JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 27 Октябри 2022 08:28

Ҷаҳонбинии дунявӣ (мулоҳизоти иҷмолӣ)

Муаллиф:
Аз бомдоди таърихи башарӣ то ба имрӯз инсон ва ҷомеаи инсонӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ дар пайи бароварда сохтани эҳтиёҷоти моддӣ ва ниёзҳои маънавӣ аз тариқи сохтусози низоми муътадили сиёсӣ, ки дар қолиби давлату ҳукумат инҷом меёбад, буда ва мебошад. Албатта, кайфият ва чигунагии низоми сиёсию иҷтимоӣ, ки дар тасаввуру зеҳни башари моқабли таърих ва ҷавомеи баъдӣ ғунҷоиш ёфтааст, ба тарзи ҷаҳоншиносӣ, шеваи тафаккур ва тариқаи арзишгузории табақаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, мардум бастагӣ доштааст. Ин аст, ки ҳар табақа ва ҳар мардум дар ҳар вақту замон ё ба истилоҳ, модели низоми сиёсию иҷтимоии дилхоҳро сохта, дар доираи он…
Душанбе рӯзҳои 18-19 соли ҷорӣ мизбони Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” буд. Дар ин Конфронси сатҳи баланд намояндагони 59 давлат, 30 созмони ғайридавлатӣ ва зиёда аз 700 вакил ширкат варзиданд. Ба ин тартиб, Душанбе бори сеюм аст, ки мизбони чунин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ мегардад ва шуруъ аз соли 2018 дар пойтахти кишвар чунин навъи нишастҳои сатҳи баланди ихтисосӣ бо ҳузури коршиносони байналмилалӣ, мудир-омилони пружаҳои таҳлилӣ ва умуман, раҳбарони ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,…
Дар замони муосир созмонҳои муҳимми террористиву экстремистии бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез вобастабуда, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ доранд инҳо мебошанд: 1.ТЭТ ҲНИ Таърихи пайдоиши ин ҳизб ба солҳои 70 – уми асри XX, яъне замони барқарори ва пойдори собиқ империяи бузурги дунё Иттиҳоди Шȳравӣ рост меояд. Асосгузори он Саид Абдуллои Нурӣ мебошад, ки дар он солҳо ба таври махфиёна, зери пȳшиши дини муқаддаси ислом, фаъолият мекард.
Ду рӯз – рӯзҳои 11 ва 12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мудирияти Маркази мероси хаттии АМИТ Ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” бо ҳузури донишмандону коршиносону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ, махсусан, шоҳномапажӯҳони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир гардид. Аз ҷумла, чанд гузориши илмӣ тариқи маҷозӣ ё ба истилоҳ, онлайнӣ аз кишварҳои урупоӣ шунида шуд. Дар доираи Ҳамоиш масъалаҳои густараи ҷуғрофиёи “Шоҳнома”, манотиқи Ирону Тӯрон дар тасвиргаройии“Шоҳнома”, дин ва мазҳаб дар қаламрави “Шоҳнома”, огоҳӣ ва хирад аз дидгоҳи Фирдавсӣ, топонимика ва ҷойномҳо дар “Шоҳнома” ва амсоли инҳо мавриди радду бадал қарор гирифт ва гузоришгарони…
Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсон ва дар маҷмӯъ, халқро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ, ба истилоҳ «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва камбуду навоқиси зиндагиро як лаҳза канор мегузорад ва дар партави созу овоз ба олами хаёлот сар зада, дар имтидоди маҳдуди замонӣ ормиши равонӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунад. Чун инсон дар гирудори умр ва мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунад, тавассути мусиқӣ эҳсоси сабукӣ менамояд ва ин амал як навъ ҷуброн ва ё компенсатсияи равонӣ ва фикрӣ…