Мушкил аз он сабаб аст, ки «фикру зикри» ботинии ин шахс, мақсаду мароми равонии он, на ҳама вақт барои сухангўй дастрас мебошанд. Ин омил иллати он мегардад, ки баъзе паҳлуҳои нозуки фаъолияти арзандаи шахси тавсифшаванда нодида мемонад. Аз ин лиҳоз, гарчанде дар бораи фаъолияти устоди арҷмандам Талбак Садриддинов сухане чанд гуфтаниям, боз ҳам иқрорам, ки на ҳама паҳлуҳои фаъолияти пурғановату фазилатҳои ин марди шарифу маҳрубон бароям ошкоранд. Ин падида табиист зеро дар фосилаи вақту замон, муносибатҳо агарчи комилан канда нашуда бошанд ҳам, то ҷое сусту заиф гардидаанд. Дар ин гуна мавридҳо воситаи барқарор намудани симо, образ ва накукориҳои устод, хотироти шахсӣ, вохуриҳои ногаҳонӣ ва ҳолпурсии писарону пайвандони устоди меҳрубон ба шумор мерафтанд. Симои нотакрори устод ҳеҷгоҳ аз хотири ман фаромўш нарафта ва то вақте, ки зинда ҳастам нахоҳад рафт. Чаро? Зеро иллати асосию ҳалкунандае, ки манро ба арсаи илму дониши замон ҳидоят намудааст, маҳз хизмати бузурги ҳамин устоди баруманд аст. Ин раванд чӣ тавр сурат гирифт? Дар поён баъзе аз лаҳзаҳои хотироти хешро аз ин раванди мароқангез ба хонандагони гироми пешкаш мекунам.
Қабл аз ҳама бояд гўям, ки то соли 1945 ман дар хонаи бачагони (детдоми) ноҳияи Тавилдара тарбия мегирифтам. Ба ин хонаи бачагон ятимони зиёде аз ноҳияҳои Сангвор, Ванҷу, Дарвоз ва Кўҳистони Бадахшони гирд оварда шуда буданд. Аҳволу зиндагии кўдакон дар ятимхона чандон хуб набуд. Ва ин ҳолат сабаби худро дошт. Мардуми мамлакати Шўравӣ, аз он ҷумла заҳматкашони Республикаи шуравии Тоҷикистон, ба ҷанги зидди фашизми Олмон сафарбар кардашуда буданд ва томи имконияту захираҳои моддию маънавиро барои торумор кардани душмани ашадии мардуми Шўравӣ ва башарият равона месохтанд. Табиист, ки таъсири ин омил ба таъминоти бачагони ятимхона бе асар набуд. Вале сарфи назар аз ин мушкилот, Давлати Шўравӣ ғамхорӣ ва таъминоти хонаҳои бачагону ятимхонаҳоро ҳеҷгоҳ аз мадди назар дур насохта, тамоми чораҳои имконпазиррро дар ин ҷода меандешид.
Баҳори соли 1945 бо қарори Ҳукумати ҶШТ ва Ҳукумати вилояти онвақтаи Ғарм (ҳоло Рашт), дар аксарияти ноҳияҳои кўҳистон, (Сангвор, Ванҷ, Дарвоз) хонаҳои бачагон ташкил дода шуданд. Бинобар ин соли 1945 қарор шуд, ки ятимони аз ноҳияҳои дар боло зикргардида, ки дар хонаи бачагони Тавилдара гирд омада буданд, ба ятимхонаҳои ин ин ноҳияҳо интиқол дода шаванд. Ба ҳамин минвол 35 нафар ятимон ба хонаи бачагони ноҳияи Сангвор фиристода шуданд, ки дар байни онҳо ман ҳам будам. Ҳамин тавр, давраи нави ҳаётгузаронӣ дар ятимхонаи ноҳияи Сангвор оғоз гардид. Ин фосила чандон тулони набуд, вале аз лиҳози ғани гардидани таассурот, шиносои ба одамону ҳамтоёни худ, бо муаллимону мурабиёни ғамхору серталаб ва росткор басо фаровону пурмаҳсул буд. Дар байни ин одамони аҷиб, устод ва муаллими муҳтарами ман, на танҳо ман, балки устоду муаллими даҳҳо нафар ҳамтоёну ҳамсабақони ман, Садриддинов Талбак фаъолияту меҳнат мекард. Шиносоии ман ва ҳамтоёни ман ба устод Садриддинов Талбак аз ҳамин ҷо оғоз гардидааст. Ин шиносоиро ба маънои ба вай тамоман наздику ҳамсуҳбат будан фаҳмидан лозим нест, зеро устод Садриддинов Т.