JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 20 Марти 2018 05:03

Анатомияи инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Анатомияи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Душанбе, 19 Марти 2018 12:47

Паёми Наврӯз

Рӯзи нав меоварад, шӯру шароре нав ба нав,

Номаи лутфи ҳабибе бар нигоре, нав ба нав.

Тирамоҳи умр дорад, рангу оҳанги хазон,

Офтоби Ишқ мезояд, баҳоре нав ба нав.

Наврӯзи бостонӣ ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ

(мулоҳизаи муқаддамотӣ)

  Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлил қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва гиромии таърихи фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мадид суннану хасоиси Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд.

Панҷшанбе, 15 Марти 2018 04:11

Чашмони наврӯзӣ

Чашмони наврӯзӣ

 Аз нигоҳи сабзчашме дар ҷаҳони ишқи ман,

Лолаву себарга мерӯяд саропо сабзранг.

Дар ҷаҳони ошиқӣ, оҳанги якрангӣ хатост,

Шукри ин чашмон, ки мебинам навоҳо сабзранг.

Китобҳо