JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 15 Августи 2017 05:17

Кӯлоб- музофоти табобат, фароғат ва сайёҳат

Муаллиф:

  Музофоти Кӯлоб ноҳияҳои маъмурии Балҷувон, Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Мӯъминобод, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шӯробод ва Темурмалик- хосса собиқ вилояти Кӯлобро дарбар мегирад, 12,0 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дорад ва беш аз 1086 ҳазор нафар (с.2014) сокинон ҳаёт ба сар мебаранд.

  Музофоти Кӯлоб аз ҷиҳати табиат басо гуногунранг буда, аз ҳамвориҳо, теппакӯҳҳо ва аз кӯҳҳои баландиашон миёна (3500м) иборат аст. Боришот асосан зимистону баҳор- дар ҳамвориҳо 300мм дар доманакӯҳҳо 800мм вале, дар кӯҳҳо то 1200мм мешавад. Ин миқдори бориш барои зироаткории лалмӣ то андозае мусоид мебошад. Дар музофот набототи алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ фаровон аст, дар маҳалҳои алоҳида хосиятҳои бикри табиии худро нигоҳ доштаанд. Олами ҳайвонот низ гуногун буда, як қатор ҳайвонҳои нодир аз қабили бузи пармашох (морхур) дар собиқ ИҶШС танҳо дар ҳамин музофот дучор мешавад. Гуногунии табиати хоси ин ҷойро ба инобат гирифта мамнӯъгоҳи «Даштиҷум», парваришгоҳи «Даштиҷум», парваришгоҳи «Чилдухтарон», парваришгоҳи Норак, «Қаротов», «Боғи табиии Сарихосор»-ташкил карда шудааст.

  Музофоти Кӯлоб дар байни дигар музофотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сарватҳои рекреатсионӣ (таҷдиди саломатӣ) ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ба сарватҳои рекреатсионӣ мавҷудияти манзараҳои дилписанд: - ҷангалзорҳои сӯзанбаргу паҳнбарг, ёдгориҳои табиӣ, осори таърихию фарҳангӣ, мадрасаю масҷидҳо, зиёратгоҳҳо, мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо, чашмаҳои шириноб, чашмаю пармачоҳҳои обашон маъданӣ, кӯлҳои лойқаашон шифобахш, кӯлҳои дорои зуллукҳои тиббию табобатӣ, ғору мағораҳо, шаршараҳо, обанборҳо ва ғайра дохил мешаванд. Ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ захираҳои нодири рекреатсионӣ ва сайёҳиро ташкил медиҳанд. Дар байни ин сарватҳо обҳои маъданӣ ва лойқаҳо (гилҳо)- и табобатии кӯлҳо мақоми хос доранд. Мутаассифона чашмаҳои шифобахш ва алалхусус кӯлҳои лойқаашон давоӣ ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудаанд, ташвиқу тарғиби ин сарватҳо дар байни сокинони маҳал нокифоя ба роҳ монда шудааст, аз ин сарватҳо ба таври васеъ истифода намебаранд, инфрасохтори таҷдиди саломатӣ ташаккул наёфтааст, ки онҳо сабабҳои объективӣ (воқеъӣ) ва субъективӣ (шахсӣ) доранд.

