JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 07 Марти 2020 04:28

Мушкилоти муносиботи гендерӣ дар раванди тағйирёбии иқлим

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Масъалаи баробарҳуқуқии мардону занон яке аз масоили калидӣ ва мушкили иҷтимоӣ ба шумор рафта, ба он чӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва чӣ дар сатҳи миллӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар Эъломияи ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид (соли 2000) масъалаи баробарии мардону занон, васеъ намудани ҳуқуқу имконоти бонувон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардидааст. Дар моддаи 1 Эъломияи ҳуқуқи инсон омадааст, ки тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Инчунин, бо мақсади таъмини баробарии мардону занон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (1999), Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон (1999), Эъломияи Венаю Барномаи амалҳо (1993), Эъломияи Пекину Барномаи амалҳо (1995), Қатъномаҳои №1325 ва №2122 Шўрои амнияти СММ қабул шудаанд. Ин санадҳои байналмилалӣ, ки баробарҳуқуқии мардону занонро таъмин мекунанд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд. Дар Тоҷикистон баробарии мардону занон, аз ҷумлаи ҳуқуқҳои конститутсионӣ эътироф ва кафолат дода шудаанд, ки моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.

  Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарии мардону занон, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар қабул карда шудаанд, ки қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имконоти баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти занони соҳибкор барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконоти баробари амалигардонии онҳо» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз ин қабиланд. Таҳлили қонунгузории миллӣ дар самти таъмини баробарии ҳуқуқ ва имконоти  мардону занон нишон медиҳад, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои риоя ва таъмини баробарии гендерӣ фароҳам оварда шудааст.

  Аз эътирофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва қабули қарорҳои муҳими танизмкунандаи баробарии гендерӣ маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ва иқдом намудан ба роҳи барпокунии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд майли худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам намудани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона тақвият дод. Дар ин самт Конститутсияи ҷумҳурӣ нахустин санади қонунгузориест, ки меъёру арзишҳои қабулшудаи умумимиллиро устувор намуда, барои барбаробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандони кишвар кафолат медиҳад.

  Бо вуҷуди қабули қонуну қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва рушддиҳандаи баробарҳуқуқии мардону занон, яъне муносиботи гендерӣ осебпазирии занон ҳанўз ҳам роҳи ҳалли худро ба таври комил пайдо накардааст. Чунки як қатор омилҳое мавуҷуданд, ки ба раванди татбиқнамоии ин қарору қонунҳо мушкилӣ ва монеагӣ эҷод карда, ҷараёни амалишавиро коҳиш медиҳанд. Яке аз омилҳои мавҷудае, ки осебпазирии занонро бештар намуда, ҷараёни татбиқ кардани қарору қонунҳои қабулгардидаро суст менамояд, мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба соҳаҳои гуогуни фаъолияти одамон мебошад.

  Таъсироти манфии тағйирёбии иқлим, ки дар замони ҳозира тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, дар қаламрави Тоҷикистон низ ба таври назаррас ба мушоҳида мерасад. Зеро қаламрави кишвари кўҳӣ дорои релефи мураккаб ва водиҳои тангу чуқур буда, 93%-и ҳудуди онро каторкўҳҳо ишғол мекунанд ва 80%-и марзи Тоҷикистон дар минтақаҳои осебпазир воқеъ гардидааст. Далелҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз нигоҳи ифлоскунии атмосфера ва ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар ҷойи 135 қарор дошта, аз сабаби релефи зинамонанду мавқеи баландкўҳро ишғол кардан, дар байни кишварҳои ИДМ, соҳили Балтика, Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ аз ҷиҳати осебпазирии таъсири хатарҳои гуногуни иқлимӣ мақоми аввалро мегирад. Пайомадҳои хатарбори тағйирёбии иқлим дар тамоми гўшаю канори Тоҷикистон мушоҳида шуда, таъсироти манфии он аз ҳама бештар ба соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад. Зеро ҳар соле аз ҳисоби хушкшавӣ, ботлоқшавӣ, эрозия ва таназзулёбии замин, ба амал омадани офатҳои табиии алоқаманд бо тағйирёбии иқлим (сел, обхезӣ, тарма, боришти сахт), истифодаи нодурусти заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ ва паҳншавии касалиҳо тавассути ҳашароти зараррасон қисми зиёди заминҳои корам ва чарогоҳҳо аз истифода мебароянд.

  Аз ин рў, барои паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва мутобиқ намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ - кишоварзӣ, саноат, энергетика, муҳити зист, иқтисод, тандурустӣ ва гендерӣ ба ин тағйирёбӣ дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои мақсаднок амал менамоянд. Ҳар яки онҳо ойинномаи корӣ, самти фаъолият ва ҳадафҳои муайяни худро дошта, дар амал татбиқ кардани қарору қонунҳои қабулгардидаи соҳаеро рушд медиҳанд. Дар ин раванд лоиҳаҳое, ки мутобиқ намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим фаро мегиранд ва ҳадафи ягонаашон таҳкими рушди устувор аст, раванди мазкурро таҳким мебахшанд.

  Яке аз лоиҳаҳои тобоваркунанда ва мутобиқсози соҳаҳои мухталиф ба тағйирёбии иқлим, паст намудани оқибатҳои манфии он ва дастгирӣ кардани шарҳвандони ҷумҳурӣ, махсусан бонувон дар ин раванд воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон (КЛИМАДАПТ) мебошад. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ соли 2016 аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир ва Фонди БАТР барои кишварҳои дар марҳилаи рушд қарордошта, таъсис дода шудааст, ки мақсадаш ба дастгирии татбиқи технологияҳои ба тағйирёбии иқлим, устуворнамоии соҳаҳо ба ин тағйирёбӣ, инкишофи корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хонаводаҳо равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур дар баробари пешбурди корҳои тобовар кардан ва устувор намудани соҳаҳо ба пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, масоили гендериро инкишоф медиҳад. Яъне, КЛИМАДАПТ дар баробари ҳалли масъалаҳои асосии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани устуворӣ ба он, ба муносиботи гендерӣ низ аҳамияти хоса медиҳад. Зеро дар раванди тағйирёбии иқлим муносибатҳои гендерӣ ҳалталаб ва басо ҳассо буда, таъсири манфии тағйирёбии иқлимро ба осебпазирии занон нишон медиҳад. Маҳз дар асоси ҳамин мушкилот лоиҳаи КЛИМАДАПТ пеш аз ҳама ба масъалаи муносиботи гендерӣ аҳамият дода, рушди муносиботи гендериро дар кишвар таъмин менамояд.

  Бо мақсади мазкур КЛИМАДАПТ қарзгирандагони потенсиалӣ - ба занон оид ба технологияҳое, ки ба тағйирёбии иқлим мусоидат намуда, ба оилаю корхонаҳояшон манфиат меоранд, муроҷиат мекунад. Бинобар ин, баҳогузории базавӣ оид ба алоқаи маблағгузории гендерӣ ва иқлимӣ дар шарикони молиявӣ ва портфолиои лоиҳа гузаронида шуд. Аз санаи фаъолият то ин вақт КЛИМАДАПТ зиёда аз 2005 лоиҳаҳои мухталифи шаҳрвандони Тоҷикистон дастгирӣ кардааст, ки маблағи умумии онҳо 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ин лоиҳа беш аз 10 млн. доллари ИМА қарз додааст, ки аз шумораи умумии қарзгирандагон 29% занон мебошанд ва ин 14% маҷмўи умумии қарзро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, андозаи миёнаи қарзҳо барои занони қарзгиранда нисбат ба мардон 1,4 маротиба камтар мебошад ва аксари занони қарзгиранда дар самти бунёди мазили зист маблағ мегузоранд.

  Шарҳи портфелио санҷиши технологияи интихобшуда аз нуқтаи назари гендерӣ, ки барои бартараф кардани камбудию норасоиҳои мавҷудаи гендерӣ равона гардида, ба занон ва оилаву соҳибкории онҳо фоидаи калон меорад, дар бар мегирад. Ҳамзамон, КЛИМАДАПТ дар рушди муносиботи гендерӣ ва баланд бардоштани огоҳии занон, яъне муштариёни потенсиалӣ дар бораи технологияҳои ба тағйирёбии иқлим мусоидаткунанда бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори кишвар ҳамкорӣ менамояд. Ассотсиатсияи зикршуда, ки барои дастгирии занон - соҳибкорон оид ба маслиҳати ҳуқуқӣ, пешбурди алоқа, шабака ва ҳоказо семинару тренингҳои гуногунро гузаронида, амалӣ мекунад, дар ҳалли масъалаҳои гендерӣ метавонад бо ҳамроҳии лоиҳаи КЛИМАДАПТ корҳои назаррасеро ба сомон расонад.

  Лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар давоми беш аз як соли фаъолият ба рушди устувор расид, зеро дар ин муддат бо ёрии он қарзгирандагони зиёд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, гармхона, тирезаҳои гармнигоҳдор, системаи ҷамъоварии оби борон, системаҳои нигоҳдории об, панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизотҳо қарз гирифтанд.  Аз шумораи умумии қарзҳо 68% ба ҳиссаи технологияҳои дастгиришудаи марбут ба сарфаи барқ, 30% ба ҳиссаи технологияҳои дастгиришудаи марбут ба самаранокии об ва 2% ба ҳиссаи технологияҳои дастгиришудаи марбут ба идоракунии устувори замин рост меоянд. Вобаста ба дастгирӣ ва амалигардонии лоиҳаҳо ҳар соле 1253 тонна партовҳои СО2 кам, 628 м3 об сарфа ва 19 тонна хок аз шўсташавӣ нигоҳ дошта мешавад.

  Тавре ёдовар шудем, лоиҳаи КЛИМАДАПТ рушди муносиботи гендериро низ барои ҳалли сабабҳои асосии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба он эътироф мекунад. Масъалаҳои гендерӣ (поймолшавии ҳуқуқи занон, аз таҳсил дур мондани онҳо, хушунати хонаводагӣ, пош хурдани оилаҳо, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи занон дар бозори меҳнат, дастрасии занон ба замин ва амсоли ин) дар матбуот қариб инъикос нашудаанд ва яке аз ин масоил осебпазирии занон дар раванди тағйирёбии иқлим аст, ки дар хати меҳварии ин лоиҳа қарор дорад. Аз ин бармеояд, ки баробарии гендерӣ яке аз мақсадҳо ва ҳадафҳои асосии КЛИМАДАПТ буда, лоиҳа барои баланд бардоштани устувории занон ба тағйирёбии иқлим тавассути бартараф сохтани камбудиҳои гендерӣ ва дастгирии маблағгузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

  Ҳарчанд мавқеъ ва мақоми иҷтимоию сиёсии имрўзаи занон аз ҷониби баъзе доираҳои ҷамъиятӣ, гурўҳҳои алоҳида ва ашхоси ҷудогона нодида гирифта мешаванд, вале лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба ин масъала муносибати хайрхоҳонаю некбинона дошта, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ҷиддан муносибат мекунад.

  Ҳамин тавр, лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар муддати на чандон дароз ба дастовард ва натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар баробари ҳалли мушкилоти гендерӣ ба тақвияти соҳаҳои фаъолияти бонувон кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

 

Номвар ҚУРБОН,

физикадон

Хондан 2770 маротиба