JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 16 Ноябри 2019 04:55

Роҳҳои паст кардани оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Қаламрави Тоҷикистон, ки ба баҳр робитаи мустақим надорад, бо иқлими хушки континенталӣ тавсиф дода шуда, ноустувории боришот ва ҳарорат ба ландшафти мухталифи релефи он рабт дорад. Олимони соҳа тахмин мекунанд, ки дар сад соли охир ҳарорати миёнаи ҳаво 1-2°С баланд гардида, баландшавии минбаъдаи он то интиҳои ин садсола ба 3-5°С мерасад. Тамоюли мазкур дар бисёр минтақаҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо зимистонҳои гармтар ва тобистонҳои хушктар пешгӯӣ мешавад, ки ин боиси коҳишёбӣ ва обшавии пиряхҳо дар системаҳои кӯҳии Помир, Ҳисору Олой ва Тён-Шон мегарданд. Ба ғайр аз ин, хавфи афзудани зуҳуроти фавқулодаи ба шароитҳои метеорологӣ ва хатарҳои иқлимӣ рабтдошта, аз қабили ҳарорати баланд, боришоти шадид, хушксолӣ, обхезию селоб ва тармаю ярчҳо ба низомҳои экологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ таҳдиди ҷиддӣ менамояд.

  Қисми зиёди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ, доманакӯҳӣ ва наздикӯҳӣ воқеъ гардидааст, ба тағйирёбии иқлим, махсусан ҳассос мебошад. Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама ба миқдору сифати захираҳои об, хоҷагии деҳот ва солимии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва проблемаҳои мавҷуда, ба монанди таназзули экосистемаҳо ва захираҳои табииро метавонад боз шадидтар намояд. Аз ин лиҳоз, дурнамои дарозмуҳлат барои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери хатар қарор дорад.

 Дар Тоҷикистон гармшавии ҳаво дар тобистон, он вақте ки боришот кам шуда, шуоъҳои офтоб ба пиряхҳо таъсири зиёд мерасонанд, туғёни дарёҳо, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуши табиӣ, хоҷагидорӣ ва гидротехникиро ба вуҷуд меоранд, мушоҳида мешавад. Дар ин фасли сол воридшавии радиатсияи офтоб ба тропосфера (қабати гардишкунандаи ҳаво) зиёд гардида, ҳарорати ҳавои сатҳи замин баланд мешавад. Дар ин маврид тағйирёбии иқлим ҳама ҷиҳатҳои ҳаёти сайёрарро дар бар мегирад ва дар худ таъсири физикӣ (дар як минтақа обхезию боришот ва дар минтақаи дигар хушкӣ), биологӣ (афзоиш ё камшавии экосистема), иқтисодӣ (тағйирёбии истеҳсолот), иҷтимоӣ, тандурустӣ, гендерӣ ва ғайра дорад. Барои пешигирӣ аз ин пайомадҳои ногувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллии рушд ва нақшаҳои амалӣ, аз ҷумла доир ба беҳдошти муҳити зист, биёбоншавӣ, идоракунии обхезӣ, ҳифзи қабати озон ва маърифати экологии аҳолӣ далели афзалият ва аҳамияти фаровони татбиқи чораандешиҳои вобаста ба паст намудани оқибатҳои номусоиди фалокатҳои табиии марбут ба таъсири иқлим ва тагйирёбии иқлим мебошанд, амал менамоянд.

  Барои боз ҳам самаранок ва устувор намудани тадбирҳо оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон, яъне дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиӣ бо масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқнамоии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ин хатар якчанд лоиҳаҳо фаъолият мекунанд. Яке аз чунин лоиҳаҳое, ки маҳз ба мутобиқгардонии соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат ва хонаводаҳо ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии шаҳрвандони кишвар равона гардидааст, воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим (КЛИМАДАПТ) мебошад. Лоиҳа ба баланд бардоштани воқифии истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар самти рушд додани соҳаи фаъолияти худ бахшида шудааст. Илова бар ин, кормандони лоиҳа ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки рушди соҳаҳои дар тағйирёбии иқлим фаъолияткунандаро тақвият диҳанд ва иштироки фаъолонаи аҳолиро ба равандҳои паст намудани хатарҳои манфии тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ба роҳ монанд.

  Фаъолияти лоиҳаи КЛИМАДАПТ асосан ба ҷорӣ намудани равиши методологии иқлимустуворӣ бо мақсади воридсозии масоили тағйирёбии иқлим ба равандҳои нақшагирии рушди устувор равона карда шудааст. Равиши мазкур аз арзёбии муназзами хавфҳои иқлимӣ дар асоси таҳлили тадбирҳо, лоиҳаҳо ва мақсадҳои муайяни рушди соҳа иборат буда, пас аз омӯзиш ва арзёбӣ тадбирҳои зарурии муайян ва афзалиятнок андешида мешаванд. Лоиҳаи мазкур истифодаи равиши иқлимустувориро барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва хонаводаҳо, ки бо барномаи лоиҳа ва инчунин, ба тобовар сохтани ин соҳаҳо ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани оқибатҳои манфии он алоқаманданд, дастгирии омӯзишӣ, молиявӣ ва техникӣ менамояд. Ғайр аз ин, лоиҳаи КЛИМАДАПТ барои арзёбии осебпазирии соҳаҳои номбурда равиши методологӣ, молиявӣ ва техникӣ таҳия намуда, барои амалишавии мақсадҳои шаҳрвандон қарзҳои фоизашон пастро пешкаш менамояд. Қарзҳои пешниҳоднамудаи лоиҳа аз Бонки Эсхата ва ташкилоҳои амонатии қарзии хурди Имон Интернешнл, Ҳумо ва Арванд бо асъори миллӣ дастрас гардида, барои соҳибмулкон ва технологияҳои пешкаши тасдиқшуда баробар ба 500 то 300 000 доллари ИМА ва барои гурӯҳи соҳибмулкону шахсони ҳуқуқӣ ва технологияҳои тасдиқшудаи дар марҳилаи коркард қарордошта, ки бояд аз арзёбии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим гузаранд баробар ба 1000 то 1000 000 доллари ИМА мебошанд.

  Ҳамзамон, ин лоиҳа банизомдарории донишу маълумоти аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим, мусоидат ба раванди афзалиятбахшии тадбирҳои мутобиқнамоии соҳаҳо ба он ва ҳавасмандкунии шаҳравндон дар паст намудани оқибаҳои ногувори иқлим низ машғул мебошад. Зеро баланд бардоштани сатҳи фаҳиши аҳолӣ ва огоҳонидани мардум аз пайомадҳои хатарбори тағйирёбии иқлим аҳамияти бағоят калон дошта, муқовимати ҷамъиятро ба дигаргуншавии иқлим ва тағйироти муҳити атроф беҳтар месозад. Барои рушди соҳаҳои шуғли аҳолӣ ва таъмини манзили зисти мардум лоиҳаи КЛИМАДАПТ ниёзи беш аз 2005 сокинони кишварро баровардааст, ки он рушди устувори ҷумҳуриро дар ин самт метезонад ва сатҳи некӯаҳволиро боло мебарад. Бар замми ин, лоиҳа дар самти дастгирии дархосткунандагон ва тобовар намудани соҳаҳои мазкур ба баробарии гендерӣ аҳамияти ҷиддӣ ва ба бонувон имкониятҳои бештар медиҳад. Бо ҳамин мақсад лоиҳаи мазкур ба бонувон - қарзгирандагони потенсиалӣ оид ба технологияҳое, ки ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд ва ба оилаю корхонаҳояшон манфиат меоранд, таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Бинобар ин, баҳогузории базавӣ дар бораи алоқаи маблағгузории гендерӣ дар самти тобоварӣ ба иқлим аз ҳадафҳои меҳаврии лоиҳа ба ҳисоб меравад.

  Аз шумораи умумии қарзгирандагон 29%-ашонро бонувон ташкил медиҳанд, ки ин 14%-и маҷмуи умумиро дар бар мегирад ва аз ин миқдор 59%-и онҳо дар деҳотҷойҳо зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Аз ин лиҳоз, андозаи миёнаи қарз барои занони қарзгиранда аз мардони қарзгиранда 1,4 маротиба камтар буда, нишон медиҳад, ки занони соҳибкор нисбат ба мардони соҳибкор камтар мебошанд. Маҳз ҳамин масъаларо ба инобат гирифта, лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба масоили гендерӣ бештар аҳамият медиҳад ва барои баланд бардоштани мавқеи бонувон дар баробари мардон дастгириҳо ва омӯзшҳои муфид пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, лоиҳа бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон барои баланд бардоштани огоҳии бонувон - муштариёни потенсиалӣ оид ба манфиатҳои чунин технологияҳо ҳамкории зич дорад. Аз ин нуқтаи назар, лоиҳаи КЛИМАДАПТ на танҳо ба ҳалли масъалаи таъсироти номатлуби тағйирёбии иқлим, ба рушди бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, балки ба мавқеъ ва саҳми занон дар амалигардонии он оид ба рӯзгори устувор дар шароити тағйирёбии иқлим ва муҳити зист нигаронида шудааст.

  Лоиҳаи КЛИМАДАПТ барои дастгирии татбиқи технологияҳои ба тағйирёбии иқлим устувор дар корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон як сол қабл, соли 2016 таъсис ёфтааст. Лоиҳа барои ба таври назаррас ба роҳ мондани фаъолияташ дар самти мутобиқ кардани соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва хонаводаҳо ба тағйирёбии иқлим, инчунин барои баланд бардоштани саҳти воқифии аҳолӣ дар бораи оқибатҳои ногувори он семинару конфронс ва курсҳои омӯзишӣ ташкил менамояд. Ҳамин аст, ки лоиҳа ба туфайли омӯзиш дар самти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим барои рушд дар ин соҳаҳо ба дастовард ва пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Зимни ташкили семинару курсҳои омӯзишӣ на танҳо шарикони молиявӣ ва кормандони лоиҳа, балки қарзгирандагону дархосткунандагон ва бархе аз сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо бартариятҳои равиши мазкур, дар мисоли лоиҳаи КЛИМАДАПТ мушаххас шинос шуданд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати кунунии худро ба ҳалли масоили тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим равона карда, ба амалӣ гардидани «Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим» шуруъ намуд, амалшавии барнома ба рушди тамоми соҳаҳои кишвар имконият хоҳад дод. Дар амалӣ гардидани барномаи мазкур ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар лоиҳаи КЛИМАДАПТ метавонад, ки саҳми назаррас гузорад ва муҳлати амалшавии барномаро кам созад. Зеро ҳадаф ва мақсади ин лоиҳа ба марому мақсади барномаи зикршуда комилан мувофиқ буда, ҳамзамон, татбиқшавии лоиҳа ба амалигардии барнома дар як вақт рост меоянд. Муваффақиятҳои дар тӯли беш аз як соли фаъолияти лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба даст оварда, ин суханонро тақвият медиҳанд ва собит мекунанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои мушаххас оид ба дастгирии шаҳрвандон дар самти рушди фаъолияти онҳо ва тобовар намудани соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ, манзили зист ва гендерӣ ба тағйирёбии иқлим лоиҳа ба татбиқи барномаи амалӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ замина гузошт. Чунки КЛИМАДАПТ дар натиҷаи дастгирӣ намудани лоиҳаҳои мухталифи шаҳрвандон ҳар соле 1253 тонна партовҳои СО2-ро кам намуда, 628 м3 обро сарфа мекунад ва 19 тонна хокро аз шӯсташавӣ нигоҳ медорад. Самти асосии фаъолияти лоиҳа, ки пешниҳоди қарзҳо бо фоизҳои нисбатан паст аст, ҳиссаи сандуқи қарзиро то ба имрӯз чунин тақсим кардан менамоем: истифодаи самараноки нерӯи барқ 68%, истифодаи босамари об 30% ва идоракунии замин 2%.

  Тавре маълум аст, зиёдшавии партови газҳои гулхонаӣ ва болоравии консентратсияи онҳо дар фазои атмосфера аз омилҳои асосии пайдоиши гармшавии глобалӣ ба шумор мераванд. Яке аз воситаҳои бунёдӣ барои кам кардани партовҳои гази гулхонаӣ истифодаи сарчашмаҳои нерӯи алтернативӣ, ба монади гармии Офтоб, биомасса, биогаз, шамол, мадду ҷазр, энергияи қаъри Замин (геотермаленӣ) ва дарёчаҳо мебошад, ки лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар ин самт низ шаҳрвандони кишварро дастгирӣ менамояд. Чунки истифодаи энергияи алтернативӣ, махсусан гармии Офтоб, ки дар Тоҷикистон фаровон (нурпошии солонаи Офтоб дар ин марз аз 2100 то 3170 соат расида, зичиаш бошад то ба 1 кВт/м2 ва аз ин ҳам зиёдтар) аст, аз нигоҳи экологӣ безарар будаа, ихроҷи газҳои гулхонаиро коҳиш медиҳад.

  Ҳамин тавр, лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар самти тобовар кардани соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷоратӣ ва манзили зист ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаи ҷадид буда, дар баробари ин ҳама ба бахши гендерӣ низ диққати махсус медиҳад. Бинобар ин, амалишавии лоиҳа барои рушди устувори Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда, роҳҳои комилан нави паст намудани оқибатҳои хатарбори тағйирёбии иқлимро пешниҳод мекунад, ки аз онҳо бисёре аз мардуми ҷумҳурӣ бархӯрдоранд ва рушди зиндагии хешро таъмин менамоянд.

Номвар ҚУРБОН,

физикадон

Хондан 2297 маротиба