JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 27 Декабри 2017 05:37

Фазилатҳо ва мушкилоти об

Муаллиф:

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба наздикӣ баёндоштаи худ (22 декабри соли 2016) бо ифтихор ва хушнудӣ иброз намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид чаҳорумин пешниҳоди мамлакати моро оид ба даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор», ки  аз ҷониби 177 мамлакати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, барои солҳои 2018-2028 маъқул дониста, қабул намудааст. Ин шарафи бузурги халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён мебошад.

  Масъалаи «Об барои рушди устувор» босо васеъ ва доманадор аст. Воқеан, об ҳаёт аст, бе об наботот, ҳайвонот ва инсон зиндагӣ карда наметавонад. Тамоми соҳаҳои иқтисодӣ (саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт) ва ҳаёти иҷтимоӣ ба истифодаи об ниёз доранд, миқдори маълуми обро истифода мебаранд. Агар дастрасии об дар ин соҳаҳо ба талаботу меъёр мувофиқат накунад, имрӯз рушд намеёбад, пагоҳ аз равнақу болоравӣ мемонад. Ва бояд гуфт, ки талабот ба об ҳамеша хосияти болораванда дорад, зеро аҳолии мамлакати мо ва умуман, ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад, он нисбат ба рушди иқтисод ва иҷтимоиёт талаботҳои нав ба нав ва бештарро пеш мегузорад. Аз ин лиҳоз, масъалаии об дар саҳнаи иқтисод ва иҷтимоиёт дур намеравад, то он рӯзе, ки инсон дар кураи Арз арзи ҳастӣ дорад, ин масоил боқӣ мемонад, мураккабу мушкилтар ва доираи васеъи корбастро фаро мегирад. Ин тағйиротҳо торафт ба ҳаёти инсон фишор меоварад, муҳити зистро тангтару нозуктар мегардонад. Аз ин хотир, олими сатҳи ҷаҳонӣ Ж. Дорст боизтироб навиштааст, ки муҳимтарин мушкилот (қазия)-и имрӯзаи ҳифзи табиат ин ҳифз намуди инсон аз худи он мебошад. Минбаъд инсоният бояд аз уҳдаи идора намудани ҷараёнҳои музофотӣ, минтақавӣ ва умумисайёравии табиат, нигоҳдории сифати муътадилии нишондиҳандаҳои муҳити зист баромада тавонад.

Ҳанӯз дар асри X мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик, саромади табибони ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино дар қатори чаҳор унсури табиат – об, оташ, хок ва ҳаво ақли инсонро гузошт ва мо ҳоло онро дар зери мафҳуми ноосфера ифода мекунем, яъне агар инсон фаъолияти худро дар асоси ақли солим ба амал наорад, онгоҳ ба фалокатҳои пешбининашуда дучор мешавад, аз онҳо раҳоӣ ёфтан мушкилу гаронтар мегардад. Имрӯзҳо дар байни чаҳор унсури асосии табиат об осебпазиртар гардидааст, зеро миқдори зиёди партовҳо аз ҳадди қобилияти худтозашавӣ ғайриимкон, сарф бештар ва норасоии об, алалхусус оби ошомиданӣ бағоят кам дастрас гаштааст.

Барои ҳамин ҳам, Сарвари мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилоти умумисайёравӣ, умумибашариро сари вақт дарк намуда, аз ибтидои асри XXI баҳри истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани об ва воситаи рушди устувор аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба ҳаллу фасли ин қазияи мубраму мушкил ва пургиреҳу пурасрор ва пурмуаммо сухан ба миён оварданд ва роҳҳои ҳалли онҳоро нишон доданд.

Гузаштагони пурифтихори мо обро ҳамчун муъҷизаи табиат сарчашмаи ҳаёт бо суханҳои кӯтоҳу пурмазмун басо хуб васф кардаанд: «Об омаду бахт омад», «Аз ман напурс, ки чӣ қадар замин дорӣ, бипурс, ки чӣ қадар об дорӣ», «Қатраи об гаронтар аст зи алмос», «Об хуни замин аст», «Овардани об – қаҳрамонист» ва ғайра. Дар ин ҳикматҳои халқӣ як олам маънӣ ифода ёфтааст. Дарвоқеъ, об боигарӣ, шарбати замин, модари ҳосилот, зиндагии пуртароват, осоиш ва ғайра мебошад.

Об яке аз моддаҳои дар курраи Замин васеъ паҳншуда ва аҷиб мебошад. Дар табиат танҳо об дар се ҳолат (сахт, моеъ, газмонанд- бухор) дучор мешавад ва инсоният онро дар се ҳолат истифода мебарад. Дар курраи Замин оби нӯшоӣ кам аст ва он қариб 2 фоизи гидросфераро ташкил медиҳад. Қисми зиёди оби нӯшоӣ дар ҳолати ях ё дар қабатҳои Замин ҷойгир шудааст. Дар ихтиёри сокинони Замин фақат 0,2-0,3 фоизи захираи оби нӯшоӣ мавҷуд асту бас. Барои ҳамин ҳам, бо оби нӯшоӣ таъмин намудани аҳолӣ, инчунин бо об таъмин намудани саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии коммуналию маишӣ яке аз масъалаҳои мураккаби замон гардидааст.

Об дар курраи Замин ва чи дар мамлакати мо дар шакли пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминӣ нобаробар тақсим шудаанд. Дар баъзе мамлакатҳо об фаровон, вале замини кишт кам аст, дар мамлакатҳои дигар масоҳати Замин нопайдоканор, вале об намерасад. Дар ҳарду ҳолат таъмини рушди устувор мураккабу мушкил мебошад. Аз ин хотир, лозим мееояд, ки роҳҳои ҳалли онҳоро бояд ҷуст.

Бо қатъият ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо ба ин саволу гузоришҳо аз пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили «Оби тоза» (с.2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2010), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (с.2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  (солҳои 2018-2028) ва дигар суханрониҳои ин шахсияти фозил, роҳбари хирадманд ёфта метавонем,  ки нақши калидӣ бозид ва мебозад.Зери таъсири ин масъалагузориҳо дар минтақаю мамлакатҳои ҷаҳон ва Тоҷикистони маҳбуби мо бисёр дигаргуниҳои қатъӣ дар соҳаи истифодабарии оқилонаи об, беҳдошти саломатӣ, қадр кардани сифату тозагии об рӯйи кор омаданд, ва минбаъд боз васеътару густариш хоҳад ёфт.

Вазифаи сиёсатмадорон, олимон, коршиносон ва масъулони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз он иборат аст, ки паҳлӯҳои мушаххаси соҳавии ин масъалаҳоро амиқтару равшантар вобаста ба шароити пешомада, ҳаллу фасл ва баҳри амалӣ шудани онҳо ташаббус нишон диҳанд.

Воқеан, об дар табиат сарвати васеъ паҳн шуда, захираи калон дорад, мушкилӣ дар он аст, ки обҳои ширин дар материку қитъаҳои олам нобаробар ва дастрасиашон барои истифода мушкил аст. Об минбаъд ба як соҳаи муҳими тиҷорат ва ба неъмати гаронбаҳотарин табдил хоҳад шуд. Аз ин хотир, истифодаи обро оқилонаю босамар ба роҳ монда, ба ифлосшавии он ҳаргиз роҳ надиҳем, вагарна мо ба ҷазоҳои бемаҳдуди об рӯбарӯ хоҳем шуд, талафотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва ҷонӣ хоҳем дод.  

Хосият ва фазилатҳои об. Об-моддаи аз ҳама васеъ паҳншуда дар сатҳи курраи Замин мебошад, ҳамаи равандҳои биологӣ, геологӣ, геофизикӣ зери таъсири он ҷараён мегиранд ва ташаккул меёбанд. Об ҳамчун моддаи химиявӣ аз як атоми оксиген ва ду атоми ҳидроген иборат аст, хосияти диполӣ (дуқутбӣ) дорад. Дар байни моддаҳои ба мо маълум танҳо об дар се ҳолат – моеъ, сахт ва газмонанд (бухор) дучор мешавад. Ин аломату хосиятҳо, ки боиси равандҳои гуногуни биологӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ мегарданд, аҳамияти калон доранд.

