Якум. Ҳикмат ва фалсафа дар ҳама давру замон инсон ва ҷаҳони инсониро бо бинише тоза ва нигарише интиқодӣ мусаллату мусаллаҳ сохта, заминаи бедории фикрию иҷтимоиро сабаб мегардад. Аз тарафи дигар, тамоми тағйиру таҳаввул ва дигаргуншавию татаввуроте, ки дар ҷомеа ва умуман, дар ҷавомеи инсонӣ иттифоқ меафтад, ба донишу бинишҳои фалсафӣ алоқаманд аст. Ба ин маъно, шахсиятҳои бузурги фалсафӣ ё ба истилоҳ, файласуфон бо андешаи созанда ва офарандаи худ ҷомеаро ба таври тадриҷӣ тағйир дода, то ба ба сатҳи тавонмандии зеҳнӣ ва истиқлоли фикрӣ мерасонанд. Беҳуда нест, ки “фалсафа инсонро ноаён тағйир медиҳад” ва ақлдовариро ба унвони меъёри кори инсонҳо талаққӣ мекунад. Ин аст, ки шахсияти фалсафӣ дар рӯёрӯйӣ бо мушкилот ва масоили куллию ҷузъӣ бар мабнои ақлу донишҳои зинда, равишҳои мунтақидона ва шакку тардидҳои тағйирпазиранда доварӣ мекунад.
Дуюм. Қолабшиканӣ ва исёну инқилобгариҳое, ки Мавлоно дар доираи ирфони миллӣ ва қаламрави фарҳанги асримиёнагӣ анҷом додааст, беш аз пеш шахсияти муқаввои ӯро воменамоёнад. Махсусан, ҷуръат ва ҷасорати ӯ дар заминаи аз қолиби маъмулӣ берун кашидани тасаввуфи исломӣ, бузург ҷилва додани мақому мартабаи инсонӣ, ҷойгоҳи вежа қоил шудан ба инсони ҷӯёву пӯё, шикастани қолибҳои шахшудаи иҷтимоию фикрӣ, урёну бепарда арз доштани навоқиси замонӣ, баёни мушкилоти ақидатӣ ва уқдаҳои равонию ахлоқии ҷомеа сазовори таҳсину офарин аст. Ба ин тартиб, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун шахсияти ҷаҳонӣ дар се буъди фарҳангу маънавиёти башарӣ: дин – мазҳаб; тасаввуф – ирфон; ҳикмат – фалсафа қувват санҷидааст. Ба таъбири дигар, Мавлоно дар таълифоти арзишманди хеш масоили се қисмати ҷаҳонбинии инсониро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки ҳар яке бо бинишу диде хос шарҳу тафсир гардидаанд. «Маснавӣ» ва «Девони Шамс» - и ӯ моломоли андешаҳои зоҳидона, орифона ва ҳикматона мебошанд.
Севум. Силсилаи мавзӯъ ва масъалаҳое, ки Мавлоно сари онҳо тамаркуз кардааст (аз ҷумла мавзӯоти хирад, дониш, ақл, ҷабру ихтиёр, инсонсолорӣ, бузургманишӣ ва амсоли инҳо, ки аслҳои фалсафианд), дар таълифоти ӯ бо биниши динӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ба гунаи намуна:
а) ҷабру ихтиёр, ки байни мутакаллимон, мутасаввифон ва фалосифа доиман милоки баҳсу андеша будааст, дар «Маснавии Маънавӣ» - и Мавлоно пайгирӣ шудааст. Ӯ баҳси миёни ҷабриёну қадариён суратгирифтаро беохир талаққӣ намуда, нигоштааст:
Ҳамчунон баҳс аст то ҳашри башар,
Дар миёни ҷабриву аҳли қадар.
Мавлоно бар ин андеша солиқ буд, ки инсон дар тамоми фаъолияти худ соҳиби ихтиёр ва масъули кирдори хеш мебошад. Ин аст, ки фармудааст:
Ин ки фардо ин кунам ё он кунам,
Ин далели ихтиёр аст, ай санам.
Ё ин ки дар ҷойи дигар ба озодию ихтиёри инсонӣ дар тамоми аъмоли зиндагӣ таъкид кардааст:
Дар тараддуд мондаем андар ду кор,
Ин тараддуд кай бувад бе ихтиёр;
б) Мавлоно маънои зиндагиро дар бузургандешӣ ва инсонсолорӣ донистааст. Ӯ, ки дар деги ҳикмату фалсафаи ориёӣ ва асримиёнагӣ ҷӯшида буд, бо ҳимматбаландӣ ва бузургманишӣ ба мардум аз шикастани қуфли зиндони ҷаҳолат ва чанголу дандони чархи мардумхор муждагонӣ медиҳад:
Боз омадам чун иди нав, то қуфли зиндон бишканам,
В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам;
в) бузургии шахсиятҳои матраҳи миллию ҷаҳонӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо пайваста дар таҳаввулоти фикрию эҷодӣ қарор доранд ва сиришти худро бо сиришти табиат, ҷаҳон ва кайҳон муштарак нашуморида, бо ҳастӣ дар набарди доимӣ мебошанд. Ва Мавлоно, ки аз мардони огоҳ ва дурандеши замони хеш буд, ба ин андешаи фалсафӣ, ки дар қолаби санавияти (дуализм) фалсафии Инсон ва Табиат ғунҷоиш дошт, бетаваҷҷуҳ буда наметавонист. Ин буд, ки бо шӯру шавқи ошиқона бар домани чархи фалак (табиат) мечаспад ва аз он интиқом гирифтан хоста, ба ин мазмун садо дармедиҳад:
Чарх ар нагардад гирди дил, аз беху аслаш барканам,
Гардун агар дунӣ кунад, гардуни гардон бишканам.
Ин аст ҷасорати фалсафӣ – назариявии Мавлоно, ки чархи фалак (табиат, ҳастӣ) -ро барои дунсифатиаш ба шикастан таҳдид кардааст;
г) мавлавишиноси машҳури иронӣ, аллома Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ собит сохтааст, ки Ҷалолуддини Балхӣ дар бисёр масоили муҳими фалсафӣ пеш аз бузургони фалсафаи ҷаҳонӣ андешаҳои амиқи илмӣ-фалсафӣ баён кардааст (муфассалтар таваҷҷуҳ шавад ба: Ҷаъфарӣ, Муҳаммадтақӣ. Мавлавӣ ва ҷаҳонбиниҳо. Теҳрон, 1377). Мавлоно 800 сол муқаддам аз шаҳиртарин ва овозадортарин ҷараёни фалсафии муосир -- экзистенсиализм ё вуҷудгаройӣ, ки бар мабнои ақоиди файласуфони маъруфи урупоӣ Жан Пол Сартр, Мартин Ҳайдеггер, Албер Камю бунёд ёфтааст, ба баҳси масоили арзишманди вуҷудӣ пардохтааст. Мавлоно ҳакимона тавзеҳ додааст, ки ҳар замон аз адам (нестӣ) ба олами ҳастӣ корвонҳо қадам ранҷа фармуда, ин раванди таҷдиду навшавии дунё ва инсоният ҷовидонӣ идомат пайдо мекунад:
Аз адамҳо сӯйи ҳастӣ ҳар замон,
Ҳаст, ё Раб, корвон дар корвон.