С. дар вазифаи на танҳо инспектори методии маорифи ноҳия, балки ҳамзамон ба сифати Котиби комиҷрояи ноҳия кор мекард. Мо бошем дар ин солҳо ниҳоят хўрд буда дар синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 4 ва 5) мехондем. Вале одамони мансабдори ниҳоят хўрди Сангворро дар деҳаю маркази он, ҳам хурду ҳам калон ба хуби мешинохтанд. Вақте, ки дар бораи шиносоии хеш бо устод Талбак Садриддинов сухан меронам, асоси иловагӣ низ дошт. Ин асос аз он иборат аст, ки яке аз рафиқони наздики давраи бачагиам Идрисов Неъмат, ақрабои наздики устод буданд. Вай дар бораи устод аҳодиси дидаю шунидаи худро ба мо нақл карда медод. Гузашта аз ин, дар хонаи бачагон, қисмате аз мураббиёни мо аз ҷумлаи занон буданд. Дар байни онҳо, мо ятимон, модархонд ва аппахондҳо доштем. Ду нафари онҳо, мурабии калон, ки исмаш Идимоҳ ва мурабии нисбатан ҷавон, ки Адолат ном доштанд, модархонд ва аппахони банда буданд. Чанде пас маълум шуд, ки аппахони дилсўзу меҳрубони ман – аппаи Адолат, хоҳари устоди арҷманд Талбак Садриддинов будааст. Бинобар ин, бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки шиносоии камина бо устоди гиромидошт Талбак Садриддинов сарчашмаи қаввӣ ва эътимоднок дошта, минбаъд сайқал ва такомул ёфта мустаҳкам гардид.
Дар боло ман ишора кардам, ки ҳаёти ман дар хонаи бачагони ноҳияи Сангвор тўлони набуд. Ҳамаги сесол. Соли 1947 ман синфи 5-ўми мактаби ҳафтсолаи маркази ноҳияи Санворро тамом кардам. Муаллимони ин мактаб сахтгиру серталаб, вале ғамхору меҳрубон буданд. Номи неки баъзеи онҳо, бидуни гузашти солҳои тўлони ҳоло ҳам фаромўш нашудаанд.
Дар баробари устод Талбак Садриддинов, муаллими хеле сахтгиру росткор, Гулҳусайн, Ризвонов Аббос (ҳамзамон директори хонаи бачагон) омўзгор, тарбиятгари бағоят сахтгир, вале мушфиқу ғамхори ятимон, муаллимон Ҷонов, Акрамов ва дигарон фаъолият мекарданд. Ҳамаи онҳо ба мо дониши мукаммал дода, таҳкурсии мустаҳками ояндаро гузоштанд.
Соли 1947 ҳодисаи ғайри чашмдошт рўх дод, ки ин падида ман ва шарикони манро ба устоди арҷманд Садриддинов Талбак рў ба рў овард. Он замон масъалаи ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҷалб намудани донищҷўён аз масъалаҳои «доғи рўз» ҳисоб мешуд. Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба солҳои баъдиҷангӣ дар системаи таълими мактабҳои кишвар таъсири калони харобиовар расонида буданд. Муаллимони ихтисосманди маълумоти олӣ ё миёнаи соҳаҳои гуногуни таълим ниҳоят камшумор буданд. Бинобар чунин вазъияти ногувори соҳаи мактабу маориф, ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ лозим меомад, ки ин қабил донишҷўёнро аз ҷумлаи хоҳишмандони хатмкардаи мактабҳои ҳафтсола ҷустўҷў ва интихоб намоянд. Намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Сангвор низ омаданд ва онҳоро маорифи ноҳия (мудираш, агар хато накунам, Қурбонов буданд) ба хонаи бачагон оварданд. Дар байни онҳо мудири маориф ва муаллими гиромидошти мо Талбак Садриддинов низ ҳузур доштанд. Ба ин муносибат мудири хонаи бачагон Ризвонов Аббос ҷамъомади хонандагони синфҳои 5-7 –ро ороста, мақсаду мароми меҳмононро иброз доштанд ва барои дар омўзишгоҳҳои педагогӣ идома додани таълим аз хоҳишмандон даъват ба амал оварданд.
Мутаассифона, аксарияти кулли бачагон дар синфҳои поёнӣ (синфҳои 1-4) таҳсил мекарданд ва танҳо 5-нафар ятимон синфи 5-умро тамом карда буданд. Дар байни онҳо ман ҳам будам. Намояндагони вазорат хоҳишмандонро аз байни онҳо пурсон шуданд. Вале хоҳишмандони идома додани таълим дар омўзишгоҳҳое, ки дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ мавҷуд баданд, пайдо нашуд. Ва ин табии буд. Зеро ҳамаи онҳо наврас буда синашон аз 11-13 сола боло набуд. Ва болои ин аз макони одаткардаи зист, берун аз ноҳия рафтан, барои онҳо вазнину номаълум буд.
Дар ҳамин вазъият устод Талбак Садриддинов ва Ризвонов Аббос пеши панҷ нафари мо омада, аз ҳар яки мо дар алоҳидагӣ хоҳиши идома додани таълимро пурсон шуданд. Дар ҳамаи ин ҳолат, се нафар бачагон ризогии худро надоданд. Танҳо ду нафар, ман ва рафиқи ман (исмаш Иброҳимов Раҳмат) барои хондани рафтан розӣ шудем.
Бояд гуфт, ки ҷустуҷўи ингуна хоҳишмандон аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф, дар аксарияти деҳаҳои калони ноҳияи Сангвор гузаронида шуд. Дар натиҷа аз тамоми ноҳияи Сангвор ҳамагӣ 8-нафар ҳамин гуна хоҳишмандон пайдо карда шуд. Дар ҳамаи ин раванди ҷўстуҷўи намояндагони Вазорати маориф, иштироки бевоситаи устод ва муаллими арҷманди мо Талбак Садриддинов бағоят бузург буд.
Маҳз ҳамин ҳавасмандӣ ва ғамхорию дилсузии ин марди шарифро ба назар гирифта, уро мутассадии ба Душанбе бурдани 8- нафар интихобшудагони ноҳияи Сангвор, ки хоҳишманди дар омўзишгоҳҳо идома додани таҳсил буданд, таъин намуданд. Барои наврасони ба сафари номаълум баромада, доштани чунин мутассадӣ мисли устод Талбак Садриддинов, бениҳоят муҳиму зарур буд. Ҳамин тавр, миёнаи моҳи августи 1947 мо ба сарварии устод Талбак Садриддинов роҳи Душанберо пеш гирифта назди Вазорати маориф расидем. Устод моро ба назди вазири вақт (ба фикрам Пулодов) бурданд. Моро хеле навозишкорона истиқбол карданд, насиҳатҳои зиёде доданд, аз аҳамият ори набудани идомаи таҳсил, соҳибкасб гардидан ва ба мардуми ноҳияи худ мадад расонидан, аз ормонҳои асосии маорифчиён аст. Баъд аз суҳбат вазир ҷонишини аввали худро (ба гумонам исмаш Ҳакимзода буд) назди худ хонда хоҳиш кард, ки ҳамроҳи устод Талбак Садриддинов рафта ба шогирдон ҷойгир будани омўзишгоҳҳоро фаҳмонед ва хоҳиши онҳоро ба инобат гиред.
Мо ҳамроҳи устод Талбак Садриддинов вориди дафтари муовини аввали вазир гардидем. Муовини вазир ба устод дар ҳузури мо дар бораи ҷойгир будани омўзишгоҳҳои педагогӣ муфасал нақл карда, ба мо муроҷиат карда гуфт: акнун интихоб аз ҷониби шумост. Кадом омузишгоҳеро интихоб кунед, ба ҳамонҷо мефиристем. Холо рафта бо муаллиматон маслиҳат кунед. Ва мо бо устод аз Вазорати маориф берун шудем.