Об бо баъзе хосиятҳои худ аз дигар моддаҳои табиат тафовут дорад. Маълум аст, ки аксари ҷисмҳои табиат аз хунукӣ фишурда мешаванд, зичиашон афзун мегардад. Об ҳам то ҳарорати +40С фишурда мешавад, дар ин ҳол зичии он ба 1,00 г/см3 баробар мешавад. Агар хунукшавии об минбаъд идома ёбад, он гоҳ фишурдашавии об хотима ёфта, васеъшавӣ ба амал омада, зичии он кам мешавад. Ҳангоми аз 00С паст шудани ҳарорат об ях мекунад ва боз ҳам васеътар ва зичии он ба 0,91 г/см3 мефарояд. Барои ҳамин ҳам, ях нисбат ба об сабук шуда, дар болои он шино мекунад. Ин ҳолат тафовути муҳими об аст ва танҳо металли висмут дар ҳолати сахтӣ нисбат ба ҳолати моегӣ вазнинтар аст. Агар об ин хосиятро намедошт, он гоҳ ҳамаи обҳои ширини сатҳи замин дар фасли зимистон то қаърашон ях мебастанд ва тамоми мавҷудоти зиндаи дар дохили об ҳаёт басарбаранда мурда нобуд мешуданд. Яхҳо ҳамчун пӯстин сатҳи оби дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳоро аз хунукшавии барзиёдатӣ ҳифз менамоянд.

Оби баҳру уқёнусҳо хосиятҳои дигар доранд, зеро дар онҳо моддаҳои гуногуни химиявӣ бештар ҳал шуда, ғилзати (консентратсияи) обро баланд гардонидаанд. Аз ин хотир ҳарорати максималии зичии об сонитар (дертар) рух медиҳад, яъне ҳарорати пасттарро металабад. Аз ин лиҳоз, оби уқёнус дар ҳарорати – 1,890С ях мебандад, зичии максималиаш бошад, то – 3,50С афзоиш меёбад, яъне зичии он то давраи яхбандӣ бештар мешавад. Тавассути ин хосият оби хунукшудаи зичиаш бештар ва аз оксиген ғанӣ гардидаи сатҳи болоии об ба умқи уқёнус фурӯ меравад, мавҷудоти зиндаи қаъри онро бо оксиген таъмин, ҳаётро нигоҳ ва афзоишро идома мебахшад. Бо ях пӯшида шудани сатҳи оби уқёнус ҳангоми ба дараҷаи зиёд паст фаромадани ҳарорат дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, канорҳои он, атрофи материки Антарктида ва канорҳои шимолию ҷанубии уқёнусҳои Орому Атлантик рух медиҳад.

Хосияти дигари муҳими об аз он иборат аст, ки нисбат ба дигар моддаҳо гармиғунҷоиши калон дорад. Гармиғунҷоиш гуфта, миқдори гармиеро меноманд, ки онро ҷисм ҳангоми ба 10С гарм шуданаш фурӯ мебарад. Ба шарофати гармиғунҷоиши калон (1 ккал/кг. град) доштани оби уқёнуси Ҷаҳон, анбӯҳи калони об (1,37.1021кг ва ё 1,34 млрд. км3) ба худ миқдори калони гармиро (38.1022 ккал), баробари 600-сола энергияи аз офтоб ба Замин омадаро дар худ нигоҳ медорад. Барои ҳамин ҳам бе гидросфера (қабат-пардаи обии курраи Замин) иқлими курраи Арз басо қаҳратун мешуд, тафовути ҳарорат дар фасли зимистон хеле паст ва дар фасли тобистон ниҳоят баланди тоқатфарсо мегашт, яъне зимистон нисбатан ба ҳозира борҳо хунук, вале тобистон борҳо гармтар мешуд. Марҳалаҳои табдили агрегатии об ниҳоят бузург аст ва ҳангоми гудозиш гармиғунҷоиш 80 маротиба ва дар вақти ба буғ табдилёбӣ 539 маротиба афзун мегардад. Аз ин хотир, ҳангоми аз як фаза (ҳолат)-и агрегатӣ ба фазои дигар гузаштани об дар равандҳои метеорологӣ (буғшавӣ ва ё боридани борон, барф, жола) энергияи бузург фурӯ бурда мешавад ва ё хориҷ карда мешавад. Гармиғунҷоиши об нисбат ба ҳаво 3000 маротиба, нисбат ба рег 5 маротиба ва нисбат ба оҳан 10 маротиба баланд аст. Ба шарофати хосиятҳои аҷоиби гарминигоҳдоштан, об вазифаи ба низом даровардани ҳароратро дар сатҳи сайёраи Замин мебозад, ба давргашти (сиркулятсияи) атмосфера ва гидросфера иштирок меварзад, он ҳарорати гармии аз офтоб гирифтаро аз нав тақсим ва иқлими курраи Заминро нарм мегардонад.

Натанҳо баҳру уқёнусҳо, балки дарёҳо, ҳатто обанборҳои на чандон калон ҳам барои муътадил гардонидани иқлим таъсири калон мерасонанд.

Гармигузаронандагии об чандон калон нест. Барои ҳамин ҳам, дар гармшавии баҳру уқёнусҳо, кӯлу обанборҳо омехташавии об аҳамияти муҳим дорад. Гармигузаронандагии ях бошад, аз об ҳам кам буда, обро аз хунукшавии босуръат нигоҳ медорад. Гармшавӣ ва хунукшавии об тадриҷан ба амал меояд. Аз ҳамин сабаб байни сатҳи хушкӣ ва сатҳи ҳавзаҳои об фарқи доимии ҳарорат ва фишори  ҳаво мавҷуд аст, ки чунин тафовут боиси пайдоиши бод мегардад.

Кашиши сатҳии об нисбат ба дигар моеъҳо (истисно симоб) аз ҳама баланд аст. Барои ҳамин ҳам об тавассути мӯякнайчаҳо (капиллярҳо)-и хок, ҷинсҳои кӯҳӣ ва наботот аз қаъри замин ба боло ҳаракат мекунад. Ҳатто дарахтҳое, ки баландиашон то ба 150 метр мерасанд, бо мӯякнайчаҳо обро ба шоху баргҳои худ мерасонанд. Дар мӯякнайчаҳо як хусусияти аҷоиби об муайян карда шудааст: оби дохили мӯякнайчаҳо дар хунукии – 300С ҳам ях намебандад, он часпак ва вазнин мешудааст. Муқаррар карда шудааст, ки хосиятҳои об зери таъсири фишор ва ҳарорат тағйир меёбад. Агар оби тоза дар зери фишори 1 атмосфера дар ҳарорати 00С ях бандад, пас дар зери фишори 600 атмосфера дар -50С, дар зери фишори 2200 атмосфера дар – 220С ях мебандад.

Бояд гуфт, ки бухори об дар атмосфера барои нурафкании (радиатсияи) офтоб нақши обполоро мебозад. Об иқлими Заминро муайян мекунад.

Об маҳлулкунандаи бузург аст, дар зери таъсири он қариб тамоми моддаҳо ба ҷуз кварс, чарб (равған), карбогидридҳо ва баъзе дигар моддаҳо ҳал мешаванд. Дар оби баҳру уқёнусҳо қариб нисфи элементҳои таркиби ҷадвали Менделеев дар ҳолати маҳлул дучор мешаванд. Ба шарофати чунин хосият доштани оби уқёнусҳо наботот ва ҳайвонотҳои обӣ ҳамаи моддаҳои зарурии ғизоиро истифода мебаранд, нашъунамо мекунанд, дар ин раванд хосиятҳои химиявиашро об амалан бетағйир нигоҳ медорад, зеро давргашти мунтазами об давом мекунад.

Хотирнишон намудан муҳим аст, ки об дар ҳарорати   +3740С ба кислотаи тоза табдил меёбад, дар натиҷа миқдори зиёди ҷинсҳои кӯҳию минералҳо, пайвастагиҳои уран, металлҳо (оҳан, мис, палатина)-ро ҳал карда метавонад. Об дар бисёр равандҳои химиявӣ ҳамчун катализатор хизмат мекунад.

