JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Июни 2019 09:07

Сарватҳои зеризаминии минтақаи Раштонзамини Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо

Муаллиф:

  Дар мақола доир ба конҳои ангиштсанг, сиенитҳои нефелиндор (масолеҳи хоми металли алюминий), никел, тилло, масолеҳи хом барои истеҳсоли семент, хишт ва ғайра баҳои миқдорию сифатӣ дода, таъкид карда шудааст, ки дар ҳолати ба истифодаи саноатӣ дода шудани ин сарватҳои зеризаминӣ метавонад Раштонзаминро ба яке аз музофотҳои рушдёфтаи саноатии Тоҷикистон табдил дода, ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти он марҳалаи нав бахшад.

 «… олимони соҳаҳои геология ва табиатшиносиро зарур аст, ки дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, таҳлил ва ба захираҳои давлатӣ ворид намудани сарватҳои табии кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории зич дошта бошанд»

 Аз Паёми пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон (20- уми январи соли 2016).

  Чунин гузориши масъала геологҳо, географҳо, иқтисодшиносон ва биологҳоро водор менамояд, ки ба омӯзишу баҳо додани сарватҳои табиии мамлакат ва музофотҳои алоҳидаи он ба таври мушаххас ва ҷиддӣ машғул шуда, роҳу воситаҳои истифодаи оқилонаи онҳоро баҳри тараққиёту пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт нишон диҳанд ва ба ин васила ба рушди устувори мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.

 Чун дигар музофотҳои дигари табиӣ ва иқтисодӣ-географии Тоҷикистон музофоти Раштонзамин табиат ва сарватҳои табиии ба худ хос ва беназир дорад.

 Бо вуҷуди он ки сарватҳои табиии ин музофот алалхусус сарватҳои зеризаминии он номукаммал тадқиқ шудаанд, дастовардҳои мавҷуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки музофоти Раштонзамин аз сарватҳои сӯзишворию энергетикӣ, металӣ, ғайриметалӣ, масолеҳи сохтмон, обҳои маъдании шифобахш ғанист. Мутаасифона, ин сарватҳо ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашудаанд ва ба ин чандин мушкилотҳо садди роҳ гаштаанд. Аз ин лиҳоз, зарурате пеш меояд, ки ин мушкилотҳо зина ба зина ҳалли худро ёфта, минбаъд аз музофоти кишоварзию саноатӣ ба музофоти рушдёфтаи саноатию кишоварзӣ табдил дода, ба рушди ҳаматарафаи иқтисоду иҷтимоиёт такони ҷиддӣ бахшида шавад. Бо ҳамин васила маданияти маънавӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, тарзи ҳаёти солимро ташаккул дода, барои аз байн бурдани андешаҳои хурофотӣ заминаи мустаҳкам гузошта шавад. Шояд баъзе зуҳуротҳои номатлубе, ки вақтҳои охир дар ин музофот падид омад, дар заминаи баъзе нишондодҳои боло сарчашма гирифта бошанд.

  Ба музофоти иқтисодӣ-географии Раштонзамин ноҳияҳои маъмурии Рашт, Роғун, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷирғатол дохил мешаванд 17,3 ҳазор километри мураббаъ масоҳат ва зиёда аз 300 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат дорад. Афзоиши табиии аҳолӣ баланд, қувваҳои корӣ зиёд, заминҳои киштбоби мусоид барои кишоварзӣ маҳдуд аст, аз ин хотир танҳо тавассути рушд додани кишоварзӣ аҳолии бекорро ба кор фаро гирифтан, дараҷаи зиндагиашонро баланд бардоштан нокифоя мебошад. Барои ҳамин ҳам, масъала ба миён меояд, ки иктишофи геологиро дар ин музофот вусъат дода, конҳои нави канданиҳои фоиданок кашф, ба конҳои кашфшуда баҳои хуби иқтисодӣ дода, роҳҳои истифодаи оқилонаи онҳо ба роҳ монда шавад. Ин амал ба саноатӣ шудани музофот, афзудани синфи коргар, баланд шудани маданияти маънавӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

 Пас, саволе ба миён меояд, ки дар ин музофот чи гуна захираҳои маъданӣ мавҷуданд, ҳоло чи тавр истифода мешавад ва дар оянда чи тавр истифодаи босамари онҳоро ба роҳ мондан лозим аст?

 Яке аз кони маълуму машҳури музофоти географии Раштонзамин ин кони сӯзишворию энергетикӣ ва химтехнологии Назарайлоқ ба ҳисоб меравад. Кони мазкур дар ноҳияи маъмурии Рашт, дар ҳавзаи шохоби рости   Сурхоб, ки рӯди Ярхич (р. Кабуд) ном дорад аз сатҳи баҳр дар баландии 3200 – 4000 м. воқеъ буда, 25 км2 масоҳатро фаро гирифтааст. Кони ангиштсанги Назарайлоқ аз деҳаи Ҳоит 40 км ва аз шаҳри Душанбе дар масофаи 234 км ҷой гирифтааст.

  Кони ангишсанги Назарайлоқ бо вуҷуди барвақт кашф шуданаш ҳанӯз мукаммал тадқиқ нашудааст. Нисбат ба дигар қисмҳояш қисми шарқияш беҳтар омӯхта шудааст. Иктишофи геологӣ нишон дод, ки дар ин қисм 16 қабати ангишдор мавҷуд будааст. Аз ин шумораи қабатҳои ангиштдор 15 қабат аҳамияти саноатӣ дорад. Дар байни қабатҳои қиммати саноатӣ дошта 9 қабат сифати баланд доранд, се қабат, яъне қабатҳои 4-6 сифати хеле баланд доранд, антратсит мебошанд. Захираи пешгӯишудаи антратсит ба 450 млн. т. баробар буда, аз он 60% ниҳоят баландсифат мебошад. Боқимонда қабатҳо ангишсанги оддӣ мебошанд. Ғафсии қабатҳои ангиштдор аз 1,3 то ба 9,0 м. мерасанд. Дарозии қабатҳои ангиштдор ба масофаи 10 км тӯл кашидаанд.

  Озмоишҳои технологии замони Шӯравӣ дар Россия ва Узбекистон гузаронидашуда, собит намуд, ки аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои сифатӣ аз ангишти коксшавандаи Украина ва Кузнетск (Россия) баланд буда, аз ангишти машҳӯри антратсити кони Ха-Жуи Ветнам камӣ надорад.

  Сифати антратсити кони Назарайлоқ бо чунин аломатҳо тавсиф мешаванд: намнокӣ – 0,784-0,66 %, хокистарнокӣ – 1,2 – 4,2 (ба ҳисоби миёна 2,8 %), моддаҳои (ҷузъҳои) бухоршаванда – 3,0 – 5,0 %, миқдори сулфур – 0,13–0,62 %, карбон – 89,27 – 93,86 %, қобилияти гармоофариаш – 35,14 МҶоул/кг.

 Камхокистар будани антратсит ҳамчун масолеҳи технологӣ имкон медиҳад, ки онро дар саноати электротехникӣ, атомӣ, химиявӣ, мудофиавӣ, металлургӣ ва ғайра дигар соҳаҳо истифода бурда шавад. Аз ҷумла антратситро барои тайёр намудани пӯлоди махсусу чӯяни синтетикӣ, карбиди калтсӣ, инчунин ба сифати ивазкунандаи графити пулакчадор ва кокс, барои рехтагарӣ ҳангоми истиеҳсоли металлҳои ранга, электроди қутраш 1200 мм., электрокорундии баландсифат, ҳамчунин сорбенти хуб буда, барои тоза намудани газҳои зараровари обҳои нӯшоӣ истифода бурда шавад.

 Дар минтақаи баландкӯҳ воқеъ гаштани кони Назарайлоқ масълаи истихроҷи ангиштро аз як тараф мушкил ва аз ҷониби дигар мавсимӣ гардонидааст, тӯли 3-4 (гоҳо 4-5) моҳ имконпазир мегардонад, зеро тирамоҳ барвақт оғоз меёбад, борону барф борида, ҳаракати автомобилҳоро мушкил ва хавфнок мегардонад.

  Ба сӯйи кон аз шоҳроҳи автомобилгарди водии Сурхоб қад-қади рӯди Назарайлоқ ва шохобҳои он роҳи автомобилгарди дарозиаш 52 километра сохта шудааст, 14 км масофаи охири роҳ морпечи мушкилбаро мебошад, аз ин лиҳоз рафту омади мошинҳоро нафақат мушкил, балки хавфнок мегардонад.

  Як қисми ками ангишти кони Назарайлоқро ба таври кушод истихроҷ карда мешавад. Бо ин мақсад ҷинсҳои болопӯши конро бо ёрии булдозерҳо тоза намуда, ба нишебии кӯҳ равон карда, сонӣ ангиштсангро бо ёрии экскватор бе тарконида мулоим кардан озодона гирифта ба автомобилҳо бор менамояд.

  Айни замон аз қабати чорӯм ангишт – антратситро канда гирифта, асосан барои қонеъ гардонидани талаботи сокинони музофот бо сӯзишворӣ харҷ карда мешавад. Чанде пеш ҳангоми фарорасидани фасли зимистон сокинони маҳал барои гирифтани ангиштсанг навбат мепоиданд. Ҳоло бошад ангиштсанги истихроҷшударо дар поён дар анборҳо захира намуда, аз он ҷо ба талабгорон мефурӯшанд.

  Агар соли 2003 аз кони Назарайлоқ 18,3 ҳазор тонна ангиштсанг истихроҷ шуда бошад, соли 2008 ба 126,2 ҳазор тонна расонида шуд, яъне байни панҷ сол истихроҷи ангиштсанг қариб ҳафт маротиба афзудааст. Ин рақам ҳар сол дар афзоиш мебошад. Бояд гуфт, ки ба таври кушод истихроҷ намудани ангиштсанг аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар бошад, аз ҷиҳати экологӣ зараровар аст, зеро чангу ғубори ангиштсанг ба масофаи 50 км. ба атроф паҳн шуда, маҳалҳоро ифлос мегардонад. Чангу ғубор тавассути узвҳои нафасгирӣ ба шуши инсон ва ҳайвоноти вуҳуш дохил шуда, ҳаёти онҳоро халалдор мекунад. Чангу ғубори ангиштсанг, ки болои баргу навдаи наботот менишинад, низ раванди фотосинтезро халалдор ва боиси тез хазонрез шудани барги наботот мегардад. Ҳайвоноти алафхур, ки баргу навдаҳои сабзи набототро мехӯрад, зарраҳои чанг мубодилаи моддаҳоро дар меъда ва рӯда халалдор ва боиси авҷ гирифтани бемориҳо гардида метавонад. Аз ин лиҳоз роҳбарони истихроҷкунандагони ангиштсангро лозим аст, ки аз техника, технологияи навтарин истифода намуда, ҳодисаи чангу ғуборҳосилшавиро то ҳадди ақал коҳиш диҳанд, табиати зиндаро аз харобшавӣ ҳифз намоянд.

  Кони ангиштсанги Миёнаду барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Зеро ин кон дар ноҳияи Тавилдараи музофоти Раштонзамин дар сарҳади вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон наздикии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – а – Бадахшон дар баландии мутлақи 1900-2600 м. воқеъ мебошад. Дар қисми ғарбии Бадахшон ва ҳавзаи Хингоб (ноҳияи Тавилдара) ягона конест, ки захира ва сифати хуб дошта, метавонад ин қисмҳоро бо сӯзишворӣ таъмин намояд. Кони ангиштсанги Миёнаду аз маркази ноҳияи Тавилдара 45 км. шимолу шарқ ва аз шаҳри Душанбе дар масофаи 250 км дур воқеъ гардидааст.

