JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Файласуфи машҳури Олмон Артур Шопенгауэр дар давоми ҳаёти пурбаракати худ эҷодиёти гаронбаҳое аз хеш боқӣ мондааст. Яке аз асарҳои асосии ӯ бо номи “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” маълум ва хеле машҳур аст. Ин асари дуҷилдаи ӯ масъалаҳои зиёди мавҷудияти оламро дар бар мегирад. Ба андешаи мутафаккир, он чи ки файласуфон аз замони антиқа то ба имрӯз муаммои ҳастиро ҷӯстуҷӯ менамуданд ва кашфиёти худро ҳамчун андешаҳои фалсафӣ меҳисобиданд, дар ҳақиқат чунин набуд, “Фалсафа ҳамон аст, ки ман пешниҳод намудаам ва дар ҳақиқат ҷаҳон аз “ирода ва тасаввурот” беш нест”[1]. Аз ин андешаҳои мутафаккир бармеояд, ки дар ҳақиқат оламро ҳамчун амали…
Одатан маҷмӯи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва метавонад ғайриилмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ гуфта чунин дидеро оид ба олам медонанд, ки дар он масъалаҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва инкишофи олам ва тамоми раванду ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ дар асоси кашфиёти илмӣ шарҳу тавсиф меёбанд. Яъне, ҷаҳонбинии илмӣ дахолати неруҳои фавқуттабиаро дар раванду ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ истисно менамояд. Хусусияти фарқкунандаи ҷаҳонбинии илмӣ объективӣ будани мундариҷаи он ва тавассути таҷриба собит намудани асосҳои назариявии он мебошад. Барои ҷомеае, ки пешрафти ҳаматарафа ва таъмини сатҳи хуби зиндагиро барои мардум ҳадафи худ қарор медиҳад,…
Сешанбе, 28 Июни 2022 08:16

Ваҳдати фикрӣ ва идеалогияи миллӣ

Муаллиф:
Дониш ҷузъи таркибӣ ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи донишбунёд мувафаққиятҳо аз неруи дониш сарчашма гирифта, роҳи пешрафту тараққиёт тавассути он муқарар карда мешавад. Талош баҳри умумӣ сохтани донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳи расидан ба музаффарияту озодӣ мебошад. Ҷомеа ба онҳое, ки дониш доранд ва низ ба онҳое, ки аз маърифат дуранд, паҳн мегардад. Дар натиҷа, дониш василаи эҷоди фосила миёни ду қишри ҷомеа мегардад, яке қишри донишмеҳвар ва дигаре аз маърифат дур. Дар баробари пайдоиши ин…
Яке аз дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Ваҳдат ва ягонагии миллӣ хавфи аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат пешгирӣ карда шуд. Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар…
Ваҳдати миллӣ як амри муҳим, вале падидаи якрӯзаву чандрӯза нест. Он чун унсури муҳими бунёди давлати воқеан миллӣ раванди доимӣ ва дарозмуддат аст. Ин маънои онро дорад, ки ин раванди иҷтимоиро на танҳо ҳар сол дар як рӯз бузургдошт намуд, балки онро ҳамарӯза ва муттасил такмилу рушд бояд дод. Муддати мадиди таърихие низоми мардумсолорӣ (яъне демократи)и давлатҳои ғарбӣ барои миллату давлатҳо ва мамолики аз зеру силтаи системаи истеъморӣ бурунрафта чун улгӯ (модел) ё намунаи ибрат хизмат мекард. Ва дар ин раванд ҳанӯз ҳам барои ҳалли муваффақонаи бисёре аз масъалаҳо миллату дували дар ҳоли пешрафти Шарқ аз таҷрибаи низоми мардумсолории ғарбиҳо…