JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 24 Ноябри 2023 10:43

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ...

Муаллиф: Зоҳири САЙФУЛЛО, Шозедов Хуршед, Зебо ЗИЁЕВА, Садаф ҶАНГИБЕКОВА

  Дар замонҳои қадим ва ё мушаххасан бигӯем аз ҳазрати Зардушт оғози фалсафаи мардумони ориёитабор сарчашма мегирад, ки бетардид метавонем бигӯем, ки фалсафаву илми башарият низ аз ин сарчашма об хӯрдаасту мехӯрад. Шояд пеш аз ҳазрати Зардушт ҳам фалсафаву дониши инсоният арзи вуҷуд дошта бошад, аммо то замони мо танҳо гуфтори Зардушт дар шакли китоб омада расидааст, ки нахуст китоби инсоният ҳам “Авасто” хонда мешавад. Ҳамин тавр ворисони Зардушт дар тӯли таърих тавонистанд давомдиҳандаи афкору пиндори Зардушт бошанд ва дар илму фалсафаи ҷаҳонӣ нақши боризи хешро гузоранд.

  Дар замони имрӯз ҳам донишварони бахусус риштаи фалсафаи тоҷик тавонистаанд, ки рисолати донишварони гузаштаашонро идома диҳанд ва дар ин замина асарҳои барҷаставу мондагоре эҷод кунанд. Яке аз чунин шахсиятҳое, ки дар илми фалсафа нақши назарарси худро гузошта истодааст Назар Муъмин Абдуҷалол мебошад. Масуф дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш тавониста, ки илми фалсафаро ҳамчун муаллим ба ҷавонони кишвар омӯзонад ва ҷавононро аз таърихи фалсафаи тоҷику ҷаҳон огоҳ намояду нақши бузургони миллати тоҷикро дар аз поягузорӣ то ба камолот расонии илми фалсафа бозгӯӣ кунад то ҷавонон ба дурусти фаҳму дарк кунанд, ки гузаштагонашон дар бунёдгузории илму ахлоқи башарӣ чӣ нақше доштаанду гузоштаанд. Устод Назарзода дар фаъолияти омӯзгории худ, ки бевосита ба тарбияи ҷавонон алоқаманд асту барои донишмандии ҷавонон саҳм гузоштааст, омӯзгори самимӣ, донишвару масъулиятшинос миёни ҳамкасбон шинохтаву обруи хосаро соҳиб гардидааст. Барои омӯзгори асилу ҳалим будани устод Назарзода як шоҳид меорам, ки бевосита бо шогирдаш ҳамсуҳбат гардида будем. Ёддошт ин тур сурат гирифт, ки дар яке аз вохурии журналистон ҳузур доштам ва бо як журналисти номдор ҳамсуҳбат шудам, ки бист сол қабл донишгоҳро хатм карда ва вақте огоҳ гардид, ки банда дар риштаи фалсафа аспирант ҳастам, нахуст суоле ба ман дод, ин буд, ки Назаров Абдумуъминро мешиносӣ? Дар аввал ҳайрон шудам, ки устодро аз куҷо мешинохта бошад, вале ин ҳолатро пинҳон доштаму посух додам, ки бале, дар иниститути фалсафа фаъолият мекунанд ва хеле аз наздик ошноӣ дорам. Пас аз шунидани посухи ман, ҳамсуҳбати ман ба ҳарфаш идома дода, гуфт, устод моро аз фанни фалсафа дарс додааст, моро зиёд дастгирӣ мекард ва чун фарзанди худ бо мо муомилаву муносибат дошт ва то ҳол дар хотирам хубиҳову инсонияти устод нақш бастаанд ва ҳам сабаб ин аст, ки нисбат ба дигар муаллимон устод Назаров бо хусусиятҳои вижаи худ фарқ дошт, ба мисол методи дарсгузариаш чунон шавқовару ҷалбкунанда буд, ки мо аз ин дарс то дарси баъдинааш интизорӣ мекашидем ва хеле завқу ҳавас доштем, ки устод дарс диҳаду мо гушфаро бидиҳем. Аз гуфтаҳои он журналист ба хулосае омадам, ки агар омӯзгор асил бошаду дар касби худаш ба маънии ростинаш устод бошад, ҳамин тур як умре дар дилу дидаи шогирдонаш зиндаву боқӣ мемонад. Ҳамсуҳбати мо боз хеле аз хислатҳои накӯи устод гуфту гуфт, ки ман дар хиҷолат мондам, ки устодро ҳарчанд гуфтам мешиносам, аммо баъди гуфтори ин ҳамсуҳбат шинохтаму донистам, ки устод Назарзода чи бас соҳиби фазилату ахлоқи ҳамида будаааст, ки ҳарчанд солҳо пушти сар шуда бошад ҳам, вале дар хотири шогирдонаш боқӣ мондааст. Албатта, чунин устодонро ба ҷуз ин калом чизе гуфтан нашояд, зиҳӣ устод!

