Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Нақши ҳамгироии илмӣ ва таъсири он ба муносибатҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Субҳи дирӯз --- 15 сентябр қалби пуршӯру пурэҳсоси шоир, адиб, публитсист ва равшанфикри муосири миллӣ, устод Мирзо Боқӣ дар синни 74-солагӣ аз тапидан бозмонд. Қалбе, ки бо гармию ҳарорати ҳамешагӣ дар ёди миллият, Меҳан, халқ, инсоният метапид ва барои расидан ба аҳдофи олӣ дар тапиш буд. Аз бозе ки устод Мирзо Боқӣ худро шинохт, сарнавишташро бо шеъру сухан пайваст ва рисолати шоириро ба унвони миссияи адабӣ, фикрӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ бар дӯш гирифта, то вопасин лаҳазоти умр дар масири рӯшангарии миллӣ гомҳои устувор бардошт. Устод хуб дарк карда буд, ки тавассути шеъру каломи мавзун метавон ҷомеаро ангезаю таҳрик ва ба сӯйи огоҳӣ, шинохт, ҳушёрӣ ва бедорӣ савқ дод.
Ҷомеаи инсонӣ дар баробари пешрафти илму фановарӣ рушд мекунад ва инкишоф меёбад. Дастовардҳо ва кашфиёти олимон мавриди истифодаи башарият қарор мегиранд, ки он сабаби некуаҳволии инсонҳо мегардад. Дар ҳар давру замон вазифаи илм дар ҷомеа ба амал овардани донишҳои илмӣ-назариявӣ буда, дастовардҳои он дар ҳаёт татбиқ мегардид. Таърихи инсоният вазифаҳои асосии илмро дар ҷомеа муайян кардааст, ки иборатанд аз:
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, доктори илми филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Зи дониш шавад кори гетӣ басоз» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.