JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. Фирдавсӣ Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.
Соли 2022 аз таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соли 2023 аз саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рўзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, яъне аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси нахустин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, масъалаи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавъам бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, иқлим ва экология миён омадааст.
 Устод Шодимуҳаммад Сӯфизода, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ солҳост миёни доираҳои илмӣ, ҳавзаҳои фикрӣ ва муҳитҳои мадании ҷумҳурӣ маъруфият доред. Шахсияти илмӣ, адабӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи бардоштҳои илмию адабӣ ва мутолеоти густардаи адабиёти гуногунмуҳтавои русию урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Таҳсилу омӯзиш дар марказҳои бонуфузи шарқшиносии шӯравӣ, мутолеоти бардавоми осори адабию илмӣ, андӯхтани таҷриботи ҳавзаҳои илмӣ-фаннии ғарбӣ, сафарҳои зиёди хидматию таҳқиқӣ ба мамолики хориҷӣ, ковишу ҷустуҷӯҳои ҷиддии ихтисосӣ дар заминаи мероси сӯфия ва умуман, адабиёту фарҳанги минтақавию ҷаҳонӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони илмию донишгоҳӣ минҳайси донишманди саршинос ва адабиётшиноси…
Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст. Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Дар ин бора Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои…
Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, зарурати адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст, чаро ки Устод аз ҷумлаи нахустшоирони файласуфи миллӣ буда, қабл аз ҳама, аз мавқеи як миллат намояндагӣ кардааст ва аз ҷузъитарин тасовир шуруъ карда, то куллитарин баррасиҳои эҷодиаш аз муҳиту фазои миллӣ сарчашма гирифтаанд. Ин аст, ки устод Рӯдакӣ дар мақоми нахустшоири файласуфи миллӣ қарор дорад ва ба таври густурда таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба…