JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 25 Декабри 2019 04:13

Рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар раванди тағйирёбии иқлим

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба соҳаҳои мухталифи фаъолияти хоҷагии халқ басо осебпазир буда, яке аз роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти мазкур мутобиқ намудани соҳаҳо ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани оқибатҳои ногувори ин тағйирёбӣ мебошад. Аз ин рӯ, яке аз проблемаҳои ҳалталабу мубрами муҳити зист тағйирёбии иқлим буда, қариб ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти аҳолии сайёра таъсир мерасонад. Тавре мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ нишон медиҳанд, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, дар Тоҷикистон ҳазорҳо пиряхҳои хурд аз байн рафта, раванди мазкур ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар ин давра масоҳати яхбастаи кишвар то 20% ва ҳаҷми яхҳо 25-30% кам шудааст.

Дар марҳилаи аввал обшавии пиряхҳо боиси афзоиши оби дарёҳо шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан камшавии об дар бисёр дарёҳои дигар ба падидаи маъмул табдил меёбад. Зеро захираҳои об дар дар ноҳияҳои табиии Тоҷикистони Марказию Помири Ғарбӣ афзоиш ва дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон, Сурхоб ва ғайра коҳиш меёбад, ки он ҳолат боиси деградатсияи (коҳишёбии) пиряхҳо, тағйир ёфтани хусусияти боришот ва зиёд шудани шиддати бухоршавӣ мегардад.

Яке аз соҳаҳои дар раванди тағйирёбии иқлим осебпазири ҷумҳурӣ соҳаи кишварзӣ мебошад, ки ба он омилҳои гидрометеорологӣ, аз ҷумла ҳарорати баланд ва пасти ҳаво, боришоти шиддатноки атмосферӣ ва ғайра зарари калон мерасонанд. Давраҳои хушку камбориши давомдор дар шароити ҳарорати баланди ҳавои баҳору тобистон мумкин, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар хатари инкишофи биёбоншавиро афзоиш диҳад. Хоҷагиҳои кишварзӣ бо сабаби гармшавии иқлим ба обёрии бештар эҳтиёҷ падо хоҳанд кард ва эҳтимол, меъёри обёрӣ дар ин соҳа 20-30% зиёд шавад. Инчунин, ҳарорати баланд дар навоҳии ҳамвору баландкӯҳ ба вайрон гардидани роҳҳои мошингард низ боис мегардад.

Бинобар ин, солҳои охир инъикоси масъалаҳои вобаста ба муҳити зист дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор дорад, зеро ифлосии об, ҳаво ва хок боиси авҷгирии бемориҳои гуногун гаштааст. Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани ифлосшавии ин унсурҳои барои ҳаёт муҳим маърифати экологии аҳолиро баланд бардоштан лозим меояд. Зеро фаъолияти муътадили организми инсон на танҳо ба мавҷуд будани ҳаво, балки ба чӣ андоза тоза будани он вобастагӣ дошта, ҳавои ифлос боиси авҷгирии касалиҳои диққи нафас (астма), системаи асаб, роҳи нафас, аллергия ва ғайра мешавад. Дар ин маврид олими рус, академик Юрий Новиков гуфта буда, ки одам бе ғизо (агар об бошад) 5 ҳафта, бе об 5 рӯз ва бе ҳаво ҳамагӣ 5 дақиқа зиста метавонад.

Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва кам кардани хатароту зарарҳои манфии тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурии мо якқатор қарору барномаҳои муайян қабул гардида, дар ҳамкорӣ бо мамолики хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ лоҳаҳои зиёде амал мекунанд. Ҳадафи бунёдию меҳварии лоиҳаҳо ва барномаҳои дар самти мутобиқ гардонидани соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани оқибатҳои ногувори ин тағйирёбӣ амалкунанда, рушди соҳаҳои муайяни кишвар ба шумор меравад. Яке аз ин гуна лоиҳаҳо воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (КЛИМАДАПТ) буда, он аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур ба сармоягузории беҳтарсозӣ ва мутобиқ кардани соҳаҳои гуногуни шуғли аҳолӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва манзили зист ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани пайомадҳои хатарбори ин тағйирёбӣ равона гардидааст.

