JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 16 Августи 2019 08:29

Сарватҳои рекреатсионӣ ва сайёҳии Раштонзамин

Муаллиф:

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 омадааст: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ-обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Вале истифода аз ин имконот ва ташкили инфрасохтори табобативу солимгардонӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар оянда ба ҳалли ин камбудиҳо бояд хотима бахшид».

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти алоҳидаи он аз обҳои маъдании шифобахши баландҳарорат, обҳои сарди маъданӣ ва чашмаҳои обашон гарми одӣ басо ғанӣ мебошанд. Ҳоло муқаррар карда шудааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 220 чунин чашмаҳо мавҷуданд. Мутаассифона, чунин чашмаҳо дар ҳудуди мамлакатамон нобаробар ҷойгир шудаанд. Қисми бештари чунин чашмаҳо дар кӯҳистони Помир, Ҳисору Олой, Тёншони Ҷанубу Ғарбӣ ва ғайра дучор мешаванд.

   Бо вуҷуди он, ки музофоти географии Раштонзамин аз ҷиҳати геологӣ, гидрогеологӣ ва умуман табиию географӣ ҳанӯз мукаммал омӯхта нашудааст, вале  маълумотҳои мавҷуда аз он дарак медиҳанд, ки ин музофот аз обҳои шифобахш, баландҳарорату сард бенасиб намондааст. Чанде аз чунин чашмаҳо аз замонҳои қадим ба мардумони маҳал маълум буд, баҳри табобат истифода мебурданд ва то ба айёми нав давом дорад.

  Дар замони Шӯравӣ ба омӯзиши чунин чашмаҳо эътибори ҷиддӣ медоданд, пармачоҳҳо мекофтанд, то ин ки шумораи чунин чашмаҳо афзоиш ва масрафи обашон бештар, истифодаашон баҳри табобату фароғати ҳоҷатмандон фузунтар гардад.

  Ҳоло дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баҳри таҷдиду навсозии чунин ҷойҳо диққати махсус медиҳад, онҳоро бо асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои навтарини замонавӣ таъмин менамояд.

 Обҳои шифобахш аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ба гурӯҳи хлориди натрийдор, карбонатдор, сулфидӣ, радонӣ, нитрогенӣ тақсим мешаванд. Ин обҳо аз ҷиҳати дараҷаи маъданнокиашон (ғилзаташон) ниҳоят паст (1-2 г/л), паст (2-5 г/л), миёна (5 -15 г/л), баланд (15-30 г/л) ва шӯр (35-150 г/л) мешаванд.

  Обҳои маъданӣ вобаста ба тарзи пайдоиш ва дар қишри Замин ҷойгиршуданашон хунук (то 20о С), муътадил (20- 37оС), гарм (37-42оС) ва ҷӯшон (42о С ва аз он баланд) мешаванд. Обҳои маъданӣ вобаста ба таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикиашон бештар ба мубодилаи моддаҳо, ба функсияи силсилаи асабҳои вегетативӣ (асабҳои аз ҳароммағз бароянда), ба ғадудҳои усори дохилӣ (эндокринӣ) ва ғайра таъсир мерасонанд, фаъолияти онҳоро метезонанд, бо ҳамин восита сиҳатёбии узвҳои дардманди баданро метезонанд.

  Агар мо ба хусусиятҳои муолиҷавии обҳои шифобахши кишварамон, хусусиятҳои табобатии иқлим, манзараҳои зебои сатҳ, ҷангалзору марғзорҳои зебои онро илова кунем, он гоҳ маҷмӯи хуби таҷдиди саломатӣ пайдо мешавад, ки барои беморон фараҳбахшиву осоишдиҳанда мебахшанд, ҳузуру ҳаловатро таъмин мекунанд, барои ба зуди сиҳату саломат шудани бемор шароити иловагӣ фароҳам меоваранд.

  Шояд хонандаи гиромӣ пурсон шавад, ки чашмаҳои гарми шифобахш чи тавр пайдо мешаванд, барои чи таркиби химиявии мураккаб доранд, ғилзаташон баланд аст?

 Барои ба ин савол ҷавоб додан мо аз китоби геологи маъруфи тоҷик академик Р. Баротов «Ганҷи кӯҳистон» иқтибос меоварем: «Аксарияти чашмаҳои гарм дар ҷойҳои кафидаҳои қишри замин ҷойгир шудаанд. Пайдоиши чашмаҳои гарму ҷӯшон бо ҷинсҳои магмавие, ки дар зери замин тадриҷан хунук шуда истодаанд, вобаста мебошанд. Қисми обҳои барфу борон бо тарқишҳо ба қаъри замин рафта, дар наздикии ҷинсҳои тафсони тофта (магма)-вӣ буғ ва гарму ҷӯшон шуда, аз ҷойҳои кафида, ба рӯйи замин фаввора зада мебароянд. (Мисоли равшани ин андеша он аст, ки дар нимҷазираи Камчаткаю ҷазираҳои Курили Россия вулқонҳои амалкунанда ва хомӯшшуда бисёранд. Дар канори онҳо чашмаҳои гарми сершумор бисёранд).

  Ғайр аз ин, гармшавии обҳо ба градиенти изотермӣ (геотермӣ), ки дар қаъри замин дар ҳар як 33 метр ҳарорат ба ҳисоби миёна як дараҷа зиёд мешавад, низ алоқаманд аст. Масалан, дар ҷуқурии 3000 м. ҳарорати ҷинсҳои кӯҳӣ ба ҳисоби миёна 100о С гарм аст. Мувофиқи мулоҳизаи баъзе олимон, баланд будани ҳарорати обҳои маъданӣ бо таҷзия шудани унсурҳои радиоактивӣ, ки дар ҷинсҳои кӯҳӣ мавҷуданд, вобаста аст.

  Таркиби химиявии оби чашмаҳо бошад, аз таркиби ҷинсҳои кӯҳие вобаста аст, ки аз байни онҳо заҳида мебарояд. Масалан, оби чашмаҳое, ки аз байни хоросангҳо мебарояд, дар таркиби худ оксиди слитсий маҳлулшуда ва ғашҳои радий дорад. Оби чашмаҳое, ки аз байни ҷинсҳои таҳшини намакдор мебарояд, шӯр ва сулфурдор аст» (1,74–75). Ҳамин тариқ маълум мешавад, ки таркиби химиявии обҳои маъданӣ ба таркиби ҷинсҳое, ки об аз байни онҳо гузашта ба сатҳи замин мебарояд вобаста мебошад.

  Обҳои маъданӣ ва баландҳарорат на танҳо хислати шифобахшандагӣ доранд, балки метавон онҳоро барои гарм кардани хонаҳои истиқоматию идораҳо, барои гарм кардани гармхонаҳо ва ҳатто аз таркиби онҳо баъзе элементҳои муфид (бром, йод, рубидий, сезий, стронсий) – ро ҷудо карда гирифтан мумкин аст.

  Дар мавзеъҳои гуногуни музофоти географии Раштонзамин аз обҳои маъданӣ ва баландҳарорат Ҷиллису, Хоҷаачкон, Арчабошӣ, Гармоба, Бӯйинак, Обисафед, Ямонқирчин, Калайзенку, Тамдикӯл ва Обигарм маълуманд. Мутаасифона, таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикавӣ, қимати амалии онҳо ба андозаи баробар таҳқиқ нашудаанд. Масалан, доир ба таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикавии чашмаҳои Ҷиллису, Хоҷаачкон ва Арчабошӣ мо ягон маълумоти дақиқ пайдо карда натавонистем. Аз ин хотир геологу гидрогеологҳоро лозим аст, ки ба онҳо баҳои миқдорию сифатӣ дода, хосиятҳои физикӣ, таркиби химиявии онҳоро равшан намуда, имконияти истифодаи амалии онҳоро барои ояндагон муқаррар намоянд.

Дар ҷадвалҳои 1 ва 2 доир ба масраф, ҳарорат ва таркиби химиявии чанде аз чашмаҳои шифобахш маълумот дода мешавад.

                                                                                        Ҷадвали 1

Масраф ва ҳарорати оби баъзе чашмаҳои Раштонзамин

[ 2,63 ]

 

р/т

Номи чашма

Минтақаи гидрогеологӣ

Синни ҷинсҳои обғундор

Масрафи об, л/с

Ҳарорати об, оС

1

Буйнок

Қаротегин

Д*2+3С1

0,8

34,0

2

Обисафед

Қаротегин

Д*2+3С1

12,0

40,0-54,0

3

Тамдикӯл

Қаротегин

Д21

1,4

38,0; 75-83

4

Ямонқирчин

Қаротегин

S*2

3.0

33.0

 

* Эзоҳ: Д – ҷинсҳои кӯҳии давраи девони геологӣ; С – Ҷинсҳои кӯҳии давраи ангишти (карбони) геологӣ; S – Ҷинсҳои кӯҳии давраи силури геологӣ

                 Ҷадвали 2

 

Таркиби химиявии обҳои маъдании шифобахши музофоти Раштонзамин [2, с.63]

                           

р/т

 

 

Номи чашмаи маъданӣ

Маъданнокӣ

г/л

 

Анионҳо

мг/л

 

Катионҳо

мг/л

Ҷузъҳои фаъоли шифобахш (терапевтӣ) мг/л

CСI

SSO4

HHCO3

NNa+K

СCа

MMg

H4SiO4

1

Буйнок

00,7

440

770

3360

1178

116

33

61

2

Обисафед

00,5

221

1169

665

1118

99

11

106

3

Тамдикӯл

00,8

335

1193

1171

1168

88

22

173

4

Ямонқирчин

00,6

228

550

3336

1101

334

112

50

 

  Чашмаи Обисафед дар ҷанубии қаторкуҳи Олой, 22 км шимолу ғарбии шаҳраки Ҳоит дар водии рӯди Қароғушхона (шохоби чапи рӯди Ярхич ),15 км аз резишгоҳи он дар баландии 2600 м аз самти баҳр ҷойгир  мебошад.Об аз  якчанд фаввораҳо берун мебароя, масрафи умумии об ба 10-12л/сон. Мерасад,ҳарорати об ба 510 С баробар аст.Оби чашма каммаъдан буда, дар таркибаш сликат ва микроэлементҳои зиёд дорад.Дар таркиби об гази нитроген ( карбон 80%),оксиген (17%)ва гази карбонат (4%) ҳал шудаанд (Муҳаббатов Х.М.Д.2015.с 210).

