Дар назарияи ҳастишиносии (онтология) муосир андешае мавҷуд аст, ки тибқи он вобаста ба табақабандии олами моддӣ шаклҳои ҳастӣ тасниф шудаанд. Таснифи олам аз дидгоҳи классикӣ ба се шакл ва аз дидгоҳи ҷаҳонбинии муосир ба чаҳор шакл тақсим шудааст.
Аз диди ратсионалӣ, ба андешаи мо, табақабандии сешакла бештар ба ҳақиқат рост омада, шояд натиҷаи фаҳмиши фалсафист. Амиқтараш, аз дидгоҳи монистӣ шакли аввали ҳастиро шаклвор тасаввур намудан нашояд, ва ҳеҷ гуна шаклро ба вай нисбат додан ғайримантиқист, вале сифатҳои моҳиятии онро зери шубҳа гузоштан, қаноатмандкунанда нест.
Буҳрони беҳдоштии ҷаҳонӣ, ки бо номи вируси короноӣ машҳур аст, миёни ҷомеаҳо тасаллут пайдо кардааст, дар чанд моҳи ахир давлат ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Гузашта аз ин, воҳимаю ҳангомаҳое, ки дар заминаи шуюъи вируси короноӣ ва асароти ногувори он аз тариқи расонаҳо, матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ пароканда шудаанд (ва дар ҳоли пароканишанд), ғолибан рӯҳияи мардум ва аҳолии минтақа ва ҷаҳонро шикастаанд.
“Рӯи Замин ҳеҷ чиз пойдор нест. Зиндагӣ монанди шарораест,
ки аз истикоки (ба ҳам молиши –О.Х.) чӯб пайдо шуда, замоне
рӯшан мешавад ва ду бора хомӯш мегардад. Вале мо
намедонем аз куҷо омадаву ба куҷо хохад рафт”.
Буддо
Дар утоқи бошукӯҳе, ки бо шамъҳои мутааддиду хушбӯ рӯшан ва аз қолиҳои бемонанд мафруш (густурда – О.Х.) ва баданаи девор аз порчаҳои абрешумии гаронбаҳо пӯшида шуда буд, Рӯзбаҳон Бармакӣ, Озодбахт Бармакӣ, Гашвод Бармакӣ - раиси хироҷ, даври ҳам ҷамъ шуда буданд, то роҷеъ ба пешомадҳои дарбори Халифа машварат бикунанд. Кулоҳи онҳо пӯстии буланд ва хирқаҳои тирма пӯшида буданд. Ҷӯлӯашон (наздашон -О.Х.) ҷомҳои шароб, мева ва ширинӣ дар зарфҳои гаронбаҳо чида шуда буд. Ба қадре ҳаракат, либос ва вазъи онҳо бо ҳам ҷӯр меомад, ба қадре ин маҷлис бо ҷалолу шукӯҳ буд, ки ба назар меомад як тика аз зиндагии ашрофии поймолшудаи давраи Сосониён ду бора ҷон гирифтаву зинда шуда буд.
Ба аҳли таҳқиқ маълум аст, ки забони адабии тоҷик дар тӯли таърихи инкишофу такомули худ бо гӯйишҳои мардумӣ ё худ лаҳҷаҳо дар баробари заминаҳои фонетикӣ ва морфологиву синтаксисӣ дар заминаи луғавӣ низ муносибати доимӣ доштааст ва ин муносибат ҳамчун яке аз муҳимтарин навъҳои муносибати миёни ин ду гунаи як забон асосан дар шакли доду гирифти воҳидҳои луғавӣ сурат мегирифтааст.