JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Октябри 2021 07:48

Файласуфе озода бо ахлоқе покиза (мулоҳизоте дар ҳошияи ҷашни 90-солагии муҳаққиқ, файласуф ва инсони озодаву покиза, профессор Иброн Шарифович Шарифов)

Муаллиф: Нозим Нурзода

    Бо он ки илму фалсафа ва техникаву технология ба таври бесобиқаву суръати кайҳонӣ  пеш меравад ва инсон ба авҷи осмон ва қаъри замин даст меёбад, ҷаҳону олами ҳастӣ беш аз пеш ба инсонҳои покизаву самимӣ, ки воқеан, виҷдони ҷомеа маҳсуб мешаванд, эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ҳанӯз нимаи дуюми садаи бист бузургтарин равонкови ғарбӣ Эрих Фромм вазъи карахтии фикрӣ, камбуди отифӣ, бетаваҷҷуҳию бетафовутӣ ва беэътиноӣ ба сарнавишти инсониро эҳсос намуда, ба башар муроҷиаткунон гуфта буд, ки дар асри бист башарият ба авҷи кайҳон ва умқи замин даст ёфт, акнун замоне фаро расидааст, то инсон шаваду бас (қавли таҳтуллафзии Фромм ба забони русӣ: “давайте, просто быть человеком”). Аз қавли Фромм солҳои зиёде мегузаранд, вале ҳанӯз мушкилоти ҷиддӣ дар самти одамгарӣ ва отифати инсонӣ ҳамоно боқӣ мемонад ва роҳи буҳронҳои амиқи равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданиро ҳамвортар месозад. Албатта, дар ҷомеа ҳанӯз инсонҳои шариф, наҷиб, поктинат, ростқавл, фурӯтан, пурҷасорат, пурмуҳаббат, хирадманд, якрӯ, якзабон, якқавл ва билохира бовиҷдон вомехӯранд ва маҳз онҳоянд, ки чун муттако камари башарро аз шикастан бозмедоранд. Муҳимтар аз ҳама, инсонҳои шарифу наҷиб, бузургу якрӯ ва бовиҷдону хирадманд ба зиндагӣ маъно мебахшанд. Ин аст, ки  файласуфи шаҳири олмонӣ Карл Ясперс дар китоби “Маъно ва ҳадафи таърих”  инсонҳои бузургро “маънои таърих” номида буд.

     Бидуни шак, дар қатори инсонҳои шарифу наҷиб, поку якрӯ, ғамхору меҳрубон ва донишманду қавиирода файласуфи фақид, доктори имлҳои фалсафа, профессор Иброн Шарифов қарор дорад. Устод Иброн Шарифов як умри азизро сарфи хидмат ба илму фалсафаи миллӣ намуда, дар ин роҳи мушкилписанду ифтихорӣ то вопасин нафасҳо умрфарсоӣ кардааст. Ҳамеша якрӯ ва якзабон будааст ва ин мушаххассаи ахлоқию ҳувиятиро аз муҳити тарбиятии музофотӣ ва ҳавзаҳои фикрию мадании замони шӯравӣ ба мерос гирифтааст. Барои рӯшан шудани ҷанбаҳои шахсиятӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-фалсафӣ ва мадании устод Иброн Шарифов иҷмолан сафаҳоти зиндагиномаи ӯро варақгардон мекунем.

    Ин инсони бовиҷдон ва вораста аз қайдубандҳои зиндагӣ 10 октябри соли 1931 дар деҳаи Алисурхони ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) таваллуд шуда, ҳанӯз дар айёми тифлӣ аз падар маҳрум мемонад ва давоми солҳои 1940-1951 дар муҳити хонаи бачагони ноҳияҳои Тавилдара, Сангвор ва баъдан Омӯзишгоҳи омӯзгории Орҷоникедзеобод (Ваҳдати имрӯза) тарбият меёбад. Дар замони таҳсилоти ибтидоӣ, мутавассита ва миёнаи махсус, ки бо фазои таълимию тарбиятии музофотӣ иртибот мегиранд, устод Иброн Шарифов бо заҳматталабӣ ва кушоию ҷӯёӣ аз муқаддимоти илмҳои гуманитарӣ ва табиию риёзӣ огоҳ мешавад ва барои такмили донишу биниш ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе азм мекунад. Ногуфта намонад, ки дар парваришгоҳу тарбияткадаҳою омӯзишгоҳҳои шӯравӣ мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгорӣ кору фаъолият мекарданд. Аз ин лиҳоз, омӯзгорони сахтгиру дар айни замон меҳрубон, ки фазою муҳити таълимию тарбиятии мусоиде ба вуҷуд оварда буданд, дар ташаккули шахсияти Иброн Шарифов нақши калидӣ гузоштаанд.