Об ҳамчун омили муҳими геологӣ вазифаҳои ниҳоят муҳиму мураккабро иҷро мекунад, яъне моддаҳо ва минералҳои ниҳоят гуногунро вайрон мекунад, маҳлул менамояд, минбаъд ҷараёнҳои обӣ ва дарёҳо онҳоро ба баҳру уқёнусҳо мебаранд, мувозинат барқарор шуда меистад. Сохти сатҳи хушкии имрӯзаи Замин зери таъсири кувваҳои дохилӣ ва берунии замин, алалхусус об тӯли миллионҳо сол ташаккул ёфтааст, кӯҳҳо, дараҳо, водиҳо ва ҳамвориҳо пайдо шудаанд, ин раванд имрӯзҳо ҳам идома дорад.

Яке аз муҳимтарин хосияти об – худтозашавии он аст. Дар сурате, ки дараҷаи ифлосшавии об аз андозаи (қобилияти) худтозашавӣ бартарӣ надошта бошад. Дар ҳолати баръакс, имконияти худтозашавии об коҳиш меёбад, ба истеъмолкунандагон дар ҳолати ифлос дастрас мегардад, дар ин ҳол лозим меояд, ки обро бо усулҳои механикӣ, кимиёвӣ ва биологӣ тоза намуда, ба хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ дастрас карда шавад, дар ин ҳол хароҷотҳои иловагии маблағ ва меҳнат сарф мешавад.

Об-ҳаёт, офат, тиҷорат. Нақши об дар пайдоиш ва рушди олами зинда (наботот, ҳайвонот, инсон) боз ҳам муқтадиртар мебошад. Аввалин мавҷудотҳои зинда дар муҳити об пайдо шуда рушд ёфтанд ва фақат пас аз гузаштани миллионҳо сол наботот ва ҳайвонот дар сатҳи хушкӣ сокин шуданд ва инсони боақл пой ба арсаи вуҷуд ниҳод.

Муҳимтарин мақоми об дар табақаи биосфера (табақаи мавҷудоти зинда) аз он иборат аст, ки он барои ҷараёнҳои ҳаётӣ манбаи ҳидроген ба ҳисоб меравад. Бе об фотосинтез (пайдоиши моддаҳои органикӣ дар наботот) ҳам вуҷуд надорад. Дар ҷараёни фотосинтез зери таъсири равшании офтоб, об ба қисмҳои таркибӣ – оксиген ва ҳидроген ҷудо мешавад, оксиген ба атмосфера дохил мешавад, ҳидроген бошад, бо ду оксиди карбон пайваст шуда, карбогидратҳоро ҳосил мекунад, ки барои ҳамаи организмҳои зинда чун манбаи энергия зарур аст.

Об барои равандҳои биохимиявӣ ва биофизикавӣ, ки дар дохили организми зинда ба вуҷуд меояд зарур аст. Об ба таркиби ҳуҷайраю бофтаҳои наботот, ҳайвонот ва одам дохил шуда, мубодилаи моддаҳоро метезонад, минбаъд аз моддаҳои хурдмолекулла моддаҳои мураккабтару калонмолекулларо ба вуҷуд меоварад, сабзишу инкишоф идома меёбад. Реаксияҳои мураккабтарини организмҳо бо иштироки об ба амал меоянд. Ҳатто ягон мавҷудоти соддатарин нест, ки дар таркибаш об надошта бошад ва ё бе об ҳаёт басар мебурда бошад. Тамоми наботот дар таркибашон аз 75 то 96% (ба ғайр аз тухмашон) об доранд ва ҳамаи ҷисми ҳайвонот аз 60 то 99% об дорад. Ҷисми инсон вобаста ба вазнаш 2/3 ҳисса аз об иборат аст. Дар бофтаҳо ва устухонҳои инсони калонсол, ки 70 кг вазн доранд қариб 4 сатил об (45-кг) ва ё 65-70 %-изи вазн зинда об мавҷуд аст. Тибқи талаботи гигиенӣ ба сифати оби нушокӣ тирагии он набояд аз 1.5 мг/дм3 зиёд бошад.  Бино ба маълумоти муҳаққиқон 86% бадани тифли навзодро об ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои ҳайвонот 75 %, картошка – 76%, себ – 85%, помидор – 90%, бодиринг – 95% ва тарбуз – 96%, - ва 99% бадани медузаро (ҳайвони баҳрӣ) ташкил медиҳад.                                                      

Муҳаққиқони, соҳаи тиб ошкор намудаанд, ки шахсоне, ки обро бештар менӯшанд, ба бемории сактаи қалб камтар дучор мешудаанд. Як инсон тӯли умр ба ҳисоби миёна 35 тонна об менушидааст.

Организми инсон механизми басо нозуки ба низомдарории мубодилаи обро дорад. Ҳисси ташнигӣ ҳангоми талафи 2% оби бадан нишонаи вайрон шудани мувозинати (баланси) об аст ва инсон ин ҳолро хуб эҳсос мекунад. Талафи об ба андозаи 6-8% вазни бадан ба ҳолати нимбеҳушӣ, 10% ба ҳолати таваҳҳум (галюцинация) меорад, рефлекси фурӯбарии ғизо дар гулӯ вайрон мешавад. Агар инсон 12% оби баданашро гум кунад, бе ёрии табибон норасогии обро барқарор карда наметавонад. Ҳангоми аз бадани одам талаф ёфтани 20%-и об он ба марг дучор мешавад.

Воқеан, об ҳаёт аст. Ин воқеъиятро нависандаи Франсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери (1900-1944) хеле хубу образнок ба қалам додааст: «Об! Ту на таъм, на ранг, на бӯй дорӣ, туро тасвир кардан натавон, чи буданатро надониста кас аз ту ҳаловат мебарад. Ту на ҳамонтавр, барои ҳаёт зарурӣ, худ ту ҳаёт ҳастӣ. Бо ту ҳама мавҷудот ҳузуру ҳаловат мебаранд, ки онро тавассути панҷ узви эҳсоси мо фаҳмида намешавад. Ту бо мо қувва ва хосиятеро бармегардонӣ, ки мо аз онҳо кайҳо дасту дилро шустаем. Бо лутфи ту аз сари нав чашмаҳои хушкидаи дил кушода мешавад».

Обҳои барфу ях хосият шифобахшандагӣ доранд, зеро чунин обҳо мтавонанд миқдори дейтерии зарароварро дар организм кам кунонад. Оби барф ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро то 1.5-2 маротиба афзун, фарбеҳшавии ҷавонаҳоро метезонад, мурғонро сертухм ва серширшавии модаговҳоро зиёд мегардонад.

Ҳарорати минималие, ки одам дар он муддати кӯтоҳ дар ҳаво тоқат карда метавонад ба -890С баробар аст. Барои инсон ҳарорати поёнии марговар ба -24-250С баробар буда, ҳарорати болоии марговар ба +43-440С баробар дониста мешавад.

Барои идомати ҳаёти ҳайвонот ва инсон се чиз-хурок, об ва ҳаво лозим аст. Инсон бояд дар як шабонарӯз 1 кг хӯрок, 2,5 кг об ва 12 кг ҳаворо истифода барад. Муайян карда шуда аст, ки инсон метавонад бе хӯрок на бештар аз 50 шабонарӯз, бе об 5-7 шабонарӯз ва беҳаво 5 дақиқа зинда монад. Ҳамаи ин неъматҳоро табиат меофарад, ҷои онҳоро чизи дигар иваз карда наметавонад. Ҳамаи он неъматҳое, ки инсон аз табиат мегирад зери таъсир ва робитаи мутақобилаи офтоб, литосфера, атмосфера, гидросфера, ки боиси пайдоиши биосфера гардидааст, дастрас мегардад.