  Чашмаҳои дар ҷадвали рақами 1 ва 2 нишондодашуда асосан ба гурӯҳи сликатӣ (кремнигӣ) дохил мешаванд. Чашмаҳои обашон баландҳарорати Тамдикӯл, Обисафед,  Ямонқирчин, Бӯйинак ва ғайра нитрогенӣ буда, ба қабатҳои обнигоҳдорандаи тарқишию рагӣ алоқаманд мебошанд. Масрафи оби чашмаҳо тафовути равшан дошта, аз 0,8 л/с (чашмаи Бӯйинак) то ба 12,0 л/с (чашмаи Обисафед) мерасанд. Ин чашмаҲоро аз ҷиҳати ҳарорати обашон ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: ба гурӯҳи якум чашмаҳои ҳарорати обашон начандон баланд ба мисли Бӯйинак Ямонқирчин, ба гурӯҳи дуюм чашмаҳои ҳарорати обашон баланд – Обисафед, Тамдикӯл ва Обигарм дохил мешаванд. Маъданнокии чашмаҳои сликатӣ ба 0,5 – 0,8 г/л мерасанд. Ин обҳо аз Ҷиҳати таркиб ба гидрокарбонатию натригӣ мансубанд. Ғилзати кислотаи силикат дар чашмаҳо аз 50 мг/л (Ямонқирчин) то 173 мг/л (Тамдикӯл) мерасанд.

  Соли 1976 муҳаққиқон В. Н. Мурашко ва Л. Ф. Воронина дар қитъаи Тамдикӯл иктишофи оби шифобахши ин чашмаро гузарниданд ва захираи онро аз рӯи дараҶаи А – 0,55 л/с, аз рӯи дараҶаи В – 0,47 л/с, аз рӯйи дараҷаи С1 -2,89 л/с, аз рӯйи дараҷаи С2 -10,75 л/с муқаррар намуданд. Дар якҷоягӣ ҳамаи ин дараҷаҳо ба 14,66 л/с мерасад, пас захираи оби шифобахш дар ин чашма нисбат ба дигар чашмаҳои дар боло ишорашуда фаровон аст. Дар натиҷаи иктишофи гидрогеологӣ муқаррар карда шуд, ки беруноии ин обҳои зеризаминӣ аз байни тарқишҳои варақсангҳо (слансаҳо)-и давраи силури геологӣ, ки болои онро обовардҳои дарёи Тамдикӯл дар давраи чоруми геологӣ пӯшонидааст рух медодааст. Ғафсии таҳшониҳои давраи чорум ба          10-30 м мерасанд. Дар майдони ин чашма се пармачоҳ кофта шуд. Масрафи худшораи оби ин пармачаҳо 0,15 – 1,4 л/с ва ҳарорати об дар қисми баромадгоҳ ба 75 – 88о С мерасад. Оби чашмаи шифобахши Тамдикӯл аз ҷиҳати хосиятҳои худ ба оби чашмаи шифобахши осоишгоҳи Кулдури кишвари Хабаров ва Начики вилояти Камчаткаи Россия ва Кадемияи Булғористон шабеҳ мебошад, арзиши шифобахшандагии хуб дорад [2, с. 64-65].

  Барои он ки хонандаи муҳтарам дар бораи чашмаи шифобахши Тамдикӯл маълумоти муфассалтар пайдо намояд, ҳамзамон нисбати истифодаи оқилона ва мушкилотҳои ба ин масъала алоқаманд диққати онро ҷалб намоем, лозим донистем доир ба паҳлӯҳои дигари он равшанӣ андозем.

  Чашмаи Тамдикӯл дар дараи ҳамном, нишебии Ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Олой 25 км. шимолу ғарбии шаҳраки Ҷиргатол аз сатҳи баҳр дар баландии 2198 м ҷойгир шудааст.

  Дараи Тамдикӯлро кӯҳҳои баланди барфпушу осмонбӯс иҳота кардаанд, боришоти зимистона зиёд буда, бештар барф меборад. Аз ҳисоби барфҳои дар фаслҳои тирамоҳ то баҳор борида, аз кӯҳҳо ба зери дара тармаҳои зиёд кӯчида (канда шуда) мефароянд. Барои ҳамин ҳам ҳангоми ба мавзеи чашмаи Тамдикӯл омадан чи дар фасли баҳор ва чи аввалҳои тобистон лозим меояд, ки аз болои ғарами тармаҳои махрутшакл роҳ паймоед.

  Аз байни дараи мазкур рӯди Тамдикӯл ҷорӣ ва ба рӯди Питаукӯл ҳамроҳ шуда, номи Кексуро мегирад ва Кексу бошад ба дарёи Сурхоб мерезад. Дар мавзеи Тамдикӯл се рӯди ҳамшафат ҷорӣ мешаванд: яке рӯди тезҷараёни обаш «хунолуд» (рангаш ба оби анор монанд) буда, ба дилҳо воҳима меангезад; дигаре оби чашмаи обаш хунуку мусаффо; сеюмаш чашмаи обаш ҷӯшону шифобахш – Тамдикӯл мебошад.

  Дараи Тамдикӯл аз талу пуштаҳои пасту баланд иборат буда, дар сатҳашон набототи гуногун аз қабили чукриву торон, райҳону газна, талхақ ва даҳҳо дигар навъу намудҳо сабзидаанд, яке ҳамчун ғизо, дигаре чун даво ва сеюмашон қимати эстетикӣ – тамошобоб доранд. Агар чи ин ҳама рустаниҳои ғизоиву давои неъмати бебаҳои табиатанд, бо вуҷуди он ки тамошои манзараҳои фараҳбахш ва обу ҳавои салқин руҳро болидаву сокит мегардонад, одамон аз роҳи дуру наздик маҳз ба хотири табобат, баҳри беҳбудии саломатӣ, рафъи ранҷу дард ба Тамдикӯл меоянд.

