JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Пандемияи “COVID-19” ба ғайр аз гирифтани ҷони миллионҳо инсон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хисороти зиёди иқтисодӣ овард. Аз оғози вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вабои аср маълум буд, ки моро мушкилоти иқтисодӣ низ дар пеш аст. Чунки чораҳои иҷбории гирифташуда дар баробари паҳншавии босуръати бемории мазкур ба даромади мардум, истеҳсоли маҳсулот ва интиқоли молу коло таъсири манфӣ мерасонд. Илова бар ин, аз меъёр зиёд шудани талабот ба молу маҳсулот дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соли 2021, боиси болоравии нархи аксари маҳсулот дар ҷаҳон гашт. Сар карда аз нархи нафт, ки нақши он дар арзиши аслии анқариб тамоми молу маҳсулот муассир аст. Халалдор…
 Накуйӣ расму роҳу пешаи мост, Хирад парвардаи андешаи мост. Зи беаслӣ мазан ҳарфе, ки Наврӯз Забону ҳарфу аслу решаи мост!
 Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад, Дар силсилаи русум асосӣ бошад, Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад, Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад, Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,
Дар замони муосир технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба авҷи тараққиёти худ расид, интернет ба ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас гашта, сомонаҳои интернетӣ ба фазои озоди муоширату мубоҳиса табдил ёфтааст. Акнун муайян сохтани мавқеи ин падидаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа басо мушкил гаштааст. Ин аст, ки дар чанд даҳсолаи ахир соҳаи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ аҳмияти сиёсӣ пайдо намуда, дар соҳаи илм ба сифати як функсияи давлатӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. Дар заминаи инкишофи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар олами сиёсии Ғарб мавзӯъи ниҳоят муҳим ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин мавзӯъ идоракунӣ бо ёрии иттилоот мебошад. Зеро имрӯз фазои иттилоотӣ…
Бидуни тардид, Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, растохези табиат ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан эронитабор ба сароғози хуҷастаи таърихие пайваст мебошад. Зеро Наврӯз яке аз куҳантарин боварҳои ақвоми эронӣ аст, ки фалсафаи зуҳури он ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик нуфуз кардааст. Ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардидани ин рӯз гувоҳ бар он аст, ки доманаи ҳузури ҷашни Наврӯз дар миёни бисёре аз халқияту милали ҷаҳон тӯли асрҳои зиёде густариш доштааст.