  Бино ба маълумоти лимонологҳо (кӯлшиносҳо) дар марзи Тоҷикистон беш аз 1300 кӯл бо масоҳати умумии 709 км2 мавҷуд мебошад. Дар байни ин кӯлҳо 20 кӯле мавҷуд аст, ки обу лойқаи шифобахш доранд. То ба имрӯз доир ба кӯлҳои кишвар аз ҷумла доир ба кӯлҳои шифобахш таълифоти ҷамъбасткунанда арзи вуҷуд накардааст. Аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтем, ки доир ба чанде аз кӯлҳо, чашмаҳои шифобахш, мушкилоти истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо андешаронӣ намуда, бо ҳамин васила диққати роҳбарон, коршиносон, сармоягузорон, ҷамоатчиён ва дигарҳоро ба ҳалли ин масъалаҳои доманадор ҷалб намоем. Сабаби ба ин масъала рӯ овардани мо аз он манша мегирад, ки солҳои охир бо роҳу воситаҳои гуногун аз хориҷа доруҳои қалбакӣ, вақти истифодаашон сипарӣ шуда дохил гашта, на ба манфиати беморон, балки барзарари онҳо равон мегардад, нархашон хеле боло рафтаанд. Барои ҳамин ҳам қисме аз беморон аз дорухонаҳо дору намехаранд, ба табибони халқӣ, гиёҳшиносон муроҷиат мекунанд, ба курорту санаторияҳои обтабобату гилдаво рӯ меоваранд.

  Вазъияти пешомада масъулонро водор менамояд, ки ба ин масъала ҷиддӣ баҳо диҳанд, барои васеъ намудани муассисаҳои обдавою гилдаво саҳми бештар гузоранд, талаботи рӯзафзунро хубтар қонеъ гардонанд. Барои ба ҳалли ин масъала хубтар ноил шудан лозим аст, ки захираҳои табиию табобатӣ (обҳои маъданӣ ва кӯлҳои шифобахш)-ро ба таври маҷмӯъ (комплексӣ) омӯхта, баҳои дурусти тиббию табобатӣ диҳанд.

  Лойқаҳои шифобахш аз ҷиҳати пайдоиш вулқонӣ (дар назди конҳои нафт), гили сулфидӣ (сулфиди гидроген, гази карбонат, метан ва ғайра доранд – Оқсукон, Танобчӣ), лойқаҳои сапропилӣ (дар зери кӯлҳои норавон ва халиҷҳои баҳрӣ дар кӯлҳои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», кӯлҳои поёнҷараёни дарёи Панҷ, Помири Шарқӣ пайдо шудаанд), лойқаҳои торфӣ (дар маҳалҳои ботлоқзамин) мешаванд.

  Лойқаҳои шифобахш тавассути аломату хосиятҳои химиявӣ, физикӣ, механикӣ ва биологӣ (моддаҳои фаъоли биологӣ-витаминҳо, ферментҳо, ҳормонҳо) ба пӯсти бадани инсон ва системаи асаб таъсир расонида барангезишро ба амал меоранд, кори узвҳо ва системаҳои алоҳидаи баданро метезонад, мубодилаи моддаҳо авҷ мегирад, бо ғизо таъмин шуданро беҳтар мекунад, омосу варамҳоро бартараф, дардро таскин мебахшад ва ба сиҳатшавии узвҳо таъсири мусбат мерасонанд.

  Гилтабобатро ба беморони аъзоҳои такяву ҳаракат (аз ҷумла сутунмӯҳра, буғумдард, мушакҳо), ҷароҳату осебҳои дершифоёбанда, бемории аз зарбу лат хӯрдани маркази системаи асаб пайдошуда, асабҳои канорӣ, бемориҳои хоси занонаю мардона, иллати меъдаю рӯда, баъзе вайрониҳои рагҳои хунгард тавсия дода мешавад.

Гилдаворо барои бемориҳои илтиҳоби шадид, бемории харчанг(рак), силкасал, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, лоғаршавии умумии бадан ва ғайра тавсия дода намешавад.

  Ҳамагуна навъу намудҳои бемориро на воситаҳои нави ташхис, доруворӣ, обу лойқаҳои шифобахш, балки табиби ҳозиқ табобат мекунад, мутаассифона, «духтур ҳама ҷо, вале табиби ҳозиқ ҷо-ҷо».