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ пеш аз ҳама бо мақсади бештар тобовар сохтани сектори хусусии ҷумҳурӣ нигаронида шуда, ҳар лаҳза дучори таъсироти манфию хатарбори тағйирёбии иқлим гардидан, шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдид менамояд, соҳаи фаъолияти худро бо ёрии лоиҳаи мазкур метавонанд ба ин тағйирот тобовар созанд ва ҳамзамон, онро рушд диҳанд. Чунки лоиҳаи КЛИМАДАПТ дорои имконоти фаровон буда, на танҳо дар мутобиқ намудани самти фаъолияти корафтодагон кӯмак мекунад, балки ба дархоткунандагон қарзҳои фоизашон пастро пешниҳод месозад ва дар андешидани чораҳои зарурӣ ба онҳо омӯзиш медиҳад. Ба ибораи дигар, шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд, самти фаъолият ва хоҷагии худро ба тағйирёбии иқлим мутобиқ намоянд ва инчунин, таъсироти манфии антропогениро ба муҳит кам кунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ пеш аз дастигрии молиявӣ намудан ва пешниҳод кардани қарзҳои фоизашон паст, аввалан мизоҷонро дар самти мутобиқсозии соҳаи фаъолияташон ба тағйирёбии иқлим омӯзиш ва инчунин, усулҳои истифодаи сафараноки захираҳои мавҷударо нишон медиҳанд. Ҳама гуна ташаббус ва кӯшишҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири манфии ин тағйирёбӣ равона гардиданду оид ба ҳалли онҳо ба КЛИМАДАПТ муроҷиат мекунанд, аз ҷониби он пурра дастгирӣ ёфта, роҳҳои ҳалли чунин масоил аз тарафи кормандони лоиҳа омӯзонида мешаванд. Зеро лоиҳаи мазкур соли 2016 таъсис ёфта, барои дастгирии татбиқи технологияҳои ба тағйирёбии иқлим устувор ба корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон равона шудааст.

Далелҳо ва сарчашмаҳо (IPCC, 2014) нишон медиҳанд, ки ҳангоми фаъолияти одамон, ба атмосфера 57% дуокисаи карбон (аз истифодаи канданиҳои сӯзишворӣ), 17% дуокисаи карбон (ҳангоми вайроншавии маҳсулотҳои биологӣ), 3% дуокисаи карбон (аз ҳисоби дигар манбаъҳо), 14% метан, 8% окиси нитроген ва 1% газҳои таркибашон фтордор партофта мешаванд. Аз ин миқдор, 26% ба соҳаи энергетика, 19% ба соҳаи саноат, 17% ба хоҷагии ҷангал, 14% ба кишоварзӣ, 13% ба нақлиёт, 8% ба иншоотҳои истиқоматию тиҷоратӣ ва 3% ба партовҳои буғи об рост меояд. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои асосии кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди энергияи офтобӣ, биомасса, биогаз, шамол, энергияи қаъри Замин (геотермаленӣ) ва ғайра мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон захираи фаровони ин сарчашмаҳо мавҷуд аст.

Масъалаи мазкур ва имконоти истифодаи манбаъҳои алтенативии энергия дар рафти семинарҳо аз ҷониби кормандони КЛИМАДАПТ ба мизоҷон омӯзонида мешавад. Кормандони лоиҳа аз соли 2016 то имрӯз (интиҳои соли 2017) дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла дар Хуҷанд, Кӯлоб, Исфара, Ваҳдат, Гулистон, Ҳисор, Ёвон, Вахш, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Рӯдакӣ ва Ҷ.Расулов семинарҳо гузаронида, шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ин мушкилот шинос намуданд ва роҳҳои бурунрафтро нишон доданд. Ҳамин аст, ки лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар давоми наздик ба ду соли фаъолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, зеро дар ин муддат бо ёрии он қарзгирандагони зиёд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, гармхона, тирезаҳои гармнигоҳдор, системаи ҷамъоварии оби борон, системаҳои нигоҳдории об, панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизотҳо қарз гирифтанд.

Аз соли 2016 то ҳол лоиҳаи КЛИМАДАПТ зиёда аз 2005 лоиҳаҳои мухталифи шаҳрвандони ҷумҳуриро дастгирӣ кардааст, ки маблағи умумии онҳо ба 5 млн. доллари ИМА мерасад. Инчунин, лоиҳа беш аз 10 млн. доллари ИМА қарз додааст, ки аз шумораи умумии қарзгирандагон 29% занон буда, 14% маҷмӯи умумии қарзро ташкил медиҳад. Тақсимоти умумии қарзҳо аз рӯйи соҳаҳо чунин аст: 68% ба ҳиссаи технологияҳои дастгиришудаи марбут ба сарфаи барқ, 30% ба ҳиссаи технологияҳои дастгиришудаи марбут ба босамари об ва 2% ба ҳиссаи технологияҳои дастгиришудаи марбут ба идоракунии устувори замин. Дар натиҷаи дастгирии лоиҳаҳои сокинони кишвар аз ҷониби КЛИМАДАПТ ҳар сол 1253 т. партовҳои СО2 кам, 628 м3 об сарфа ва 19 т. хок аз шӯсташавӣ нигоҳ дошта мешавад, ки рушди устувори ҷумҳуриро таъмин менамояд.

Дар натиҷаи фаъолияти худ лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба кишоварзон барои такмили идоракунии замин ва истифодаи самараноки обу энергия, барои истифодабарандагону истеҳсолкунандагони технологияҳое, ки ба самаранокии истифодаи обу энергия ва инчунин, идоракунии беҳтари замин мусоидат мекунанд ва дар бахши беҳсозии манзили зист бошад, барои истифодаи босамари обу энергия ва системаҳои гармикунии биноҳо қарзҳои дастраст ва пастфоизро пешниҳод мекунад. Қарзҳои пешниҳоднамуда КЛИМАДАПТ аз Бонки Эсхата ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди Имон Интернешнл, Ҳумо ва Арванд бо асъори миллӣ дастрас гардида, барои соҳибмулкон ва технологияҳои пешкаши тасдиқшуда баробар ба 500 то 300 000 доллари ИМА ва барои гурӯҳи соҳибмулкону шахсони ҳуқуқӣ ва технологияҳои тасдиқшудаи дар марҳилаи коркард қарордошта, ки бояд аз арзёбии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим гузаранд баробар ба 1000 то 1000 000 доллари ИМА мебошанд.

Натиҷаҳои назаррас ва комёбиҳои босамари лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасанд. Кишоварзӣ, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодии кишвар нақши ниҳоят муҳим дорад, яке аз самтҳои асосии фаъолияти КЛИМАДАПТ ба шумор меравад. Дар натиҷаи дастгирии ин лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ, дар шаҳри Ҳисор сардхонаи нигоҳдорандаи маҳсулоти кишварзӣ ва қубурҳои обгузар, дар ноҳияҳои Вахш ва Ҷ.Балхӣ гармхона, дар ноҳияи Ёвон системаи обёрии қатрагӣ ва дар дигар шаҳру навоҳии кишвар иншоотҳои ҷадиду самаранок бунёд гардиданд. Дар самти соҳибкорӣ бо дастгирии молиявии лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар шаҳри Хуҷанд коргоҳҳои нави истеҳсолкунандаи дару тиреза ва қубурҳо барои оёбрии қатрагӣ, дар Кӯлоб яхдони каммасраф, дар Гулистон нонпазхона, дар Ҳисор панелҳои офтобӣ, дар Ваҳдат таҷдиди коргоҳи коркарди оҳаксанг, дар ноҳияи Ҷ.Расулов корхонаи истеҳсоли равған ва сардхона ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар корхонаҳо аз нав барқарор гардиданд ва соҳибкорон барои рушди соҳибкориашон таҷҳизотҳои ҷадид харидорӣ намуданд. Дар бахши манзили зист бошад, бо дастгирии КЛИМАДАПТ шаҳрвандон ба иморатҳои худ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ дару тирезаҳои пластикӣ, дар ноҳияҳои Рӯдакию Вахш панелҳои офтобӣ, дар ноҳияи Хуросону Рӯдакӣ системаи ҷамъ ва нигоҳдории оби борон насб намуданд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи КЛИМАДАПТ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба кишоварзон, барои инкишофи соҳибкорӣ ба соҳибкорон ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ба хонаводаҳо аз ҳиссаи сармоягузорӣ ба технологияҳои марбут ба тобоварӣ ва тағйирёбии иқлим ҳам кӯмак менамояд ва ҳам омӯзиш медиҳад.

 

Номвар ҚУРБОН,

шаҳри Токио, Ҷопон 

Хондан 2985 маротиба