    Ба ин тартиб, Иброн Шарифов баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Орҷоникидзеобод соли 1951 ба муҳити илмию мадании пойтахт ворид мегардад ва ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (имрӯза ДМТ) дохил шуда, онро соли 1956 бомуваффақият хатм мекунад. Дар ин муддат устод бо муҳити илмию фаннӣ ва адабию фарҳангии донишгоҳ, ки он замон дар ҷумҳурӣ ягона буд, ошно мегардад. Дар замони шӯравӣ омӯзиш дар заминаи илмҳои таърихию фалсафӣ бо шумули таърихи КПСС, таърихи СССР, коммунизми илмӣ, атеизми илмӣ, материализми диалектикӣ ва амсоли инҳо, ки бо сиёсат ва мафкураи давлатӣ тавъам буданд, имтиёзи ҷиддӣ ба шумор мерафт. Мутаассифона, на ҳар нафар донишҷӯ ва ҳатто устоди донишгоҳ аз уҳдаи фаҳму дарки масоили таърих ва фалсафаи марксистӣ-ленинӣ мебаромад. Дар бисёр маворид, аҳли донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳатто ходимони ҳизбӣ танҳо ба хотири супурдани имтиҳоноти ҷорию давлатӣ ва мақому ҷойгоҳи сиёсӣ касб кардан фанҳои мазкурро аз худ мекарданду халос. Аммо Иброн Шарифов дар омӯзиши илмҳои таърихию фалсафӣ саҳлангорӣ намекард ва азбаски тарбияти коммунистиро дар муҳити хона-интернатҳои давлатӣ гирифта буд, худро, пеш аз ҳама, фарзанди давлату ҳукумат медонист. Ин буд, ки, чи дар замони донишҷӯйӣ ва чи дар даврони пажӯҳишгарӣ аз муруру мутолеоти мероси илмӣ-эҷодии таърихию фалсафӣ даст накашид ва ба сиёсату мафкураи давлатӣ ҳамчунон содиқ боқӣ монд. Садоқат ба идеалҳои ҳизбию мафкуравию давлатӣ вежагии шахсию ҳувиятии мунҳасир ба фарди Иброн Шарифов будааст.

    Маҳорату малака ва салиқаи омӯзгорӣ ва илмӣ-пажӯҳишии устод Иброн Шарифовро ба назар гирифта, ӯро пас аз хатми Донишгоҳ ба кори омӯзгорӣ дар кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи омӯзгории  Кӯлоб  (1956-1958)  ҷалб менамоянд. Як муддат (солҳои 1959-1960) устод дар мактаби миёнаи умумии ба номи Ф.Энгелси ноҳияи Восеъ ба сифати директори муассиса фаъолият мекунад ва дар таҳкиму тақвият додани раванди таълиму тарбияи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маорифи музофотӣ саҳм мегирад. Баъдан, ба муҳити илмӣ-пажӯҳишӣ бармегардад ва солҳои 1960 – 1963 ба таҳсилоти аспирантурӣ мепардозад ва ҳамзамон дар Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба омӯзгорӣ машғул мешавад. Соли 1965 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ростқавлӣ – хислати ҷудонопазири одамони советӣ” дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад ва корро дар муҳити илмӣ-академӣ идома медиҳад. Аз ин ҷост, ки устод Иброн Шарифов солҳои 1964 – 1968 вазифаи ходими хурди илмӣ ва солҳои 1968 – 1970 вазифаи ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.

    Дар ин давра устод Иброн Шарифов ба масоили иҷтимоӣ ва фалсафӣ ҷиддитар таваҷҷуҳ намуда, бо иштироки фаъол дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва умумииттифоқӣ бо ҳавзаҳои илмию фалсафии Маскаву Ленинград аз наздик ошно мегардад ва таҳқиқоти худро дар заминаи муносибатҳои ҷамъиятӣ идома медиҳад. Ба ин манзур, соли 1979 дар дили илму сиёсати шӯравӣ -- шаҳри Маскав дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС дар мавзӯи “Қонуниятҳои ташаккули  муносибатҳои сотсиалистии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” рисолаи докторӣ дифоъ мекунад.

   Бояд тазаккур дод, ки устод Иброн Шарифов ҳамчун инсони ростқавл, якрӯ, поквиҷдон, сахткӯш ва коммунисти содиқу самимӣ миёни доираҳои илмию фаннии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибэҳтиром гардида буд, то ҷое ки ҳангоми муоширату муроҷиати рӯзмарра ва ҳатто дар ғоиб ӯро эҳтироман “Иброн Шарифович” мегуфтанд ва минбаъд ин навъи муроҷиати эҳтиромӣ то охири умри устод ҳамчунон идома меёбад (ва то имрӯз нафароне, ки устодро мешиносанд, дар нисбати ӯ, бегумон, титули эҳтиромии “Иброн Шарифович”-ро риоят мекунанд). Устод аз соли 1971 то соли 1983 вазифаи мудири бахши коммунизми илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, дар ин муддат дар тарбияи кадрҳои илмии Шуъба саҳми муносиб гузоштааст. Раёсати Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  сахткӯшию покизакорӣ ва бовиҷдонии устод Иброн Шарифовичро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи котиби Кумитаи ҳизбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1980-1983) бармегузинанд.

   Устод Иброн Шарифович  кори илмӣ-пажӯҳиширо дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти омӯзгорӣ идома дода, солҳои 1984-1994 вазифаи мудирии кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро ба уҳда доштанд. Солҳои 1994-1997 бо унвони профессори кафедраи фалсафаи ДДОТ, солҳои 1998-2001 вазифаи мудирияти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русияро низ ба уҳда дошта,  давоми солҳои 2001-2009 ба унвони профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳи мазкур ифои вазифа намудааст. Ҳамзамон, аз соли 2004 то ибтидои соли 2013 дар Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарходими илмӣ фаъолият  кардааст. Ҳанӯз 12 декабри соли 1986 Комиссияи олии аттестатсионии ИҶШС (ВАК) ба устод Иброн Шарифович унвони илмии “профессори фалсафа”-ро сазовор донистааст. Барои фаъолияти пурсамари илмию эҷодӣ ва таълимию тадрисӣ устод Иброн Шарифович бо Медали “Барои меҳнати шоён” қадрдонӣ гардидааст.

  Устод Иброн Шарифович тайи фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ ва эҷодӣ 6 монография, 4 ҷузва (брошюра), зиёда аз 150 мақолаи илмӣ таълиф ва интишор кардааст. Муҳимтарин рисола ва матолиби устод Иброн Шарифов, ки ба омӯзишу таҳқиқи равандҳои сиёсию иҷтимоии замон, ташхиси ахлоқи коммунистӣ, бозшиносии арзишҳои идеологӣ-мафкуравии даврон, ташаккулёбии давлатдории миллӣ дар шароити нави таърихӣ ва ташаккули биниши илмӣ-фалсафии ҷомеа ихтисос ёфтаанд, аз қарори зайланд: “Ростқавлӣ – хосияти ҷудонопазири одамони советӣ” (-Душанбе: “Ирфон”, 1967), “Заминаҳои табдили муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ” (Қисми 1. –Душанбе: “Дониш”, 1974), “Ташаккули ахлоқи коммунистӣ” (-Душанбе: “Ирфон”, 1975), “Табдили муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ” (Қисми 2.  -Душанбе: “Дониш”, 1976), “Қонунҳои ташаккули сотсиалистии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” (-Душанбе: “Дониш”, 1983), “Табдили муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон” (-Душанбе: “Дониш”, 1986), “Становление таджикской государственности” (-Душанбе, 2013).

  Устод дар марҳилаи нави таърихӣ – даврони соҳибистиқлолӣ аз аввалинҳо шуда, атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, маданӣ, ки дар шаклгирии шуури ҷамъиятӣ ва сохтмони давлатдории миллӣ сахт муассиранд, таҳқиқ намуда, дар ин замина матолиби ҷиддӣ дар матбуоти даврии ватанӣ интишор додааст. Ба сухани дигар, устод миёни олимону донишмандон ва рӯшанфикрони миллӣ аз аввалинҳо шуда, дар замон ва шароити нави сиёсию геополитикӣ бо масъулияти тому тамом доир ба масоили сиёсию иҷтимоӣ ва идеологию маданӣ дар матбуоти даврӣ изҳори назар намудааст. Солҳои 1997-1998, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ ворид гардид, дар матбуоти даврии ватанӣ, махсусан, дар рӯзномаи навтаъсиси “Ҷунбиш” баҳсҳои ҷиддие сари мавзӯъ ва масъалаҳои таърихи тамаддуну фарҳанги бумӣ, решашиносии мушкилоти иҷтимоию мафкуравӣ, раванди худогоҳию худшиносӣ, нақши ҷаҳонбинии фалсафӣ дар шинохти мушкилоти ватанӣ, сохтмони давлатдории миллӣ, авомили заъфи рӯҳияи тоҷикӣ, таъсири таҳоҷумоти сиёсию мафкуравӣ ба рӯҳия ва зеҳниёти миллӣ сурат мегирифтанд ва устод Иброн Шарифович, воқеан, аз пешгомони ҷараёни рӯшангарии миллӣ дар он вазъу шароити сиёсию маданӣ маҳсуб мешавад.

   Дар он замон матолиби ҷиддӣ ва илмӣ-оммавии Иброн Шарифович дар мавзӯоти муҳим ва доғи рӯз, минҷумла “Сабабҳои таърихӣ ва масъалаҳои инкишофи худшиносии миллии тоҷикон дар замони ҳозира” (//Ҷунбиш, №1 (11), январи соли 1998), “Аҳамияти омӯзиши идеяҳои умумимиллии ҷалби тоҷик дар марҳилаи ҳозира” (//Ҷунбиш №3 (13), феврали соли 1998), “Ҷаҳонбинии фалсафӣ – омили муҳимми шинохти ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии Тоҷикистони имрӯза” (//Ҷунбиш “13-14 (23-24), июли соли 1998) ва амсоли инҳо дар дарку фаҳми масоил ва ташхиси мушкилоти рӯз муассир будаанд. Гузашта аз ин, устод он замон таҳқиқи масоили ба истилоҳ, доғро дунбол карда, дар қиболи мушкилоти замонию маконӣ ба забони русӣ силсиламақолоти илмӣ-академӣ ва илмӣ-оммавӣ мунташир мекунад. Аз ҷумла, масъалаҳои сиёсию мафкуравӣ ва иҷтимоию маданӣ дар силсиламақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавии устод Иброн Шарифович “Развитие межнациональных отношений советского периода в Таджикистане” (см.: //Развитие национальных отношений в современном Таджикистане (Сборник). –Душанбе: “Дониш”, 2002), “Распад СССР и обострение межнациональных отношений” (см.: //Развитие национальных отношений в современном Таджикистане (Сборник). –Душанбе: “Дониш”, 2002), “Предпосылки преобразования важнейших аспектов межнациональных отношений независимого Таджикистана” (ниг.: //Минбари халқ, №11 (56), 29. 11. 2001), “Состояние межнациональных отношений в постсоветском независимом Таджикистане” (см.: //Развитие национальных отношений в современном Таджикистане (Сборник). –Душанбе: “Дониш”, 2002), “Эпохальное событие на путях укрепления национального государства” (см.: //Известия АН РТ. Серия: философия и правоведение. №3-4, 2004), “Санаи нодири таърихӣ дар бораи таҳкиму пойдории давлати миллӣ” (ниг.: //Ҷумҳурият, №14 (20548), 14 сентябри соли 2002) васеъ инъикос ёфтаанд.

  Агар дар даврони шӯравӣ устод масоили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ахлоқи коммунистиро аз дидгоҳи марксистӣ-ленинӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода бошад (барои иттилооти бештар дар ин замина таваҷҷуҳ шавад ба: Шарипов, Иброн. Ростқавлӣ – хосияти ҷудонопазири одамони советӣ. -Душанбе: “Ирфон”, 1967; Шарипов, Иброн. Заминаҳои табдили муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ.  Қисми 1. –Душанбе: “Дониш”, 1974; Шарипов, Иброн. Ташаккули ахлоқи коммунистӣ. -Душанбе: “Ирфон”, 1975; Шарипов, Иброн. Табдили муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ. Қисми 2.  -Душанбе: “Дониш”, 1976; Шарипов, Иброн. Қонунҳои ташаккули сотсиалистии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон. -Душанбе: “Дониш”, 1983; Шарипов, Иброн. Табдили муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон. -Душанбе: “Дониш”, 1986), дар марҳилаи Истиқлоли давлатӣ мавзӯоти марбут ба тағйирёбӣ-трансформатсияи ҷомеаи тоҷикӣ ва сохтмони давлатдории миллиро бо истифода аз методологияи илмӣ пайгирӣ мекунад ва дар ростои мушкилоти миллӣ, аз ҷумла: беадолатиҳои марзӣ-ҳудудии солҳои бистуми садаи бист; муқовимати интеллигенсияи миллӣ дар баробари пантуркизм ва соири зуҳуроти бегона; хиёнаткориҳои худиву бегона, сепаратизм-ҷудоиталабии қавмию сиёсӣ ва авоқиби фоҷеабори он; муаррифии шоистаю боистаи мероси гаронмояи илмию фарҳангии тоҷик дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ; авомили таҳкими давлатдории миллӣ; бедории элитаи сиёсию фарҳангӣ; иллатҳои зуҳуру нуфузи маҳалгаройӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ; зарурати фалсафаи миллӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ дар барқарорсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ; қудрати миллӣ дар шароити ҳувиятсозӣ назароти ҷолиб ва ҳирфаӣ ироа медорад (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба китоби ахирии устод: Шарипов, Иброн. Становление таджикской государственности. –Душанбе: “Дониш”, 2013. -120 с.).      