Мақом ва фазилатҳои обро дар фаъолияти ҳоҷагидории инсон баҳо додан ниҳоят мушкил аст. Бе об филизро (металлро) гудохтан, нон пухтан, нерӯи барқ истеҳсол намудан, ба кори зироатпарварӣ машғул шудан, нефтро коркард намудан, доруҳои табобатӣ тайёр намудан, иморат сохтан, пластмассаҳоро коркард намудан, маъдан истихроҷ ва коркард намудан, машинаҳо тайёр намудан ва ғайра амалҳо номумкин аст.

Маҳз об ҳаст, ки тамоми соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, аз воситаи ғизо то инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ, саодати ӯ, аз покизагиву сиҳҳатӣ то ғизоӣ маънавӣ ва оғозу равнақи фарҳангии вай маънӣ мебахшад ва бо рушду камолоти он мусоидат менамояд. Аммо мушкилот аз он иборат аст, ки дар замони ҳозира дар сартосари ҷаҳон хавфи кам шудани миқдору сифати оби ошомиданӣ, ифлосу заҳролуд шавии захираҳои обӣ хеле босуръат идома дорад, инсонро зери хавф гузошта ба саломатии он таҳдид менамояд. Бе нарх будан ва истифодаи бехирадонаи об ба он оварда расонидааст, ки дараҷаи тоза будани он паст гардида, на фақат саломатии одамон, балки, мувозинати экологии биосфераро сахт коҳиш медиҳад.

Дар баробари он ки об асоси ҳаёт аст он гоҳо ҳаётро мерабояд, ба сари инсон мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Ошкор карда шудааст, ки 85%-и бемориҳо тавассути об паҳн мешаванд. Бо ин иллат соле 25 миллион сокинони сайёраи Замин мефавтанд. Аз ифлос будани оби дарёи муқаддаси Ганги Ҳиндустон соле 3 (се) миллион нафар одамон ҷон мебозанд. Мардумони поёноби дарёи Нил аз истифодаи оби ифлоси он муҷиби бемориҳои музмини марговар мегарданд. Аз басо ифлос будани оби дарёи Рейни Германия онро натанҳо нӯшидан, балки дар он оббозӣ кардан мумкин нест. Оби дарёи Сенаи Франсия ва Пои Италия низ хеле сахт ифлос гаштаанд. Дар Африка 80 % бемориҳо аз ҳисоби истеъмоли оби бадсифат, шароити бади гигиенӣ-санитарӣ сармезанад. Обхезӣ, сел, тӯфонҳои баҳри, баҳрҷунбӣ (сунами) ҳар сол боиси фавти ҳазорҳо одамон мегардад, хона, заминҳои кишт, боғуроғро ба харобазор табдил медиҳад. Селу обхезӣ дар ҳавзаи дарёҳои Панҷу Вахш, Сирдарёву Зарафшон, Варзобу Сурхоби Ҷанубӣ ва ғайра рух дода, оқибатҳои нохушро ба бор меорад, боиси кулфату ғам мегарданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳанӯз тақрибан 750 млн. одамон дар ҷаҳон ба оби тозаи нушокӣ ва 2,5 млрд. нафар ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Офатҳои табии марбут ба об ҳарсол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 млрд. долари ИМА ҳисорот оварда, хушксолӣ ва биёбошавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагӣ зиёда аз 1 миллиарду. 200 млн. одамон дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографӣ ба ин равандҳо бешубҳа таъсири зиёд мерасонад.

Селу обхезиҳо ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарари калон мерасонад ва дар баъзе ҳолатҳо боиси ҳалокати одамон мегарданд. Масалан, фақат тайи 5 соли охир ҳисороти умумӣ аз обхезӣ зиёда аз 600 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Тибқи арзёбиҳои илмӣ, 80 % -и масоҳати кишварамон минтақаи фаъоли сейсмикӣ ва 60%-и он минтақаи сел, тарма ва ярч мебошад. Далелҳои илмӣ гувоҳи онанд, ки зери зиёни офатҳои табиӣ дар мамлакати мо ҳамасола тақрибан 70%-и ММД-ро, дар дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда аз 5 то 20%-ро ташкил медиҳад. Байни солҳои 2000-2005-ум зери таъсири офатҳои табиӣ Тоҷикистон беш аз 223,5млн. долари ИМА зарари иқтисодӣ овард. Танҳо соли 2016 зарари чунин офатҳо беш аз 100 млн. долари ИМА-ро ташкил дод. Тӯли солҳои бӯҳрони энергетикӣ, соле аз 13 то 15 ҳазор га бешазори мамлакат нобуд шуд, ки он боиси авҷгирии пайдоиши сел, обхезӣ, тарма ва ярч асос гузошт, сифату миқдори оби нӯшокиро коҳиш дод.

Дар мамлакати мо сарфи назар аз фаровонии захираҳо об як қисми аҳолӣ аз сабаби набудани шабакаҳои мутамаркази обрасонӣ ва дастрасӣ бо оби тоза бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбудии таъминот бо об ва ноил шудан ба дигар ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола «Барномаи беҳтар сохтани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаии ошомиданӣ барои давраи солҳои 2008-2020» - ро қабул намудааст. Дар натиҷаи ба амал баровардани тадбирҳо дар ин  самт андешидашуда дар давоми 5-соли охир қариб 1,2 млн. нафар бо шароити беҳтари истифодаи об таъмин шуда, зиёда аз 600 ҳазор нафар одамон ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо карданд.

Камобӣ низ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон таъсири ба ғоят калони манфӣ мерасонад. Дар ҷумҳурии мо, ки қариб 60% оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, соли 2008 аз норасогии об зиёда аз 60 ҳазор гектар замин самараи дилхоҳ надод.

Селҳои ногаҳонӣ боиси харобии хоҷагӣ, марги одамон ва шӯсташавии қабати болоии ҳосилхези замин мегардад. Тибқи маълумоти мутахассисон ҳар сол аз масоҳати як гектар замин ба андозаи аз 50 то 250 тонна қабати серҳосили хок шуста мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки зери ин ҳодисаи номатлуб аз хок нуриҳои маъданиро ба арзиши тақрибан 20-25 миллион доллари ИМА талаф дода мешавад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон раванди гармшавии иқлим боиси бо суръат об шудани пиряхҳои кӯҳӣ, назди қутбӣ, ҷазираи Гренландия ва материки Антарктида гардидааст. Муайян карда шуда аст, ки дар ҳолати об шудани тамоми пиряхҳои кураи Замин сатҳи оби Уқёнуси Ҷаҳон ба андозаи 64 м баланд мехезад, ин маънои онро дорад, ки соҳилҳои ҳамворзамини ҳосилхез, шаҳру шаҳракҳои канори қитъаҳои ҷаҳон зери об мемонанд, масоҳати Уқёнуси Ҷаҳон афзоиш, вале масоҳати сатҳи хушкӣ ба андозаи калон коҳиш меёбад, 12%-и ҳудуди мамлакати Бангладеш, соҳилҳои баҳр то 60 км зери об мемонад, суръати баландшавии сатҳи оби Уқёнуси Ҷаҳони дар 100-150 соли охир 2,2 мм-ро ташкил додааст, истеҳсоли неруи барқи обӣ дар бисёр дарёҳо аз кор мебароянд, шабакаҳои обёрӣ бе об мемонанд, ҳосилот кам мешавад, бинобарин донистан ва дурнамои ин равандро дарк кардан лозим аст, ки оянда ба яхҳои табиӣ чи ҳолат пеш меояд, роҳҳои истифодаи оқилона ва дурусту корбаст намудани онҳоро дар самтҳои гуногуни хоҷагӣ дарёфтан лозим аст. Обро бояд ҳифз ва сарфакорона истифода бурд.

«Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъминоти иқтисодӣ миллӣ ва аҳолии кишвар бо об таваҷҷуҳи бузург зоҳир менамояд. Дар тӯли даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои вобаста ба об аз сарчашмаҳои гуногун тақрибан 1 миллиарду 648 миллион долари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби нӯшокӣ як миллиарду 51 миллион долари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 260 миллион долари амрикоӣ ва барои анҷом додани дигар лоиҳаҳои ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 335 миллион долари амрикоӣ ҷудо карда шуд. Дар ин давра дар кишвари мо якуним миллион одамон шароити беҳтари дастрасӣ бо оби нӯшокиро пайдо кард» (Эмомалӣ Раҳмон, с.2015). Сарфи назар аз ин дастовардҳо баҳри таъмитони аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мемонад. Мутмаинем, ки тӯли Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) камбудию норасоиҳои боқимонда дар соҳаи таъминоти оби тозаи ошомиданӣ дар шаҳру деҳаҳои Ватанамон ҳалли босуботи худро меёбанд.

Рушди гидроэнергетикаи ватанӣ, қуфлкушоӣ ин мушкилотҳо хоҳад гашт. Масъалаҳои об, нерӯи барқ, озуқаворӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ бо ҳам сахт печидаанд ва ҳалли онҳо муносибати маҷмуи, созиш, ҳамкорӣ, боварии боэътимод, ҳамфикрии босубот ва дурбинии некбинонаро талаб менамояд.

Санадҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки агар дар ибтидои солҳои 1960-ум Осиёни Марказӣ дар як сол тақрибан 60 км3 обро истеъмол мекард, пас ҳоло дар як сол 110 км3-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи арзёбиҳои мӯътаманд, то соли 2030-юм афзоши истеъмоли об дар ҳаҷми 15-20 % зиёд мегардад.

Дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об ду ҷанбаи он – сармоягузорӣ ва инфрасохторро талаб менамояд. Бе ҳалли ин ду ҷабҳа кори амалии кишварҳои сусттараққикарда ва дар ҳоли рушд қарор доштаро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудан аз эҳтимол дур аст. Диди нав ва истифодаи техналогияҳои нав нақши калидӣ хоҳад дошт.

То вақтҳои наздик обро ашёи беарзиш ва тамомнашавандаи табиат мепиндоштанд. Воқеан оби кураи Замин тамомнашаванда аст ва асосан дар баҳру уқёнусҳо ҷой гирифтааст, вале ба қадри баланд шӯр будан, имкон намедиҳад, ки онро бевосита бе коркарди иловагӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ истифода намоем. Бояд гуфт, ки вобаста ба васеъ шудани самтҳои истифодаи об қиммати он ҳамарӯза дар болоравист, дар замони кунунӣ об нисбат ба ҳамаи канданиҳои фоиданок заруртарин ва қимматбаҳотарин ашё ба ҳисоб меравад. Ин аломату хосиятҳои обро боре Президенти мӯҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта иброз намуда буданд: «Ҳамагон бояд бидонем, ки қимати об аз нафту газ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои нерӯбахш барои устувории ояндаи кишварҳои минтақа камтар нест».

Минбаъд чи оби ошомиданӣ ва чи об барои зироаткорӣ ва барои хоҷагии манзилию коммуналӣ ба як самти муҳимтарини тиҷорат табдил меёбад ва имрӯз он бо маром дар афзоиш қарор дорад. Дар замонҳои қадим истеъмоли шабонарӯзии об аз тарафи як одам ҳамагӣ 12-18 литирро ташкил медод ва ин нишондиҳанда дар асри XIX ба 40-60 литр дар давлатҳои мутараққии замони мо масрафи об ба ҳар сари аҳолӣ ба 300-400 литр расидааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ охири қарни XX миқёси ҷаҳонии истифодаи об дар соҳаи саноат то 20 баробар, дар кишоварзӣ 6 баробар ва дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ то 7 баробар афзудааст.

Нобаробар тақсим шудани манбаъҳои об дар кураи Замин ба он оварда расонидааст, ки ҳоло дар қитъаи Осиё-1 млрд, дар Африқо – 350 млн ва дар Америкаи Лотинӣ зиёда аз 100 млн нафар одамон аз нарасидани оби нушокӣ азият мекашанд. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҳар шахси сеюм аз нарасидани оби тоза дар азоб аст.

Давлатҳои канори соҳили халиҷи Форсу шарқии баҳри Миёназамин, Япония ва ҷанубии ИМА корхонаҳои махсус сохтаанд, ки оби баҳрро буғронӣ намуда, аз он оби нӯшокӣ тайёр менамоянд. Дар ин бобат давлати Қувайт пешсаф мебошад. Имрӯзҳо мардумони мамлакатҳои Араб ва Аврупо ба оби тозаи ошомиданӣ ниёз доранд. Дар шаҳри Париж (Франсия) ва Брюсел (Белгия) нархи 1 литр оби ошомиданӣ ба 2-3 доллари амрикоӣ баробар аст. Дар як қатор давлатҳои дунё об ҳамчун мол ба тиҷорат бароварда мешавад. ИМА бошад барои ҳар як метри мукааби оби дарёи Колумбия ба Канада 5 сенти амрикоӣ медиҳад. Дар фасли гарми сол барои мамлакатҳои Араб ва Шарқи Наздик қиммати оби нӯшоӣ аз ҳама баландтар аст.

Дар ҷанубии Италия 1 литр оби муқаррарии чашмаро бо нархи 70 лир мехаранд. Дар Юнон аз қитъа (материк) ба ҷазираҳо овардани як метри мукааби оби муқаррарии ошомиданӣ аз 70 сент то 2 доллар, дар ҷазираҳои баҳри Кариб аз 3,4 то 8,5 доллар ва дар Мавритания (шимолу ғарбии Африка) бошад 4,4 доллар аст.

Дар дунё мамлактҳое ҳастанд, ки бо оби воридотӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Масалан, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир (шимолу ғарбии Африка), қисме аз ноҳияҳои канори собиқ давлати Югославия, ноҳияҳои соҳилӣ ва ҷазираҳои Юнон обро аз дур тавассути кишитиҳо меоваранд. Дар ин кишварҳо гоҳе шароби ноб (оби ҷав- пиво) аз оби нӯшоӣ арзонтар аст. Муҳаққиқоне, ки дар ҷазира ва ё дар болои яхҳои шинокунанда ҳаёт ба сар мебаранд ва ё дар болои материки Антарктида таҳқиқот мебаранд, яхро бо арра бурида, сонӣ гудохта аз он оби ошомиданӣ мегиранд, ки он хароҷоту меҳнати зиёдро металабад.

Ҳоло чанде аз давлатҳои ҷаҳон ба тиҷорати оби нӯшокӣ машғул мебошанд. Масалан ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия ва Арабистон Саудӣ аз Малазия оби нӯшокӣ мехаранд.

Маълум аст, ки 60 % сатҳи заминро биёбону нимбиёбонҳо ташкил медиҳанд, аҳолии ин сарзаминҳо ба оби ошомиданӣ мӯҳтоҷанд. Ба ин қабил музофотҳои алоҳидаи Африкаи Шимолӣ, Бразилия, Мексика, Покистон, Эрон, Алҷазоир, зиёда аз 10 иёлоти ИМА, ғарбии Осиёи Марказӣ ва ғайра мансуб мебошанд.

Ҳукумати Чин қарор додааст, ки оби дарёи Янтсизиро тавассути 3 канали дарозии ҳар кадомашон 1600 км, ба самти шимол, ғарб ва ҷанубу шарқ интиқол дода, танқисии обро то ҳадди имкон коҳиш диҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони мо ҳам пешбиниҳое ҳастанд, ки тавассути сохтани обанбору нақбу каналҳо, оби ҳавзаи як дарёро ба ҳавзаи дарёи дигар гузаронида, заминҳои бекорхобидаро обшор намоянд. Масалан, нақшае ҳаст, ки як қисми оби дарёи Зарафшон (Мастчоҳ)-ро ба музофоти Истаравшан интиқол диҳанд.

Ҳоло нақшаҳое тарҳрезӣ шудаистодаанд, ки айсбергҳои (кӯҳҳои яхини) соҳили материки Антарктидаро ба Австралия ва мамлакатҳои Америкои Ҷанубӣ кашол карда оваранд ва ё ба воситаи қубурҳои обгузари трансокеанӣ аз Гренландия ба Аврупо яхобаҳо ва аз дарёи Амазонка ба қитъаи Африқо обро интиқол диҳанд.

Соҳибкорони японӣ дерест, ки соле аз пиряхҳои ҷазираи Гренландия ба андозаи 20-25 тонна яхҳои тозаро канда ба савдо мебаранд. Хотирнишон бояд кард, ки ба роҳ мондани тиҷорати ях ихтирооти япониҳо набуда, ҳанӯз қабилаҳои кечуаи ҳиндуҳои Эквадор дар асрҳои миёна аз баландкӯҳҳо яхпораҳоро канда ба сокинони паҳнкуҳҳои дар поён ҷой гирифта ба фӯруш мебароварданд.

Давлату халқиятҳои алоҳидаи Саҳрои Кабири Африка аз норасогии оби ошомиданӣ ва зироаткорӣ сахт дар азоб мебошанд. Аз ин хотир барои обёрии Саҳрои Кабир нақшае тартиб додашудааст, ки як қисми оби дарёи Конгои Африкаи Марказиро ба кӯли Чади дар шимолтар воқеъбуда, интиқол дода, сипас аз он ба Саҳрои Кабир равон карда шавад. Мувофиқи лоиҳаи дигар қисми марказии Саҳрои Кабирро бо оби баҳри Миёназамин пур карда, намнокии атрофро афзун ва сипас имконият пайдо мешавад, ки дар канори ин баҳри инсонсохта ба корҳои кишоварзӣ-обёрӣ, зироаткорӣ, мевапарварӣ ва чорводорӣ машғул шаванд.

Бояд гуфт, ки то ҳол қариб 90%-и оби дарёҳои ҷаҳон истифода нашуда меоянд. Пешниҳодҳое ҳастанд, ки минбаъд оби дарёҳои Об, Енисей ва чанде дигарҳоро бо тарзу усулҳои мухталиф ба минтақаҳои обталаби ҷаҳон интиқол диҳанд.

Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО оби тозатарин дар ҷаҳон дар мамлакати Финляндия мавҷуд мебошад. Дар ҷаҳон 122 давлат дорои захираи бештари оби ширин мебошанд, дар байни ин давлатҳо кишвари мо – Тоҷикистон дар қатори даҳгонаҳои аввал ҷойгир мебошад.

Ҳоло оби тозаи гаронбаҳотарин дар ҷаҳон дар Лос-Анҷелоси ИМА ба фурӯш бароварда мешавад, ки нархи 1 литри он ба 90 доллари ИМА баробар аст.

Оби кӯли Сарези (17 км3) Тоҷикистон дар қатори обҳои тозатарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва минбаъд харидорони худро пайдо хоҳад кард.

Маълум аст, ки солҳои охир мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ диққати бештар ва фарогиртар зоҳир менамоянд. Аз ҷумла Тоҷикистон бо сарварии пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаи таъминоти об ва беҳдошти санитарӣ пешниҳод намуд, ки аз кӯли Сарез ба мамлакатҳои дигари минтақа хатҳои обрасонӣ кашда шавад. Ҳаҷми оби кули Сарез беш аз 17 км мукааб буда, онро барои бо оби тоза таъмин намудани миллионҳо нафар сокинони минтақа истифода бурдан мумкин аст. Айни замон коршиносон паҳлуҳои ин қазияи ҷолибро мавзӯи омӯзиш қарор додаанд, ва ҳалли мусбати онро пайдо хоҳанд кард. Ҳалли босуботи ин иқдом имконият медиҳад, ки хавфи канда шудани сарбанди оби ин обанбори табиӣ пешгирӣ карда шавад. Хотирнишон менамоем, ки ба шаҳри Истамбули дар қитъаи Аврупо ҷойгир шудаи Туркия аз шаҳри Анқараи дар қитъаи Осиё ҷойгир шуда, ки масофаашон беш 300 км мебошад, оби ошомиданӣ бо қубур интиқол дода мешавад, пас чаро мо ин таҷрибаро истифода накунем. 

Захираи оби ҷаҳон. Захираи об дар курраи Замин хеле фаровон аст, зеро 71% сатҳи онро об фаро гирифтааст. Об ҳамзамон дар қаъри замин, дар холигию тарқишҳо, дар атмосфера, дар таркиби организмҳои зинда ва моддаҳои ғайриорганикӣ мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии оби гидросфера 1,5 млрд. км3, вале ҳаҷми умумии оби озод дар гидросфера ба 1386 млн. км3 мерасад.

Бояд гуфт, ки 361 млн. км2 масоҳати сатҳи кураи Заминро оби баҳру уқёнусҳо ишғол намудаанд, дар онҳо 1338 млн. км3 об мавҷуд буда, 96,5% захираи ҷаҳонии обро ташкил медиҳанд. Манбаъи дуюми захираи об ин оби қаъри замин мебошад, дар он 24,3 млн. км3 ва ё 1,7% ҳамаи захираи об воқеъ гардидааст. Мутаассифона, қисми бештари оби зеризамин ва оби баҳрҳо, ки 97,47%-и захираи оби ҷаҳонро ташкил медиҳанд, бо миқдори зиёд намак (дар 1 л.35г.) доранд, аз ин хотир инсон чунин обҳоро барои нӯшокию корҳои хоҷагӣ бевосита истифода бурда наметавонад. Зеро тибқи нишондиҳандаҳои илмӣ оби ошомиданӣ бояд аз 1 г/л ва об барои обёрии заминҳо аз 2 г/л зиёд намак надошта бошанд.

Ҳамаи обҳои ширини кураи Замин, 2,5-3% захираи оби ҷаҳонро ташкил медиҳад. Қариб тамоми захираи оби ширин (69,5%) дар ҳолати сахт, дар пиряхҳои Арктика, Антарктика ва минтақаҳои яхбандиҳои доимӣ макон доранд, ҳиссаи онҳо дар захираи умумии ҷаҳонӣ ба 1,76% баробар аст. Мутаассифона, ин захираҳои оби ширин барои истифода дастрас нестанд. Қисми бештари оби ширин, ки дар ҳолати моеъ қарор дорад (30,1%) аз обҳои зеризаминӣ иборат буда, 10,53 млн. км3 ва ё 0,76% захираи умумии обро ташкил медиҳанд. Пас, маълум мешавад, ки ҳамагӣ 0,4% захираи умумии оби ширин дар минтақаи фаъоли мубодилаи об, яъне дар кӯлҳо, ботлоқҳо, маҷрои (рӯдкадаи) дарёҳо, хок ва атмосфера ба миқдори 134 ҳазор км3 вуҷуд дорад, барои инсон манбаи асосии истифода башумор меравад. Гарчи буғҳои об дар атмосфера ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 12 900 км3 ва ё камтар аз 0,0009%-и ҳамаи захираи обро ташкил медиҳанд, маҳз намии атмосфера манбаи асосии оби ширин дар кураи Замин мебошанд, тавассути гардиши об аз сатҳи баҳру уқёнусҳо, дарёву кӯлҳо ва мавҷудоти зинда ба атмосфера буғ шуда мегузарад, баъдан ба воситаи анбӯҳҳои ҳаво ба минтақа ва сарзаминҳои гуногун аз ҷумла ба болои музофотҳои кӯҳсор оварда дар шакли борону барф меборад, аз онҳо пиряхҳои кӯҳию материкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ташаккул меёбанд, олами зиндаро бо об таъмин карда мешавад. Чунин гардиши мунтазами об аз дарёҳо ба уқёнус ва аз уқёнус ба атмосфера ва аз он ба сатҳи хушкӣ ва боридани бориш нақши гармидиҳии офтоб бағоят бузург аст. Агар лаҳзае тасаввур намоем, ки ба ягон сабаби кайҳонӣ Офтоб аз гармидиҳӣ боз монд, онгоҳ давргашти оби ширин хотима меёбад, ҳамаи обҳо ба баҳру уқёнусҳо ҷамъ мешуданд.