  Бояд гуфт, ки илми пеллоидшиносӣ (гилдавошиносӣ) ин илми комплексӣ мебошад. Дар таҳқиқи ин соҳаи илм бояд табибон, гидрогеологҳо, гидрохимикҳо, гидробиологҳо, гидрофизикҳо ва географҳо ҳамкории зич дошта бошанд. Мутаассифона, ҳанӯз чунин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ташаккул наёфтааст, вагарна кӯлҳои шифобахшро барвақттар ва саҳеҳ омӯхта, истифодаи самараноки онҳоро васеъ ба роҳ монда мешуд. Ҳоло кори зиёд, мушкил, заҳматталаб, вале боифтихор дар пеш аст.

  Кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон аз ҷиҳати пайдоиши гудолашон (котловинаашон) тектонӣ, дарёкӯлӣ, карстӣ ва пиряхӣ мешаванд. Ин кӯлҳо дар марзи Тоҷикистон нобаробар ва дар минтақаҳои биёбонию нимбиёбонии субтропикӣ ва баландкӯҳи Помир воқеъ гардидаанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам шароити табиию географӣ барои зиндагӣ ва қабули гилдаво чандон созгор нестанд, вале ҳангоми фароҳам овардани шароити мӯътадил ин носозиро бартараф ва барои табобати ғайри гилдаво (бемории гурда) низ муваффақ шудан мумкин аст.

  Дар музофоти Кӯлоб аз кӯлҳои карстии Афғонделӣ, Дилоро, Пӯшион ва Танобчӣ маълуманд. Кӯлҳои Танобчӣ дар ноҳияи Темурмалик воқеъ гаштаанд, ки ба гурӯҳи Шарқӣ ва Ғарбӣ ҷудо мешаванд. Намакоби табобатии кӯлҳои Шарқӣ ба типии сулфатию натригӣ мансуб буда, маъданнокиашон баҳорон 35 мг/л ва тобистон 320 г/л-ро ташкил медиҳанд. Намакоби муолиҷавии кӯлҳои Ғарбӣ ба типии хлору магнигӣ мансуб буда, маъданнокиашон то ба 330 г/л мерасанд. Захираи лойи кӯлҳои Танобчӣ аз рӯи дараҷаи А+В ба 19,3 ҳазор тонна баробар буда, ба талаботи гилдаво ҷавобгӯй мебошад. Бошандагони маҳаллӣ дар моҳҳои июлу август аз лойқаи шифоии ин кӯлҳо баҳрабардорӣ мекунанд. Мутаассифона, ин маводи табобатӣ истифодаи босамари худро наёфтааст.

  Дар наздикии деҳаи Шаҳраки ҷамоати Кӯлчашмаи ноҳияи Мӯъминобод дар баландии мутлақи 1670 м кӯли хурде бо номи Ғӯзачок (Ғӯзачоғ) (мавзеи Чилдухтарон) ҷойгир шуда, 4,5 га масоҳат дорад, бо мавҷудияти зуллук (шуллук)-и табобатиаш шӯҳрати хос дорад. Дардмандон баҳри табобат аз ин офаридаи табиат истифода мебаранд.

  Зуллукҳо аз 0,2 то 15 см дарозӣ доранд, ранги баданашон сиёҳ, хокистарранг ва сиёҳтоб мешаванд. Онҳо хун ва шираи бадани ҳайвонотҳоро мемаканд. Ғадудҳои оби даҳони зуллукҳои шифобахши хунмак гирудин ном модда ҷудо мекунад, ки он басташавии хунро нигоҳ медорад. Ҳангоми газидани зуллукҳо аз оби даҳони онҳо ба организми инсон моддаҳои фаъоли биологӣ (витаминҳо, ферментҳо, ҳормонҳо) ворид мешаванд. Ғадуди оби даҳони зуллукҳои шифобахш таъсири бисёрҷабҳа- моддӣ, энергетикӣ ва рӯҳӣ бахшида, ба сиҳатёбии бемориҳои дилу рагҳои хунгард, аъзои нафаскашӣ, ҳазми хӯрок, гинекологӣ, урологӣ, неврологӣ, ҳаракату такягоҳ, пӯст, шамолхӯрӣ, чашм, бинӣ ва ғайра кӯмак  мерасонад. Тавсия ва табобат бо зуллукҳо бояд зери назорати табибон  гузарад, вагарна ба бемор зиён расонида метавонад. Худмуолиҷакунӣ манъ аст. Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, баҳри истифодаи оқилонаи ин кӯл ва зуллукҳои тиббии он тадбиру чораҳои мушаххас меандешид.