Бояд қайд кард, ки баъди ҳарбу зарби аз байн бардоштани маҳви бесаводӣ ва хусусан баъди ба охир расидани ҷанги бузурги Ватанӣ, бунёди омўзишгоҳҳои педагогӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хеле зиёд гардида буд. Ин гуна омўзишгоҳҳо дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), Ҳисор, Кўлоб, Панҷакент, Уротепа (ҳоло Истарафшан), Хуҷанд, Қурғонтепа, (ҳоло Бохтар), Хоруғ ва ғайра амал карда мутахасисони маълумоти миёнаи педагогӣ тайёр мекарданд. Баъди баҳсу талошҳои зиёд мо ба хулосае омада натавонистем. Мутассадди ва сарварамон устод Талбак Садриддинов, соати ҷамъ шуданро муайян намуда, аз паси иҷрои баъзе муҳимоту корҳои мо рафтанд. Мо 8-нафар наврас, масъалаи ба омўзишгоҳи педагогии кадом шаҳр рафтанро муддати дароз муҳокима намудем. Ҳар яке омузишгоҳи ин ё он шаҳрро пешниҳод мекард, ки на ҳама ин пешниҳодҳоро тарафдорӣ мекарданд. Ҳамин тавр, пас аз баҳсу таклифу талошҳои зиёд ба хулосае омада натавонистем. Маъюс гашта интизори омадани устод Талбак Садриддинов шудем. Баъди баргаштан Устод назди моён омада ҳолу аҳвол пурсид ва моро маъюсу дилшикаста ёфт. Мо уро аз баҳсҳои ба кадом омўзишгоҳ рафтанамон нақл кардем. Устод чанде андеша карданд ва баъд гуфтанд: Ҳоло мо ҳамаамон назди ҷонишини вазир даромада, аз интихоби омўзишгоҳи педагогии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба вай хабар медиҳем. Агар интихоби маро қабул кунад, ин амр барои шумоён хеле муҳим хоҳад буд.
Шогирдон ба маънои суханони устод Талбак Садриддинов сарфаҳм нарафтанд ва ҳайрон ба он касс назар мекарданд. Устод бо нигоҳи ҳайронангези шогирдон назар карда кўтоҳ ҷавоб дод: «Баъдтар хоҳед фаҳмид.» Мо ҳамроҳи Устод пеши ҷонишини вазир даромадем ва он касс мароми шогирдонро ба вай арз карданд. Ҷонишини вазир, каме фикр карда, пас посух дод: «Ман хоҳиши Шуморо меписандам. Орҷоникидзеобод дар байни чорраҳа ҷойгир аст». Баъзе аз шогирдшавандагон ба маънои посухи устод сарфаҳм рафтанд, яъне аз ин шаҳрак ба Душанбе, Кўлоб, Ғарм ва аз ҳама муҳимтар, ба сўи Тавилдара ва Сангвор рафтан мумкин аст. Мо шогирдшавандагон ҳамроҳи устод, роҳи Орҷоникидзеободро (ҳоло шаҳари Ваҳдат) пеша кардем. Устоди меҳрубон моро ба омўзишгоҳ расонида, маъмурияти онро ёфта, дар бораи қабули шогирдшавандагон ба курси якуми Омўзишгоҳи педагогӣ гуфтугўи тулонӣ гузаронид. Мо хоҳишмандон ягон ҳуҷҷати зарурӣ дар бораи маълумоти 7-сола надоштем. Агар ягон ҳуҷҷате устод тартиб дода буд, дар дасти худи вай буданд. Сўҳбати дурударози устод бо маъмурият, шояд аз ҳамин сабаб буд. Ба ҳар ҳол моро беимтиҳон ба Омўзишгоҳ қабул карданд, асбобу ҷои хоб муҳаё карданд. Дар раванди иҷрои ҳамаи ин корҳо, гуфтугўйҳо, даву тозҳо, хизмати барҷастаи мутасаддии мо бузугр буд.
Мо донишҷўи омўзишгоҳ гардидем. Таҳсил сар шуд. Ба мо хоҳишмандони собиқ ноҳияи Сангвор, ки ҳамагӣ маълумоти синфи чор ва панҷро доштем, раванди таҳсил бисёр мушкил буд. Серталабии муаллимони омўзишгоҳ, кам ё қариб надоштани маводи таълимӣ, ин равандро боз ҳам мушкилтар мегардонд. Ба болои ҳамаи ин, мушкилии таъминоти донишҷўён ба маводи хўрока, пушока, паст будани маоши донишҷўӣ, ҷори будани системаи корочка ва ғайра аҳволи донишҷўёнро боғоят шадид гардонид. Таъсири оқибатҳои баъди ҷанги бузурги Ватанӣ, таври равшан эҳсос карда мешуд ва барои идомаи таҳсили баъзе аз шогирдони омада, монеаи ҷиддӣ мегардид. Акнун мо ба умқӣ сухани устод, ки ҳоло «Баъдта хоҳед фаҳмид» ва фикри ҷойнишини Вазири маориф дар бораи он, ки «Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) дар байни чорроҳа ҷойгир аст» сарфаҳм рафтем. Воқеан бояд гуфт, ки аз 8-нафар хоҳишмандони аз ноҳияи Сангвор ба омўзишгоҳ қабулгардида, панҷ нафарашон ба мушкилию вазниниҳо тоб оварда натавониста таҳсилро тарк карда, ба хонаҳояшон баргаштанд. Таҳсилро танҳо се хоҳишманд аз ноҳияи Сангвор – Шарипов Иброн, Иброҳимов Раҳмат, Саидов Умед- идома доданд ва хушбахтона, аз ҳама мушкилиҳои зиёд наҳаросида омўзишгоҳро хатм намуданд.