Соле ба андозаи 55% энергияи офтоб, ки ба сатҳи замин омада мерасад, барои буғ намудани 577000 км3 об сарф мешавад, ва ин буғ ба атмосфера ворид мегардад. Аз ҳамаи оби бухор шуда, ба сатҳи хушкии замин 119 000 км3 ва боқимонда 458 000 км3 ба сатҳӣ уқёнус дар шакли бориш мерезад. Таъминкунандаи асосии оби ширин ин рӯду дарёҳо мебошанд. Дар як вақт захираи об дар маҷрои дарёҳо ба 2120 км3 ва обшораи солонаи онҳо ба 43 690 км3 баробар мебошанд, инсон метавонад мувофиқи имкон аз онҳо истифода намояд. Агар ин обро ба ҳар сари аҳолии ҷаҳон (7,5 млрд) тақсим намоем он гоҳ ба зиёда аз 5450 м3 мерасад, ки он нисбат ба талабот хеле зиёд мебошад. Пас, дар ҳар шабонарӯз ба ҳар сари сокини сайёра беш аз 15 000 литр мерасад, нисбат ба ҳамаи ба об талаб дошта, хеле зиёд мебошад. Агар давргашти обро дар табиат ба инобат гирем, пас захираи об тамомнашаванда ва абадӣ мемонад.

Тақсими об дар кураиЗамин нобаробар сурат гирифтааст, ки он ба инкишофи соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ва саноат таъсири назаррас мерасонад. Ин пеш аз ҳама ба хусусиятҳои сатҳи замини маҳал ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад. Масалан, дар минтақаи мӯътадил ва устувоӣ (экваториалӣ) ба ҳаркас 25 ҳазор м3 оби нӯшокӣ, вале дар минтақаи хушкӣ (биёбону нимбиёбон), ки 1/3 ҳиссаи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад, ба ҳаркас дар як сол ҳамагӣ 3 ҳазор м3 рост меояд. Ин қисмати обро ҳам аксар барои обёрии заминҳо истифода мебаранд.

Бояд гуфт ки таъминот бо оби дарёҳо дар байни қитъаҳои олам фарқи ҷиддӣ мавҷуд аст. Масалан, агар ҷараёни пурраи оби дарёҳо ба сари ҳар кас соле дар Авpyпo 4,76 ҳазор м3 ташкил кунад, пас ин нишондиҳанда дар Америкаи Ҷанубӣ 44,3 ҳазор м3 ва дар Австралия ва Океания бошад, ба 94 ҳазор м3 мерасад.

Аз давлатҳое, ки ҳоло дар миқёси дунё аз ҷиҳати захираи об  ба сари ҳар кас хеле бой ҳисобида мешаванд, ин дар қитъаи Осиё давлати Лaoc (63 ҳазор м3 оби равон ва 14 ҳазор м3 оби зеризаминӣ), дар қитъаи Африқо - Конго (120 ҳазор м3 оби равон ва 45 ҳазор м3 оби зеризаминӣ), дар Америкаи Шимолӣ - Канада (115 ҳазор м3 оби равон  ва 30 ҳазор м3 оби зеризаминӣ), дар Америкаи Марказӣ - Никарагуа (54 ҳазор м3 оби равон ва 22 ҳазор м3 оби зеризаминӣ), дар Америкаи Ҷанубӣ - Бразилия (48 ҳазор м3 оби равон ва 16 ҳазор м3 оби зеризаминӣ), дар Австралия ва Океания – Зеландияи Нав (128 ҳазор м3 оби равон ва 64 ҳазор м3 оби зеризаминӣ) рост меояд.

Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки дар муддати 100-150 соли oxир дар тамоми сайёраи мо ҳаҷми умумии обҳои равон қариб тағйир наёфтааст. Вале бо сабаби афзоиши аҳолӣ дар давоми як аср таъминоти об ба сари ҳар кас то 2,3 баробар кам шудааст. Ин нишондиҳанда солҳои охир бо суръат афзоиш мекунад. Дар се -чор даҳсолаи охир таъминот бо оби нӯшокӣ ба сари аҳалӣ нисбати солҳои 1950-1970 бештар аз 3 маротиба коҳиш ёфт. Ин вазъият дар аксарияти давлатҳои Осиё ва Африқо дар инкишофи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мушкилиҳои зиёдро ба бор овард. Масъалаи мазкур боиси ташвиши давлатҳои мутараққии ҷаҳон низ гардидааст, зеро оби кӯлу дарёҳо дар қитъаю мамоликҳо низ нобаробар тақсим шудаанд. Масалан, агар дар Африқо фақат 10 фоиз аҳолӣ ба таври доимӣ бо об таъмин бошад, ин нишондиҳанда дар Аврупо бештар аз 95 фоизро ташкил медиҳад. Чунин фарқияти таъмини об дар қитъаю мамлакатҳо пеш аз ҳама ба омилҳоии иқлимӣ, сатҳи замини маҳал вобастагӣ дорад. Дар саёраи мо сол то сол талабот ба оби нӯшокӣ зиёд мешавад ва дар солҳои 2001-2002 ин рақам зиёда аз 4 ҳазор км3-ро ташкил кард. Қисми асосии сарфи об ба кишоварзӣ, ки аксар барои обёрӣ истифода мешавад ва, сипас, ба соҳаҳои саноату хоҷагии таъминоти маъиши рост меояд.    

Дар айни замон дар сатҳи кураи Замин пиряхҳо дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн км3 мавҷуданд, ки ин 2/3 ҳиссаи захираи оби нӯшокиро ташкил медиҳанд. Бо ифодаи дигар, чунин миқдори пиряхҳо қодиранд, ки то 700 сол дарёҳои кураи Заминро бо об таъмин намоянд. Ҳисоб карда шудааст, ки майдони пиряхҳои тамоми сатҳи сайёраи мо ба 72,4 млн км2 мерасад, ки ин 14,2 % масоҳати Заминро ташкил медиҳад. Пиряхҳо дар сатҳи кураи Замин вобаста ба омилҳои иқлимӣ ва орографӣ нобаробар тақсим шудаанд.

Бештари пиряхҳо дар Антарктида – 13979000 км2, Америкаи Шимолӣ ва Гренландия- 2076550 км2, Осиё – 136760 км2, Аврупо 927140 км2, Америкаи Ҷанубӣ- 32300 км2, ҷойгир шудаанд. Дар Океания ва Африқо пиряхҳо камтаранд, дар Австралия бошад, пиряхҳо амалан вуҷуд надоранд.                                          

Ба ақидаи мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои сайёраи моро баробар ба сатҳи Замин тақсим намоем, ғафсии қабати ях ба 53 метр хоҳад расид. Дар сурати якбора обшавии қабати номбурда сатҳи уқёнусҳои ҷаҳонӣ метавонад то 64 метр баланд шавад. Чунин ҳолат боиси зери об мондани бисёр шаҳру водиҳои серҳосили кураи Замин дар майдони бештар аз 15 млн км2 мегардад. Албатта чунин яку якбора обшавии пиряхҳо дар сатҳи тамоми кураи Замин аз имкон берун аст, вале дар давраҳои хеле қадими геологӣ ҳодисаҳои аз ин ҳам зиёд пасту баландшавии оби уқёнусҳои ҷаҳонӣ ба вуқуъ омадааст.

Калонтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон ин пиряхи Хабборт дар кӯҳҳои Аляска (дарозиаш 145 км, Федченко дар Помир (дарозиаш - 77 км), Сиачен дар Қароқурум (дарозиаш - 75 км), Мулдрав дар Аляска (дарозиаш 72 км) ва ғайра мебошанд.

Сабабҳои косташавии оби ширин. Модоме, ки захираи об чунин бузург аст, пас барои чи норасогии об имрӯзҳо инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст?! Мушкилоти бо об таъмин намудани сокинони сайёра аз он манша мегирад, ки дар кураи Замин об нобаробар тақсим шудааст, аз ин хотир талаботи сокинони мамлакату сарзаминҳои алоҳидаро ба андозаи зарурӣ қонеъ кунонида наметавонад. Манбаи асосии оби нӯшоӣ ин боришоти атмосферӣ буда, дар сатҳи замин нобаробар мерезад. Дар минтақаҳои хушку тафсони Африкаи Шимолӣ, ҳамвориҳои Осиёи Миёна, водии дарёи Ҳинд, Австралияи Марказӣ, шарқии баҳри Миёназамин ва ғайра 100-200 мм бориш мешавад, он буғ гардида, рӯду дарёҳоро ташкил намедиҳанд. Дар минтақаю сарзаминҳои дигар бориш аз буғшавӣ бештар аст. Масалан, соле дар Хоҷаобигарм то 2500 мм, дар Батуми (Гурҷистон) 3000 мм, дар Черапунҷи (Ҳиндустон) 11000 мм, дар ҷазираҳои Гавайаи Шимолӣ 12093 мм бориш мешавад.