Ё ин ки:
Ҳар нафас нав мешавад дунё ва мо,
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
Чаҳорум. Мавлоно бо рӯҳу равони исёнгар ба мушкилот, уҳдаҳо ва печидагиҳои замонию маконӣ даргир мешавад. Бавежа, мушкилоти ҷиддии замонӣ – ташаннуҷу нуфузи хурофоту таассуби мазҳабӣ, ихтилофоти динӣ, танишҳои ақидатӣ, фақри маънавӣ, ноҷуриҳои равонӣ, тасаллути бемайлони нодонӣ, истибдоди дохилию хориҷӣ ва амсоли инҳо Мавлоноро ором намегузошт ва хоби ӯро мепаронд. Ин буд, ки бо мушкилоту печишҳои равонӣ, ақидатӣ, мазҳабӣ ва фикрӣ, ки мардум ва табақаҳои иҷтимоии замонро бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад, даргир мешавад ва алайҳи истибдоди фикрӣ мешӯрад. Барои ба ҳам овардани бинишҳои гуногун ва таъмини рангорангии фикрию ақидатӣ Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ ҳикоёту ривоёти ҷолиб ироа медорад ва аз ин тариқ таниш ва ихтилофоти мазҳабӣ ва фикриро аз миён бармедорад. Масалан, вежагиҳои ақидатии элитаи динӣ-мазҳабиро дар симои паёмбарон, аз як тараф ва мушаххасоти ибодатии авомро, ки дар содагии ибодӣ ва шаффофияти ақидатӣ инсиҷом ёфтаанд, аз тарафи дигар, арзёбӣ карда, як навъ қиёси мактабҳои парастишию ниёиширо ба сомон мерасонад, ки ин корро касе бо назокат ба андозаи Мавлоно анҷом надодааст. Дар дафтари дувуми Маснавии Маънавӣ Мавлоно ривояти машҳури Мусо ва Шубонро мисол мезанад ва аз ин тариқ тафовути фаҳмишҳои ақидатиро нишон дода, бартарии ибодатҳои отифии мардумӣ (дар мисоли Шӯбон)-ро дар баробари ибодоти хушку шахшудаи расулон (дар мисоли Мусо) хеле ҷаззоб ба риштаи тасвир бармекашад. Ба ин тартиб, дар боби “Инкор кардани Мусо алайҳиссалом бар муноҷоти шӯбон” бо шевотарин ва ширинтарин тариқа тафовутҳои ибодии ин ду қишри иҷтимоӣ – Мусо ва Шӯбонро тасвир мекунад: Таваҷҷуҳ мекунем:
Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯ ҳамегуфт: ай Худову ай илоҳ.
Ту куҷойӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шабушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, ай муҳташам.
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Ай фидои ту ҳама бузҳои ман,
Ай ба ёдат ҳайҳайю ҳайҳои ман!
Ин намат беҳуда мегуфт он шубон,
Гуфт Мусо: бо кӣ аст ин, ай фалон.
Гуфт: Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз ӯ омад падид.
Гуфт Мусо: Ҳой хирасар шудӣ,
Худ мусулмон ношуда кофар шудӣ.
Ин чӣ жод асту чӣ куфр асту фишор,
Пунба андар даҳони худ фишор.
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дебои динро жанда кард.
Чоруқу потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост.
Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бисӯзад халқро.
Гар ҳамедонӣ, ки Яздон довар аст,
Жожу густохӣ туро чун бовар аст.
В-ар барои банда-ш аст ин гуфтугӯ,
Он ки Ҳақ гуфт, ӯ ман асту ман худ ӯ.
(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.199 )
Таҳқиру дуруштгӯйиҳои Мусо дар заминаи ибодӣ Шӯбонро малул ва навмед месозанд ва ӯ нидо дармедиҳад:
Гуфт: Ай Мусо ту даҳонам дӯхтӣ,
В-аз пушаймонӣ ту ҷонам сӯхтӣ.
Ҷомаро бидриду оҳе карду тафт,
Сар ниҳод андар биёбону бирафт.
(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.200)
Дар боби “Итоб кардани Ҳақ таъоло бо Мусо алайҳиссалом аз баҳри он шубон” Мавлоно давоми матлабро ироа дошта. аз забони Ҳақ таоло кирдору рафтори сахтгирона ва мутаассибонаи Мусоро зери тозиёнаи интиқод мегирад:
Ваҳй омад сӯйи Мусо аз Худо,
Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.
