JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 08 Октябри 2021 11:17

Саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф:

10 октябр ба зодрӯзи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, шодравон Иброн Шарипов 90 сол пур мешавад.  

Бо ибтикори Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи  8 октябри  соли 2021 семинари илмӣ-  методиро дар мавзӯи “Саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар  Тоҷикистон”  бахшида ба 90 - солагии шодравон Иброн Шарипов  баргузор  гардид.

   Дар раванди семинар  олимони маъруфи  ватанӣ  Шоисматуллоев Ш., Қаҳоров Ғ.Ғ., Бекзода К., Назри Яздон ва дигарон суханронӣ намуда,  дар бораи фаъолияи илмӣ  устод Шарипов И.Ш., саҳми ӯ дар  тарбияи насли  ҷавони муҳаққиқони  соҳаи фалсафа ақидаи худро иброз доштанд.

   Иброн Шарипов 10-уми октябри соли 1931 дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон таваллуд ёфта, 7-уми марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба дунёи зиндагии хеш видоъ кардааст. Ӯ муҳаққиқи фалсафа, сиёсатшиносӣ, иҷтимоиёт  буда, дар айни ҳол як шахсияти инсонпарвару инсондӯст буд.

   Иброн Шарипов аз соли 1971 то соли 1983 Мудири бахши  Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки дар муддати ин мудирияти хеш дар тарбияи кадрҳои илмии институт ва ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ намудаанд.  Дар давоми фаъолияти илмӣ-кории худ  дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ дар байни аҳли илм ва ҳайати кормандони Шуъба ва Академияи илмҳои ҶТ ҳамчун як олими донишманди ҳақиқатнигару инсондӯст, меҳрубону хоксор ва адолатпарвару ҳалим ва бо эътиқоду ихлос нисбати касбу кор ва зиндагии хеш буд.

  Профессор Иброн Шарипов солҳои 1984-1994 вазифаи Мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбеи ба номи Т.Г.Шевченкоро ба уҳда доштанд. Солҳои 1994 -1997 бо унвони профессори кафедраи дар боло номбаршуда адои вазифа намуданд.

  1998-2001 Мудирияти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русияро ба уҳда доштанд ва 2001-2009 профессори кафедраи номбурдаи Донишгоҳи славянии ТР шуда кор мекарданд.

  Иброн Шарипов муаллифи бештар аз 300 китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ буда, таълифоти Он кас ба масоили мубрами замон - ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистон, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, консепсияи бунёди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва монанди инҳо бахшида шудаанд.

   Иброн Шарипов борҳо бо ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон сазовор гардидаанд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ин олими тоҷик бо шахсияту камолоти маънавии худ нодир буданд ва ӯ дар қалбҳои мо бо маърифату фарҳанги баланди хеш боқӣ мемонанд ва онҳое, ки Он касро мешинохтанд ҳаргиз фаромуш нахоҳанд кард. Ин навишта пеш аз ҳама як ишорае ба он аст, ки насли нав, махсусан ҷавонон бузургони илм ва шахсиятҳои бонуфузи миллату кишвари худро фаромуш накунанд ва рӯи онҳо шинохт пайдо намуда, аз онҳо қадрдонӣ кунанд ва дарси ибрат гиранд.


          

Бознашр: https://ifppanrt.tj
Хондан 1127 маротиба