  Устод Иброн Шарифович ба дараҷае ба мавзӯот ва масоили сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравӣ-идеологӣ мутамоил будааст, ки ҷомеашиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, профессор Шоназар Шоисматуллоев, бемуҳобо, ӯро “патриарх-саромади мактаби сиёсатшиносии ватанӣ” номидааст (см.: Шарипов, Иброн. Становление таджикской государственности. –Душанбе: “Дониш”, 2013. –С.3). Аз ҳама муҳим, Иброн Шарифович дар масоили миллӣ, бавежа шинохту ташхиси уқдаҳои фикрӣ ва заъфи сиёсиву маънавии миллати тоҷик хеле ҳасос будааст. Устод бар мабнои осори илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ, махсусан маводи пажӯҳишии муътамади ғарбӣ масоили марбут ба миллатро таҳқиқ намуда, масири ташаккулу таҳаввул ва хостгоҳи миллатро дар паҳнои таърихи миллию фаромиллӣ мушаххас мекунад. Иллату сабабҳои шикасти рӯҳияи миллиро устод дар маҳалгаройӣ ва анвои гуногуни ҷудоиталабӣ, аз ҷумла сепаратизми маҳаллию миллӣ дониста, саҳми интеллигенсияи миллиро дар рафъи мушкилоти ҳувиятӣ ва бурунрафт аз буҳронҳои фикрию ақидатӣ калидӣ арзёбӣ кардааст (ниг.: Шарипов, Иброн. Становление таджикской государственности. –Душанбе: “Дониш”, 2013. –С.53-63).

   Устод Иброн Шарифович, қатъи назр аз он ки дар муҳиту рӯҳияи интернатсионализми шӯравӣ тарбият ёфта буд, пайваста сари масъалаҳои ҳассоси замонӣ – мушкилоти фикрию равонӣ, буҳронҳои ҳувиятӣ, воқеиёти даврӣ, сарнавишти миллӣ, ҷабри таърихӣ ва амалкардҳои душманони дохилию хориҷӣ дар нисбати миллияти тоҷикӣ тааммулу тамаркуз карда, кӯшидааст, ки маҷмӯаи масоили доғро аз дидгоҳи илмию ихтисосӣ баррасӣ намояд. Дар зимн, устод Иброн Шарифович донишмандону зиёиёни миллиеро, ки ба мушкилоти ҳувиятӣ, аз ҷумла ташаккули миллати тоҷик дар мароҳили гуногуни таърихӣ пессимистона бархӯрд мекунанд, интиқод намуда, манзараи сарнавишти миллиро дар шароити нави таърихӣ воқеъбинона (оптимистона) тасвир месозад. Воқеан, як идда аз пажӯҳишгарону зиёиёни ватанӣ дар ибтидои солҳои дуҳазорум ба дараҷаи як миллати бутун ташаккул наёфтани тоҷикро арзёбӣ мекарданд ва устод Иброн Шарифович бошад, ҳамчун рӯшангари миллӣ дар он марҳилаи ҳассос аз ҳастию вуҷуди таърихию воқеии миллияти тоҷикӣ дифоъ намуда, дар баробари нотавонбинон ва душманони миллат ҷасоратмандона қад алам кард (ниг.: Шарипов, Иброн. Становление таджикской государственности. –Душанбе: “Дониш”, 2013. –С.117-119).

