JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 25 Феврали 2020 09:58

Тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои саргаҳи дарёи Зарафшон

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Дар замони муосир проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим яке масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, таъсири он ба қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон ба таври гуворо мушоҳида шуда истодааст. Тез - тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои флокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, солимии аҳолӣ ва ғайра расонида истодааст. Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физикон, химикҳо, биологҳо, географҳо, экологҳо ва метеорологҳоро зарур аст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, тадбирҳои паст кардани таъсироти антропогенӣ ба иқлим, зиёд кардани ҷангалзорҳо, беҳдошти саломатии ҷомеа ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро андешанд.

  Сабаби асосии тағйирёбии иқлим  фаъолияти инсон дар сайёра  буда, ба ифлосшавии атмосфера боис гардида аст. Болоравии ҳарорати ҳаво ба миқдори 2-3°С дар дурнамои миёнамуҳлат деградатсия (коҳишёбӣ)-и пиряхҳоро пурзӯр намуда, боиси аз байн рафтани ҳазорҳо пиряхҳои хӯрд мегардад. Дар марҳалаи аввали обшавии пиряхҳо сатҳи оби дарёҳои ҷудогона баланд шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан дар бисёр дарёҳо камшавии фоҷеаомези серобӣ оғоз мегардад. Дар шароити имрӯза ташвишовар аст, ки вазъи мавҷуда тамоюли густариш дорад. Зеро олимон пешгӯӣ кардаанд, ки дар ҳар ду даҳсолаи оянда ҳарорат тақрибан 0,2°С гарм мешавад. Мувофиқи маълумоте, ки дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид доир ба рушди инсон дар соли 2007-ум омадааст, дар натиҷаи гармшавии умумӣ тақрибан 332 млн. сокинони минтақаҳои назди соҳилӣ ба муҳоҷирони экологӣ мубаддал гардида, 1,8 млрд. мардуми сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ маҳрум хоҳанд шуд.

  Иқлими ноҳияи табиии Зарафшон, аз сабаби кӯҳистон будани қалрамраваш  ҷиҳатҳои ба худ хос дорад. Қатъи назар аз кӯҳсор будани ҳудуди водии Зарафшон ва фарқияти баландӣ дар ин минтақа умумияти иқлимӣ ба назар мерасад. Аз ҳамвории водиҳо то қуллаҳои қаторкӯҳҳо бо каме фарқият иқлими хушку зимистони камбарф мушоҳида карда мешавад. Ин бесабаб нест. Аз шимол қаторкӯҳи Туркистон, дар ҷануб қаторкӯҳи Ҳисор ҳамчун садди табиӣ барои ба ноҳияи мазкур дохил шудани анбӯҳи ҳавои намиовар мамониат мерасонанд. Анбӯҳи ҳавои намие, ки аз тарафи ғарб ба ноҳия медарояд, манбаи асосии боришот ба ҳисоб меравад. Аммо миқдори боришот вобаста ба фаслҳои сол, хусусияти релеф, мавқеи қаторкӯҳҳо дар ноҳия аз ғарб ба шарқ тағйир меёбад. Миқдори солонаи боришот дар тарафи ғарбии қаторкӯҳи Зарафшон 325 мм ва дар самти шарқии он 277 мм - ро ташкил медиҳад.  Дар нишебии ҷануби қаторкӯҳи Туркистон 400 мм ва дар баъзе мавзеъҳои баландкӯҳи қаторкӯҳи Зарафшон 400-800 мм бориш мешавад. Қисми нисбатан танг ва чуқури водӣ бошад, аз ҳама камбориш мегардад. Ин қаламрав байни маҳалҳои Сангистон (ноҳияи Айнӣ) ва Мадрушкат (ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ) - ро дарбар мегирад, ки то 200 мм бориш мешавад. Дар мавзеи Фон низ бориш зиёд нест. Миқдори асосии бориш дар ин минтақа дар фасли зимистон ба намудаи барф меборад.

  Хусусияти иқлимӣ ва унсурҳои он (ҳарорат, боришот, абрнокӣ, гардиши ҳаво, фишори атмосферӣ ва ғайра) дар қаламрави кӯҳистони Зарафшон ҳамарӯза аз тарафи мутахассисони шабакаҳои обуҳавосанҷии Панҷакент, Сангистон, Искандакӯл, Мадрушкат ва Деҳавз ба қайд гирифта мешаванд. Илова бар ин, ҳамин хусусият ва шароитҳои метеорологие, ки аз дигар минтақаҳо ба ин ҳудуд ворид ва ё аз ин қаламрав ба дигар тараф хориҷ мешаванд, ҳамеша аз тарафи мутахассисони шабакаҳои обуҳавосанҷии ағбаҳои Анзоб (аз самти ҷануб) ва Шаҳристон (аз тарафи шимол) мушоҳида карда мешаванд.

Расми 1. Боришот ва ҳарорат аз рӯи мушоҳидаи шабакаҳои обуҳавосанҷии

водии Зарафшон

  Яке аз мавзеъҳои бузургтарини яхистони водии Зарафшон, саргаҳи дарёи Зарафшон мебошад, ки дар ин мавзеъ пиряхи машҳури Зарафшон ҷойгир шудааст. Пиряхи Зарафшон намояндаи хоси пиряхи кӯҳию водигии шохронда ба шумор меравад. Ин пирях 27,3 км дарозӣ, 1,5 то 3 км паҳнӣ (ба ҳисоби миёна 1,6 км), 200 м ғафсӣ ва 26 км3 ҳаҷм дорад. Нуқтаи баландтарини пиряхи Зарафшон нисбат ба сатҳи баҳр дар баландии 4900 м ва нуқтаи пасттаринаш аз сатҳи баҳр дар баландии 2770 м воқеъ гаштааст. Майдони фарогирифтаи пиряхи мазкур бе шохаҳояш 42,5 кмва бо 19 шохаи калонаш 126,8 км2-ро ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин пирях асосан 32 шоха дорад. Шохаҳои тарафи рости пиряхи Зарафшон нисбат ба шохаҳои тарафи чапи он калонтаранд. Ба шохаҳои тарафи рости  он пиряхҳои Фарахнов (дарозиаш 14,4 км, майдонаш 14,2 км2), Толстой (дарозиаш 11,7 км, майдонаш 19,4 км2), Скачов (дарозиаш 6,5 км, майдонаш 8,7 км2) ва Мирамин (дарозиаш 7,1 км, майдонаш 9,6 км2) мансуб мебошанд. Шохаҳои тарафи чапи он нисбатан хурд буда, баъзеашон андаке беш аз 2 км2 масоҳат доранд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки географии рус И.В. Мушкетов соли 1880 ба ду шохаи тарафи чапи пирях Охун ном ниҳодааст. Қайд кардан зарур аст, ки пиряхи Зарафшон бори аввал соли 1871 аз ҷониби П. Аминов тадқиқ карда шудааст. Дар солҳои минбаъда экпедитсияҳое, ки роҳбарашон Л.К. Давыдов (солҳои 1927; 1946), М.В. Косарев (соли 1931), В.П. Учайкин (соли 1932) буданд, пиряхи Зарафшонро ҳаматарафа омӯхтанд. Дар давоми солҳои 1957 - 1962 бошад, бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхи зикршуда Институти геология ва геофизикаи ба номи Ҳ.М. Абдуллоеви АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург экпедитсияҳои навбатиро гузарониданд.

  Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудаанд. Аз ин рӯ, мо бештар ба маълумотҳои М.А. Носиров, ки соли 1972 тадқиқот бурдааст, такя менамоем. Яхбандии замони ҳозира дар ҳавзаи ин дарё чунин тақсим шудааст: дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Туркистон 119 пиряхи калон ба ҳисоб гирфита шудааст, майдони умумиашон ба 271,1 км2 мерасад. Ин пиряхҳо аз баландии 2800 м паст дучор намешаванд ва бештари онҳо аз 1 то 14 км дарозӣ доранд. Пиряхҳои калонтарини нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон дар қисмати шарқии водии Зарафшон ҷойгир шудаанд. Дар байни онҳо калонатринашон Рама (масоҳаташ 22,4 км2), Россинҷ (масоҳаташ 18,3 км2), инчунин Водиф, Тро, Самҷон, Лангар, Ярм, Сабағ ва ғайра мебошанд, ин пиряхҳо андозаи бузург надошта, масоҳаташон аз 6-7 км2 калон нест. Ба пиряхи Рама аз тарафи чап пиряхи Юлдош ва аз тарафи рост пиряхи Преображенский пайваст шудаанд. Пиряхи Рама аз соли 1870 то соли 1932 ба андозаи 260 м кутоҳ гардида, таназзул ёфта буд, ки боқимондаҳои пиряхӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Аз пиряхи Тро рӯди Тро ва пиряхи Преображенский дарёи Деҳисор ва аз пиряхи Россинҷ наҳри Россинҷ ғизо мегиранд.

  Пиряхи Зарафшон дар байни баландиҳаи 2919-5007 м воқеъ гардида, масоҳати он ба 297 кмбаробар аст. Пиряхи номбурда 23 %-и майдони умумии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшонро ташкил медиҳад. Пиряхи Зарафшон аз калонтарин пиряхи Қафқоз - Дихсу 6 баробар ва аз бузургтани пиряхи Алп - Алеч 2,6 маротиба калон мебошад. Қисми поёнии пирях бо шахпораю сангпораҳое, ки онҳоро моренаҳо меноманд, пӯшида шудааст. Азбаски суръати гудозиши пирях дар ҳама қисмҳо нобаробар аст, сатҳи болоии он аз дунгиҳо ва хамиҳо иборат мебошад. Аз ҷойи ба ҳам пайваст шудани пиряхи Толстой ба қисми асосии пиряхи Зарафшон ба самти шарқ қисми болоии он тоза шуда, намуди глетчери асосиро гирифтааст. Дар қисми поёнии пиряхи номбарда ҳодисаи «карсти пиряхӣ» ва тарқишҳои мавҷуд аст, ки то 1,5 м васеъгӣ ва 50 м умқ доранд. Аз сабабе ки ин пирях аз зераш ҳам об шуда, ғизои дарёи ҳамном мегардад, он боиси пайдо шудани холигиҳо, ғорҳо ва мағораҳо гашта, сабаби рух додани шикастаҳо, тарқишҳо ва сӯрох шудани сатҳи болоии пирях гардидааст. Пиряхи Зарафшон дар фасли тобистон аз сатҳи болояш  дар як шабонарӯз ба андозаи 4,7 см гудохта мешавад.

