JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 08 Феврали 2018 05:29

Шеър дар ҳалқам бимирам

ШЕЪР ДАР ҲАЛҚАМ БИМИРАМ

 (Мусоҳибаи ихтисосӣ  бо шоири шаҳир устод Бозор Собир)

Дар арафаи зодрӯзи Устод Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин мусоҳибаро дар бораи масоили шеъру шоирӣ анҷом дода, умедворем, ки андешаҳои устод  хонандаи нуктасанҷи  тоҷикро ба уфуқҳои хаёлангези  нави  сухан раҳнамун месозад.

Масъалаи баробарҳуқуқии зану мард яке аз мушкилоти умда дар тамоми давру замон, аз ҷумла асри 20 буд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷомеаҳои мусалмонӣ ин масъала ҳассосияти бештар дошт. Дар оғози аср, дар пайравӣ ба кишварҳои ғарбӣ раванди озодиҳои бештар додан ба занон дар сатҳи оила ва ҷамъият шурӯъ шуд. Занону духтарон ба мактабҳо ҷалб шуданд ва касбу ихтисосҳои муайянро аз худ мекарданд. Озодиҳои фардӣ, аз қабили пӯшиши ихтиёрии либос ба назар мерасид. Барои мисол, дар Ирон  то сар задани инқилоби исломӣ занон дар интихоби либос озодӣ доштанд.  

 Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.:Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сари кор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид.  Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ сар дароваранд ва дар рафъи буҳронҳои гуногуни мунтазира ва ғайримунтазира бо тасмимоти шахсӣ ва инфиродӣ саҳм бигирад.

  Омӯзиши таҷрибаи татбиқи равандҳои таҳаввулотӣ дар фаъолияти СММ дар равандҳои муосири байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳими илми сиёсатшиносии байналмилалӣ  ба шумор рафта, аз масоили хеле ҷолиб  мебошад ва  пеш аз ҳама, дар таҷрибаи амалии дпломатии  кишварҳое монанди Тоҷикистон амри рӯз ва зарурати муҳим ба ҳисоб  меравад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, бояд осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳқиқоти илмӣ ва таҳлилҳои олимони пешсафи соҳа, монанди О.В.Метелина, Г.И.Курдюков, Р.М.Тимербаев, А.Н.Калядин, П.В.Комаров, А.А.Арбатов, Е.Примаков,  Бзежинский З., Коэн А., инчунин Назаров Т.Н., Олимов Р., Маҳмадов А.Н., Раҳматуллоев Э., Юлдошев И., Қосимов  Э., Саидов З., Верлин Е., Мамаев Ж., Дубовитский В.  дар мавриди меъёрҳои ҷорӣ ва марбут ба таҳаввулоти фаъолияти СММ, ҳамкориҳои СММ бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор гиранд. Хусусан, ҳамкориҳои кишвар бо ташкилоту муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ баъди  таҳия ва татбиқ гардидани “сиёсати дарҳои кушод” густариш ва тобиши бештаре пайдо кард.

Китобҳо