JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад. Эмомалӣ Раҳмон Саломатӣ – воҳиди ягонаи ҳолатҳои биологӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонии организм буда, нисбати фаъолиятии меҳнатии ҳар як шахс дар мувозинат мебошад. Тавре аз тадқиқотҳои илми тиб бармеояд, агар саломатии одам 100 % қабул карда шавад, аз ин 50 % -аш аз тарзи зиндагонӣ, 20 % аз муҳити атроф, 20% -и дигар аз хусусиятҳои ирсии шахс ва 10% -и боқимонда танҳо аз аз ёрии тиббӣ (духтурон) вобастагӣ дорад[1].
Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки шаъну шараф ва манзалати ӯро баланд мебардорад, ин ахлоқи нек ва намунавии ӯ мебошад. Ниёгон ахлоқи неки инсонӣ, хусни одобро дар вуҷуди фарзандон парвариш намуда, аз хурдӣ таълим медоданд ва аз бузургсолон то хурдсолон онро риоя мекарданд. Адибону олимони машҳур низ дар осори худ ба тарзи одоб ва фазилатҳои инсонӣ диққати асосӣ дода, дар риояи ахлоқи намунавӣ барои фарзандон улгӯ буданд ва фарзандонро низ дар ин рӯҳия тарбият менамуданд. Фарзандонро панд медоданд, насиҳат мекарданд ва аз ин тариқ дар баланд бардоштани сатҳи тарбиятии онҳо саҳми муносиб мегузоштанд.
Чоршанбе, 06 Январи 2021 06:20

Хун чист?

Муаллиф:
Хун бофтаи моеъест, ки дар рагҳои хунгард доимо ҳаракат мекунад ва ба ҳамаи узвҳою бофтҳои инсон ворид шуда, онҳоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Хун дар таркибаш ҳуҷайраҳои зиёд дорад. Вазифаи ҳуҷайраҳои хун таъмини узвҳои бадан бо моддаҳои зарурӣ мебошад.
Саҳифа аз 1 то 7