JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Июни 2020 11:31

Ҳамдилию ваҳдат – наҷотбахши Ватан!

Муаллиф:

  Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар ҳолати муқовимат ба пандемияи “вируси тоҷдор” қарор дорад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ,таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд

  Пайдоиш ва паҳншавии ғайричашмдошти вируси COVID-19 аз  шаҳри Вуҳони кишвари Чин то сарзаминҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Бритониёи Кабир ва соири кишварҳои Осиёи Миёна  натанҳо боиси нигаронӣ, балки  омили ҳалокати ҳазорон инсонҳо гашта истодааст. Ин вирус  ҳамчун  падидаи манфӣ ва хатарзо тавонист, ки   рафтору  кирдори  ҷомеаи башариро тағйир бидиҳад.  Имрӯз аён аст, ки дунё дар ҳолати муқовимат  бо падидаи хатарноки  тандурустии ҷаҳонӣ қарор доранд.

  Неруҳои давлатӣ  ва  ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, аҳли соҳибкор ҳамдилона дар канори ҳам истода, баҳри мубориза бар зидди сироятёбии дастҷамъонаи башарият ва ҳифзи саломатии инсоният новобаста аз рангу пуст, нажод, мансубияти миллӣ, қавмӣ, эътиқодоти динӣ ва афкору андешаи сиёсӣ ба таври муташаккилона ба кӯмаки якдигар бархостанд.

  Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки пас аз пайдоиши “вируси карона” дар кишвари Чин аз моҳҳои январи соли ҷорӣ тамоми роҳҳои  заминӣ ва ҳавоии рафту омадро  дар қаламрави мо  ба хотири таъмини салмомати шаҳрвандон ва ҳаёти осоиштаи он бо дастуру супориши  бевоситаи Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баст. Дар ин замина нигарониҳо ва  мухолифатҳои фикрию ақидавӣ дар фазои иттилоотии кишвар ва берун аз он нисбат ба ин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Иддае аз коршиносони дохилию берунӣ ин иқдоми давлатро як амали саривақтӣ ва хирадмандона хонданд, иддаи дигар аз рӯйи ғараз ва нотавонбинӣ  даст ба танқид  заданд. Новобаста аз он, ки паҳншавии “вируси тоҷдор” аз Чин то Амрико ва кишварҳои Ғарбӣ ҳамзамон тамоми ҷаҳонро такон дод. Ҳар як кишвари осебзада аз сирояти ин вирус вобаста бо имкониятҳои иқтисодӣ, захираҳои молӣ, қудрати беҳдоштӣ, ҳолати санитарӣ  баҳри пешгирӣ ва нест кардани он  бо шева ва услуби хоси худ бархурд ва муқовимат намуданд.

  Масалан, бархурд ва муқовимати қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои   алоҳидаи дунё чун давлати Чин, Амрико, Русия, Англия, Франсия, Италия, Япония, Ҳиндустон, Эрон, Испания, Қазоқистон ва Узбекистон барои  бартараф намудани паҳншавии вируси COVID-19 ва сироятёбии аҳолӣ аз он мухталиф буда, ҳар яки он чораҳои алоҳидаро вобаста ба ҳолати ҷуғрофӣ, демографӣ ва вазъияти дохилии кишвари худ истифода намуданд. Кишварҳои номбаршуда новобаста аз дастовардҳои технологӣ дар соҳаи тиб ва фановариҳои замони муосир ҳазорон шаҳрванди хешро аз даст доданд.

  Аммо аз чунин ранг гирифтани вазъияти кулли кишварҳо дар мубориза бар зидди тавсеаёбии “вируси тоҷдор”  гурӯҳҳои фурсатталаб, ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва душман барои  тӯҳмат задан ба Ҳукумати Тоҷикистон амалҳои манфури худро анҷом доданд. Махсусан  роҳбарони ташкилоти террористии «ҳизби наҳзати исломӣ» ва созмони экстремистии «Гуруҳи-24» бо истифода аз  пуштибонии хоҷагони хориҷии худ ва дастгоҳҳои таблиғотӣ дар  шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъол гашта, худро чеҳраи ғамхори миллат муаррифӣ намуданд. Ин амалҳои онҳо сирати  зишти ин хоинони миллати тоҷикро  бештар   муаррифӣ намуд.

  Дар ин маврид бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки новобаста аз ҳангоматалабӣ, иғвоангезӣ ва ҷангандозии ин гурӯҳҳо, вазъияти беҳдоштӣ ва таъмини амнияти кишвар дар зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад ва  ҳамин  тавр боқӣ хоҳад монд.

  Роҳбарияти давлат баҳри таъмини саломатии аҳолӣ аз хатари “вируси тоҷдор” огоҳ карданд, ки новобаста аз чораҳои андешидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мазкур дер ё зуд сирояти он ба Тоҷикистон мерасад. Аз ин лиҳоз, чораҳои зарурӣ таввасути Вазорати тандурустии кишвар  ва дигар сохтори дахлдор амалӣ карда шуданд. Мутаассифона, дар чунин ҳолати фавқулоддаи иҷтимоӣ, гуруҳҳои фурсатталаби бадхоҳ ба барангехтани оташи низоъ, фиреби мардум, пош додани тухми душманӣ дар ҷомеаи тоҷик, ноором гардонидани авзъои амниятии дохилии Тоҷикистон ва бадному таҳқир кардани Ҳукумат  даст заданд. Ҳатто рисолати одамгарӣ ва ҳадду ҳудуди душмании хешро фаромуш карда, пайваста ба ифрот, дурӯғ ва таҳдид мегузаштанд.

  Саркардагони ташкилоти террористии «ҳизби наҳзати исломӣ» дидаву дониста дар ин шароити мушкили ба амаломада рафтори ғайриинсонӣ содир намуда, мардуми тоҷикро ба хунрезӣ даъват карданд. Муддаъиёни моҷароҷӯй ва фурӯхташудагони наҳзатӣ ва ҳаммаслакони бешараф, ифротӣ, мутаассибу хурофотзадаи онҳо дар чунин рӯзҳои фавқулодда барои Тоҷикистон ба ҷои некӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон кушиш доранд, ки бо истифода аз паҳншавии “вируси тоҷдор” дар ҳудуди кишвари маҳбубамон  барномаҳои заҳролудомез ва ҳадафҳои ғаразнокро амалӣ намоянд. Ин амали зиддимиллии онҳо бори дигар собит сохт, ки онҳо аз дини ислом ҳам фарсахҳо дур ҳастанду аз он  фақат барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода  мебаранд.

  Суханрониҳои  бемантиқу дурӯғ ва иғвоангезонаи ин гурӯҳҳо бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои паҳншавии “вируси тоҷдор” даҳчанд афзуда буд. Аммо бояд тазаккур дод, ки макру фиреб, дурӯягӣ ва дассисакории душманон дар самти зикргардида аз ҷониби ҷомеаи тоҷик баръало фош гардида, руйи мудаъиёни моҷароҷӯ назди мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ гардид. Ифротгароёни динӣ  як омили калидӣ ва ҷанбаи сарнавиштсозро фаромуш кардаанд, ки халқ ва мардуми шариф ва тамаддунофари Тоҷикистон ниёз ба тавсия ва машварати  онҳо надоранд.

  29-уми апрели соли ҷорӣ пас аз эълони расмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сироятёбии шаҳрвандони кишвар аз вируси COVID-19  дар кишварамон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории  “вируси тоҷдор” таъсис дода шуд. Дар ин раванд тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва иддае аз беморхонаҳои вилояту ноҳияҳо барои қабул ва табобати сироятёфтагон аз “вируси тоҷдор” омода карда шуданд.

  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри мубориза бар зидди “вируси тоҷдор”  ва таъмини амнияти саломатии сокинони кишварамон, фаъолияти масҷиду мактаб, дабистон, боғчаи кудакон, донишгоҳ ва баъзе аз  бозорҳоро, ки  бевосита ҷойи таҷаммуъи одамҳо ва омили паҳнгардии вируси тоҷдор мегардиданд, сари вақт  бастанд.

  Аммо новобаста аз  чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба “вируси тоҷдор” андешидашуда, ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандон аз “вируси тоҷдор”  то  ҳол мавҷуданд.

  Ба назари мо, ва инро таҷрибаи имрӯза низ исбот намуд, яке аз омилҳои паҳншавии “вируси тоҷдор”, пеш аз ҳама ба эътибор нагирифтани маслиҳат ва машварати мутахассисони соҳаи тиб, аз ҷониби як идда шаҳрвандони гиромӣ мебошад, ки аз бепарвоии онҳо  заминаи мусоид барои сироятёбӣ ва паҳнгардидани “вируси тоҷдор” дар ҷомеа  фароҳам оварда  мешавад.

  Вобаста ба пешгирии паҳншавии “вируси тоҷдор” ва ҳифзи саломати ҳамаи шаҳрвандони кишвар,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои пулию молии давлат ва Фонди захиравии президентӣ зиёда аз 1800 тонна маводӣ озуқаворӣ, доруворӣ, либосҳои махсуси тиббӣ, дастпуши тиббӣ, антисептик ва дигар маводҳои муҳимро ҳамчун кумак ба сокинони вилояти Бадахшони Кӯҳӣ, вилояти Суғд ва Хатлон ирсол намуд.

  Рӯйдоди мазкур боиси шодию дилгармии сокинони кишвар гашт, чунки  мардум дарк намуд, ки дар чунин рӯзҳои сарнавиштсоз Роҳбарияти кишвар дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ менамояд. Иқдомҳои хайрхоҳона ва хирадмандонаи Роҳбарияти давлат дар самти мубориза бар зидди вируси COVID-19 бори дигар исбот намуд, ки дар кишвари мо сиёсати дурусту созанда татбиқ мегардад.

  Фаромуш набояд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имконот пайваста барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва мушкили ҳаррӯзаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар чаҳорчубаи қонунҳои байналмиллалӣ талош меварзад. Муҳоҷироне, ки тавассути иқдомҳои бевоситаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ватан баргардонида мешаванд, ба табобат ва нигаҳбонии ройгон дар карантин фаро гирифта мешаванд. Дар ин замина мехоҳем аз якчанд иқдомҳои роҳбарияти кишвар  ҳамчун рамзи ҳамдилӣ  бо ҳамватанони кишвар  ёдовар шавем:

  Танҳо дар моҳи майи соли 2020  дар пайравӣ ба ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат ва бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва ҳамдилӣ бо  нафароне, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд, ба вилоят ва навоҳии  кишвар  зиёда аз  300 мошини боркаш маводи озуқа ва доруворӣ ирсол гардидааст.

  Мардуми тоҷик  имрӯз дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид асту  боварии комил дорад, ки дар муқовимат ба COVID-19 ба пуррагӣ ғолиб меояд. Табибону соҳибкорон ва хайрхоҳони миллат  маҳз аз   ташаббусу фаъолияти  ватанпарваронаи Сарвари давлат илҳом гирифта, имрӯз даст ба даст  ва паҳлуи ҳам дар сангари муқовимат бар COVID-19 қарор доранд. Бншубҳа фатҳу зафар ҳамроҳи мост.

 

Фирдавс Мирзоёров,

номзади илмҳои филология

 

Хондан 1252 маротиба