JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Чист Истиқлолият? Пайки бахту муждаи озодӣ аст, Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст. Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст, Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст. Давлат Сафар Оре, Истиқлолият ин муждаи озодию пайки бахт буда, сарманшаи ободии Ватан ва муҳаббатҳоҳӣ дар ватандорӣ мебошад, ки ҷавҳари он Истиқлол аст. Истиқлол яке аз усули асосии фарҳанги умумии башар ва ба ибораи дигар, истиқлол манбаи асосии сиёсат, ҳуқуқ, адёни ҷомеаи инсонӣ аст. Дар баҳсҳои ҳуқуқи башар ба унвони манбаи истиқлол панҷ аслро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд: 1) асли ҳаёти шоиста; 2) асли каромати инсонӣ; 3) асли таълим ва тарбия; 4) асли истиқлоли масъулона;…
Сешанбе, 30 Августи 2022 15:20

Ваҳдати миллӣ – арзиши умумиинсонӣ

Муаллиф:
Муносибат ва муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар ҳамаи давру замонҳо бар пояи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардумӣ бунёд ёфта, мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, равонӣ бевосита дар натиҷаи ваҳдату созиши ҷомеа рафъ мегарданд. Мафҳуми ваҳдат ҳамчун падидаи сиёсӣ дар асри ХIХ дар Фаронса нуфуз карда, ба сурати мафкураи давлатӣ муаррифӣ шуд. Рисолати он дар таҳкими робитаю муносибатҳои мусолиматомези иҷтимоӣ зоҳир мегардид. Ваҳдатро муҳаққиқон риштае медонанд, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад.
Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 (муруре иҷмолӣ ба маҷмуаи “Бурротар зи теғ”-и устод Урун Кӯҳзод) Дар қолиби асарҳои бадеӣ матраҳ кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва махсусан, уқдаҳои ҳувиятӣ дар ададбиёти ҷаҳонӣ ба суннати мутадовил табдил ёфтааст ва адибону нависандагону шоирон буҳронҳои иҷтимоию ҳувиятиро вобаста ба тарзи биниш ва фарохии дид баррасӣ карда, хонандаро ба фикр кардан ва роҳҳал ҷустан водор месозанд. Ҳадафи адибону нависандагони саршинос ин аст, ки хонанда пас аз муруру мутолеаи осори адабӣ-бадеӣ атрофи мушкилоту уқдаҳо худ, бидуни дахолати берунӣ мустақилона натиҷагириву қазовату доварӣ намояд. Дар воқеъ, баррасии ҷиддии мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои фикрӣ, ки тайи таърихи тӯлонӣ боиси шикасту заъфи миллат гардидаанд, дар…
Эҳё ё Ренессанс (аз лотини renasci «аз нав таваллуд шудан, аз нав эҳё кардан») муҳимтарин давраи таърихи илму фалсафа, санъату ҳунар, адабиёту фарҳанг ва сиёсату давлати кулли башар мебошад. Ин раванд асосан дар Аврупо ба амал омада, баъдан аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кард. Раванди мазкур илму фарҳанги асрҳои миёнаро, ки дар он дину калисо ҳукмрон буд, комилан барҳам зада, аврупоиҳоро ба марҳилаи маорифпарварию равшангарӣ ва Замони нав ворид сохт. Он аввал дар ибтидои асри XIV, дар Италия ба вуҷуд омада, давоми асрҳои XV-XVI, дар Олмон, Испания, Фаронса, Лаҳистон ва Аврупои шимолӣ паҳн гардид ва ба баъзе минтақаҳои дигари ин қитъа, 20-солаи…