  Кони ангиштсани Миёнаду дар давраи юраи эраи полеозой пайдо шудааст. Кони ангишсанг аз ҷиҳати географӣ ва кӯҳию геологӣ дар мавзеи хуб ҷойгир шудааст, барои истихроҷ мувофиқ мебошад.

  Кони ангиштсанги Миёнаду ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, таҳқиқ асосан қитъаи Ғарбро дарбар гирифтааст. Дар кони мазкур 5 қабати ангиштдор ва 7 линзаи ангишт ошкор карда шудааст. Аз қабатҳои ангиштдор танҳо як қабат омӯхта шудааст. Ғафсии ин қабат ба 2,8 метр мерасад ва аҳамияти амалӣ – истеҳсолӣ дорад. Аз омӯзиши ин қабат маълум карда шуд, ки мувофиқи дараҷаи (категорияи) С1 – 2252 ҳазор тонна, аз рӯи дараҷаи С2 – 2549 ҳазор тонна ва захираи пешгӯишудаи ангишт ба 645 млн. тонна баробар аст. Хокистарнокии ангишсанг баланд (25-35 %), вале онро ҳангоми коркарди саноатӣ ба осонӣ тоза кардан мумкин аст. Миқдори сулфури ангишсанг – 1,25 %, моддаҳои бухоршаванда 27–40 % -ро ташкил медиҳад. Ангишсанги кон қобилияти гармофарии калон (7820–8910 ккал/кг) дорад. Шароити кон имкон медиҳад, ки дар як вақт аз ду ҷой тариқи кушод истихроҷи ангишсанг ба роҳ монда шавад.

  Дар ҳолати васеъ ба роҳ мондани истихроҷи ангиштсанги кон имкон фароҳам меояд, ки қисме аз онро ба самти ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ба қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот (экспорт) карда шавад [1, с. 23; 2, с. 90]

  Дар музофоти географии Раштонзамин инчунин маҳалҳои ангишт зуҳур ёфта, дар Ҷудо, Алисурхан, Ҳоҷикӯл ва ғайра маълум мебошад. Мутаасифона, захираи онҳо ҳанӯз таҳқиқ ва маълум карда нашудааст.

  Дар музофоти географии Раштонзамин аз металлҳои ранга конҳои алюминий (сиенитҳои нифелиндор), никел, мис, кобалт ва аз металлҳои асил конҳои решагӣ ва зарраҳои пошхӯрдаи тилло кашф ва омӯхта шудааст.

  Имрӯзҳо талабот ба истеҳсол ва истифодаи металли алюминий дар ҷаҳон сол то сол дар ҳолати болоравист. Агар дар охири сари XIX дар ҷаҳон беш аз 20 тонна металли алюминий истеҳсол шуда бошад, дар ибтидои асри XX ба 7000 тонна, соли 1950 ба 1,5 млн. тонна, соли 1970 ба 7,5 млн. тонна, соли 1996 ба 27,4 млн. тонна ва дар замони мо ба беш аз 30 млн. тонна расид. Дар назар аст, ки истеҳсоли он минбаъд дар даҳ сол ду маротиба рушд меёбад.

  Металли алюминийро аз маъдани боксит, каолинитҳо, боксити латеритӣ, ашёи нефелину алунит ва сиенитҳои нефелиндор истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли металли алюминий аз боксит аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аст, зеро дар таркиби боксит 45% гилхок (глинозём) мавҷуд аст. Мутаасифона боксит танҳо дар чанд мамлакати дунё дучор мешаваду бас. Маъдансангҳои алтернативии дар таркибашон алюминий дошта ҳамагӣ 22-35% глинозем доранд.

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи калони боксит, ки аҳамияти саноатӣ дошта бошад вуҷуд надорад. Барои ҳамин ҳам заводи алюминии тоҷик, ки дар шаҳри Турсунзода фаъолият мекунад 90% маҳсулоти хом ва дигар ашёҳои барои истеҳсоли алюминий зарур бударо аз мамолики хориҷӣ бо нархи гарон воридот (импорт) мекунад. Доир ба ин масъала мо дар поёнтар муфассал андешаронӣ мекунем.

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои захираи калони сиенитҳои нифелинӣ дар мавзеъҳои Турпӣ ва Тутакии музофоти Раштонзамин ва дар саргаҳи ҳавзаи дарёи Зарафшон аз қабили Кӯҳистони Мастчоҳ, водии Яғонобу Искандардарё ва ғайра дучор мешаванд.

  Дар байни конҳои нефелинҳои сиенитдор кони Турпӣ беҳтар омӯхта шудааст ва барои ба роҳ мондани истеҳсоли саноатӣ мароқовар мебошад. Кони Турпӣ дар ноҳияи Рашт, дар дараи Ясман ҳавзаи дарёи Сурхоб, 18 км дар шимолу шарқии деҳаи Нимич воқеъ гардидааст. Ин кон соли 1960 кашф ва солҳои 1961-1963 иктишофи пешакӣ гузаронида шуда буд. Танаҳои маъдандори кон аз 20 м сар карда то умқи 850 м иктишоф гардидааст. Болопӯши кон аз таҳшониҳои давраи чорӯми геологӣ иборат буда, аз 3 м бештар ғафсӣ надоранд. Миқдори миёнаи N2O3 дар маъдан 21%; SiO2 – 52,1%; FL2O3 – 5,7%; Na2O – 4,8 %; К2О – 6,4% ташкил медиҳад. Кони сиенитҳои нефелиндори Турпӣ аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ба кони маъдани Техсари Арманистон монанд аст.