  Бо вуҷуди он ки чашмаи мазкур барои сокинони атроф барвақт маълум буд, вале барои муҳаққиқон дар охири нимаи аввали асри ХХ маълум гашт. Он солҳо мутахассисони соҳаи гидрогеология аз Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва Душанбе ин ҷо баҳри омӯзиш ва ташхиси оби ин чашма ташриф оварда буданд.

  Солҳои 1972-1973 гидрогеологҳо дар мавзеи чашмаи Тамдикӯл дар 27 ҷой пармачоҳ кофтанд аз се (3) ҷой оби ҷӯшон фаввора зад, ки яке аз онҳо 88оС гармӣ дошт, ҳарорати ду пармачоҳи дигар ба 74-75оС мерасид. Воқеан, дар чунин ҳарорати баланди об тухм мепазад, беморон метавонанд аз ин воситаи дастрас бемалол истифода баранд.

  Ташхиси кимиёвии оби ин чашма нишон дод, ки дар таркиби он нитроген (азот) ва ғайра унсурҳои дигар мавҷуд аст (ба ҷадвали рақами 11 нигаред). Умуман чашмаи мазкур аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ гидрокарбонатӣ – сулфидӣ – натригӣ мебошад. Барои оби чашмаи Тамдикӯл мавҷудияти кислотаи силикат ва фтор хос мебошад [3,71].

  Таҷрибаи амалии мардумӣ ва ташхисӣ тиббӣ – табобатӣ маълум намуд, ки оби чашма беҳтарин даво баҳри табобати бемориҳои тарбод, касалиҳои занона, пӯст, захми меъдаю рӯда ва ғайраҳо мебошад.

  Мавриди зикр аст, ки солҳои 50-60-уми асри гузашта бо маслиҳати мутахассисон дар мавзеи Тамдикӯл сохтани табобатгоҳро ба нақша гирифта буданд. Барои амалӣ шудани ин нақша чӯбу тахта ва дигар масолеҳи сохтмонро дар чорпоён бор карда ин ҷо оварданд, зеро роҳи мошингард вуҷуд надошт. Бо масолеҳи овардашуда, се иморат бунёд карданд. Мутаассифона, шароити мушкили зист, бероҳагӣ, хавфи тармафароӣ имкон надод, ки дар ин ҷо табобатгоҳи доимӣ амалкунанда фаъолият намояд, дар зимистон роҳи бе ин ҳам душворгузарро қабати анбӯҳи барфу тарма банд мекунанд. Воқеан маротибае чанд иморатҳои сохташударо тарма зер карда, ба вайрона табдил додааст.

 Месазад хотирнишон намоем, ки бо мақсади истифодаи оқилонаю доимӣ, бо кумаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар маркази ноҳия табобатгоҳи нав бунёд кардаанд. Мақсад доранд, ки бо истифода аз оби шифобахши Тамдикӯл дар чор фасли сол ба ҳоҷатмандону давоҷӯён ёрии ҳамешагӣ расонанд.

  Мавзеи Тамдикӯл ҳамоно дар фаслҳои гарми сол бо оби шифобахши чашмаю ҳавзҳо ва обу ҳавои фараҳфазо, манзараҳои дилфиреб ҳамчун макони дармонбахш, ҷои сайёҳат ва истироҳату фароғат ба мухлисон дар хизмат аст.

  Шояд дар оянда ҳангоми фароҳам омадани шароити молиявӣ, дастгирии ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ ин оби шифобахшро тавассути лӯлаҳо ба маркази ноҳияи ҷирғатол оварда, истифодаи ҳамешагии онро бароҳ монда шавад. Дар ин замина иншоотҳои нав, инфрасохтор, ташаккул меёбад, сафи табобатгирандагон бештар мешавад, коргарҳои тиббӣ ва ёрирасон ба кор бештар ҷалб мешаванд, шароити зиндагӣ беҳбудӣ, маданияти маънавӣ рушд меёбад.

 Дар доманаи Ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Олой, дар ҳавзаи рӯди Кексу чашмаҳои маъдании Буйнок ва Ямонқирич ҷойгир шудаанд. Баъзе хосияту таркиби кимиёвӣ ва аломатҳои физикиашонро мо дар ҷадвалҳои рақами 10 ва 11 нишон додаем, онҳо ҳам хосияти шифобахшандагӣ доранд. Азбаски то ба ин чашмаҳо роҳи мошингард вуҷуд надорад, асосан аҳолии маҳаллӣ оби онҳоро дар фасли гарми сол баҳри табобат истифода мебаранд.

 Чашмаи Ямонқричин дар нишебии ҷанубии қаторкуҳи Олой, 45км шимоли шаҳраки Ҷирғатол, соҳили чапи рӯди Ямонқричинпеш аз ҳамроҳшавии рӯди Лойсу дар баландии 2900м аз сатҳи баҳр ҷойгир  мебошад. Масрафи баромадгоҳи ду чашма ба 3л/сон. Баробар аст, ҳарорати об 330с –ро ташкил медиҳаҳ,об ширин ва каме ишқорӣ, камеликат,фротнок ва микроэлементҳо дорад.Аз газҳои ҳал шуда дар об нитроген (то 90% ) ва бо миқдори кам гази карбонат ва оксиген дорад.

