JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 04 Январи 2021 04:40

Таъсири корхонаҳои кӯҳӣ ба табиат

Муаллиф: Тошов Ф.М., Қурбонов Ш.А., Самиҳов Ш.Р/

  Инсон қобилияти офаранда ва эҷодкунанда дорад ва дар қуллаи фатҳ намудааш қарор намегирад. Фатҳи қуллаҳои нави мақсадро ба худ вазифа мегузорад ва баҳри ба даст овардани он мекӯшад. Дар ҳар ҷое, ки инсон фаъолият мебарад, ба он муҳит таъсири худро нарасонида наметавонад. Ҳар қадар техникаву технология тараққӣ кунад таъсир ҳамон қадар ба муҳит зиёд мешавад.   Техникаву технология дар ҳама соҳаҳо, аз он ҷумла дар саноати кӯҳӣ-металлургӣ низ асосан дар асри ХХ равнақ ёфта, хеле пеш рафт. Дар тӯли ҳазорсолаҳои фаъолияташ инсоният ба табиат қариб, ки таъсири чашмрасе нарасонидааст. Аммо дар давоми сад соли охир таъсири инсон ба муҳит то ба ҳадде расид, ки … сатҳи Замин дигаргун шуд. Зиёда аз 90 %-и қитъаи Африқоро то аввали асри ХХ ҷангалзор ташкил мекард. Ҳоло дар ин қитъа қариб 10% ҷангал боқӣ мондааст. Дар сатҳи Замин сӯрохиҳои бузурги сунъӣ – конҳои кушод ба вуҷуд омаданд, ки ҳатто аз кайҳон намудор аст. Корхонаҳои кӯҳӣ маҳсули эҷодиёти инсон мебошанд. Корхонаҳои кӯҳӣ – корхонаҳои азиме, ки Заминро «канда» «мехуранд». «Зиёдатиаш»-ро «мепартоянд». Ба куҷо? Ба Замин!  Дар натиҷа партовгоҳҳои бузург ба вуҷуд меоянд, ки масоҳати хеле калони заминро ишғол мекунанд. Дар расми 1 кони кушоди Эскондида оварда шудааст. Соли 1991 ширкати Minera Escondida Mining Co. ба коркарди кони дуюми худ – кони маъдани мис шурӯъ кард. Танҳо дар худи ҳамин кон зиёда аз 2950 нафар бо ихтисоси худ кору фаъолият мебаранд. Ширкати мазкур асоси иқтисодиёти Чилиро ташкил медиҳад. 

  

Расми 1. Кони кушоди Эскондида (Escondida), Чили

  Дар расми 2 кони кушоди Бингҳэм (Bingham), ки дар ИМА ҷойгир аст, акс ёфтааст. Чуқурии ин кон 1,2 км ва дарозии он 4 км (!) аст. Дар ин кон корҳои истихроҷӣ 150 сол боз давом дорад. Дар кон зиёда аз 1400 нафар кӯҳканон кору фаъолият мебаранд. Аз кон маъдани тиллою мис истихроҷ карда мешавад.  Яке аз оддитарин таъсири конҳои кушод ба табиат ин аст: масоҳати калони замин шикофта мешавад; баланси обии зеризаминӣ вайрон мешавад, яъне дар дигар гӯшаи замин чанд чашма хушк шуд (зеро хати он бурида шуд). Хушкшавии чашмаҳо ба нестшавии наботот ва ҳайвонот сабабгор мешавад; аз ҳаҷми ниҳоят калони ҷинсҳои кушоянда кӯҳ-теппаҳои сунъӣ (расми 3) ба вуҷуд меоянд, ки онҳо низ масоҳати калони заминро ишғол мекунанд ва дигар дар он қитъа наботот намерӯяд. Чун корхонаҳои кӯҳӣ, ки ниҳоят азим ҳастанд дар онҳо мувофиқан таҷҳизотҳои бузургҷусса ва пуриқтидортарин истифода бурда мешавад. Liebherr T 282 (расми 4) истеҳсоли Швейтсария, ширкати Лейбҳер. Мошини боркаш махсус барои конҳои кушод. Бо тавоноии борбардориаш 363 тон. Андозаи мошин – 14,5 х 8,8 х 7,4 метр. Қувваи муҳаррикаш ба 3650 қ. а. баробар аст. Бо ҳамин қадар бузургҷуссагиаш нигоҳ накарда бо суръати 64,4 км/соат ҳаракат мекунад.

Расми 2. Кони кушоди Бингҳэм (Bingham), ИМА. Ҳамагк 150 сол пеш дар ин ҷо набототи гуногун мерӯид ва макони ҳайвоноти бешумор буд. Ҳоло ин ҷо макони таҷҳизотҳои пуриқтидор аст.