Баъд аз бо баҳои аъло хатм кардани Омўзишгоҳ, ман ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон бе имтиҳон дохил гардидам, ки ин қиссаи дигари ҳаёти ман аст.
Дар ин навиштаҳо барои ман чун фард ва баъдтар шахсият чи ҷолиб ва шоистаи ифтихормандӣ аст?
Аввал аз ҳама аз он падида ифтихормандам, ки «тақдир» мани ятимро ба чунин як марди фозил, раҳмдил (беҳтараш дарёдил) ва ғамхор рўбарў овард. Бояд иқрор шавам, ки ман аз лиҳози ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ба «тақдир» бовар надорам. Ва чи тавре, ки халқи заковатманди тоҷик, дар яке аз мақолҳояш мефармояд, «тақдиро тақдирҷунбон меҷунбонад».
Тақдирҷунбони мани ятим ҳамин марди закӣ ва меҳрубон, устоди бузургдошти ман Талбак Садриддинов буданд, ки аз овони бачагӣ то ба имрўз, меҳру муҳаббат ва миннатдории хешро нисбати ин марди бузург дар қалби худ қавӣ мепарварам. Маҳз ба василаи заҳмати ин марди наҷиб ман қадамҳои устувори худро ба шоҳроҳи илму маърифат, ҷаҳонбинии илмӣ ва дарки тазодҳои пурмуаммои зиндагӣ гузоштам.
Одатан дар камолоти шахсҳо, устодону омўзгорону мураббиёни зиёде саҳмгузоранд. Вале саҳме, ки устоди нахустин дар равони наврас, ҷавоне мегузорад, вай падидаи абадист ва бо гузашти айёми айнӣ аз хотирот намеравад, баръакс, ҷилои наву тоза пайдо мекунад. Давраҳои гуногуни камолоти ман барин ятимон паси сар шуданд. Мо ҳам пирсол шудем, худ устод, омўзгор ва тарбиятгар шудем. Вале ҳамаи ин давтовардҳо, маҳсули таконе буданд, ки тақдирҷунбони аввалини ман устод Талбак Садриддинов дода буданд.
Ноҳияи Сангвор, як зумра олимони барҷаста, вазирон, ходимони ҳизбию-давлатӣ, устодони мактабҳои олии Тоҷикистон, ходимони Академияи илмҳои Тоҷикистон, шоирон, муаллимони баруманди сохтори мактабу маорифи ҷумҳурӣ ва мардони шарафманди соҳаи хоҷагии кишоварзӣ, ки аксарияташон, хушбахтона, дар қайди ҳаёт буда, фаъолияти пурманофеи хешро баҳри шукуфоию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба харҷ медиҳанд, ба мамлкат дода аст. Инҷо танҳо баъзеи онҳоро номбар кардан месазад, ки ҳамаи онҳо худро дастпарвару шогирди ҳақиқии устоди меҳрубону ғамхор, тарбиятгару устоди устодон, Талбак Садриддинов медонанд, меҳисобанд ва алҳақ ҳамин тавр аст. Аз чумлаи ин нафарон, мехоҳам инҳоро зикр намоям: Олимон-Диноршоев Мусо, Академики АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор; Назаров Ҳақназар, Аъзо- Кореспонденти АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор; Шарипов Иброн, сарходими Шўъбаи фалсафаи сиёсат, доктори илмҳои фалсафа, профессор; Вазиров Зокир, ходими давлатӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор: Шоихтиёров Худоёр, доктори илмҳои фалсафа, дотсент; Гирдаков А., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Раҳматуллоев Нарзулло, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедра, дотсент; Хаскашов Толиб, доктори илмҳои забоншиносӣ, профессор; Идрисов Тавакал, номзади илмҳои химия, дотсент; Ходимони давлатӣ- Ҳасанов Усмон, Вазиров Зокир, Зуҳуров Шукурҷон; Ходимони ҳизбӣ- Ҳасанов У., Рабиев Ҳабиб, Ҳисориев Расул, Чилаев Искандар; Шоирони варзида - Амри Яздон (Раҳматуллоев Нарзулло) устодони донишгоҳҳо - Талбаков Саидҷон, Идрисов Неъмат, арабшинос Исоев… муаллимон Бердиев Девлоҳ, Аббосов, Мунавваров, ва боз даҳҳо дигарон дастпарварони устоданд.