  Дарёкӯлҳои канори гумбази намаки Хоҷамӯъмин дар самти ғарб ва ҷанубуғарбии ин гумбаз, ки аз гаҷу намаки давраи юраи болои геологӣ иборанад, воқеъ гардидаанд, ба дарёи Чубак наздиканд, барои ҳамин ҳам ин кӯлҳоро боқимондаи дарёи Чубак ҳам меноманд. Болои қабати гаҷу намакро қабати тунуки лиёссмонанди реггилхоки миёнаи давраи чорӯми геологӣ фаро гирифтааст.

Қитъаҳое, ки дар он ҷо кӯлҳо ҷойгир шудаанд аз таҳшониҳои реггилхок ва шағалии давраи чоруми болоии геологӣ иборат мебошад. Аз байни ин такшониҳо чашмаҳои сершумор берун меоянд, ки масрафашон аз 0,02 то ба 1,5 л/сония ва аз ин ҳам зиёдтар мебошанд.

  Оби ин чашмаҳо аз ҷиҳати таркиби химиявӣ хлоридию натригӣ ва хлоридию сулфатию натригӣ буда, маъданнокиашон ба 255-263 г/дм3 мерасанд. Масраф ва маъданнокии оби ин чашмахо ба миқдори бориши меборида алоқаманд мебошанд. Ташаккули оби ин чашмаҳо ба даварон (давргашт) ва полидашудани оби аз байни қабатҳои такшониҳои гаҷу намак гузаранда вобаста мебошанд.

  Яке аз таркиботҳои хоси оби ин чашмаҳо аз он иборат мебошад, ки кислотаи борат (19,5 мг/л) ва бром доранд. Таҳлили спектралӣ ошкор намуд, ки дар таркиби оби чашмаҳо бо миқдори ниҳоят кам алюминий, стронси, манган, титан, мис, нуқра, ванадий ва ғайра дигар унсурҳо мавҷуданд.

Ҳамаи ин кӯлҳо боқимондаи маҷро ва печутоби қадимаи оби дарёи Чубак мебошанд.

  Дарёкӯлҳои маҷрои қадимаи дарёи Чубекро аз ҷиҳати мавқеи географиашон ба Шарқӣ, Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ чудо мекунанд, аз ин гурӯҳҳо кӯлҳои Шарқӣ ва Шимолӣ қиммати хуби шифоӣ доранд.

Кӯлҳои Шарқӣ 170-180 м дарозӣ, 3-17 м паҳнӣ ва 0,25-1,0 м умқ доранд.

  Қаъри ин кӯлҳо бо лойқаи сиёҳи часпак ва ҳарораташон гарм (25-500С) пӯшидашуда аст. Ғафсии лойқа аз 0,1-0,2 ва то ба 3 метр мерасад. Захираи умумии лойқа қариб ба 110-120 м3 мерасад, инчунин дар канори кӯлҳо лойқаи хушк шуда 5-10 см ғафсӣ дорад. Ҳар қадар ғафсии лойқа зиёд бошад, ҳарораташ ҳамон қадар баландтар мешавад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди геохимиявӣ бо шиддат мегузаштааст.

  Ғизогирии кӯлҳо аз ҳисоби полоиши (филтратсияи) оби намакдори дарёи Чубек рух медиҳад, зеро оби дарё аз сатҳи кӯлҳо баландтар воқеъ гаштааст. Ба дарёкӯлҳои Шарқӣ инчунин оби чашмаҳои шӯри аз гумбази намакии Хоҷамӯъмин сарчашмагиранда омада дохил мешаванд.

  Маъданнокии шӯробаи дарёкӯлҳои Шарқӣ аз 57,82 г/дм3 (қисми шимол) то ба 110-134 г/дм3 мерасад. Таркиби химиявии чашмаҳои кӯлҳои Шарқӣ хлоридию натригӣ мебошанд.

  Кӯлҳои Шимолӣ шимолтар аз кӯлҳои Шарқӣ чойгир шуда 230-250 м дарозӣ, 15-40 м паҳнӣ, 0,1-1,0 м умқ доранд. Захираи лойқаи дар ин кӯлҳо ҷой гирифта тақрибан ба 160-170 м3 мерасад. Ғафсии лойқа аз 0,1 то ба 0,5 м ва ҳарорати он аз 25 то ба 450С мерасад. Дар қисми марказии кӯл ғафсии лойқа ба 50 см баробар аст.

  Маъданнокии шӯробаи кӯлҳои Шимолӣ 36-51 г/дм3, яъне чандон баланд нест, зеро оби каммаъдани (10 г/дм3) рӯди Чубек ба кӯл дохил мешавад ва маъданнокии оби кӯлҳоро паст мекунад. Дар оби дарёкӯлҳои Шимолӣ кислотаи борат (58,8 мг/л дар қисми шимолу ғарб) мавҷуд аст. Лойқаи давоии кӯлҳои атрофи гумбази намаки Хоҷамӯъмин то ба имрӯз ҳамчун маводи табобатӣ истифода намешаванд.

Захираҳои маъдании намаки гумбази Хоҷамӯъмин ва дарёкӯлҳои атрофи он се самти муҳими истифодашаванда доранд:

- барои гирифтани намаки оши захираи ниҳоят калон (30 миллиард тонна) мавҷуд мебошад. Ҳоло истихроҷ, коркард ва бастабандӣ тавассути завод, ки солҳои охир ба кор даромад, иҷро карда мешавад;

- самти дуюм истифодаи балнеологии (обугилдаво) лойқаи баландҳарорат барои табобати бемориҳо мебошад. Дар ин самт кори муфид анҷом дода нашудааст. Баъзан дар шӯробаи аз дохилии ғорҳо бароянда ва дарёкӯлҳо дербоз одамон ба худмуолиҷакунӣ машғул мешаванд, ки ба талаботи замон мувофиқ нест;

- дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон нафақат лойқаю шӯробаи кону кӯлҳои намакиро барои муоличаи маризон истифода мебаранд, балки ғорҳои намакиро ҷиҳозонида барои табобати бемориҳои диқки нафас (тангнафасӣ) истифода мебаранд;

- барои босамар истифода бурдани намак, шӯробаи рӯдҳо, ғорҳои намакӣ ва дарёкӯлҳои давоӣ месазад, ки дар ин мавзеъ маҷмааи серсоҳаи истеҳсоли намак ва муассисаҳои тиббию табобати созмон дода шавад.

  Дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон мавзеъҳои фишори баланди атмосферӣ доштаро ҳамчун воситаи шифобахш дар амалияи тиб истифода мебаранд. Хеле барвақт мутахассион дарк намуда буданд, ки ғорҳо ва нақбҳое, ки нишебона чуқур мераванд, дар он ҷо фишори атмосферӣ баланд аст. Махсусан ғорҳо ва нақбҳое, ки нисбат ба сатҳи баҳр паст ҷойгир шудаанд, фишори атмосферӣ баланд аст. Дар чунин ҷойҳо нафасгири барои беморони диққи нафас осонтар мебошад. Яке аз чунин ғорҳо дар доманаи қаторкӯҳи Копетдоғ (аз калимаҳои туркии «Куп» - бисёр ва «тоғ» (даг) - кӯҳ баромада маънои кӯҳи бисёр ва ё бузургро дорад)-и Ҷумҳурии Туркманистон воқеъ буда, Бахарден ном дорад. Дар қаъри ин ғор, ки 60 м умқ дорад, кӯли начандон калони оби гарм дошта воқеъ гаштааст, 75 м дарозӣ, ба ҳисоби миёна 14 м паҳнӣ ва 12 м умқ дорад. ҳаҷми оби ин кӯли зеризаминӣ 6500 м3 аст. Оби кӯл 35-380С гармӣ дорад. Таркиби об калсию натригӣ ва хлоридию сулфатӣ буда, маъданнокии умумиаш ба 2780 мг/л баробар, гидрогенсулфур (10,5 мг/л) ва бор (3,5 мг/л) дорад. Ғор бо нерӯи барқ чароғон буда, барои ба умқи ғор фаромаду баромад кардан нардбон сохта шудааст. Ғорро бо мақсади табобат ва тамошо истифода мебаранд.

  Дар марзи Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ноҳияи Шёнбек барои табобати беморон нақби намакиро (аз он намак истихроҷ шудааст) истифода мебаранд. Беморонро ба ин нақб то ба умқи 400 метр мефароранд, ва шабро он ҷо мегузаронанд, инчунин ғор-нақбҳои Солотвинои Украина, Чон-Тузии Қирғизистон аз ҳамин қабиланд. Шабона дар чунин нақб хоб рафтан имконият медиҳад, ки ҳавои аз намак ғанӣ ва фишори баланд доштаро нафас кашад. Чунин маҷмӯи шароити табиии нақб имконият медиҳад, ки бемориҳои диққи нафаси бронхиалӣ ва касалиҳои пӯстро табобат намоянд. Баъзе аз ғорҳои гумбази намаки Хоҷамӯъминро ба ин мақсад мувофиқ (таҷҳизонида) намуда истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст:

- бояд гуфт, ки дар як қатор мамолики ҷаҳон ғорҳои гуногунро муҷаҳҳаз намуда, онҳоро баҳри саёҳат ва табобат истифода мебаранд. Дар ин самт ҳам гумбази намаки Хоҷамӯъмин ва Хоҷасартез имкониятҳои хуб доранд;

- дар ин кори хайр маблағгузории давлатӣ, инфиродӣ (хайрҳоҳон) ва саҳмиягузорони хориҷиро истифода бурдан, қиммати хӯби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва фархангӣ пайдо менамояд.

Дар музофоти Кӯлоб бо баробари обҳои ширин ва шӯру талхмазза обҳои маъдании шифобахш низ дучор мешаванд, дар шакли табиӣ ва ё чашмачоҳҳои сунъӣ кофта шуда ба сатҳи замин баромадаанд, аз ҷиҳати масраф, таркиби химиявӣ, ғилзат (консентратсия) ва ҳарорат аз якдигар тафовут доранд. Масрафи оби чашмаҳо аз 0,01 то 25,0 л/сон ва чашмаҳое ҳастанд, ки масрафашон ба 92,0 л/сон (Олимтой) ва 231 л/сон (Танобчӣ) мерасанд. Маъданнокии оби чашмаҳои шифобахш дар доираи аз 20-30 г/дм3 то 257,0 г/дм3 тағйир меёбанд.

Обҳои маъдании музофоти Кӯлоб хусусиятҳои муқаррарӣ дошта, ба гурӯҳҳои гидрогенсулфидӣ, йоду-бромӣ ва оксигенӣ-нитрогении оҳандор марбутанд.

  Чашмаҳои маъдании Сурхоб-Танобчӣ, Пӯшион ба гурӯҳи гидрогенсулфидӣ мансуб буда, аз гидрогенсулфур, гази карбонат, йод, бром, кислотаи силикат, фтор, стронсий, рубидий, сезий ва радон бой мебошанд. Ин навъ обҳо барои табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, асабҳои канорӣ (аз сутунмӯҳра бароянда) ва аъзоҳои такяву ҳаракат истифода бурдан муфид аст, вале то ҳол ин обҳо ба таври оқилонаю самаранок истифода намешаванд.