   Устод Иброн Шарифович мушкилоти пойин рафтани сатҳи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмиро дар ҷомеа эҳсос намуда, бад-он мекӯшид, ки аз тариқи нашру пахши мақолоту матолиби илмӣ-фалсафӣ роҳро барои рафъи буҳронҳои фикрию фалсафӣ ва иҷтимоию маданӣ ҳамвор созад. Ба ин маъно, устод бо файласуфону донишмандони воқеии миллӣ ва ватанӣ дар ҳамкорӣ ва робитаи мудавоми илмию эҷодӣ буд. Барои намуна, файласуфи муосири миллӣ, устод Комил Бекзода ҷиҳати омӯзиш ва таҳқиқи вазъи равшанфикрии миллӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ дар қолиби назарсанҷии ҷомеашинохтӣ 55 пурсиши фалсафӣ таҳия намуда, 18 декабри соли 2008 дар ҳафтаномаи мустақили “Зиндагӣ” (муассисаш Қурбоналӣ Хуҷамов) ба чоп расонд. Пурсишҳо, асосан ба тими файласуфону донишмандони миллию ватанӣ иртибот доштанд, то аз тариқи посухҳои онҳо сатҳи равшанфикрӣ дар миёни табақоти илмӣ ва ҷомеаи мадании тоҷик мушаххас шавад. Устод Комил Бекзода сари вақт барои посухи дақиқ гирифтан пурсишномаи фалсафиро шахсан  ба ҳар як донишманду файласуфи матраҳи миллию ватанӣ расонда буд. Мутаассифона, тайи зиёда аз як сол танҳо нафарони ангуштшуморе ба пурсишномаи фалсафии устод Комил Бекзода посух доданду халос. Дар сафи пеши ангуштшумороне, ки ба пурсишоти фалсафӣ посух дода буданд, профессор Иброн Шарифович қарор дошт ва ӯ масъулиятро эҳсос намуда, аллакай 9 декабри соли 2008 бо имзои шахсӣ посухҳояшро дар ҳаҷми 13 саҳифаи чопи компютерӣ ба муаллиф (Комил Бекзода) пешниҳод намуд. Мавқеъгириҳои фалсафӣ ва посухҳои дақиқи профессор Иброн Шарифовичро устод Комил Бекзода ҳамчун намунаи боризи равшанфикрии миллию ватанӣ дар матлаби вежае таҳти унвони “Равшанфикрони ҷаҳони имрӯз” интишор дод (ниг.: Бекзода, Комил. Равшанфикрони ҷаҳони имрӯз. //Ҷаҳонбинии оянда ва бархӯрди андешаҳо (Маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: “Дониш”, 2015. С.380-405).

  Устод Иброн Шарифович минҳайси файласуф ва ҷомеашиноси ватанӣ буҳронҳои ахлоқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва илмиро дар сатҳи ҷаҳон ба мушоҳида гирифта, омӯзиши фалсафаро дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ муқтазои замонию маконӣ ва амру зарурати миллию таърихӣ медонист. Ин буд, ки дар сатҳи як равшанфикри миллию ватанӣ фалсафаро ҳамчун “бонуи илмҳо” таърифи ҷолибе додааст: “Фалсафа тафаккури назариявӣ буда, ҳолати ҷаҳонбинӣ ва манзараи худшиносии иҷтимоиро дар фосилаи замони мушаххаси таърихӣ, мунтақидона ва ба таври диалектикӣ меомӯзад. Фалсафа чун “ҷавҳари маънавии замони худ” моҳияти инқилобӣ дошта, як навъ вазифаи “”ғирбол”-и ҷаҳонбиниро адо мекунад” (ниг.: Бекзода, Комил. Равшанфикрони ҷаҳони имрӯз. //Ҷаҳонбинии оянда ва бархӯрди андешаҳо (Маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: “Дониш”, 2015. С.389).

  Тавре ки дар боло ишора рафт, устод миёни ҷомеаи илмӣ ва мадании ҷумҳурӣ бо вежагиҳои ҳувиятии инфиродие назири ростқавлӣ, ростгӯйӣ, фурӯтанӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, садоқатмандӣ, поквиҷдонӣ, миллатдӯстӣ, ватанпарастӣ ва инсонпарварӣ ном бароварда буд ва ҳар нафаре, ки то имрӯз дар бораи ин шахсияти фалсафӣ ва илмӣ суҳбат мекунад, ҳатман мушаххасоти ахлоқӣ ва виҷдонии ӯро тавсифу тамҷид менамояд. Агар ҳар қадар сафи шахсиятҳое назири Иброн Шарифович дар ҷомеа зиёд шаванд, ҳамон қадар ояндаи неку дурахшоне халқу миллати тоҷикро мунтазир хоҳад буд.

           Нозим Нурзода

           пажӯҳишгар

Хондан 1053 маротиба