Садоқату меҳнатдўстии устоди шарафаманд ба кассе пушида нест. Дар бораи ин паҳлуҳои фаъолияти сермаҳсули устод, китобҳои пурмазмуну арзанда навиштан меарзад. Мутаассифона, ин амали ифтихорӣ, то ҳанўз аз тарафи шогирдону донандагони ҳаёти пурифтихори ин марди шариф баҷо оварда нашудааст. Дар бораи ҳар як паҳлуи фаъолияти ин марди шарафманд- фаъолияи соҳаи маорифу мактаб, идораи давалат, меҳнати содиқона дар соҳаи кишоварзӣ, комёбиҳои он, роҳбарии устокоронаю ғамхоронаи заҳматкашон, ободонии деҳаҳа, комёбиҳои беназири ин марди меҳнатқарин, бо ордену медалҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 5 Ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени Нишони фахрӣ, иштироки бевосита ва фаъолона дар силсилаи съездҳои ҲҚ Тоҷикистон ва ҲКИШ, чаҳор маротиба ғолиби мусобиқаҳои Умумииттифоқии Комёбиҳои Хоҷагии Халқи ИҶСШ гардидаанд ва дигар дастовардҳои беназири хоҷагие, ки сарварии онро устод Талбак Садриддинов бар уҳда дошта роҳбарӣ мекард, чӣ дар маҷмуъ ва дар алоҳидагӣ, шоистаи асари хонданибоби бадеи, бадеи-публисистӣ ва бадеи-сиёсӣ мебошанд.
Фаъолияти устод дар тақвияти Ваҳдати миллӣ бағоят пурарзиш аст.
Ҷанги ҳамватанӣ (гражданӣ) мардуми тоҷикро гирифтори фирор кардан намуд, даҳҳо оилаҳои тоҷик ба хориҷи кишвар кўч бастанд, аз Ватан, ҷои зисти обод ва зиндагии осуда маҳрум гардиданд. Устод Талбак Садриддинов, сарфи назар аз пиронсолӣ, яке аз аввалин шахсоне буд, ки дар ҳайати Комиссиюни давлатӣ назди ҳамватанон, ҳамқавмон ташриф ба амал оварда, ҳақиқати ҳолро ба ғарибафтодагон, бо лаҳни ширин ва меҳрубонии ба худ хос фаҳмонда, барои ба Ватан, ҷойҳои зисти хеш баргаштани мардуми тоҷик ҷаҳду талош кард ва дар кори баргардонидани ҳамватанон саҳми босазое гузошт.
Ин заҳматҳои устод Талбак Садриддинов фаромўшнопазиранд.
Дар тантанаҳою маросимҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ фаъолона ширкат меварзид ва дастгирии хешро аз ҳеҷ кас дареғ намедошт. Мо шогирдон таманнои онро дорем, ки ҳар як инсон дорои хислатҳои наҷиб бошад ва ба мо руҳу илҳоми тоза эҳдо намояд.
Эҳзо: (ёде аз гузашти вақт, ки зери сарлавҳаи тарбиятгари ҷавонон ва маҳбуби муздурон» бо қалами устоди зиндаёд, мебошад. Марҳум доктори илмҳои фалсафа, профессор Шарипов Иброн Шарифов дар вақти зинда буданаш таҳия шуда фурсати чопи мақола мазкур нашуд. Аз баски воқияҳои таърихи воқеят ва тарбиявианд, лозим омад, ки онро рўи чоп биёрем).
Иброн Шарифов
Сарходими Шуъбаи фалсафаи сиёсатшиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор