Бознашр аз маҷаллаи "Илм ва ҳаёт", №1 (149), соли 2020