Дар майдони Гулдара ва Хамида аз пармачоҳҳо оби маъданӣ ҷорӣ мешаванд, қиммати шифоӣ доранд.

  Дар майдони Бештентоғ оби маъдании аз йоду бром ғанӣ буда мавҷуд аст, 12,7-24,0  мг/л йод ва 22,4-26,6 мг/л бром дорад. Чунин обҳо на танҳо қиммати табобатӣ, балки аҳамияти саноатӣ низ доранд. Дар ҳолати созмони иншоотҳои махсус аз чунин обҳо йоду бром ҷудо карда гирифтан мумкин аст.

  Дар майдони Деги Маҳмуди Чубак оби хлориду натрий ва оҳандор ошкор карда шудааст, ҳарорати об ба 560С (66,40С) мерасад. Дар ноҳияи Фархор чашмаи обаш гарми Сайёд (Сайят) мавҷуд мебошанд. Ин обҳои гармро барои гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ, муассисаю идораҳои корӣ ва гармхонаҳо истифода бурдан салоҳ аст, харҷи сӯзишворӣ ва энергетикиро коҳиш медиҳад.

 Дар музофоти Кӯлоб ғайр аз чашмаҳои маъдании шифобахш  инчунин чашмаҳои оддии шириноби  нушоӣ дар ноҳияи Данғара, Балҷувон, Мӯъминобод, Сарихосор, Ховалинг ва ғайра чашмаҳои Зулфиқор, Сикандар, Хушобак, Қуруш, Чилчанор, Шифо, Шӯрак, Калот, Толеъ, Чашмаи Ҷӯшон, Бедаво, Шокиён, Мунк, Хунукак ва ғайра бисёранд, нӯшидани онҳо ба кас ҳаловат мебахшанд.

  Айни замон дар заминаи обҳои маъдании шифобахш, гилҳои давоӣ ва манзараҳои зебои музофоти Кӯлоб санаторияҳои «Тосқалъа», «Мӯъминобод» ва истироҳатгоҳи  «Чилдухтарон» баҳри табобату фароғати мардум хизмат мерасонанд. Бояд гуфт, ки чунин миқдори муассисаҳои  рекреатсионӣ барои ин музофоти калон ва дорои захираҳои беҳамтои  таҷдиди саломатӣ басо нокифоя ва аз ҷиҳати дараҷаи хизматрасонӣ ба талабот мувофиқ нестанд. Агар дараҷаи ташкили табобату фароғат дар муассисаҳои рекреатсионии музофоти Кӯлоб хуб ба роҳ монда мешуд, ҳоҷатмандонро зарурияти ба «Баҳористон»-и соҳили обанбори Қайроққум ва ё «Зумрад»-и Исфара рафтан намемонд. Биноан лозим аст, ки минбаъд шумораи муассисаҳои таҷдиди саломатиро афзун ва дараҷаи хизматрасониро ба талаботи замон баланд бардошта шавад.

  Ҳамин тариқ маълум мешавад, ки гумбази намаки Хоҷамӯъмину Хоҷасартез, рӯду ғорҳои канори онҳо, дарёкӯлҳои канори рӯди Чубак, обҳои маъданӣ захираю имкониятҳои  ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашудаи рекреатсионӣ-сайёҳӣ доранд. Аз ин лиҳоз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,  муассисаҳои дахлдорро лозим аст, ки бо истифодаи мутахассисон, коршиносон лоиҳаи истифодаи комплексии ин мавзеъро ҳаматарафа коркард намуда, барои дастгири ва амалигаштани лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумхури пешниҳод намоянд, чунонки дар урфият мегӯянд - «кори имрӯзро ба фардо магузор».

  Табиати афсункори музофоти Кӯлоб баҳри табобат, истироҳат ва сайёҳат сарватҳои нодир офаридааст. Месазад, ки дар заминаи кӯлҳои лойқаашон табобатии Танобчӣ, оби маъдании Сурхоб (Қизилсӯ), лойқаи давоии Хоҷамӯъмин-Чубак ва чашмаҳои маъдании атрофи онҳо, инчунин ғорҳои намакии гумбази Хоҷамӯъмин ва кӯли Ғӯзачоғи ноҳияи Мӯъминобод, се маҷмааи (комплекси) тиббию табобатӣ бунёд карда шавад. Ин амал имкон медод, ки ҳаракати табобатгирандагону истироҳаткунандагон ба Оқсукон, «Баҳористон» ва «Зумрад»-и шимоли Тоҷикистон коҳиш дода шавад. Хуб мешуд, ки дар ин кори хайр соҳибкорон, бозоргонҳо, коршиносон, хайрхоҳон ва ғайра саҳмгузорӣ мекарданд.

  Чанд сол қабл Вазорати тандурустии Тоҷикистон масъалаи истифодаи босамари захираю имкониятҳои гунбази намаки Хоҷамӯъмин ва атрофи онро ба миён гузошта буд, вале ин масъалаи ҳаётан муҳим ҳалли худро то ба ҳол наёфтааст. Тавре мегӯянд: «Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем»! Ташкили экотуризми дохилӣ ва байналхалқӣ дар гумбази намаки Хоҷамӯъмин, мамнӯъгоҳи «Даштиҷум», парваришгоҳи «Чилдухтарон», боғи табиии «Сарихосор», обанбори Мӯъминободу Селбур ва дарёкӯлҳои Чубак ва дигар соҳаҳои дар боло номбаршуда самараи зиёдеро ба бор оварда метавонад. Қайд менамоем, ки ин амали хайр ва фоидаовар дар ибтидо каме харҷи маблағ ва ташаббускориро металабаду бас. Бояд гуфт, ки созмони корхонаи бузурги коркарди намак ва истифодаи комплексии захираҳои атроф аҳамияти бисёртарафа дорад. Маълумотҳои мавҷуда ба он далолат мекунанд, ки соле ба воситаи оби чашмаҳои зери ғорҳои намаки Хоҷамӯъмин 4,6 млн. тонна намаки оши шӯста шуда, манбаи шӯршавии обҳои атроф мегарданд. Агар корхонаи серсоҳаи намак бунёд мегардид, пеш аз ҳама масрафи беҳудаи ин неъмати худодо гирифта мешуд, эрозияи замин, шӯршавии замину оби дарёҳо то андозае коҳиш меёфт. Дуюм, мардуми қисман бекори музофоти Кӯлоб, аз ҷумла занону модарон ба ҷои кори доимӣ таъмин ва муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон бо хориҷи кишвар коҳиш меёфт. Билохир аз содироти намак, гилтабобат ва сайёҳӣ буҷети ҷумҳуриявӣ боз ҳам ғанитар гардида, некуаҳволии мардуми музофоти Кӯлоб боз ҳам хубтар мегардид.

  Хулоса аз тавсифи мухтасари андешаҳои дар боло овардашуда бар- меояд, ки дар музофоти Кӯлоб захираи лойқаҳои шифобахш дар дохили кӯлҳо, обҳои маъдании шифобахш фаровонанд, вале онҳо ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудаанд. Чунин вазъият боиси он гардидааст, ки ин захираҳо ба таври оқилонаю самарабахш истифода намешаванд. Доир ба истифодаи оқилона ва ҳифзи ин неъматҳои нодири табиат тадбиру чораҳои судманд андешида нашудаанд. Дар ҳолати фароҳам овардани шароити хуби табобат ва истироҳат давоҷуён ба хориҷи мамлакат ва ноҳияҳои дурдаст камтар мераванд, асъори миллӣ камтар талаф меёбад, дар дохили мамлакат табобат мегиранд, муассисаҳои тиббӣ-табобатӣ афзун мегарданд, одамон бо кор бештар таъмин мешаванд, шароити зиндагиашон беҳбудӣ меёбад.

Аброров ҲУСЕЙН,

ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИҶТ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017

Хондан 2470 маротиба