 Чашмаи шифобахши Обисафед низ дар Ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Олой дар саргаҳи рӯди Қароғушхона аз сатҳи баҳр дар баландии 2600 м ҷойгир шудааст. То ба ин чашма набудани роҳи автомобилгард ба истифодаи амалии ин оби гарму шифобахш таваҷҷӯҳ пайдо нашудааст. Оби чашмаи шифобахши Обисафедро сокинони гирду атроф ва сайёҳони пиёдагарду сайёдон баҳри табобату осудаҳолӣ истифода мебаранд.

 Чашмаи маъдании Обигарм аз замонҳои қадим ин ҷониб барои одамон маълуму машҳур буд, як атои нодири Худованд, як мӯъҷизаи нодири табиат дониста мешуд, боиси ифтихор ва эҳтироми деҳаҳои атроф буд ва овозаи он саросари кишварро фаро гирифтааст, ниёзмандону ихлосмандони сершумор дорад. Ин чашмаи шифобахш дар Ҷанубии силсилакӯҳи Қаротегин дар баландии 1200-1300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, 100 км дур аз ш. Душанбе дар самти шимолу шарқ, дар сари роҳи ВМКБ воқеъ аст. Мавзеи Обигарм дар ҳавзаи фурӯхамидае воқеъ гаштааст, ки аз ҷинсҳои мезо – кайнозой таркиб ёфтааст. Фурӯхамидаи Обигарм 3,6 км дарозӣ ва 2-2,5 км паҳнӣ дорад.

 Дар мавзеи Обигарм 20 чашма ба ҳисоб гирифта шудааст. Оби гарм аз тарқишҳои сангҳо ба берун мебарояд. Аксари баромадгоҳҳои чашмаҲо бо регу гил ва сангу шағал рӯйпӯшанд. Ҳарорати оби чашмаҳо аз 33 то ба 550С мерасанд. Аз пармачоҳчашмае, ки об аз умқи 190 м мебарояд, ҳарорат ба 550С мерасад. Нисбат ба чашмаҳои Хоҷаобигарм паст будани ҳарорати оби чашмаҳои Обигарм нишонаи паст будани сифати онҳоро надорад, зеро ин обҳоро бе паст кардани ҳарораташон бевосита истифода бурдан мумкин мебошад. Хусусияти дигари фарқкунандаи чашмаҳои маъдании Обигарм боз дар он зоҳир гаштааст, ки каммаъдан, ишқорию кремнигист. Аз ҷиҳати сулфиди гидрогени таркиби оби чашмаҳои Обигарм нисбат ба оби чашмаҳои Хоҷаобигарм ду маротиба ва аз ҷиҳати радиоактивият чаҳор маротиба фузунтар аст. Аз таркиби оби маъдании Обигарм гази нитроген баромада меистад, ба назар чунин менамояд, ки об дар ҳолати ҷӯшонӣ мебошад. Хусусияти дигари фарқкунандаи чашмаҳои Обигарм боз дар он ифода ёфтааст, ки дар таркиби обашон силитсий, намакҳои калсий, натрий ва ғашҳои радий зиёдтар ҳал шудаанд. Масрафи шабонарӯзии оби чашмаҳои Обигарм ба 5400 метри мукааб баробар аст [4, с.47]. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосиятҳои давоӣ чашмаҳои Обигарм ба чашмаи Схалтубаи Гурҷистон монанд аст.

  Чунин миқдори зиёди об имкон медиҳад, ки ҳар рӯз мизоҷон 3-4 ҳазор тағораи оби шифокорро қабул намоянд, дар баробари ин имкон ҳаст, ки ин оби шифокорро барои нушидан ба фурӯш бароварда шавад.

Тавассути ин оби шифокор беморони гирифторӣ радикулит, неврит, полиартрит, бемориҳои пӯст, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва устухону буғумҳо табобат карда мешаванд

Иқлими мавзеи Обигарм барои табобат ва осоиш мусоид буда, таъсири судманд мерасонад. Чашмаҳои Обигарм (1300 м) нисбат ба Хоҷаобигарм (1960 м) 660 м паст воқеъ гардидааст. Дигар ин ки мавзеи Хоҷаобигарм ноҳамвор аз шебу фароз иборат аст, вале мавзеи Обигарм ҷойи ҳамвортар буда, барои ҳаракати мизоҷони гирифтори касалиҳои узвҳои такяву ҳаракат нисбатан мусоид мебошад.

  Бартарии дигари Обигарм аз Хоҷаобигарм боз аз он иборат аст, ки бо сабаби 660 м паст ҷаойгир шуданаш имконият фароҳам омадааст, ки дар инҶо касалиҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландии хун, сактаи дил) бомуваффаққият табобат карда шаванд [5,24].

  Нисбат ба Хоҷаобигарм пасттар воқеъ гардидани Обигарм боз ба чандин аломатҳои фарқунандаи табиию географӣ оварда расонидааст. Дар ин ҷо мавсими қабули табобат нисбат ба Хоҷаобигарм тӯлонист (ибтидои моҳи май то ноябр), ҳоло мизоҷонро дар мавсими хунуки сол низ ба табобату фароғат қабул карда метавонад, яъне зимистон муътадилтар аст.

  Ҳарорати миёнаи зимистони ин ҷо – 100 С мешавад. Гоҳо агар бодҳои хунуки шимолӣ вазанд, зимистон то 20 – 300С хунук мешавад. Аммо аксар вақт дар натиҷаи таъсири бодҳои гарми ҳавои зимистон, ҳатто, то 13-170 С гарм мешавад. Зимистони Обигарм сербарф аст, баҳор аз моҳи март сар мешавад. Ҳарорати ҳавои моҳҳои март-апрел 20-280 С, моҳи май то 310 С баланд мешавад. Моҳи аз ҳама гарм июл-август буда, ҳарорати миёна 23 -250 С ва гоҳо то ба 38-400С баланд мешавад. Шабона аз қуллаҳои кӯҳ ба поёнии дараю водӣ шаббода вазида ҳавои атрофро салқину гуворо мекунад. Тобистон аксар вақт ҳаво соф мешавад. Чунин рӯзҳо дар моҳҳои мавсими гарми сол ба 96 мерасанд. Намнокии нисбии ҳаво дар ин фосила кам буда, ба 27% баробар аст, моҳи сентябр ҳаво хунуктар мешавад, вале намнокӣ 23 фоизро ташкил медиҳад.

  Тирамоҳи Обигарм салқин аст, ҳарорати миёнаи моҳи сентябр +190С, октябр +120С ва ноябр 5- 60С - ро ташкил медиҳад. Аммо, ҳангоме ки бодҳои гарм аз тарафи ғарб мевазанд, дар моҳи ноябр ҳам баъзан ҳаво аз 20 то 300С гарм мешавад [6,63].

  Манзараҳои атроф басо дилписанд мебошанд, зеро дарахту буттазорҳо, рӯду чашмаҳо, марғзорҳои хуби чарогоҳбоб доман паҳн кардаанд, боғҳои меваю токзорҳо ҳусни ин диёри зебоманзарро даҳчанд афзудаанд, ки барои беҳбудии саломатӣ бетафовут нахоҳад монд.

  То соли 1946 ин оби шифобахшро бенизом барои табобати ҳама гуна бемориҳо бе тавсияи табибон истифода мебурданд, ки он ба матлаб мувофиқ набуд. Аз соли 1946 истифодаи ин оби шифобахш ба низом даромад, табибон баҳри табобати беморон тавсия ва маслиҳат медодагӣ шуданд. Соли 1947 дар мавзеи ин чашмаҳои шифобахши осоишгоҳ созмон дода шуд ва табобати мизоҷон зери назорати духтурону ҳамшираҳои шавқат ба роҳ монда шуд. Минбаъд дар ин мавзеъ хонаҳои барҳавою бисёрошёнаи махсус барои табобату истироҳат, ваннаҳо (ҳавзҳо) - и табобатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва хизматрасонӣ сохта шудаанд, табобатгоҳро бо асбобу анҷомҳои тиббию замонавӣ таъмин карда шудаанд. Оби гарми ин чашмаҳоро барои гарм кардани утоқҳо низ истифода мебаранд.

  Солҳои 60 -уми асри гузашта тӯли мавсим 1000 нафар беморонро на танҳо аз марзи Тоҷикистон, балки аз музофоту шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз қабили Шарқи Дур, Сибири Шарқию Ғарбӣ, Урал, Қазоқистон, Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна  ва шаҳрҳои Москва, Ленинград, (Санкт-Петербург), Киев, Тошканд ва ғайра ба табобат фаро мегирифт, овозаи ин табобатгоҳ ба дуриҳо паҳн шуда буд. Дар осоишгоҳ Обигарм 40 Ҳуҷра барои қабули мизоҷон муҷаҳҳаз мебошад. Дар як баст метавонад беш аз 160 нафар ва тӯли мавсим 2 ҳазор нафар муштариёнро ба осоишу табобат фаро гирад, дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кам нестанд. Барои мизоҷон шароити хуби моддию маишӣ ва варзишӣ фароҳам оварда шудааст.

  Шуъбаи қабули тағораи (ваннаи) обӣ дар осоишгоҳ мақоми аввалиндараҷа дорад ва табобати он 8-10 маротиба, 10-15 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳар дафъа оби тағораҳо нав карда мешавад. Ғайр аз тағора барои табобат аз ҳавзаҳои умумӣ истифода бурда мешавад, ҳарорати оби ин ҳавз 38-390С - ро ташкил медиҳад, чунин об ба бадан оромӣ мебахшад, инчунин таъсири радиоактивӣ беҳтар ва судманд мебошад, вале ҷиҳати манфӣ он аст, ки дар чунин ҳавз  нитроген тез аз об баромада бухор мешавад. Оббозӣ дар ҳавз 5-10 дақиқа давом мекунад. Дар ҳавз бемор метавонад мавқеи баданашро мувофиқи салоҳиди худ тағийр дода истад, ки он нисбат ба тоғора бартарӣ дорад. Дар ҳавз якбора 20 -30 нафар ҳоҷатмандон оббозӣ карда метавонанд.

  Шакли дигари табобат дар ҳавзи Обигарм ин гузарондани молиши (мазҳи) зериобӣ буда, 5-дақиқагӣ панҷ - шаш маротиба такрор карда мешавад. Дар Обигарм, инчунин шаклҳои гуногуни обпошӣ (душ) қабул карда мешавад. Таъсири онҳо аз нарму форам, то ба зарбаҳои тавоно бадал мешаванд. Барои табобати бемориҳои гинекологӣ шӯъбаи махсус амал мекунад.

