Шояд ҳамаи мо дар ҳаёти шахсии хеш бавуҷудоии ин ҳодисаҳоро шунидаем ва ҳатто мумкин аст шоҳиди ин ҳодисаҳои аҷоиби табиӣ гашта бошем. Албатта нисбати ин падидаҳо ба худ савол мегузорем, ки кадом омилҳо сабабгори пайдоишашон мегарданду дар маҷмӯъ онҳо чӣ гуна ҳодисаҳои табиатанд.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нуров Нозим иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Устод Лоиқ - шоири миллӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хоҷам рӯи хоки намноки найзор дароз кашида ба худ меандешид, ки агар дар қисмат бошаду аз симхор сиҳату саломат гузарад, то деҳаашон тақрибан ду километр роҳ мемонад.
Шаб торик буд ва бӯи борон меомад. Шамоли сарди дарё найу буттаҳои чалғӯзаро беист такон медод, наъраи об ваҳмангез ба гӯш мерасид. Вай борҳо дар ин гирду атроф най буридааст, барои гову гӯсолаҳояшон алаф даравидааст, аз баландии канал ба он тараф, ба хоки давлати ҳамҷавор, назар афкандааст, ба кору бори деҳқонони ҳамсоя зеҳн мондааст. Ба сараш ҳаргиз наомадааст, ки замоне ана ҳамин хел дуздона, тарсидаву ларзида, ҳаёташро зери хавфу хатар гузошта дар найзор мехобад, пайт мекобад, ки ба хати сарҳад ноаён рахна занад.
Агар тули як моҳба Моҳ нигарем, намуди зохириаш дигаргун мешавад. Вобаста ба даври гардишаш баъзе вақт мо онро пурра, нисф ва чорякашро дар осмон мушоҳида менамоем. Ингуна дигаргуншавии намуди берунии Моҳро фазаҳо меноманд. Пеш аз оне, ки саволи дар боло гузоштаамонро ҷавоб нависем, каме дар бораи худи Моҳ маълумот менависем.