  Кони сиенитҳои нефелинии Турпӣ маҳсули хоми маҷмӯӣ (комплексӣ) мебошад. Аз он гилхок (глинозём), семент, шишаҳои ранга ва чандин маҳсулотҳои химиявӣ, метасликати калсий, поташ, метасликати натрий гирифтан мумкин аст. Барои ба даст овардани глинозём (консетрати алюминий) инчунин маҳсулоти хоми карбонатдор лозим аст, ин вазифаро кони мармари Ганҷина, ки назди деҳаи Нимич, ки аз кони Турпӣ ҳамаги 6 км. дур воқест иҷро карда метавонад. Мармарро дар саноати химия ва ҳам маводи ороишии рӯйбаст истифода бурдан мумкин аст. Захираи кони мармар аз рӯи дараҷаи С12 - 471 млн. тонна аст [3, с. 115].

  Солҳои 80-уми асри ХХ олимони баландпояи собиқ Иттифоқи Шӯравӣ дар натиҷаи иктишофи геологӣ оид ба кони сиенитҳои нефелиндори Турпӣ маърӯзаи (доклади) техникию иқтисодӣ тартиб дода, дар он изҳор намудааанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли глинозёми ин кон маблағгузории калон, вале баровардани ин хароҷот нисбат ба талаботи меъёрӣ вақти зиёдро металабад, аз ин хотир ба роҳ мондани истеҳсоли саноатӣ ба мақсад мувофиқ дониста нашуда буд. Аз вақти изҳори чунин андеша то замони мо беш аз 35 сол сипарӣ шуд, техника ва технологияи аз сиенитҳои нефелинӣ гирифтани алюминий такмил ва тараққӣ ёфт ва муҳиммаш он аст, ки Тоҷикистон ба ҷумҳурии соҳибистиқлол табдил ёфт, истиқлолияти сиёсӣ ба даст овард, дар марҳалаи нави рушд бояд барои истиқлолияти иқтисодӣ низ мубориза барад ва ба ҳадафҳои худ ноил гардад. Пас, мамлакати моро лозим аст, ки истеҳсоли алюминийро дар заминаи масолеҳи хоми маҳаллӣ ба роҳ монад, то ин ки асъори мамлакат ба хориҷи мамлакат камтар интиқол ёбад, бештари онро ба рушди иқтисоду иҷтимоии дохили мамлакат сарф намояд. То вақтҳои наздик яке аз омили асосии маҳдудкунанда ин норасогии нерӯи барқ дар мамлакат дониста мешуд. Ҳоло бошад сохтмони НБО-ии Роғун бо низом идома дорад, ба охир расидани ин иншооти бузург ба тамоми ҷабҳаҳои рушди иқтисоду иҷтимоиёт марҳалаи нав оғоз мебахшад. Аз ин лиҳоз барои сохтмони корхонаи истеҳсоли глинозёми Турпӣ заминаи мустаҳкам гузошта мешавад. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки масъалаи бо масолеҳи хоми маҳаллӣ таъмин намудани корхонаи алюминии тоҷик аз нав ҳаллу фасл карда шавад.

  Чуноне, ки маълум аст барои истеҳсоли 1 тонна алюминий 2 тонна глинозём, 50 кг маъдансанги аз фтор ғанӣ – криолит, беш аз 0,5 тонна электроди антратситӣ ва 18 ҳазор кВт·с нерӯи барқ лозим аст. Пас, имкон пайдо мешавад, ки минбаъд корхонаи алюминии тоҷикро асосан бо маҳсулотҳои (ашёҳои) хоми маҳаллӣ таъмин карда шавад.

  Аз ин лиҳоз лозим меояд, ки дар заминаи сиенитҳои нефелиндори Турпӣ корхонаи тайёр намудани консентрати алюминий – глинозём (гилхоки аз алюминий ғаникардашуда) тайёр намуда, сонӣ онро ба заводи алюминии тоҷики дар шаҳри Турсунзода буда, интиқол дода шавад. Ин корхона метавонад заводи алюминийро камаш тӯли 100 сол бо масолеҳи хом таъмин намояд. Дар наздикии кони Турпӣ кони дигари сиенитҳои нефелинии Тутак воқеъ мебошад. Гарчи ин кон ҳанӯз саҳеҳ омӯхта нашудааст, аз маълумотҳои пешакии ба даст омада маълум мешавад, ки захираи он бузург аст, миқдори глинозём дар маъдан 20 % - ро ташкил медиҳад. Омӯзиши ин кон ва конҳои дигар дар водии Зарафшон мавҷудбудаи сиенитҳои нефелиндор имконият медиҳанд, ки корхонаи алюминии тоҷик фаъолияти худро асрҳо идома бахшад.

  Сарфи назар аз чунин имконият, корхонаи алюиминии тоҷик - «ТаЛКо» мисли пештара бо глинозём ва криолити кашонидашаванда фаъолият менамояд. Ҳар сол аз хориҷа ба ҳисоби миёна 1 млн. тонна глинозём оварда мешавад, ки ин миқдор мол 26 % воридоти мамлакатро ташкил медиҳад. Чуноне, ки маълум аст як соҳаи асосии даромади миллии мамлакат аз ҳисоби фурӯши алюминий ташаккул меёбад. Бояд хотирнишон намуд, ки танҳо барои ҳамлу нақли глинозём аз хориҷи мамлакат корхонаи алюминии тоҷик 150 млн. доллари ИМА-ро талаф медиҳад [4, с. 170].

  То ин замон дар музофоти Раштонзамин ягон корхонаи калони саноатӣ созмон наёфтааст. Созмони корхонаи глинозём тайёркунанда имкон медиҳад, ки даҳҳо ва садҳо нафар қувваҳои кории бекор бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардад, шаҳраки нави коргарнишин, инфрасохтори иқтисоду иҷтимоӣ ташаккул ёбад, аҳолии шаҳрӣ ва маданияти шаҳрвандӣ боло равад.

