JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 07 Декабри 2018 05:28

Ҳолатҳои фавқулода ва туризм

Муаллиф:

  Сафарҳои саёҳӣ дар ҷаҳони муосир - қисми ҷудонопазири ҳаёти инсон, алоқаманд бо ҳуқуқи истироҳату фароғат, озодии ҳаракат, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва инчунин, дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст. Ҳамчунин сайёҳат вазифаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-экологӣ, байналмилалӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад. Дар ҷараёни саёҳат таҳдидҳо ва хатарҳои дохилию берунии кам пешгӯишавандаю бештар харобиовар рух медиҳад. Аз ҷумла ҳангоми сайёҳат сайёҳонро ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ пайваста таҳдид мекунанд. Ба монанди садамаҳои нақлиётӣ, ба садама дучор шудани ҳавопаймоҳо, зарар ба ҳайёт, саломатӣ, тарма, сел, заминҷунбӣ, ярч, ғоратгарии молу амволи саёҳон, терроризм ва ғайра, ки аз сабаби камбудӣ зоҳир намудани ширкатҳои саёҳӣ рух медиҳанд. Бояд қайд кард, ки бехатарӣ ва саёҳат ҳамчун як зуҳурот бо якдигар алоқаманданд ва ҳамдигарро пурра мекунанд. Зеро саёҳат бехатариро талаб мекунад. Эъломияи «Осоиштагӣ ва Саёҳӣ», ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, 27 сентябри соли 2001 дар шаҳри Сеул (Ҷумҳурии Корея) қабул гардид, намояндаи созмон изҳор дошт, ки бехатарӣ ва амнияти сайёҳон бояд дар ҳар як кишвар таъмин бошад.

  Аз тарафи дигар бошад, муносибатҳои байнифарҳангӣ ва дӯстии мардум, ки дар давоми мубодилаи сайёҳӣ ба миён меоянд, асоси воқеӣ барои таъмини бехатарӣ дар соҳаи саёҳӣ, мусоидат ба эҷоди фазои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми тамоми рӯи замин ва мардуми мо мебошад. Дар робита ба ин, туризм қувваи пешбарандаи шукуфоӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз таъмини бехатарии саёҳон аз офатҳои табиӣ, техногенӣ ва дигар офатҳои номатлуб вазифаи муҳими ҳар як давлати дунё мебошад.

 Туризм - ин бо ҳама гуна мақсад, ба ғайр аз корҳои музднок саёҳат кардан ва истодан дар ҷойҳои аз маҳали истиқоматии саёҳаткунанда берун ба муддати на зиёдтар аз 12 моҳ (ҳуҷҷатҳои конфроси байналмилалии Созмони Милали Мутаҳид оид ба саёҳат ва туризм, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии туризм соли 1992 қабул гардидааст).

  Туризм - ин фаъолияте мебошад, ки дар зиндагии халқҳо нақши муҳимро дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва рафту омадҳои хориҷии давлат, аз ҷумла иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва молиявӣ таъсири бевосита дорад (Эъломияи Манила оид ба туризми ҷаҳонӣ, соли 1980).

  Туризм - ин озодана ва ҳар навъ тағйири маҳали одамон аз маҳали доимии зист ва кор, инчунин соҳаи хизматрасонӣ, ки барои қонеъгардонии эҳтиёҷҳои дар натиҷаи чунин тағйирдиҳии маҳал ба амал омадаанд, сохта шудааст (Эъломияи Гаага оид ба туризм соли 1989).

  Туризм - сарчашмаи даромади асъор ба давлат; сеюмин аз ҳисоби саноатӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, ки дар он ҳар як понздаҳум одамони коргар машғуланд (китобҳои дарсӣ вобаста ба туризм).

  Туризм - саноатест, ки дар ноҳияҳои рӯи Замин, ки ҳолати табиӣ ва сунъии хоси ҷалбкунанда ба меҳмонони воридгардида доранд пеш меравад (профессор Питер Мерфи).

  Туризм - воситаи пурқуввати иқтисодӣ, ки метавонад дар давлатҳои сусттарақиёфта барои сохтани ҷараёни асъор, муҳим барои рақобати бомувафақият дар сатҳи умумиҷаҳонӣ бошад (профессор Королин Купер).

