JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 25 Декабри 2019 05:20

Ҷавоне дар роҳи илм ё чанд сухан аз рӯзгори як муҳаққиқи ҷавони тоҷик

Муаллиф: Шодиҷони Рамазон

   Сарварӣ корест мушкил ва агар он дар соҳаи илм бошад, бениҳоят заҳматталаб ва сахт аст. Нафаре аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул мебарояд, ки таҷриба ва рӯҳияи солим дораду ҳамеша дар хизмати софдилонаи халқу Ватани хеш камар бастааст. Қодиров Анвар Саидқулович яке аз чунин ҷавонони пурдон ва ватанпарасти тоҷик аст, ки ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва навигарӣ мебошад. Ӯ кӯшиш бар он мекунад, ки давлату миллати тоҷикро, чи дар дохил ва чи дар хориҷ бо заҳамоти сирф илмӣ муаррифӣ намояд. Дар бештар аз 20 кишвари ҷаҳон тадқиқот ва таҷрибаҳои гуногун анҷом дода, дар кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Австрия, Амрико бомуваффақият таҷриба андӯхтааст.

  Мавсуф Донишгоҳи давлати Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусравро соли 2006 бо ихтисоси кимиё-экология хатм намуда, худи ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст. Қодиров Анвар баъди хатми аспирантура дар соли 2009 корро дар худи ҳамон институт аз вазифаи лаборант шурӯъ намуда, баъдан ба ҳайси ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи “Экология ва рушди устувор”-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ фаъолият намудааст.

  Ӯ соли 2016 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи  “Ташаккул ва динамикаи реҷаи гидрологии ҳавзаи дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ карда, муаллифи 50 мақолаи илмӣ ва 2 монографияи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

 Ҳамчунин Ӯ иштирокчии як қатор озмунҳои байналмилалии илмӣ, назири ITEC, UNESCO, UNDP, IAEA, WMO-CAS, START-CAS буда, ба ҳайси Мушовири маҳаллии лоиҳои “TEMPUS-PERSEUS” ва IAEA “TAD - 7001”, менеҷери лоиҳаи “AASSA-ASRT” ва менеҷери лоиҳаи ISTC T-2409 ифои вазифа намудааст.

 Дар баробари ин, Қодиров А.С. узви Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба таҳияи “Барномаи амал барои кўмак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал - (ПБАМ-4)” ва “Такмили сохтори институтсионалӣ ва асосҳои ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал” мебошад, ки бо супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ таъсис ёфтааст.

  Дорандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009), ғолиби мусобиқаи “Лоиҳаҳои инноватсионӣ”-и Вазорати маориф ва илми ҶТ (соли 2014), дорандаи Ифтихорномаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) ва дорандаи Нишони хотиравии тиллоии Академияи илмҳои муҳандисии Ҷумҳурии Қирғизистон (2017) мебошад.

  Аз соли 2011 то 2019 узви ҳайати таҳририяи “Паёми ДДТТ” ва аз соли 2015 узви маҷаллаи байналмилалии “Геодезия ва муҳандисии геоматематикӣ” (ISSN 2332-8223, USA) аст.

  Бар замми ин, мавсуф ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва дар филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар Душанбе кор кардааст.

  Талошҳои пурсамар ва амалҳои манфиатовару фидокоронаи олими ҷавону умедбахши тоҷик, раҳнаварди асили илми тоҷик, яке аз сермаҳсултарин олимои ҷавон, донандаи хуби забонҳои русиву англисӣ, Қодиров Анварро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намуда, ӯро ба вазифаи пурмасъули илмӣ-академӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ таъин намудааст.

  Мо ба Қодиров Анвар ҷиҳати татбиқи назариву амалии технологияҳои наву замонавӣ ва ба арсаи ҷаҳон боз ҳам беҳтару хубтар муаррифӣ намудани технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳои беназир орзу дорем.

Боварӣ, масъулият, болидарӯҳӣ ҳамеша ҳамроҳат бод, ҳамкори арҷманд-Анвар!!!

 

Мутахассиси пешбари

бахши ҳуқуқ ва матбуоти АИ ҶТ,

 Шодиҷони Рамазон

Хондан 1338 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ »