JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 21 декабри соли 2021) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 Паёми навбатии худро ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2022 муайян намуданд.
Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ дар баъзе мамолики шарқӣ собит сохта истодааст, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаментализм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи табъу зеҳни ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа, Шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан…
Бо пайдоиши муносибатҳои ҷадид дар ҳаёти инсони, тарақиёти илму техналогия ва таҳавулот дар системаи сиёсии глобалӣ, ҳамгирои миёни давлатҳо авҷ гирифта то андозаи назаррас муносибат миёни онҳо тақвият ёфт. Дар баробари ин васеъ гаштани бозори ҷаҳони ва рушди соҳаи истеҳсоли сиёсату иқтисодӣ давлатҳоро ба ҳам вобаста намуда фишангҳои таъсиррасониро ба вуҷуд овард. Дар замони муосир ҳар як давлат самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар заминаи ҳамоҳангсозии манфиатҳои худ бо дигар давлатҳо ба роҳ мемонад. Чунин раванд ба ташаккули муносибатҳои байналхалқӣ боис гардида, фазои бози сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Ба андешаи сиёсатшиносон на ҳама муносибатҳои субектони ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти…
Маънои классикии мафҳуми “интеллект” Дар луғати энсиклопедӣ маънои мафҳуми “интеллект” чунин шарҳ дода шудааст: интеллект (аз калимаи лотинии “intellectus” – маънояш маърифат, фаҳмиш, ҳуш) қобилияти тафаккур, маърифати ақлиро ифода мекунад. Тарҷумаи лотинии мафҳуми юнонии “нус” (хирад) муродифи “интеллект” дониста шудааст. Чунин тафсир аз маънои классикии ин мафҳум шаҳодат медиҳад, вале ин маънои классикӣ дар адабиёти равоншиносӣ масъалаи духурагии ифодашавии маънои объект ва ҳолатҳои инсониро ба миён овардааст.
Дар пешорӯйи ҳар соли нав, ки анъанаест бозмонда аз даврони Шӯравӣ, бештар ду нигоҳ фарогирандаи зеҳн ва шуури ҳар як инсони андешаманд мебошад. Яке, нигоҳ ба он чи ки гузашт ва дигаре, нигоҳи ояндае, ки моро интизор аст. Баъзан ташвишҳову нигарониҳо аз имрӯзу оянда барангезандаи ҳолати навмедии инсон мешаванд. Ин ҳолат аз он сарчашма мегирад, ки инсонҳо ба амалишавии барномаҳои тарҳрезишудаи худ бовар надоранд. Аз нигоҳи равоншиносӣ, ягона ҳолате, ки дар рўҳияву зеҳни инсон ангезаи муҳаббат ва маънои зиндагӣ мебахшад, умед аст. Умеду орзуҳо сарчашмаҳоеанд, ки ояндаи зеҳни ҳар инсонро пешгўйӣ мекунанд. Яъне, нигариш ба оянда аз умедҳо файзёб шуда,…