 а)

                                       б)

Расми 2. Камшавии пиряхи Зарафшон дар давоми солҳои 1933-2005 (а) ва намуди умумии пиряхи кӯҳӣ (б)

Пиряхи Рама дар нишебии ҷанубу шарқии Туркистон, поёнтар аз забонаи пиряхи Зарафшон дар байни дараи Харсангӣ воқеъ гардидааст. Ин пирях 8,9 км дарозӣ 22,4 км2 майдон дорад. Забонаи пирях дар баландии 3500 м воқеъ буда, аз рахи фирнавӣ поён ҷойгир шудааст. Пиряхи мазкур байни солҳои 1870-1978 610 м кӯтоҳ шудааст. Соли 1965 он 14 м пеш рафта ва соли 1966-1967 ҳолати статсионарӣ гирифтааст. Боз аз соли 1976 то соли 1991 ба андозаи 356 м қафонишинӣ намудааст.

Пиряхи Россинҷ низ дар нишебии ҷанубу шарқии Туркистон, тақрибан 4 км поёнтар аз пиряхи Рама ҷойгир шудааст. Пиряхи мазкур 7 км дарозӣ ва 18,3 км2 майдон дорад. Забонаи ин пирях аз ҳисоби об шуданаш аз хатти барфӣ хеле баланд воқеъ гардидааст. Забонаи он дар шароити кунунӣ дар ҳоли таназзулёбӣ қарор дорад.

Пиряхи Водиф намояндаи пиряхи водигӣ буда 2,5 км дарозӣ ва 1,7 км2 масоҳат дорад, забонааш дар баландии 3950 м воқеъ гардидааст. Пиряхи мазкур дар тарафи ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Туркистон, тақрибан 40 км поинтар аз пиряхи Зарафшон ҷойгир шудааст. Забонаи пирях дар ҳолати таназзул қарор дошта, сатҳи болоии пирях тадриҷан паст шудааст.

Пиряхи Тро низ дар самти ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Туркистон, дар 5 км тарафи ғарбии пиряхи Водиф воқеъ гардидааст. Ин пирях ҳам водигӣ буда, 3,0 км дарозӣ ва 2,2 км2 масоҳат дорад. Забонаи пиряхи Тро дар баландии 3920 зери монера пинҳон гардидааст, ки он аз соли 1976 то соли 1990 дар ҳолати таназзул қарор дошт. Баъди солҳои 90-ум бошад, суръати обшавии он афзоиш ёфта, хатти барфиаш 23 метр қафонишинӣ кардааст.

Пиряхи Диҳаданг дар шимолу шарқии қаторкӯҳи Зарафшон воқеъ буда, 2,2 км дарозӣ 2,0 км2 масоҳат дорад. Забонаи пирях аз сатҳи баҳр дар баландии 3600 м ҷойгир буда, он дар байни солҳои 1958-1977 69 м пеш рафта, вале байни солҳои 1977-1991 ба андозаи 180 м таназзул ёфтааст. Дар миёни солҳои 1990-2005 забонаи он 60 м қафонишинӣ намуда, сатҳи болоияш соле 1 м паст мефарояд.

  Ҳамин тавр, дар нишебии шимолии сисилакӯҳи Зарафшон майдони 132,3 км2 ва дар ҷанубии он ҳамагӣ масоҳати 4,6 км2 пиряхҳо ишғол кардаанд. Чуноне ки дида мешавад, андозаи пиряхҳои қаторкӯҳи Зарафшон нисбат ба силсилакӯҳи Туркистон беш аз ду маротиба кам аст. Сабаби ин ҳолат паст будани баландии мутлақи қаторкӯҳ ва ба номусоидии орографӣ алоқаманд мебошад. Зеро доманаҳои шимолӣ ва алалхусус доманакӯҳҳои ҷанубии он чандон васеъ набуда, нишебиҳо бештар рост фаромадаанд, ки ин амал наонқадар пастхамиҳо ва барфхонаҳои мусоидро барои захира кардани пиряхҳо ташкил кардааст. Қисми бештари фирнаҳо ва пиряхҳо дар караҳо ва зери гардишгоҳҳои ағбаҳо захира шудаанд. Дарозии ин пиряхҳо аз 1 км то ба 6 км мерасад. Масалан, пиряхи ГГП (гидрографическая партия) 1,6 км дарозӣ ва 0,54 кммасоҳат дорад.

Номвар ҚУРБОН

физикадон

Хондан 4361 маротиба