  Воқеан, устод Назарзода  ҳамчун омӯзгор, олим ва инсон бемисласт. Дар боби инсони хоксору заминӣ буданаш агар сухангӯем сухан тамом намешавад. Ҳатто ҳамкоронаш як сӯ, одамоне, ки як бору ду бор устодро дидаанд, аз инсонияти баланди устод васф мекунанду устодро эҳтироми хоса қоил мешаванд, ки мо низ ба ин пиндору андеша ҳамнавоем, зеро устод дар ҳар мақоме набошад, инсонияти худро ҳифз мекунад ва ҳамчунин бо рафтору кирдораш ба дигарон панд медиҳад.

  Дар хусуси олими асил буданаш бисёриҳо назар додаанду ҳам эътирофаш кардаанд. Қобили зикр аст, ки устод Назарзода чанде пеш рисолаи доктории хешро ба унвони «Адолати иҷтимоӣ дар назария ва амалияи ҳаёти ҷамъиятӣ» ҳимоя кард ва аз ҷониби олимон баҳои баланд гирифту дар арсаи илм рисолааш мақоми назаррасеро соҳиб гардидааст.

  Чунончи, дар рисолааш аз андешаҳои бузургони миллат ёдовар шудани устодро олими ватанӣ А. Ҳомидзода хотирнишон карда, қайд мекунад: Муаллифи диссертатсия қайд мекунад, ки донишмандони бузурги асримиёнагии халқи мо, аз ҷумла Абунасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ибни Мискавейҳ, Низомулмулк, Муҳаммад Ғаззолӣ, Насируддини Тӯсӣ, Садруддини Шерозӣ, Ҷалолуддини Давонӣ ва дигарон дар бораи адолат ақидаҳои тоза баён кардаанд. Диссертант барҳақ қайд мекунад, ки шароит ва мафкураи замонашон ба ҷаҳонфаҳмии ин мутафаккирон асари амиқ гузоштааст. Онҳо агарчи заминаҳои татбиқшавии адолати иҷтимоиро дар воқеияти асримиёнагии феодалӣ ошкор карда натавонистаанд, вале онро дар доираи масъалаи давлатдорӣ ба такмили ахлоқу одоб, илму дониш ва саодат вобаста кардаанд.

  Хизмати мутафаккирони аҳди бостон ва асримиёнагӣ дар ҷодаи инкишофи тасаввуротҳо дар бораи адолати иҷтимоӣ арзёбӣ гардида, андешаҳои онҳо заминаи ташаккули минбаъдаи консепсияҳои адолат дониста шудааст.

  Ҳамзамон, олими дигари ватанӣ Саидов А. дар боби рисолаи илмии устод сухан гуфта, аз ҷумла қайд мекунад, ки дар диссертатсияи хеш муаллиф нуктаҳои ҷолиби илмиро пайгирӣ кардааст. Хусусан, ӯ якчанд ақидаҳои тозаро ҷиҳати такмили фаъолияти ниҳодҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таш кил ва идораи соҳаҳои иҷтимоӣ, афзун гардонидани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон пешниҳод намудааст. Таҳлилҳои муқоисавии муаллиф имкон фароҳам овардааст, ки таҷрибаи руш дкардаи сиёсати иҷтимоӣ вобаста ба татбиқи принсипҳои адолати иҷтимоӣ таҳлилу пешниҳод гардад.

  Муаллиф ҷиҳати таҳқиқи мавзуъи интихобшуда аз адабиёти зарурӣ истифода бурдааст, ки дар маҷмуъ диссертатсия бо услуби хуби илмию назариявӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Воқеан, диссертатсияи доктории Назар Муъмин Абдуҷалол дар мавзуи «Адолати иҷтимоӣ дар назария ва амалияи ҳаёти ҷамъиятӣ» бо моҳият ва мазмуни хоси илмию амалӣ, риояи мантиқи масъалагузорӣ, тариқи риояи пайдарпаии сохторӣ ва дигар самтҳои назаррасу илман асоснокгардидааш сазовори баҳои баланди илмӣ мебошад.

