JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудият давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс (Ренесса́нс аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии “renasci” ба маънои “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”) мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллиятҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд.
Фарҳанги мардум ва ё адабиёти омиёна мероси фарҳангии арзишмандест, ки аз сина ба сина ва аз насл ба насл мегузарад ва орзуву ормонҳои бадеиву зебопарастонаи мардуми одиро ифода менамояд. Ин фарҳанг ҳанӯз дар замони хеле қадим, дар давраи ташаккули афкори бадеӣ ба вуҷуд омада, дар пайвастагӣ бо раванди умумии адабӣ то ба дараҷаи як адабиёти густурда расидааст. Дар адабиёти мардумӣ муҳимтарин махсусиёти зиндагии мардумӣ инъикос гардида, тақдир, орзуву омол ва сарнавишти халқ бо забони ширину равон ифода мешавад. Аз ҳамин сабаб, муҳаққиқон омили асосӣ ва бунёдиеро, ки боиси пайдоиши ин фарҳанг мегардад, орзуву ормонҳои мардуми ранҷбар дар қолаби эҷоди бадеӣ…
Халқи тоҷик дар соҳаи адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ ва санъати ороишию амалӣ мероси гаронбаҳоеро доро мебошад. Дар рустоҳои кӯҳистони минтақаҳои Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Помир ва Зарафшон, ҳамчунин дар шаҳрҳои бузург , мисли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор ҳунармандону косибон ва чеварони тоҷик услуби гулдӯзиву матоъҳои зебову рангин, кулолгарии бадеӣ, масолеҳи чӯбӣ, ороишоти меъморӣ, сикказанӣ (торевтика) ва ғайраро таҳия ва роҳандозӣ мегаштанд.
Вазъи сиёсии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тайи соли 2021 дар маҷмȳъ мȳътадил арзёбӣ гардид. Дар баробари ин, ба ин вазъият яқ қатор омилҳои хориҷӣ ва дохилиминтақавӣ таъсировар буданд. Чунончи:
Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст. Эмомалӣ Раҳмон Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.