Бо сабаби аҳамити сайёҳӣ доштан ва зебо будани шаҳри Венетсия, ин шаҳрро дар уруфият шаҳри «Муҳаббат» меноманд. Дар ин шаҳр бештари оилаҳое, ки нав барпо мешаванд, ба тамошо омада, даврони «Моҳи асал»-и худро мегузаронанд.
Халиҷҳои Венетсия дар баҳри Адриатика ҷойгир буда, ҳамасола мавсими тирамоҳ аз ҳаракати мавҷҳои баҳр ва обхезиҳо зарар мебинад.
Шаҳри Венетсия маркази сайёҳӣ ва илму маориф маҳсуб меёбад. Шаҳр дорои бандарҳо ва фурудгоҳи байналмилалӣ ба номи Марко Поло мебошад. Дар шаҳр як зумра корхонаву фабрикаҳо, аз ҷумла корхонаи коркарди нафт мавҷуд аст.
Сохтори маъмурии шаҳр аз давраҳои рушди давлатдории Венетсия, асрҳои XIV-XVI сарчашма мегирад. Давлати Венетсия дар натиҷаи ҷангҳои Наполеонӣ зери тасарруфи Австрия ворид шуда, соли 1866 ба сохтори Италия дохил шуд.
Мавзеъҳои наздисоҳилии Венетсия аз 118 ҷазираҳои халиҷӣ, 150 шохобҳо, 400 пўлҳо иборат аст. Марказҳои фарҳангӣ аз осорхонаҳо, театрҳои опера ва дигар шакли кинотеатрҳо иборат аст. Дар Венетсия озмунҳо ва фестивалҳои сатҳи баланд баргузор мегардад. Шаҳр ва халиҷҳои он дар руйхати объектҳои махсус ҳифзшавандаи Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дохил мешавад.
Зиёдшавии таъсири антропогенӣ, тағйир ёфтани ҳолати гидрологӣ ва умуман тағйирёбии тамоюли гармшавии ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии глобалии иқлим ба шаҳр таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.
Мувофиқи маълумотҳои шаҳрдории Венетсия талафоти иқтисодӣ дар сад соли охир хело назаррас мебошад. Моҳи ноябри соли 2019 давоми як ҳафта баландшавии сатҳи об дар шаҳр ба 150 см расидааст. Ин ҳолат соли 1872 низ як маротиба ба амал омада буд. Аммо солҳои охир ин ҳолат тез-тез рух медиҳад, ва тахминан 70%-и шаҳр зери об мемонад. Аз ҷумла, бо сабаби зиёдшавии об майдони Маркаи муқаддас ва осорхонаҳои наздикии зери об монд.
Бо сабаби тез вазидани шамол об дар шаҳр то 180-190 см ба ҳаво мехезад. Зарари иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ ба миллиард евро расидааст. Вобаста ба ин, дар шаҳр барои омўзишии тағйирёбии иқлим Маркази махсус ташкил карда шудааст.
Обхезиҳои солҳои охир тез-тез ба назар мерасанд ва мувофиқи маълумотҳои Агентии миллии иттилооти Италия обхезиҳо баъди ҳар се сол ба вуқуъ мепайвандад.
Барои ҳалли масъалаи обхезӣ як зумра барномаҳо, лоиҳаҳо ва тадқиқотҳо тарҳрезӣ шуда, олимони машҳури кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҷалб гардидаанд. Мушкилоти Венетсия ҳамчун шаҳри дар ҳифзи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг қарордошта дар ҷамъомадҳои ин созмон баррасӣ мегардад.
Обхезие, ки соли 2019 ба вуқуъ пайваст, дар тўли 150 соли охир бори аввал ба қайд гирифта шуд. Ин обхезӣ ба устувории асоси биноҳо зарари ҷиддӣ хоҳад дошт. Баландшавии об боиси пайдоиши равандҳои таназул гардида, ҳангоми давом ёфтани ин тамоюл экосистемаи он хароб хоҳад шуд.
Вобаста ба мушклоти ҷойдошта ҳукумати ш.Венетсия ҷиҳати ҳалли он пешниҳод намудааст, ки бояд дар назди Созмони Миллали Муттаҳид Агентии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва муҳити зист таъсис дода шавад.
Бештари олимон дар он андешаанд, ки омили асосии ин мушкилот тағйирёбии глобалии иқлим мебошад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки суръати обшавии пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла пиряхҳо Тоҷикистон рў ба афзоиш ниҳодааст. Бе шубҳа, ҳангоми обшавии пиряхҳо бояд оби он ба самте ё ба маконе ҳаракат намояд ва табиист, ки ба поёноб ҳаракат мекунад.
Дар навбати худ, сабабҳои асосии раванди обшавии босуръати пиряхҳо ин гармшавии глобалии иқлим ва зиёд гардидани чангу хок дар атмосфера мебошанд. Сабабҳои гармшавии глобалии иқлим ва тағйирёбии таркиби атмосфера зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи тиру туфанг ҳангоми машқҳои низомӣ ва ҷангҳои фаромилливу фаромарзӣ мебошад.
Омўзишҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ- солҳои 1941-1945 ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои ҷангӣ ва атрофи он оғоз аз соли 1942 то 1947 то 1-1,5 °С зиёд гардид.
Аз ин лиҳоз, ба тағйирёбии ҳолати глобалии иқлим низоъҳо низ таъсирбахш боқӣ мемонанд.
Барои ҳалли масъала бояд ба сабабҳои он аҳамияти ҷиддӣ дод. Маълумотҳои омории байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистон дар гармшавии глобалии иқлим саҳми ночиз дорад, аммо Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала бетафовут нест.
Ҳамин буд, ки соли 2003 соли «Оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», эълон гардид. Дар чаҳорчӯби даҳсолаи 2005-2015 МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028» хамдастӣ ва розигии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуд. Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли СММ талаб менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии «СММ-Об» ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳо андешад.
Дар ин раванд бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири Кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, ба назар гирифта шаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳри «Муҳаббат» бо назардошти сабабҳои асосии мушкилот ва сарчашмаҳои он аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Барои омўзиши тавозуни об бояд дар назди СММ чи гунае, ки ҳукумати ш.Венетсия пешниҳод намудааст, бояд Агентии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва муҳити зист таъсис дода шавад.
Инчунин бояд, ҳукумати Италия ва кишварҳои атрофи он бо дигар кишварҳо ҳамкориҳои илмӣ ташкил намуда, таҷрибаи дигар кишварҳоро барои ҳалли масъала ба таври васеъ истифода барад.
Қодиров А.С.
номзади илмҳои техникӣ, директори Маркази рушди инноватсионии
илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон