JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Дар осори таърихӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои хаттӣ пиромуни вазъияти иҷтимоиву фарҳангии ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубию шарқии Тоҷикистони кунунӣ (бо номи Бухорои Шарқӣ) маводу бурҳонҳо кам нестанд. Зимнан, ҷуғрофидон ва мутафаккири барҷастаи тоҷики охири асри XIX - ибтидои асри XX Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, мутахаллис ба Гулшанӣ дар баробари вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин доир ба ҳаёти фарҳангии бекиҳои Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Ҳисор, Кӯлобу Балҷувон, Қабодиён, Қаратегин, Дарвоз ва амсоли онҳо ахбори бағоят ҷолибу судманд боқӣ гузоштааст, ки то имрӯз аҳамияти илмиву амалиашонро гум накардаанд.

-       “Баҳри вуҷудро, ба кӯзаи танги дин дигар ғунҷондан натавон...

-       Ҷаҳон, ба ҷаҳонбинии нав барои имрӯз ва ояндаи худ ниёз дорад...

-       Агар дар инсон мағзаш маркази фикр бошад, дар ҷаҳон маркази фикр, инсон аст.”

  Чунин ақида ва суханон, ки дар дили хонанда фурӯд омада, лона мегузоранд, дар китоби файласуфи номии мо Комил Бекзода “Таърихи рӯшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (Душанбе 2012, -433 саҳифа), зиёданд. Донишманди тавоно, таҳхонаҳои сарду торик ва пайиҳам хобрафтаи таърихи куҳани моро кофта, воқеаҳоеро пеши назар меорад, ки бештари таърихнавису китобнависони мо аз онҳо ё аслан, хабар надоштанд, ё огоҳҳона онҳоро пинҳон медоштанд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори маркази аниропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Ҳамбастагӣ масъалаи моҳият ва пайдоиши инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

1. Эйнштейн ба монанди ҳамаи одамони наҷиб баъзе хислатҳои аҷоибу ғароиб дошт. Вай ҳеҷ гоҳ ҷуроб намепӯшид ва онро бефоида меҳисобид.

2. Дар муқоиса ба майнаи сари одамони одӣ устухони пешонии Эйнштейн (қисме, ки маълмотҳоро таҳлил ва коркард менамояд) 15% васеътар буд.