Ту барои васл кардан омадӣ,
Не, барои фасл кардан омадӣ...
Мо забонро нангарему қолро,
Мо равонро бингарему ҳолро...
Хун шаҳидонро зи об авлотар аст,
Ин хато аз сад савоб авлотар аст.
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.
(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.201)
Баъдан Мавлоно анҷоми бархӯрди ду қишрро ва пушаймонии тоифаи паёмбариро дар симои Мусо дар боби “Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шӯбон” нақл ва хулоса мекунад:
Баъ аз он дар сирри Мусо Ҳақ нуҳуфт,
Розҳое, к-он намеояд ба гуфт.
Бар дили Мусо суханҳо рехтанд,
Дидану гуфтан ба ҳам омехтанд...
Чунки Мусо ин итоб аз Ҳақ шунид,
Дар биёбон аз пайи чӯпон давид...
Ҳеҷ одобеву тартибе маҷӯ,
Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат бигӯ.
Куфри ту дин асту динат нури ҷон,
Эманӣ в-аз ту ҷаҳое дар амон...
Маҳрами носути мо лоҳут бод,
Офарин бар дасту бар бозут бод...
Ҳамди ту нисбат бад-он гар беҳтар аст,
Лек он нисбат ба Ҳақ ҳам абтар аст.
Чанд гӯйӣ чун ғато бардоштанд,
К-ин набудаст он кӣ мепиндоштанд.
Ин қабули зикри Ҳақ аз раҳмат аст,
Чун намози мустаҳоза рухсат аст.
(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.201)
Панҷум. Мавлоно аз мушкилоти фикрии ҷомеаи мусулмонии замон, ки ҳамеша ба хурофоту таассуб мутамоил будааст, дам мезанад ва дар қолиби ривояти дигар дар мисоли габру мусалмон бовардоштҳои отифиро дар муқобили хушкандешии мазҳабӣ, ки одатан аз риёкорию худнамоӣ таркиб ёфтааст, мавриди интиқод қарор медиҳад. Дар Дафтари панҷум дар доираи боби “Ҳикояти кофире, ки гуфтандаш дар аҳди Боязид ки мусулмон шав ва ҷавоб гуфт ӯ эшонро” Мавлоно масъалаи мазкурро мунтақидона матраҳ мекунад. Таваҷҷуҳ мекунем:
Буд габре дар замони Боязид,
Гуфт ӯро як мусулмони саид.
Ки чӣ бошад, ки ту ислом оварӣ?
То биёбӣ сад наҷоту сарварӣ...
Дорам имон, к-он зи ҷумла бартар аст,
Бас латифу бофурӯғу бофар аст...
Боз имон худ гар имони шумост,
Не бад-он майл астаму не муштаҳост.
Он ки сад майлаш сӯйи имон бувад,
Чун шуморо дид, он фотир шавад.
З-он ки номе бинаду маъниш не,
Чун биёбонро мафоза гуфтане.
Ишқи ӯ з-оварди имон бифсарад,
Чун ба имони шумо ӯ бингарад.
(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.695)
Дар зимн, Мавлоно аз риёкориҳои манури мазҳабӣ ва худнамоиҳои элитаи динӣ. ки имрӯз ҳам зиёд иттифоқ меафтанд, ғаш мекунад ва садои эътирозу интиқод дармедиҳад. Дар Дафтари дувум дар қолиби боби “Гуфтани шайхе Боязидро Каъба манам, гирди ман тавофе мекун” ҳикоёти ибратбахше аз саргузашти сӯфии машҳури асримиёнагӣ Боязиди Бастомӣ нақл мекунад, ки далели муҳкамест бар риёкориҳои қишри риёкори ҷомеа. Боязид ҳангоми сафар ба Каъба бо пире барнодил мулоқот мекунад ва ӯ воқеияти динмадорӣ ва тақводоиро шарҳу баён менамояд. Ба мазмуни ҳикоят таваҷҷуҳ мекунем:
Боязид андар сафар ҷустӣ басе,
То бибояд Хизри вақти худ касе.
Дид пире бо қадде ҳамчун ҳилол,
Дид дар вай фарру гуфтору риҷол.
Дида нобинову дил чун офтоб,
Ҳамчу пиле дида Ҳиндустон ба хоб.
Чашм баста хуфта бинад сад тараб,
Чун гушояд, он набинад, ай аҷаб...
Гуфт: Азми ту куқо, ай Боязид,
Рахти ғурбатро куҷо хоҳӣ чашид.
Гуфт: Қасди Каъба дорам аз пагаҳ,
Гуфт: Ҳин, бо худ чӣ дорӣ зоди раҳ.
Гуфт: Дорам аз дирам нуқра дувист,
Нук бубаста сахт дар гӯша радист.
Гуфт: Тавфе кун ба гирдам ҳафт бор,
В-ин накутар аз тавофи ҳаҷ шумор.
В-он дирамҳо пеши ман неҳ, ай ҷавод,
Дон, ки ҳаҷ кардиву ҳосил шуд мурод...
Чун маро дидӣ Худоро дидаӣ,
Гирди Каъбаи сидқ баргардидаӣ.
Хидмати ман тоату ҳамди Худост,
То напиндорӣ, ки Ҳақ аз ман ҷудост.
Чашм неку боз кун, дар ман нигар,
То бубинӣ нури Ҳақ андар башар.
Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт,
Ҳамчун зарринҳалқае дар гӯш дошт.
Омад аз вай Боязид андар мазид,
Мунтаҳо дар мунтаҳо охир расид.
(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.216)
Шашум. Иддаоҳои фалсафӣ ва ҷасоратҳои эҷодии Мавлоно дар ғазалиёти ӯ ҳам инъикос ёфтаанд, ки дар шароити имрӯзӣ дар сохтмони шахсиятҳои вораста аз қайдубандҳо корсозанд. Даъвиҳои фалсафии Мавлоно дар заминаи шикастани қолибҳои шахшудаи ақидатӣ ва стереотипҳои маҳаллию иҷтимоӣ сахт заруранд. Ба ғазали машҳури Мавлоно, ки як навъ инқилоби фикрии ӯст, таваҷҷуҳ мекунем:
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст…
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мусии Имронам орзуст.
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳой-ҳуйю наъраи мастонам орзуст.
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом,
Муҳр аст бар даҳонаму афғонгам орзуст.
Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Гуфтанд ёфт менашавад гуфтаем мо,
Гуфт он кӣ ёфт менашавад, онам орзуст.
Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст…
(ниг.: Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Мутобиқ бо нусхаи тасҳеҳшудаи устод Бадеуззамони Фурӯзонфар. –Теҳрон: Паймон, 1379. Ғазали 441. –С. 167).
Ҳафтум. Талабот ба омӯзиши бардавоми зиндагинома ва мероси Мавлоно дар шароити феълӣ зиёд шудааст. Ба ин далел, ки донишмандони амрикоӣ Вилям Читик (соҳиби китоби “Мавлоно ва мо”), Колман Баркс (соҳиби китоби “Ҷавҳари Румӣ”), Бред Гуч (соҳиби асари “Асрори Румӣ”), Франклин Луис (асараш “Румӣ. Гузашта ва ҳозира. Шарқ ва Ғарб. Ҳаёт, таълимот ва ашъор”) дар замон ва марҳилаи навини сиёсию иҷтимоӣ ва тамаддунӣ ба омӯзишу таҳқиқи осори Мавлоно камар бастаанд ва ин ҳолат моро водор месозад, ки ба орову андешаҳои инсонсози ин нобиғаи миллиӣ ҷиддитар таваҷҷуҳ намоем.
Рӯзи ҷаҳонии Мавлоноро барои кулли алоқамандони фарҳангу адабиёти миллӣ табрик мегӯем!
Нозим Нурзода
пажӯҳишгар