Ширкати ҷопонии Komatsu яке аз лидерҳои ҷаҳонӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои боркаш мебошад. Автомобили боркаши навъи Komatsu 960E бо муҳаррики қуввааш 3500 қ.а. буда ҷиҳозонида шудааст. Тавоноии борбардориаш 327 тонна. Беларусия ҳам қафо монданк нест. Боркаши маркаи БелАЗ-75600 (расми 5) то 320 тонна бор мебардорад.

Расми 3. Тӯдаи ҷинсҳои кушоянда

Расми 4. Liebherr T 282 дар намоишгоҳ.

Расми 5. БелАЗ-75600.

  Ширкати ҷопонии Komatsu ғайр аз боркашҳо боз истеҳсоли булдозерҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Вазни булдозери карйерии Komatsu D575A-3SD (расми 6) ба 114580 кг мерасад. Қувваи муҳаррикаш 1150 қ.а. мебошад. Булдозерҳои Caterpillar D11T ва LeTourneau D-950 104000 кг вазн дошта тавоноии муҳарикҳояшон мувофиқан 783 ва 634 кВт аст. Ширкати ҷопонии Komatsu яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунанаи таҷҳизотҳои кӯҳк мебошад. Таҷҳизотҳои карйерии истеҳсолнамудаи ин ширкат аз таҷҳизотҳои калонтарин ба ҳисоб мераванд.

Расми 6. Булдозери Komatsu D575A-3SD.

  Машинаи борбардори карйерии LeTourneau L-2350 (расми 3) 260 тон вазн дорад. Вай бо як «газидан» қодир аст 75 тон ҷинсро гирад ва ба баландии 14 метр бардорад. Ҳаҷми зарфи сӯзишвориаш 4000 л аст. Суръати ниҳоиаш – 15 км/соат. Нархаш аз 7 млн доллари ИМА зиёд аст.  Дандонҳои тези пӯлодиаш дар офтоб ҷило медиҳанд ва гӯё ин ҷонвар ҳар замон бо газидани маъдан дандонҳояшро тез карда меистад. Оё медонед, ки машинаҳои дар боло оварда шуда азимтарин нестанд? Чӣ, магар аз онҳо боз калонтар ҳам ҳаст? Бале, ва хеле калон. Машинаҳои дар боло оварда шуда дар назди он хеле кӯшаканд. Онҳо «кӯҳро талқон мекунанд». Ба расмҳои 7 ва 8 нигаред. 

Расми 7. Тасмашархҳои экскватори Begger 288.

  Намуди умумии Begger 288 ҳангоми кор дар карйера дар расми 4 оварда шудааст. Begger 288 бо якшанд муҳаррикҳои бузурги барқӣ кор мекунад. Сарфи барӣ дар як рӯз бо сарфи якрӯзаи барқи як шаҳри на он қадар калон баробар аст. Барои он ки коргарон овора шуда вақти зиёд сарф намуда ҳар замон аз экскватор нафароянд, дар дохили он ошхона, ҳоҷатхона ва захираи бузурги оби тоза мавҷуд аст. 

Расми 8. Ковши ротории экскватори Begger 288. Ҳар як ковши алоҳидаи ротор 6,6 м3 ғунҷоиш дорад.

Begger 288 пурра ба воситаи электроника идора карда мешавад. Бо ин қадар вазни калонаш бо 12 тасмашархҳои 3,8 метра ҳангоми ҳаракат ба замин ҳеҷ зараре намерасонад. Begger 288-ро ба қисмҳои алоҳидаи бешуморе ба карйера оварда насб мекунанд. Барои сохтани ин экскватор 5 сол вақт сарф шудааст (соли 1978 ба истифода дода шуд). Ин экскваторро ширкати олмонии «Крупп» бо харҷи 100 миллион доллари ИМА махсус барои истироҷи ангиштсанг сохтааст. Begger 288 мӯъҷизаи муҳандисии дасти инсоният мебошад. Таҷҳизотҳои дар боло оварда шуда ҳамарӯза дар миқёси ҷаҳон миллиардҳо тонна ҷинсҳои кӯҳиро истихроҷ намуда барои коркард аз як ҷой ба дигар ҷой мекашонанд. Дар натиҷаи равандҳо ва амалиётҳои кӯҳӣ минтақаҳои вайроншудаи табиат пайдо шуда, зуд васеъ мешаванд ва меафзоянд. Шумораи карйераҳои азим ва масоҳати партовгоҳҳо афзуда партовгоҳҳои нав ҳосил мешаванд. Барои партовгоҳҳои фабрикаҳои бойгардонӣ асосан заминҳои ҳамворро истифода мебаранд. Партовгоҳҳо ҷонварони атрофро метавонанд заҳрнок намуда нобуд созанд (расми 9).

Расми 9. Чунин намуд дорад манзараи ҳузнангези замин, ки ба партовгоҳи фабрикаи бойгардонк табдил дода шудааст.

  Умуман, таъсири саноати кӯҳӣ ба табиат шунин тасниф мешавад (аз рӯи тасинифи олими ҷопонӣ М.Накао): 1.Фурӯравии сатҳи замин дар натиҷаи пайдо шудани муҳити холигӣ дар қишри замин пас аз баста шудани шахта; 2.Зарар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва моҳипарварӣ аз ҳисоби кашидани обҳои зеризаминӣ ва ба сатҳ партофтани обҳои коркардшуда (ифлос); 3.Зарар ба хоҷагиҳои ҷангалдорӣ аз ҳисоби ихроҷи газҳо, шангҳо ва обҳои заҳрнок; 4.Зарар ба мавҷудоти зинда. Ба ҳаво сар додани шангҳо ва газҳо, бунёди иншоотҳои гуногун ба монанди ҳавзҳои обҳои ифлоси саноатӣ, партовгоҳҳо ва ғ. Аммо ин таснифот на ҳама зарарҳои саноати кӯҳиро тавсиф карда метавонад. Коршиносони полшагӣ Е.Малара, Т.Скавина, ва З.Боярский зарари саноати кӯҳиро ба иқлим чун тағйирёбии геомеханикӣ, гидрогеологӣ, химиявӣ, физиккхимиявӣ ва термикӣ арзёбӣ мекунанд. Бо тараққӣ ёфтани саноати кӯҳӣ ва зиёд шудани таъсири он ба муҳит дар илм самти нав пайдо шуд: экологияи кӯҳӣ. Вазифаи экологияи кӯҳиро агар ба таври мухтасар гӯем омӯхтани таъсири саноати кӯҳӣ ба табиат, ба қадри имкон бартараф намудани зарарҳо ва пешгирии зарари оянда ба муҳит. Комплекси саноати кӯҳҳии ҳар кишвар – базаи ашёии хоҷагии халқи он буда нақши муҳимтаринро дар иқтисодиёт мебозад. Тараққиёти техникаву технология ва ҳаёти моро бе металлҳо тасаввур намудан номумкин аст. Инсон ба офаридаҳои худ сахт вобаста шуд ва талаботаш ба металлҳо сол аз сол меафзояд. Манбаи металлҳо ва дигар элементҳо бошанд, маъданҳои онҳо мебошанд, ки дар қишри замин ҷойгиранд.  Техникаву технология зиндагии моро осон ва беҳтар мекунад. Ҳамагӣ 20 сол пеш мактуби навиштаи моро ба ин ё он шаҳр хаткашонҳо ё бо роҳи заминӣ ё ҳавоӣ дар муддати чанд рӯз тай намуда, ба суроғаи муайяншуда мерасониданд. Ҳоло бо баробари пахши тугмашаи «ОК» мактуби мо ба дасти соҳибаш мерасад. Новобаста аз он ки ӯ дар кадом қитъаи дунё мебошад. Мо бе металлҳо ҳаёти худро тасаввур карда наметавонем. Металлҳо асоси тараққиёти техника ва беҳбудии зиндагии мо мебошанд. Мо ниёз ба металлҳо дорем. Аз ин рӯ, мо маҷбурем заминро шикофта маъданро истихроҷ намоем. Лекин, бояд экология дар мадди аввал дониста шавад, захираҳо оқилона истифода бурда шаванд, коркарди партоваҳоро ривоҷ додан лозим аст, технологияҳои бепартовиро бояд фикр кард, то ба наслҳои ояндаамон муҳити тозаро боқӣ гузорем ва онҳо пас аз мо нагӯянд, ки ба мо танҳо партоваҳояшонро боқӣ гузоштанд.

 Тошов Ф.М., Қурбонов Ш.А., Самиҳов Ш.Р.

Сарчашмаҳои истифодашуда

  1. Самиҳов Ш.Р., Зинченко З.А. Технологияи ғанигардонии маъданҳои металлҳои ранга. ДМТ, Душанбе 2014. - 592с.
  2. Низомов С.Б. Бойгардонии канданиҳои фоиданок. Чкаловск: ДКМТ-2014, 88 с.
  3. Назаров Х.М., Низомов С.Б. Равандҳои омодасозии маъдан барои ғанигардонӣ. Китоби дарсӣ. - Хуҷанд: Хуросон. 2013. - 183 с.
  4. Егоров В.Л. Обогащение полезных ископаемых. Учеб­ник для техникумов. - М.: Недра, 1986. - 421 с.
  5. Авдохин В.М. Обогащение полезных ископаемых. Том 1. Обогатительные процессы. Учебник для вузов. Изд. 2-е. - М.: Издательство Московского государственного горного универ­ситета, издательства «Горная книга», 2008. - 417 с.
  6. Буторина М.В., Дроздова Л.Ф., Иванов Н.И. и др. Инженерная экология и экологический менеджмент. /Под ред. Иванова Н.И., Фадина И.М.. - М.: Логос, Университетская книга, 2004. - 520 с.
  7. Муҳаммадиев П.А., Фозилов М.М. Техникаи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. Дилди 1. Ковиши накбҳои куҳӣ - иктишофӣ. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2013.-328 с.
Хондан 1662 маротиба