JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Аксар аз муҳаққиқин бар онанд, ки вазъиятҳое, ки дар тули зиндагӣ барои фардҳои муаян пеш меоянд ва ҳалли мушкили зистиро ба вуҷуд оварда танҳо аз роҳи тассалӣ додани хеш ва як навъ муъҷизакорона амал намуда, дар баробари воқеъиёт тасаввуроти зеҳнии худро иброз медоранд ва бад ин восита худро тасаллӣ дода, вазъиятро аз ҳолати даҳшати зеҳнӣ бартараф месозанд,ба як бовар табдил меёбанд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар аз боварҳо аз насл ба насл интиқол гардида, ба ҳайси як рафтори рефлекси ғайришартӣ табдил меёбад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аксаран дар нисбати ҳаводису воқеа ба таҷрибаи гузаштагони худ такя мекунанд.…
Дар чанд садсолаи охир омилҳои таъсиргузор дар рушду ақибмондагии миллатҳову кишварҳо мавриди омӯзиши донишмандон қарор гирифтаанд. Ин раванд баъди ба пайраҳаи рушди саноатӣ ворид шудани Британияи Кабир дар асри 18-ум оғоз шуда буд. Инқилоби санъатӣ дар ин кишвар, ки тибқи маълумоти Донишномаи “Британика” аз солҳои 1760 то 1830 давом дошт [1], ба иқтисоди он ҷаҳиши назаррас дода, сатҳи зиндагии мардум ва қудрати ҳукумати онро ба маротиб боло бурда буд. Кишварҳои дигар, чӣ рақиб ва чӣ шарики Британияи Кабир, ин тағйиротро бо диққат назорат мекарданд ва решаҳои ин комёбиҳои онро меомӯхтанд. Дар пайравӣ аз ин кишвар, дар асри 19-ум, давлатҳои зиёде…
Хабари марги собиқ нахуствазири Ҷопон Синзо Абэ, субҳи 8 июли соли ҷорӣ ҷаҳонро такон дод. Тамоми расонаҳо дар саросари ҷаҳон дар бораи ин ҳодиса хабар медоданд. Ҳангоми суханронии ин сиёсатмадор дар яке аз шаҳрҳои Ҷопон, дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар, як низомии собиқ аз пушт ба бадани вай ду гулула аз яроқи худсоз холӣ мекунад. Дар натиҷаи ин ҳамла Синзо Абэ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхорна ҷони худро аз даст медиҳад. Дар бораи ангезаву ҳадафҳои қотил расонаҳо зиёд навиштаанд ва ҳоло тафишот идома дорад. Ин ҷо чанд сухане оид ба сиёсат ва ҳадафҳои ин сиёсатмадори машҳур овардан…
 14 июня 2022 года в газете “ИмрузNews” была опубликована статья Мунима Оламова на тему «Подстрекательство является подстрекательством, не утверждай, что является правдой (Фитна фитна бувад, нагӯ ки рост бувад)». В ней автор проанализировал попытки деструктивных сил по дискредитации нового поколения управленческой элиты Таджикистана. В частности, речь идет об информационных нападках представителей таджикских террористических групп, скрывающихся сейчас в странах ЕС, на молодых руководителей государственных органов нашей страны. Таджикские террористы, которые посредством социальных сетей распространяют идеологию насилия и войны, утверждают, что за попыткой дестабилизации политической ситуации в Бадахшане в последние месяцы стоят нынешний Председатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли, мэр г.Душанбе Рустами Эмомали…
Хирадгароӣ ва хирадандншӣ муҳимтарин шохиси инсонӣ аст, ки онро бар тамоми анвоъи зинда мутамоиз месозад. Он чи дар дарозои замони мавҷуд инсон ҷиҳати рафъи мушкил, бароварда кардани ниёзҳояш офаридааст, онон ба андешаву хирад ҳамбастагӣ доранд. Ба ибораи дигар, агар дигар анвоъи зинда (ҳайвонот дар назар аст) ҷиҳати зинда мондан танҳо ғариза такягоҳи онон бошад, инсонро сабаби мондагорияш андешаву хирад будааст. Қобили зикр аст, табдили хирадгароӣ ба як раванди иҷтимоӣ дар мароҳили навини тамаддуни башарӣ шакл гирифта, ҷомеаи хирадгароро ба миён овардааст.Ҷомеаи хирадгароро метавон ҷомеаи маданӣ низ номид. Яъне ҷомеаи маданӣ гуруҳе аз мардум аст, ки бо ҳам ваҷҳи муштарак дошта…