  Туризм - ин илм, санъат ва ҷалби тиҷорат, ташкили фароғати одамон, саёҳон ба хотири завқу лаззат ё ин ки аз рӯи кор мебошад (профессор Джон Уоркер).

  Туризм - шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ бароҳ мемонад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» аз 28.12.2012, таҳти №922).

  Соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ вазифаҳои тадбиқи сиёсати давлатӣ, ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, расонидани хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷангӣ дар бар гирифта тамоми чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, инчунин ҳангоми сар задании амалиётҳои ҷангӣ равона карда шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

  Ҳолатҳои фавқулодда - вазъиятест, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табиии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳои ба вуқуъомада ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табиии атроф, хисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кории одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад.

  Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда - системаи чорабиниҳои саривақт ба роҳ мондашудаест, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин барои ҳифзи сиҳатии омма, кам кардани миқдори зарари муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст.

  Бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда - ҳолати эмин будани аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва муҳити зисти табиӣ аз хатарҳо дар ҳолатҳои фавқулодда. Якчанд намуди бехатарӣ вуҷуд дорад: бехатарӣ аз рӯи навъҳо (бехатарии саноатӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, заминҷунбӣ, сӯхтор, биологӣ ва экалогӣ); бехатарӣ аз рӯи иншоотҳо (бехатарии аҳолӣ, ишоотҳои иқтисодӣ ва муҳити табиати атроф) ва бехатарии манбаъҳои асосии ҳолатҳои фавқулодда.

  Бехатарии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда - ҳолати эмин будани ҳаёт ва саломатии одамон, молу мулк ва муҳити зисти онҳо аз хатарҳо дар ҳолатҳои фавқулодда.

  Аз мафҳумҳои дар боло зикр гардида бар меояд, ки барои таъмини бехатарӣ аз ҳолатҳои фавқулодда бояд пешгирӣ кард, барои пешгирӣ намудани ҳолати фавқулодда пеш аз ба вуқуъ омадани он сари вақт чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулоддаро ба роҳ мондан лозим аст. Чи тавре ки дар урфият мегӯянд «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ». Ҳолатҳои фавқулодда ба инсонҳо, муҳити табиати атроф ва ҳайвонот таҳдид мекунанд.

  Инсон доимо дар рӯзгор, дар истеҳсолот, дар роҳ, ҳангоми фароғат ва дигар шароитҳои зиндагӣ ба хавфу хатарҳои зиндагонӣ дучор мегардад. Рӯзе нест, ки рӯзномаҳо, радио ва телевизион аз хусуси садамаи навбатӣ, офати табиӣ ва ё ҳодисаи ҷиноятӣ хабар чоп накунанд.

  Аз чи бошад, ки мо сабабҳои бадбахтиҳои ба сарамон омадаро аксар вақт дар нобарории қисмат ё шароитҳои маънидодшаванда мебинем, на ин ки онҳоро чун натиҷаи хатогиҳо ва рафтори нодурусти худ баҳо диҳем. Ҳол он ки рӯзгори ҳаррӯза баръакси ҳолро гувоҳӣ медиҳад: дар бадбахтиҳоямон бештару бештар худамон айбдорем, ки бо ин ё он сабаб чизеро ба назар нагирифтем, пешбинӣ накардем ё вақтро сарфа кунем гуфта, қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон кардем…

  Санаи 9-11 июни соли 1995 дар шаҳри Эстерсунд (Шведсия) 1-умин конфронси байналхалқӣ зери ҳимояи Созмони умумиҷаҳонии туризм дар бораи бехатарии туризм ва кам намудани хатар ҳангоми саёҳат гузаронида шуд. Дар конфронс ақидае, ки дар соҳаи мазкур асоси муваффақият дар ҳамкории ҳамешагии сектори туризм, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои саёҳӣ бо хадамот ва сохторҳои дахлдори давлатӣ мебошад, дақиқ мушоҳида карда мешуд. Мақсади асосии конференсия дида баромадани масъалаи бехатарӣ дар соҳаи туризм ва кам намудани хатар ҳангоми саёҳат, кордкард карда баромадани варианти мувофиқ ва муфиди ҳали мушкилоти соҳаи мазкур буд. Инчунин саволҳо оид ба байни давлатҳо ҳамеша додани маълумотҳои муосир, роҳбарии туризми давлатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи туризм, дастгирӣ ва мутобиқат, ҷавобгарии ҳукуматҳо ва давлатҳо дар бартарафкунии мушкилотҳои сади роҳи пешравии туризми байналхалқӣ буда, нақши воситаи ахбори омма дар вусъатдиҳии туризм ва баланд кардани бехатарии он нишон дода шуд. Дар рафти конференсия дарҷ карда шуд, ки бехатарии туризм ва кам намудани хатарҳо ҳангоми саёҳат маҷмӯи калони саволҳоро ташкил медиҳад, аз ҷумла мушкилиҳои фалокатҳо, бемориҳо, эпидемияҳо дар қатори ин паҳн шудани бемории масъунияти бадани (ВИЧ-инфекции); терроризм, мушкилот ва табадуллотҳои ҳарбӣ; роҳзанӣ; ҳолатҳои криминалӣ ва ҷинояткорӣ; паҳн кардани маводҳои нашъаовар; сирояти радиоактивӣ ва дигар намуди сирояткунии маҳал; фоҳишагарӣ; вандализм (харобкунии ваҳшиёнаи осори пурқимати маданият ва санъат) ва ҳама гуна навъҳои зуроварӣ; маҷмӯан дида баромадани ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, вобаста ба саёҳони воридгардида, истиқоматкунандагони маҳалӣ, ширкатони саёҳӣ ва пурра саноати туризм.

  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дучори таҳдидҳои зерин мебошад:

А) Гидрологӣ ва метеорологӣ:

   обхезӣ; сел; хушксолӣ; хунукӣ ва сармо; бориши барф; бориши борон; жола; шамол; тарма; биёбоншавӣ; баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ.

Б) Геологӣ:

   сел; ярч; обхезӣ; заминларза; сангрезӣ.

В) Биологӣ:

   эпидемия; эпизоотия; эпифитотия.

Г) Техногенӣ:

   партовҳои саноатӣ; партовҳои биологии хатарнок; партовҳои ғайринақшавии моддаҳои химиявӣ (ба ҳаво, об, замин); садамаҳо дар иншооти гидротехникӣ (ба сарбандҳо, саддҳои обӣ, низомҳои обёрӣ ва ғайра тааллуқ доранд); садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла вобаста ба нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва обӣ; садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳамлу нақли бори хатарнок; фалокатҳои марбут ба газ, сӯзишворӣ ва тафсонидани хатҳои қубур; фалокатҳои марбут ба низомҳои таъмини ҳаёт.

Саёҳонро низ ҳолатҳои фавқулодда ва хатарҳо таҳдид мекунанд.

Аз ҷумла;

  - рӯзи 12 - уми августисоли 2018 ҳангоми интиқоли кӯҳнавардоне, ки қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ карда буданд, дар поёноби пиряхи Фортамбек дар баландии 4500 метр чархболи Ми-8 изтирорӣ ба замин нишаст. Ҳангоми парвоз дар чархбол 15 нафар кӯҳнавардон шаҳрвандони Федератсияи Русия, Белорус ва Испания, ҳузур доштанд. Барои интиқоли зарардидагони офат аз фурудгоҳи Лахш се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб парвоз карданд. Вақте ба ҷойи ҳодиса расиданд, муайян шуд, ки мутаассифона ду нафар аз сарнишинони чархбол, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯҳнавардон, шаҳрвандони хориҷӣ бар асари ин фоҷеа ба ҳалокат расидаанд. Ҳамаи онҳо аз ҷойи офат ба макони АМН интиқол дода шуданд (www.khf.tj)

  - 29 июли соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ - шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд.

  Баъд аз онҳоро зада, аз пой афтонидан, бо мақсади куштан бо олотҳои халанда ва бурранда, аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ - Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис шаҳрванди Нидерландия ва Дименд Мари Клер шаҳрванди Швейтсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст (www.vkd.tj)

  Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон офатҳои табиии зиёде рух дода, ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёди моли ворид месозанд ва баъзан боиси ҳалокати одамон низ мешаванд. Аксари мутлақи офатҳои табиии дар қаламрави Тоҷикистон рухдода ба фаъол гардидани равандҳои геологӣ ва гидрометереологӣ, чун заминларза, фаромадани селу ярч, обхезӣ, равандҳои эррозионӣ ва ғайра вобаста мебошанд. Шароитҳои муҳандисӣ ва геологии Тоҷикистон бо хусусияти мураккаби беҳад мушкили мавқеи сохториву геологӣ, фаъол будани ҳолатҳои сейсмикӣ (заминҷунбӣ), гуногунии шароитҳои геморфологӣ ва ба таври густурда вуҷуд доштани инкишофи маҷмӯи равандҳои эзогеннии геологӣ тавсиф дода мешаванд. Баррасии муфассали шароитҳои муҳандисиву геологии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ба таври возеъ дар робитаи мутақобила миёни шароитҳои муҳандисиву геологии минтақа хос будани навъҳои офатҳои табиӣ муайян карда шавад:

  1. Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ. Дар ин минтақа асосан равандҳои фаромадани сел ва эрозиаи хок хос аст. Селҳо асосан лойқавӣ ё омехтаи лойқаву санг мебошанд. Дар минтақаи Рашт ҳодисаҳои тармафароӣ ва лағжиши ярч рух медиҳанд.
  2. Дар вилояти Суғд босуръат фаъол гардидани ҳодисаҳои селфароии фалокатовар дар ҳавзаи Шинг (Панҷакент) ва қисмати чапи ҳавзаи дарёи Зарафшон ба мушоҳида мерасад.
  3. Ба вилояти Хатлон (қисми ҷанубии кишвар) ҳодисаҳои лагжидани ярч, эрозияи ҷарӣ селҳои харобиовар ва обхезӣ хос аст. Дар солҳои охир босуръат афзудани чунин равандҳо ба назар мерасад.
  4. Ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (қисми ғарбии кишвар) ҳодисаҳои селфароӣ бо лойқаву омехтаи лойқаву санг ва баъзан дар ҳаҷмҳои фалокатовар ва ҳамроҳ бо лагжиши ярчҳои барфӣ хос мебошанд.

  Дар иинтиҳои сухан бояд зикр кард, ки туризм яке аз соҳаҳое мебошад, ки бехатариро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз роҳбарони ширкатҳои саёҳӣ ва дигар идораю корхона, муассиса, ташкилот ва мақомотҳое, ки ба соҳаи туризм машғуланд бояд ба бехатарии саёҳон аҳмияти ҷиддӣ дода бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкории зич намоянд ва ба корҳое, ки барои эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда равона гардидаанд аз мади назар дур набошанд. Чунки ба хавфу хатар дучор шудани саёҳон метавонад ба дустию рафоқат байни мардуми ҷаҳон, иқтисодиёти давлат, илм, фарҳанг, обурӯй, маданият, рафту омади мардум ва би ин монанд зарарҳо расонад.

Маҳмадов ФАРРУХҶОН

магистри Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (13), 2018

Адабиёт

  1. Камолов Ҷ.Ҷ., Мансуршоева Л.С. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда. - Душанбе: Контраст, 2011. - 243 саҳ.
  2. Воробьев Ю.Л., Латипов Ҳ.А. Тафсири мухтасари истилоҳот ва мафҳумҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда (нашри дуюм, Empoweredlives. Resilient. UNDP, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). - Душанбе, 2011. - 423 саҳ.
  3. Абдуллоев Д., Абдуллоев Ҳ., Солеҳов Н. Ҳолатҳои фавқулодда ва бехатарии инсон. - Душанбе: Шарқи Озод, 2011. - 87 саҳ.
  4. Маринин М.М. Туристские формальности и безопасность в туризме. - М.: Финансы и статистика, 2004. - 174 с.
  5. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатҳо барои солҳои 2010-2015 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-марти соли 2010, №164). - Душанбе: Контраст, 2012. - 86 саҳ.
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», 03.09.1999, №824 (www.mmk.tj).
Хондан 2795 маротиба