  Дар маслофаи 18 километр дуртар аз Обигарм дар маҳаллаи Мискинобод лойқаи торфӣ мавҷуд буда, 3 гектар масоҳат ва аз 0,5 то 1,5 метр ғафсӣ дорад аз он бӯйи сулфиди гидроген меояд. Ин лойқаи овардашударо дар зарф ва ҷойҳои махсус нигоҳ дошта, аз байни он мудом оби маъданӣ гузаронида мешавад, ки хосияти радиоактивӣ мегирад, сонӣ ин лоқаро дар ҷойҳои даркории бадани бемор мечаспонанд (мебанданд). Барои қабули чунин лойқа ва тоза намудани сатҳи бадан аз он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин барои табобатгирандагон шароити хуби маданию маърифатӣ низ фароҳам оварда шудааст.

  Аз лиҳози беморӣ мизоҷон ва табобатгирандагон гуногунанд, вале бештари онҳоро шахсоне ташкил медиҳанд, ки аз аъзоҳои такяву ҳаракат, буғумҳо шикоят мекунанд (артрит, полиартрит, тарбод, радикулит, неврит) бемориҳои генекологӣ, брутселлез, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои гуногуни пӯст ва монанди инҳо мебошанд.

  Вазъи саломатии мизоҷони табобатгиранда якбора хуб намешавад, дар рӯзҳои аввал ноҳинҷорӣ, авҷ гирифтани дард ва баланд шудани ҳарорати бадан пайдо шуда метавонад. Аз ин тағйрот набояд хавотир шуд, саломатии бемор оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбуди мениҳад.

  Дар самти шимолу ғарбии Обигарм 6 км дуртар дар дохили дараи Гармоба чашмае ҳаст, ки ҳарорати обаш ба 42о мерасад ва онро низ Гармоба меноманд. Тадқиқотҳои пешакӣ нишон дод, ки таркиби химиявии оби ин чашмаи маъданӣ ба таркиби химиявии оби чашмаи Обигарм шабеҳ мебошад. Аз ин хотир лозим аст, ки шароити табиии ин маҳалро ҳаматарафа татқиқ намуда, баҳри истифодаи босалоҳияти он аз ҳониби коршиносон ба муассисаҳои тиббӣ – табобатӣ таклифу дархостҳои судманд пешниҳод карда шавад.

  Чашмаи мазкур дар баландии 1520 аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад,масрафи об ба 1,3л/сон. мерасад  Маъданнокии об паст ( кам ) аст, хосияти сулфатию хлорӣва натрию калсигӣ дорад  чандин микроэлементҳо дучор мешаванд, аз газҳо дар об нитроген ва гази карбонат ҳал шудааст.

  Дар музофоти Раштонзамин инчунин чашмаи обаш гарми оддӣ дар наздикии маркази ноҳияи Лахшшаҳраки Ваҳдат бо номи Калайзанку ошкор карда шудааст. Ин чашма дар канори маҷрои дарёи Сурхоб ҷанубии қаторкуҳи Олой  4,5 км ҷанубу ғарбии деҳаи Калайзанков дар баландии 1800м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Масрафи оби чашма аз 2-3 то ба 5-8 л/сон. тағйир меёбад.Ҳарорати об дар сатҳи болоии замин 35-370С ва дар умқи 10-15см дар байни рег то ба 700С мерасад.Об дорои гази нироген,  гидрогенсулфид  мавҷуд мебошад, воқеъ мебошад. Гоҳо фаввораҳои оби ин чашма ба дарё мерезад. Ҳарорати оби ин чашма ба 35оС мерасад. Маъданнокии об ба 1,4 г/л баробар аст, яъне ғилзаташ паст мебошад. Агар минбаъд дар ин мавзеъ иктишофи гидрогеологӣ гузаронида шавад, мумкин аст, ки масрафи бештари оби гарм ба берун бароварда шавад. Он гоҳ имкон пайдо мешавад, ки ин оби гармро, ки ҳоло бесамар талаф меёбад, барои бо гармӣ таъмин намудани биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истқоматкунандагони маркази ноҳия, бо гармӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба кори тайёр намудани гармхона ва парвариши сабзавот машғул мешаванд истифода бурда шавад. Ба амал баровардани чунин кори хайр талаботро бо сӯзишворӣ ва нерӯи барқ коҳиш медиҳад. Аз ҷониби дигар ин амал имкон медиҳад, ки чандин одамон бо кор таъмин шаванд, ва ниҳоят дар фасли хунуки сол шароит фароҳам меояд, ки сокинони маркази ноҳия ва деҳаҳои атроф бо сабзавот ва кабудии тарру тоза бе фосила таъмин карда шавад[7,53-57].

  Бояд гуфт, ки Раштонзамин имкониятҳои васеъи рекреатсионӣ (табобатию истироҳати ва сайёҳи ) дорад.Дар ин музофот 30 чашмаҳои шифобахш ва 3 кӯли хосияти табобати дошта вуҷуд доронд. Мутаасифона, танҳо дар заминаи чашмаи оби маъдании «Обигарм» муассисаи табобатӣ баҳри саломатии мардум хизмат мерасонад.Оби маъдании дигар чашмаҳо ва лоиқаи шифобахши кулҳоро сокинони деҳаҳои наздик ба таври худ  бе маслиҳати табибон истифода мебаранд.

  Сатҳи водиҳои  Сурхобу Хингоби ин музофот дар баландиҳои  1000-2000м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд, чунин баландиҳо аз ҷиҳати табиию иқлимӣ барои истироҳату фароғат мусби арзёби мешавад.Шароити табиии ин музофот басо мухталиф аст.Инҷо дараю водиҳои хушманзан , куҳҳои сарбаланди бо чодири барфу пиряхҳо фаро гирифта шуда, иқлими нарму форам, бешаю чакалакҳои доманфарох яке дигареро зебою дилпазир ва ҳалаватбахш мегардонанд, хастагиро мерабоянд, бо ҳамин васила истироҳат ва табобатро равнақ мебахшанд.Таҳлил ва баҳодиҳии мутахасиссон дар ин музофот 80 ҳазор гектар масоҳат қиммати рекрасионӣ ва сайёҳои дорад, аз ҷумла дар ноҳияҳои Нурободу Лахш 24,4 ҳазор гектар масоҳатро фаро гирифтанд.

  Омӯзиш ва таҳлили  маводҳои иқлимӣ моро ба хулосае овард, ки ин музофот рӯзҳои зиёди кушоди офтобӣ дорад, обу ҳавои туману абрнок кам мебошанд.Барои чунин ҳолатро гирифтан музофот хусусиятҳои орографӣ  ва геоморфологӣ мусоидат намудаанд.

  Аломатҳои орографӣ ва релйеф барои ташакили роҳпаймоии  сайёҳии аз ҷиҳати муракабиашон гуногун ғани ғанӣ буда, барои намудҳои гуногуни варзиш, куҳнаванди, шахпаймоӣ, лижаронии куҳӣ шароиту имкониятҳои васеъ дорад. Мутаасифона ин захираҳо ҳанӯз истифодаи васею  босамари худро наёфтаанд. Аз ин хотир минбаъд лозим аст,ки дар заминаи “кулҳои кабуд ва гилҳои шифобахши дар канори онҳо мавҷуд буда, маҷмӯи санаторию курорти созмон дода шавад.

  Дар ин музофот дараи хушманзараи Камароб маълуму машҳур мебошад,   дар   васфи  зебогиҳои  он  аз   тарафи   шоирон  сурудҳо  офаридаанд,   ҳофизон   онҳоро   замзама   мекунанд.  Дар   дараҳои хушобу  ҳаво   ва  манзараҳои  дилфиреб доштаи  парваришгоҳҳои Камаробу  Сангвор,  шикоргоҳои   Сангикару  Чилдара,  КабудҳавзБоғи миллии Тоҷикистон, Чилдухтарон ва Ҳоит  истироҳатгоҳои  мақоми  ҷумҳуриявӣ  ва  байналмилалидошта  бунёд  кардан  ва сайрхатҳои сайёҳиро афзун намудан ба матлаб мувафиқ буда, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст овардан имконпазир мебошанд.

  Ҳавзаи рӯди Хингоб бо аломатҳои иқлимӣ, орографию геоморфологӣ барои ташкили мавзеъҳои лижаронии варзишӣ  мусоит аст.

 Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) урдугоҳи  байналхалқии  куҳнавардон ташкил шуда буд. Дар  ин  ҷо куҳнавардони ҷаҳон ҷамъ омада нақшаҳои гуногуни фатҳи қуллаҳои  баланди  Коммунизм (ҳоло Исмоили Сомонӣ), Ленин (ҳоло Ибни Сино), Москав,  Тамдикӯл, Белаулӣ ва ғайраи Помирро тартиб  медоданд,  зеро  из  инҷо  ба  қуллаҳои  баланди Помири Шимолӣ рафтан наздику мувофиқ дониста мешуд. Дар музофоти  Раштонзамин барои пиряхҳо ва манзараҳои сатҳи он аз қабили калгазпораҳо, курсиҳо, кӯлҳо тарқишҳо ва ғайра экскурсияҳо ташкил намуданд басо мароқовар хоҳад буд

  Ҳамин тариқ аз далелу санадҳои дар боло овардашуда маълум мешавад, ки музофоти географии Раштонзамин аз обҳои шифобахш ва баландҳарорат, гилҳои шифобахш ва аз сарватҳои сайёҳию варзиши ғанист, вале ҳоло қисми ками онҳо истифодаи амалии худро пайдо кардаанд, имконият ва захираҳои истифода нашуда фаровон мебошанд. Барои ба истифодаи амалӣ ҷалб шудани онҳо маблағгузорӣ, таҳқиқотҳои иловагии илмӣ ва чораю тадбириҳои ташкили аз ҷониби ҳакимони ноҳияҳо зарур мебошад.

Аброров ҲУСЕЙН      

ходими калони илмии

Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019

Адабиёт:

  1. Баротов Р.Б. Ганҷи кӯҳистон. Душанбе – 1985.
  2. Крат В.Н. Минеральные, лечебные, термальные и промышленные подземные води Таджикистан. Душанбе 1985.
  3. Баратов Р.Б. Памир и его недр. Москва – 1984.
  4. Муҳаббатов Х. Ганҷинаҳои табиати Тоҷикистон. Душанбе – 1987.
  5. Серебряков В.А., Белкин К.Я. Лечебные местности Таджикистан. Сталинобод – 1957.
  6. Ҷӯраев Қ. Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон. Душанбе 1971.
  7. Аброров Ҳ., Нуров Ҳ., Ҳоҷибоева С. Омӯзиши обҳои шифобахш. //Маърифати омӯзгор, №7. 2016.
Хондан 2154 маротиба