JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Ҷумъа, 01 Октябри 2021 11:32

Дар қутби илму фарҳанги миллӣ

   (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи табиатшинос, кайҳоншинос, файласуф, муаррих, фарҳангшинос, андешаманд ва равшанфикри  миллӣ устод Акбар Турсон)

Аз солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, илм ва фарҳанги миллӣ дар симои устод Акбар Турсон такягоҳ ва пуштибони воқеии худро дарёфт. Воқеан, бо вуруди устод ба муҳит ва фазои илмию фаннӣ ва эҷодию мадании миллӣ тағйироти куллие дар арсаҳои кайҳоншиносӣ, тоҷикшиносӣ, ватаншиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, қаламрави аҷдодӣ, ҳофизаи миллӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу тамаддуни бумӣ ва дар маҷмӯъ, ҳувиятмадории тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

  Академик Акбар Турсон як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи кайҳонӣ, фалсафӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда,  то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз овони наврасӣ устод Акбари Турсон бо ташвиқи падари бузургвор ва муаллимони сахтгири рӯзгор ба омӯзиши кайҳони беохир, фазои ҷирмонӣ, ҳисобу китоби масофаву ҳаҷми аносири улвию суфлӣ (самовию заминӣ) ва ҷузъиёту куллиёти олами ҳастӣ камари ҳиммат барбаста, дар ин замина такмили дониш кард. Баъди хатми факултаи физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (соли 1961) умри хешро ба илм пайванд медиҳад ва дар бонуфузтарин марказҳои илми вақти шӯравӣ такмили донишу маърифат  мекунад.

   Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Ин аст, ки дар силсилаи таҷлилоти ҷашнӣ ва арҷгузории шахсиятҳои матраҳи миллӣ Рӯзи қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад. Баъдан, дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаи иҷмолиро дар доираи мавзӯи “Устод Рӯдакӣ поягузори шеъри ҳикматӣ” хидмати шумо -- хонандагони гиромӣ манзур месозем:

 Донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Файзи Олӣ!

         Устод Файзи Олии гиромӣ,

       Шумо аз зумраи чеҳраҳои маъруфи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишри фаъолони мадании миллӣ маҳсуб  меёбед, ки аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, то имрӯз дар фазо ва муҳитҳои сиёсию мадании ҷумҳурӣ фаъолед.

 Имрӯз, 29-уми июл донишманди фарҳехта, муҳаққиқи дақиқназар, фарҳангшиноси барҷаста ва омӯзгори донишманди тоҷик Нозим Нурзода зодрӯз дорад. Тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Устод ба мо муяссар гашт, ки бо ин шахсияти воқеан ҳам худогоҳу хештаншинос ва миллатдӯсту меҳанпараст аз наздик ошно шавем. Устод Нурзода бо доштани дониши васеъ ва ҷаҳонбинии фарохи илмӣ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун пажӯҳишгар бениҳоят сахткӯш ва ҳамеша пӯёву ҷӯё буда, мутолиаи пайваставу фаровон низ дорад. Ҳамчун эҷодкор хеле пуркор ва дорои сабку усули хоси хеш аст.