Дарёҳо ҳам дар сатҳи хушкӣ нобаробар ҷойгир шудаанд. Масалан, дарёи серобтарини ҷаҳон-Амазонка (дар Бразилия) обшораи солонааш 3500 км3, Конго-обшораи солонааш – 1305 км3, Ганг обшораи солонааш – 1200 км3, Енисей – 623 км3, Лена – 508 км3, Об- 398 км3, Амур – 350 км3 ва ғайра бештар дар маҳалҳои камаҳолӣ ҷойгир мебошанд.

Дар маҳалҳои зичаҳолии ҷаҳон дарёҳои начандон калону сероб ҷорӣ мешаванд, захираи оби онҳо кайҳост, ки барои бо об таъминкунии аҳолӣ ва корҳои ирригатсионӣ сарф мешаванд, оби баъзеи дигари дарёҳо бо сабаби ифлосӣ истифодаашон маҳдуд гаштааст.

Агар солҳои пешин мушкилоти норасогии об дар мамлакатҳои хушкзамину кабориш ва камоб ҳис карда мешуд, аммо ҳоло норасогии об дар минтақаҳои намноки (сербориши) кураи Замин, ки дорои захираи калони об мебошанд, низ ҳис карда мешавад, онҳоро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши босуръати аҳолии ҷаҳон, талаботро ба об бештар менамояд, вале оби нӯшиданибоб ба ҳар сари аҳолӣ то рафт камтар мешавад. Мувофиқи ҳисоби демографҳо аҳолии кураи Замин дар ибтидои солшумории мо 230 млн. нафарро ташкил медод, барои ду маротиба афзудани он 1550 сол лозим омад. Барои то асри XVII ду маротиба зиёд шудани аҳолӣ 200 сол ва дар асри XIX барои ду маротиба зиёд шудани аҳолӣ 100 сол, дар замони мо барои ду маротиба афзудани аҳолӣ аз 35 сол камтар вақт сарф мешавад. Ба замми он истеъмоли об дар ҳар 10-12 сол ду баробар меафзояд.

Масалан, дар сарзамини Осиёи Марказӣ масоҳати заминҳои обӣ аз 2,2 миллион гектари аввали асри ХХ то 9 миллион гектари ҳозира ва теъдоди аҳолӣ аз 20 миллион нафари соли 1956 то ба 63 миллион нафар дар соли 2010 афзош ёфтааст, ки ин дар навбати худ, боиси шиддат гирифтан муносибатҳои байни ҳамдигарии соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳатто дар дохили як мамлакат ба паёмадҳои номотлуб боис мегардад. Дар истифодаи оқилонаи захираҳои об саҳми занон, ки бештари корҳои манзилию коммуналӣ ба онҳо тааллуқ дорад низ бузург мебошад, ва бояд онҳо ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

Таълиму тарбия ва маданияти истифодаи захираҳои обиро дар тамоми қишри аҳолӣ баланд бардоштан аз аҳли хона, муассисаҳои то мактабӣ, мактабҳои миёнаю олӣ бояд сурат гирад. Дар ҳалли амалии ин масъала мураббиён, омӯзгорон, зиёиён, ходимони илм, коршносони соҳавии хоҷагии халқи мамлакат бе андоза калон аст, бетарафиро намепазирад. 

Дар баробари афзоиши босуръати аҳолӣ тамоюли урбанизатсия – тарзи ҳаёти шаҳрӣ (шаҳришавӣ) рӯ ба афзоиш дорад. Агар соли 1800-ум ҳамагӣ ду фоизи аҳолии ҷаҳон дар шаҳр зиндагӣ мекард, соли 1950 ба 30%, ба соли 2000-ум ба 60% расид. Бошандагони шаҳр нисбат ба аҳолии деҳот обро бештар харҷ мекунанд. Агар талаботи шабонарӯзии инсон дар асрҳои миёна ба об 12-25 литр буд, вале ҳоло бошандагони шаҳр барои корҳои маишию коммуналӣ аз 300 то 600 литр ва бештар аз он об талаб менамоянд, ба ин рақамҳо талаботи бо об доштаи саноат ва хоҷагии шаҳрӣ низ ҳамроҳ карда мешавад. Ҳоло барои сокинони ш. Ашқобод дар як шабонарӯз 500 л, барои сокинони Москва беш аз 600 л об талаб карда мешавад. Аз ин хотир манбаъҳои оби маҳаллӣ ин талаботро бо об пурра таъмин карда наметавонанд. Дар баробари ин шаҳрҳо то рафт калонтар ва сераҳолитар гаштаанд, ҳамсояшаҳрҳо ба ҳам васл шуда агломератсияҳои бузургро ташкил дода ба мегаполисҳо сабзида расидаанд, ки аҳолиашон ба 40-70 млн, ва ҳатто аз он бештар шудаанд. Табиист, ки бо об таъмин намудани чунин шаҳру аҳолии онҳо кори мушкил, заҳматталаб, мураккаб, қимматбаҳо буда, захираи калони обро талаб мекунанд, боиси норасогии об, маҳдудукунии истифода, чораҳои истифодаи сарфакоронаи обро талаб менамояд.

Талаботи болоравандаи об дар соҳахои кишоварзӣ яке аз сабабҳои норасоии об мебошад, зеро афзоиши босуръати аҳолӣ талаботро ба маҳсулоти хурока, маҳсулоти хоми саноати сабук, бофандагӣ ва ғайраро метезонад, барои рушди устувори ин соҳаҳо сарфи иловагии об талаб карда мешавад. Норасогии об дар як қатор малакатҳо боиси қашшоқӣ, камбизоатӣ ва гуруснагӣ гардидааст, азият мекашанд, аз як мамлакат ба мамлакати дигар фирор мекунанд. Заминҳои обёришаванда талафдиҳандаи асосии об мебошанд. Барои тайёр намудани ғаллае, ки аз он як бурида нони 100 грамма тайёр мешавад 150 литр об, барои тайёр намудани як табақча шавлаи биринҷӣ беш аз 500 л, барои тайёр шудани 100 г сабзавоту мева 100 литрӣ, барои 100 г қанд 150 л, барои 100 г гӯшт 2-3 ҳазор литр об сарф мешавад. Дар байни соҳаҳои саноат саноати химия ба об бештар ниёз дорад.               

Ва ниҳоят, сабаби дигари боиси косташавӣ ва норасогии захираҳои об мегардад ин ифлосшавии обҳои ҷорӣ зери таъсири рушди саноат, ки оби ифлосро ба дарёҳо сар медиҳанд, моддаҳои химиявӣ, нуриҳои маъданӣ ва заҳрхимикатҳо барои мубориза ба муқобили зараррасонандагони зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳалли ин масъалаҳоро чунин дарёфт намуд, ки оби ифлоси корхонаҳои саноатӣ, пастобаи (фораи) оби майдонҳои зироатпарварӣ ба дарёҳо ҳамроҳ нашаванд, обро ифлос накунанд, онро сарфаю сариштакорона истифода намоянд.

Ҳамин тариқ маълум мешавад, ки об ганҷинаи гаронбаҳо, атои нодири табиат, сарчашмаи ҳаёт, сафобахши зиндагист, онро бояд оқилонаю сарфакорона истифода намуд, аз ифлосшавӣ боздошт, муаммоҳои онро ҳал намуд, вагарна инсон ба решаи худ теша мезанад.

Аброров ҲУСЕЙН

ходими илмии Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи АИҶТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

Хондан 4608 маротиба