JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
4 январи соли 2022 дар таърихи робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳодисаи муҳимме ба вуқуъ пайваст. Маҳз ҳамин рȳз ба барқарор ва минбаъд ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳоямон 30 сол пурра шуд. Дар давоми ин муддат Ҷумҳурии Мардумии Чин аз як ҳамсоякишвари оддӣ, ба яке аз шарикони стратегии муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Имрȳз заминаи меъёрӣ – ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаро беш аз 300 санадҳои байниҳукуматии дар солҳои гуногун имзошуда, ташкил медиҳанд, ки онҳо тамоми соҳаҳоро дарбар мегиранд.
Анализ материалов о ситуации на таджикско – кыргызском участке линии границы показывает, что обе страны – Республика Таджикистан и Кыргызская Республика, все имеющие спорные вопросы по границе намерены решить исключительно мирным путем. Об этом еще раз было акцентировано в ходе встречи руководителей спецслужб наших стран, которая состоялась после очередного конфликта на границе в Баткенском направлении 27 января 2022 года. В ходе встречи С. С. Ятимова и К. Ташиева было достигнута договоренность о возобновлении работы межправительственной комиссии по делимитации и демаркации, так как два месяца назад работа этой комиссии была приостановлена. Обе стороны были единодушны в том, что работа этой комиссии…
 Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фуру рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вежа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд. Ҳазор сол қабл барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ пури Сино…
Миёни муҳаққиқон ва файласуфон сари таснифоти илмҳо ва ҷойгоҳи антропология ҳамчун илми алоҳида баҳсҳои ҷиддие матраҳ нагардидааст, аммо воқеиёте дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Муҳитар аз ҳама, баҳс сари таснифоти илмҳо, чи дар осори файласуфони юнонӣ ва чи дар мероси файласуфони форсу тоҷик собиқаи тӯлонӣ дорад. Ин аст, ки мо ба чунин баҳсе иқдом мекунем ва сараввал ба масъалаи ҷойгоҳи антропология дар таснифоти Арасту таваҷҷуҳ намуда, пасон масъалаи марбутаро дар низоми таснифотии Арастуи сонӣ – Абунасри Форобӣ дунбол мекунем.
Дар осори пурарзиши устоди шоирони Аҷам, поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чеҳраҳои асотирӣ, фолклорӣ, таърихиву фарҳангӣ бо корномаву шахсияти онҳо бозтоб шудаанд. Маликушуаро Рӯдакӣ ҳамчун шоири тавонову донишманди нотакрор аз таърихи гузашта ва махсусан, аз чеҳраҳои мондагори қаҳрамониву паҳлавонии фолклориву асотирии бостонии ориёиву сомӣ огоҳӣ доштааст. Дар ашъори ӯ ҳама гуна ёдгориҳои таърихиву асотирӣ, бахусус, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, чеҳраҳои таърихӣ, симоҳои асотирӣ - афсонавӣ, унсурҳои асотирии тахайюлӣ, зикри номи ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Устод Рӯдакӣ дар осори хеш образҳои фолклориву таърихии Ҳотами Той, Луқмони Ҳаким, Кисро (Хусрави Парвиз), Рустам, Сифандиёр (Исфандёр), Сом, Лайливу Маҷнун, Юсуф ва…