  Аз ин баҳодиҳиҳои беғаразу эътирофӣ бармеояд, ки устод Назарзода дар мавқеи пажуҳишию олимиаш устувору пойдор аст ва на чун олимони хасакӣ!

  Донишманд Содиқӣ Насиба низ дар хусуси рисолаи илмии устод Назарзода назари худро ироа доштааст, ки худ далели арзишманд будани рисолаву олими асил будани устодро бозгӯ мекунад: Ҳақ ба ҷониби Назар Муъмин Абдуҷалол, ки зимни мубрамияти мавзӯъ менависад, ки “зарурати таҳияи равишу дидгоҳҳои нав барои дарки адолат ва механизмҳои муносиб барои татбиқи он, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ тақозо мегардад, ба такмили консепсияҳо ва тасаввурот дар бораи адолати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Системаҳои иҷтимоӣ акнун на танҳо ба пӯшишҳои мафкуравии муҳтавои худ, балки бештар ба муқаррароти амалгароёнаи сиёсати иҷтимоияшон, ки ба таъмини беҳтари некӯаҳволии мардум нигаронида шуда бошад, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз ин ҷиҳат, ташаккули биниши нави фалсафӣ-иҷтимоии падидаи адолати иҷтимоӣ низ тибқи талаботи замон ва таҳлили фаҳмиши он дар раванди таърихии ивазшавии навъи муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарурати объективӣ буда, ба ҷустуҷӯи шаклҳои ҳаёти иҷтимоие, ки барои аксарияти мардум қобили қабул аст, нигаронида шудааст.” Аз ин лиҳоз, мавзӯъи баррасишаванда аҳамияти баланди илмӣ дар замони муосирро дорост.

  Навоварии илмии рисолаи доктории Назар Муъмин Абдуҷалол дар асоси омӯзиши ҳамаҷонибаи масоили адолати иҷтимоӣ дар доираи афкори фалсафӣ-иҷтимоии давраҳои гуногуни рушди ҷомеаи башарӣ ва бо таҳлили хусусиятҳои хоси ташкили ҳаёти ҷамъиятии замон пешниҳод шудааст.

  Аз ин ҳама гуфторҳо бар меояд, ки устод Назарзода дар ҷодаи илму маърифат ва инсонияту худшиносӣ аз шумори маваффақбудаҳо буда, дар ин росто, пайваста заҳмат мекашаду барои пешрафти илми миллӣ саҳми бориз гузоштаасту мегузорад. Ва устод қаламро чун пули имрӯзу фардо ба даст гирифтааст то ки ояндаҳо ба ин васила ба гузаштаашон васл гарданду пайвандии ҷовидонии миллат устувортару бегазантар гардад.

Чӣ гунае, ки шоир мефармояду мо низ хуб медонем, ки ин гуфтори шоир шиору мароми устод Назарзода аст:

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ

Беханҷару бесипар барояд.

Беханҷару бесипар, валекин

Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.

 

Баҳри каму беши миллати худ

Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.

Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш,

Бояст, ки хуни дил бирезад...

  Бидуни тардид рисолати хешро устод Назарзода анҷом додаасту дар оянда низ хоҳад анҷом дод, чун рафтору пиндораш худ як дарсу пандест, ки агар инсон хоҳад ба жарфои инсонии худ огаҳ бишавад, бемуҳобот аз амалкардҳои Назарзода метавон раҳнамое баҳри худ ихтисос диҳад ё худ кирдору пиндорҳои устод чароғе барои ба худшиносӣ расидан аст, ки мо ин чароғро аз инсонияти баланди устод дарёфтаем ва худи устод низ мисли Мавлоно, ки бо чароғе тамоми дунёро чарх мезанад, то инсоне пайдо кунаду орзуяш бароварда гардад, дар ин армони ҷустуҷӯист. Умедворем, ки устод дар ҷодаи инсонпайдоӣ муваффақу комгор мегардад. Инсон будану инсон мондан, ки худ принсипи устод аст, гувоҳ медиҳад устод ба ҳар ҷодае қадам заду пеша кард пойдору комгор хоҳад гашт.

Ва ҳолиё мо устод баҳри Шумо танҳо саломтӣ, бурдборию хушрӯзӣ таманно мекунем ва ҳам мегӯем мелоди накӯву муборакатон ҳумоюн бод! Ва ба қавли Хоҷа Ҳофиз:

Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,

Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!

Зоҳири САЙФУЛЛО,

Шозедов Хуршед,

Зебо ЗИЁЕВА,

Садаф ҶАНГИБЕКОВА

Хондан 1321 маротиба