  Ҳоло Ҳукумати мамлакат ба нақша гирифтааст, ки солҳои наздик 60 % талаботи «ТАЛКО» - ро бо глинозём, фториди алюминий, криолит, графит, ангиштсанги сӯзишворӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии корхонаро ба масолеҳи маҳаллӣ таъмин намояд. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий давом дорад. Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд аз ҳисоби масолеҳи маҳаллӣ 1 млн. тонна глинозём истеҳсол карда шавад.

  Айни замон корхонаи алюминии тоҷик фаъолияти худро бо хароҷотҳои калон давом дода истодааст, ки он боиси гаронии нарх, паст рафтани даромад ва аз ин лиҳоз имкон намешавад, ки маоши коргарон ба талаботи ҷаҳони муосир боло бардошта, фаъолияти корхона васею серсоҳа гардонида шавад.

  Рушди истеҳсол ва дурнамои тараққиёти глинозём ва алюминийро тавзеҳ намудан, ҳатман масоили экологӣ пеши назар меояд. Вале аз он ҳаросидан лозим нест, зеро имкон ҳаст, ки тавассути технологияи нав ва таҷҳизоти ҷадид ин мушкилот сахт коҳиш дода шавад. Дар ҳолати истифода намудани полоя (филтр) ва таҷҳизотҳои нави норвегӣ метавон бехавфии (бехатарии) экологии маҳалро то 98 % таъмин намуд [5, с. 25]. Барои мустаҳкам шудани андешаҳои боло ба чанд далел муроҷиат мекунем: ҳоло дар мамлакати кӯҳсори Норвегия 40 НБО ва беш аз 10 адад комбинати гилхок (глинозём) – алюминий тайёркунанда фаъолият менамояд. Дар корхонаи «Ҷабал - Алӣ» - и Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳар сол 850 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба Тоҷикистон ду баробар фузунтар аст. Дар назар дошта шудааст, ки АМА дар оянда истеҳсоли алюминийро соле ба 1,5 млн. тонна мерасонад.

  Захираи сиенитҳои нефелиндори музофоти Раштонзамин мувофиқи пешгӯиҳо ба 12-14 млрд. тонна мерасад. Пас, имкон ҳаст, ки солҳои бардавом аз ҳар 5-6 тонна масолеҳи хоми сиенитҳои нефелиндор 1 тонна глинозём тайёр карда шавад.

Захираи саноатии кони сиенитҳои нефелиндори Турпӣ 307 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Барои он, ки кони Турпӣ аз худ карда шавад, баъзе масъалаҳоро пешакӣ ҳал кардан лозим аст:

- технологияи босамари коркарди сиенитҳои нефелиндорро баҳри тайёр намудани глинозём, семент ва дигар маҳсулоҳои химиявӣ роҳандозӣ бояд кард;

- самтҳо ва доираи истифодаи хоҷагии маҳсулотҳои химиявиро саҳеҳ муайян намудан лозим аст;

- пасомадҳои ифлосшавии муҳитро ҳаматарафа таҳлил ва муайян карда шавад.

  Ҳангоми ба таври мусбат ҳал шудани масъалаҳои боло зикршуда, лозим меояд, ки нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии аз худ намудани конро таҷдиди назар намуда, иктишофи муфассали геологӣ гузаронида, захираи саноатии он саҳеҳ карда шавад [6, с. 228].

  Чуноне ки болотар ишора намуда будем, бояд истеҳсоли глинозёми кони Турпиро ба таври маҷмӯъ ба роҳ монда шавад. Аз ҷинсҳои болопӯши кони Турпӣ ва пасмондаи глинозём, ки ҳангоми гидролиз ҳосил мешавад, истеҳсоли семент, шишаҳои ранга ва ғайра дигар маҳсулотҳои химиявӣ ҳосил кардан лозим аст. Дар ин ҳол ҳаҷми истеҳсоли семент нисбат ба талаботи дохилӣ (музофоти Раштонзамин) фузунтар гашта метавонад. Истеҳсоли васеи семент барои рушди минбаъдаи чи музофот ва чи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳамтост, зеро нақша ва дурнамои рушди мамлакат аз қабили созмони НБО-ҳои хурду миёнақудрат, хоҷагии об, сохтмони роҳу пулҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, шаҳрсозӣ, ободии деҳот аз бисёр бобат ба истеҳсол ва истифодаи бемайлони семент вобастагии қавӣ дорад. Дар ҷараёни истеҳсол ва истифодаи васеи семент дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ садҳо ва ҳазорҳо ҷойи кори нав пайдо мешавад, ки шарҳи он баҳри боло рафтани дараҷаи иқтисодиёт ва маишату маданияти зиндагии мардум эҳтиёҷ надорад.

  Дар ҳолати аз эҳтиёҷоти маҳал афзун гаштани истеҳсоли семент имкон пайдо мешавад, ки як қисми онро ба ноҳияҳои ҳамсарҳади Қирғизистон – водии Олой фурӯшем. Ин амал робитаи дӯстии моро бо Ҷумҳурии Қирғисзистон боз ҳам мустаҳкаму қавитар мегардонад. Агар дар Тоҷикистон ба чанде аз маҳсулотҳои химиявии истеҳсолшаванда талабот набошад, он гоҳ метавон ба дигар мамлакатҳои ба чунин мавод эҳтиёҷдошта содирот намуд.

  Дар музофоти географии Раштонзамин объектҳои дар таркибашон мавҷудбудаи металлҳои ранга аз қабили никел, мис ва кобалт ошкор карда шудааст. Масалан, дар ноҳияи Дарвоз аз сангоби (обдоғи) дарёи Панҷ то шонаи қаторкӯҳи Дарвоз ва нишебии шимолии он, ки ба ҳавзаи дарёи Хингоб мутаалиқ мебошад, майдони калони гранитоиди ибтидои давраи ангишт эраи палеозой ҷойгир шудааст. Тӯли ин майдон беш аз 100 км. паҳноияш аз 5 то ба 15 км. мерасад. Дар қисми миёнаи водии дарёи Хингоб – сарҳади ғарбии ин қисм интрузияи (ҷинси аз хамираи магна ҳосилшуда) Гишун воқеъ мебошад, майдони он қариб ба 25 км. мураббаъ мерасад. Дар ин майдон чандин объектҳои никелдор воқеъ гадидаанд, ки дар таркибашон инчунин мису кобалт мавҷуд аст. Яке аз чунин объекти калону маълуми аз никел ғанӣ буда Хукас ном дошта, дар соҳили рости рӯди ҳамноми Хукас – шохоби чапи дарёи Хингоб макон дорад. Ин объекти маъдан зоҳиргашта ба ҳисоби миёна 3,1 м. ғафсӣ ва 30 м. тӯл кашидааст. Объекти мазкур бисёрмаъдана буда, дар сатҳи боло ба ҳисоби миёна – 1,15% мис, 2,1% никел, 0,85% кобалт ва аз гурӯҳи металлҳои платина 2,3 г/т дорад. Ба самти умқ бошад миқдори металлҳо дар таркиби маъдан афзоши меёбанд: мис – 2,4%, никел – 3,72 % ва кобалт ба – 0,1% мерасад [7, с. 27].

  Маъданзоҳиргаштаи Гишун нисбат ба майдони Хукас 2,3 км. шимолу шарқтар воқеъ гаштааст. Ғафсии танаи маъдандор ба 10 м. баробар аст. Миқдори миёнаи металлҳо дар маъдан чунин аст: мис – 0,54%, никел – 0,97% ва кобалт – 0,08%. Ин макони маъданзоҳиргашта ҳанӯз хуб омӯхта нашудааст.

  Маъданзоҳиргаштаи Нав (Новое) ба ҳисоби миёна 0,057% мис, 0,08% никел ва 0,104% кобалт дорад. Дар ин маҳалли ҳавзаи дарёи Хингоб инчунин маъданзоҳиргаштаҳои Ҷанубӣ, Канавное, Мандара низ маълум мебошанд.

  Омӯзиши майдони никелдори ҳавзаи Хингоб ҳанӯз аз соли 1973 ба таври мунтазам оғоз ёфта буд. Ба омӯзиши ин мавзеи никелдор мутахассисони баландпояи замони Шӯравӣ сафарбар шуда буданд, то ин, ки майдонро ҳарчи зудтар ба макони истеҳсоли никел ва дигар таркибатҳои ҳамсафари он ба роҳ монда шавад, зеро кони никели мавзеи Норилски шимолии собиқ ИҶШС (СССР) дар арафаи тамомшавӣ қарор дошт. Мутаасифона, омӯзиши геологии ин майдони ба замони Шӯравӣ алоқаманд аз соли 1991 канда шуд.

  Марҳалаи нави омӯзиши ин майдони никелдор соли 2006 бо ташаббуси яке аз ширкатҳои британӣ бо ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Хукас аз нав оғоз гардид. Воқеан ин татқиқот нишон дод, ки майдони Хукас аз маъдани мис, никел ва кобалт ғанӣ мебошад. Бояд гуфт, ки барои баҳои саҳеҳи геологию иқтисодӣ додан ба захираи никел, мис ва кобалт ин майдонро бо методу усулҳои гуногун татқиқи муфассал гузаронидан лозим аст.

  Никел металли ранга буда, ранги сафеди нуқрафом дорад. Он хусусиятҳои магнитӣ дошта, нисбат ба зангзаданӣ устувор, ёзанда, ба ҳарорати баланд тобовар мебошад. Аз никел ва оҳан пӯлоди зангзананда тайёр мекунанд. Инчунин никелро барои занг назадани асбобҳои оҳанӣ, мисӣ, хромӣ, кобалтӣ ва ғайра истифода мебаранд. Аз ин хотир талабот ба никел дар ҷаҳон баланд аст.

  Мис ҳам металли ранга буда, хулаҳои он дар соҳаҳои электротехника, электроника, машинасозӣ, нақлиёт, асбобҳои бонгдиҳандаи нафасӣ (карнай, шайпур), саноати химия, кишоварзӣ, зангулаву ҳайкалсозӣ ва ғайра истифода мебаранд.

  Кобалт низ металли ранга буда, ба мисли никел нуқрафом ва тобиши гулобӣ дорад. Кобалтро дар соҳаи металлургия барои тайёр кардани хулаҳои ба гармӣ тобовар, зангназананда, муҳаррикҳои реактивӣ, пармаҳо, асбобҳои бурранда ва ғайра истифода мебаранд.

  Аз тафсифи мухтасари сифатҳои никел, мис ва кобалт маълум мешавад, ки ин металлҳои ранга соҳаҳои васеъи истифодашавӣ доранд. Дар ҳолати омӯзиши муфассали кони Хукас ва ба истеҳсоли саноатӣ дода шудани ин металлҳо ба раванди иқтисодиёти мамлакат ва иҷтимоиёти он таъсири калони мусбат мерасонад, самт ва соҳаи нави саноати маъдани кӯҳӣ рушд меёбад.

  Дар музофоти Раштонзамин бо баробари мавҷуд будани захираи калони сӯзишворӣ, энергетикӣ, технологии ангиштсанг ва масолеҳи хом барои гирифтани алюминий, никел, мис ва титан металли нодири тилло низ муайян карда шудааст. Истеҳсол ва истифодаи тилло дар соҳаҳои гуногун 8 ҳазор сол муқаддам дар Мисри қадим пайдо шуд ва минбаъд дар дигар мамолики ҷаҳон вусъат ёфт. Ҳангоми пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз шаҳри қадимтарини ҳудуди Тоҷикистон – Саразми водии Зарафшон, ки таърихи қариб шаш ҳазор сола дорад, асбобу анҷомҳои тиллоӣ дарёфт намуданд. Маълумотҳои таърихӣ ва дастовардҳои бостоншиносӣ низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар музофоти Раштонзамин аз замонҳои қадим ба тилло шиносоӣ доштанд аз конҳо ва аз реги дарёҳо пораҳои парокандаи онро тариқи заршӯи истихроҷ ва истифода менамудаанд.

  Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар асари машҳури худ «Китоб-ул- ҷамоҳир фи маърифат-ул-ҷавоҳир», ки ҳоло бо номи мухтасари «Минералогия» шӯҳрат дорад доир ба 50 маъдансанг, тилло ва сангҳои қимматбаҳо, паҳншавӣ ва истифодаи онҳо маълумотҳои аҷоиб пешкаш намудааст. Аз ҷумла ӯ дар ин китоб қайд намудааст, ки дар Кӯҳистони Рашт порчаи тиллои холиси вазнаш 80 ратл – яъне 32 килограмму 480 граммаро дарёфт кардаанд.

  Дар водии Сурхоб (Тамдикӯл) ва Хингоб (Даштиховак, Тавилдара) ва ғайра мавзеъҳое ҳастанд, ки резаҳои тиллои пошхурда дучор пешаванд. Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст, ки фардҳои алоҳида ва ё гурӯҳҳо метавонанд тариқи косибӣ ба заршӯйи машғул шаванд. Ҳоло дар музофоти Раштонзамин дар баробари паҳн шудани резаҳои тиллои пошхӯрда зуҳури конҳои решагӣ ошкор карда шудааст. Омӯзиши муфассали конҳои решагӣ имкон медиҳад, ки минбаъд дар музофоти Раштонзамин истихроҷи тилло ба роҳ монда шавад.

  Хотирнишон менамоем, ки ҳанӯз дар давраи забткориҳои Чингизхон ва Аморати Бухоро нишонаи аз хандакҳо (конҳо) ба роҳ мондани истихроҷи тилло то замони мо чун намуди ландшафти моренагӣ (теппаҳои порасангӣ) ба мушоҳида мерасанд. Чунин нишонаҳоро дар мавзеъҳои Сағирдашт, Кулумба, водиҳои Оби Руноб, Хингоб, Лоҷирко, Мазор ва ғайра дидан мумкин аст [8, с. 15].

  Дар баъзе мавзеъҳои Раштонзамин аз гурӯҳи металлҳои рӯйпушкунанда молибден ва металлҳои ранга сурб низ дучор мешавад. Молибден дар металлургияи сиёҳ барои ҳосил кардани хулиҳои гуногун ва тайёр кардани рангҳои зард, кабуд ва зангор корбаст мешавад. Пӯлодҳои молибдендорро дар авиатсия ва саноати автомобилсозӣ ба кор мебаранд. Сурб ва пайвастагиҳои онро барои истеҳсоли аккумуляторҳо, рангҳо, кабел (ноқил), фолга, экрани муҳофиз аз афканишоти радиоактивӣ, асбобҳои ҳарбӣ ва хулаи онро барои истеҳсоли биринҷӣ, латун ва ҳарфҳои типографӣ истифода мебаранд. Конҳои молибдену сурби музофоти Рашонзамин захираи калон надоранд, аз ин ваҷҳ масъалаи истифодаи саноатии онҳо ҳанӯз равшан нест.

  Дар музофоти Раштонзамин кони намак дар мавзеи Нужғолаи Вахё (ноҳияи Тавилдар) маълум мебошад, аҳамияти маҳаллӣ дорад.

  Графит дар қаторкӯҳи Каротегин, болоби рӯди ҳамноми Сангикар 8 км дуртар аз шаҳраки Навобод дар байни варақсангҳои кристалии эраи палеозой ошкор карда шудааст. Ғафсии ҷинсҳои графитдор ба 200 м мерасад, дар шакли линза хобидааст. Графити ин кон сифати хуб дорад. Истихроҷ ва истифодаи он аз аҳамият холӣ нест. Алмос ва графит шакли тозаи карбон мебошанд. Графит ранги тираи осмонӣ ва ё сиёҳи металлӣ дорад, гармӣ ва ҷараёни барқро аз мис ва алюминий хубтар мегузаронад.

  Соҳаи истифодаи графит васест, онро барои истеҳсоли қалам, корхои рехтагарӣ, барои рангтайёркунӣ, истеҳсоли алмоси сунъӣ, ноқил, соҳаи энергетикаи атомӣ ва ғайра истифода мешавад. Дар бозори ҷаҳонӣ арзиши 1 тонна графити аморфӣ 60-120 доллари ИМА, вале графити пулакчавӣ ба 250-3500 доллар баробар аст [9, с. 161].

  Дар музофоти Раштонзамин аз сангҳои ороишию нимқимматбаҳо аметист (ҷамаст, нилуӣ), мармари сулаймонӣ, рангҳои минералӣ ва ғайра кашф карда шудааст.

  Кони аметисти Калот аз шаҳри Душанбе дар масофаи 120 км. ҷойгир шудааст. Дар ин кон чор раги аметистдор маълум буда, майдони умумиаш 6 киломметри мураббаъро фаро гирифтааст. Кони дигар аметист дар деҳаи Муҷихарви ноҳияи Нуробод, дар қаторкӯҳи Қаротегин маълум карда шудааст. Баъзе лонаҳои аметист дар ҳолати кундалангӣ ба ду метр мерасад.

Кони дигари ояндадори аметист дар водии рӯди Сангикар 4 км аз шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ҷойгир мебошад.

Аметист як навъи кварс буда, ранги тобиши бунафш дорад. Ин сангро барои тайёр кардани зеби гардан, шадда, нигини ангуштарину гушвора ва тугмаҳои либос истифода бурда мешавад.

Маъдансанги (минерали) Суғдионитро геолог В. Д. Дусматов дар ҳавзаи рӯди Дараи Пиёз назди деҳаи Дашти Маҳмадҷон кашф намуда буд.

Дар ҳавзаи рӯди Сурхоб (Хандагҳо, Турпӣ, Дараи Пиёз, Ёрмазор) маъдансанги амазонит дар таркиби сиенитҳои пегматитӣ дучор мешавад.

  Кони мармари сулаймонӣ дар қаторкӯҳи Қаротегин дарёфт шудааст, ба гурӯҳи сангҳои резакорӣ дохил мешавад, аз калсит иборат аст. Мармари сулаймониро дар ҳотамкорӣ, сохтани маснуоти заргарию армуғонӣ ба кор мебаранд. Мутаасифона, истифодаи аметист ва санги сулаймонӣ дар музофоти Раштонзамин ба роҳ монда нашудааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки истихроҷ, коркарду тайёр намудани ҳаргуна армуғонҳоро ба роҳ монда, барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба ин музофоти зебоманзар меоянд, чун хотира ба фурӯш бароварда шавад, фоидаи маълум ба даст меояд.

  Рангҳои минералӣ дер боз дар мавзеъҳои Теряк ва Сагрони ноҳияи Ҷирғатол маълум мебошанд, онро барои рангубори матоъҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст.

  Масолеҳи сохтмон аз ҷиҳати намуд гуногун ва аз ҷиҳати захира тафовути муайян доранд. Ба масолеҳи сохтмон мармар, оҳаксангҳои мармаригардида, санги хоро, гнейс, гаҷ, гилҳои лёссӣ, рег, шағал, қайроқсангу порасангҳо ва ғайра дохил мешаванд. Ин ё он навъи масолеҳи сохтмон, кам ё беш дар ҳамаи ноҳияҳои маъмурии музофоти Раштонзамин дида мешаванд. Сокинони маҳал аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз онҳо васеъ истифода бурда меоянд, зарурият ба тавсиф надоранд, ин масъала ба ҳама маълуму муайян мебошад.

  Ин ҷо тазаккур медиҳем, ки дар байни масолеҳҳои сохтмонбоб гилхоки Хумдон беҳтар омӯхта шудааст барои истеҳсоли хишт истифода шуда метавонад. Захираи гилхоки ин кон аз рӯи дараҷаи А+В+С ба 243,9 ҳазор метри мукааб баробар аст.

  Масолеҳи хом барои истеҳсоли хишт дар наздикии шаҳраки Ғарм 3 км дуртар аз деҳаи Ҳоит, инчунин дар ҳудуди собиқ совхози «Лахш» - и ноҳияи Ҷирғатол мавҷуд мебошанд.

  Оҳаксангҳои ба мармар табдилёфта дар шарқии қаторкӯҳи Қартегин мавҷуданд. Онҳо дар эраи басо қадими геологӣ, яъне архею протерозой пайдо шудаанд.

  Солҳои охир сохтмони мактаб, иншоотҳои тиббию табобатӣ, сохтмони муассисаҳои давлатӣ ва иншоотҳои шахсӣ бо авҷ давом дорад, вале масолеҳи асосии сохтмон – семент ва хиштро аз музофоти Ҳисор бо нархи гарон то ба ноҳияҳои дурдасти Ҷирғатолу Тавилдара мекашонанд, ин амал кори сохтмонро то андозае маҳдуд ва гарон мегардорнад. Аз ин лиҳоз вақти он расидааст, ки дар заминаи ашёҳои хоми маҳаллӣ ҳарчи зудтар корхонаҳои сементу хиштбарорӣ созмон дода шавад. Ин амал паёмадҳои мусбати иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор хоҳад овард.

  Варақсангҳои барои бомпӯшӣ мусоид дар соҳили дарёи Муғсӯи ноҳияи Ҷирғатол дучор мешаванд. Онҳо ба варақаҳои ғафсиашон 10-20 мм ҷудо мешаванд, метавон онҳоро ба ҷои шифер истифода намуд.

  Аз далелу санадҳои дар боло овардашуда метавон хулоса намуд, ки дар ҳолати ба истифодаи саноатӣ дода шудани сарватҳои зеризаминияш, Раштонзамин метавонад ба яке аз музофотҳои рушдёфтаи саноатӣ табдил ёфта, ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшад.

Аброров Ҳусейн.

Нуров Х.Р.

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №2 (242)

 

Адабиёт

  1. Муҳамадиев П.А., Лучников В.С. Освоение угольных месторождений Таджикистана: прошлое и настоящее // «Горный журнал»: Спецвыпуск 2003. –С.19-23.
  2. Баратов Р.Б., Буданов В.И. Геологические очерки Памиро-Алая. -Душанбе, 2005. –С.235.
  3. Минерально-сырьевые ресурсы Таджикистана. -Душанбе, 1982. -239 с.
  4. Хоналиев Н. Экономическая история и концепция развития промышленности Таджикистана. -Душанбе, 2010. -329 с.
  5. Хасанов А.Х. Проблемы и перспективы развития алюминево- глиноземного производства // Горный журнал. -2009. -№8. -С.24-26.
  6. Проблемы устойчивого развития горных территорий Республики Таджикистан. -Душанбе, 2002. -255 с.
  7. Ефименко В.Н. Никеленосные минеральные объекты Таджикистана // Горный журнал. -2009. -№8. –С.26-28.
  8. Мухаббатов Х., Гафаров Ш. Боигариҳои зеризаминӣ ва инкишофи минбаъдаи саноати маъдани кӯҳии Тоҷикистон. -Душанбе, 1973. -33 с.
  9. Вайлошников В.Д., Вайлошникова Н.А. Книга о полезных ископаемых. –Москва: «Недр», 1991. -175 с.

Хондан 6620 маротиба