JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 23 Майи 2022 03:26

Саломатӣ ва вақт гаронмоятарин сарвати инсон аст

Муаллиф: Рамазон ШАРИПОВ

Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад.    

                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

  Саломатӣ – воҳиди ягонаи ҳолатҳои биологӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонии организм буда, нисбати фаъолиятии меҳнатии ҳар як шахс дар мувозинат мебошад. Тавре аз тадқиқотҳои илми тиб бармеояд, агар саломатии одам 100 % қабул карда шавад, аз ин 50 % -аш аз тарзи зиндагонӣ, 20 % аз муҳити атроф, 20% -и дигар аз хусусиятҳои ирсии шахс ва 10% -и боқимонда танҳо аз аз ёрии тиббӣ (духтурон) вобастагӣ дорад[1].

  Мафҳуми аслии саломатӣ ин тани солим аст. Тани солим бошад аз омилҳои гуногун вобаста мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: “Тозагӣ гарави саломатист”. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар зиндагӣ тозагиро дар маддӣ аввал гузорем. Дигар омиле, ки ба соломатӣ зараровар аст ин пурхӯрӣ аст. Буқрот мегӯяд: Агар бемор аз пурхӯрӣ даст кашад, саломатиашро низ бақарор хоҳад кард. Пурхӯрӣ сабаби аксари бемориҳо шуда метаванад (ба монанди фарбеҳӣ, диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳо ва бемориҳои узвҳои ҳозима). Пас моро мебояд, ки ба қадри саломоти расем. Роҳҳои беҳтар намудани саломатӣ ин обу тоби организм, оббозӣ кардан, офтоб хӯрдан ва истеъмолӣ ғизои солим ба ҳисоб меравад. Дигар омиле, ки метавонад барои беҳтар шудани солими мо мусоидат намояд, ин сайру гашт, тамошои манзараҳои зебою диданӣ, сабзаву себаргаҳои навдамидаи саҳро, лолазорҳо гулу гулбуттаҳо ин ҳама ба чашмонамон нур ва ба дилҳоямон шодмонӣ мебахшад. Шоире дар ин хусус менависад:

Чаро нолам зи дасти тангдастӣ,

Ки ганҷи беқиём аст тандурустӣ.

  Дар замони ҳозира одамон, аксаран чизҳои надоштаҳояшонро орзу мекунанду ҳарф мезананд, аз чизҳои доштаашон суҳбате ҳам намекунанду қадрашонро намедонанд. Ба ин зарбулмасали зерин бояд диққат дод “Қадри неъмат – баъди неъмат”. Инсон то саломатиашро аз даст надиҳад, қадрашро намедонад. Эй инсон! ҳоло он, ки чашми бино дорӣ, пойи равон дорӣ, забони гуё дорӣ, тани солим дорӣ чаро қадрашро намедонӣ?! Ҳоло он, ки ба бемориҳои одӣ монанди зуком онқадар аҳамият намедиҳӣ! Аммо сарфи назар кардан аз ин одитарин бемориҳо метавонад пайомадҳои зиёди нохуше дошта бошанд. Ҳангоми зуком таъсири асосии он ба узвҳои нафаскашӣ (алалхусус бинӣ) мерасад ва ин узви бадани одам барои саломатиаш нақши вожае дорад. Бинӣ дарвозае аст, ки ба василаи он сироят метавонад ба дигар узвҳои бадан низ таъсир расонад. Ҳамин тариқ бинӣ аз асоситарин ва дар айни ҳол хатарноктарин узви инсон ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир бемориҳои ин узвҳо, бахусус бемориҳои сироятӣ, табобати комплексиро тақозо мекунанд. Духтуре, ки ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои ин узв машғул аст дар тиббӣ муосир оторинолингорог ё ба шакли кутоҳ духтури ЛОР (духтури гӯш, гулӯ ва бинӣ) номида мешавад. Инсон бештар дар ҳолати тағйирёбии иқлим, фасл ё мавқеъ ба бемориҳо мубтало мегардад. Ин беморӣ на танҳо ба калонсолон, балки дар байни наврасону ҷавонон низ зиёд ба чашм мерасад. Бо инкишофи бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, пеш аз ҳама неруи муҳофизатӣ (масъуният ё иммунитет) суст гардида, тарзи ҳаёти камҳаракат, маҳсулоти хӯрокворӣ, истемоли зиёди антибиотикҳо ва тамоку сабабгор мегарданд. Яке аз хатароти дигар, ба ҳам наздик ҷойгир гардидани ин узвҳо ба шумор меравад. Барои мисол агар бинии одам сироят гирад, хатари асар кардани ин ба узвҳои дигар низ аз имкон дур нест. Яъне, ҳар як узвҳо байни ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд.

 Дар ин бобат Саъдии Шерозӣ мегуяд:

                          Бани одам аъзои якдигаранд,

                          Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

                          Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

                          Дигар узвҳоро намонад қарор.

  Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд, дар куҷое, ки набошем нисбати саломатӣ бетараф набошем.  Ба қадри саломати расем. Саломат бошед!

  Вақт– монанди  давандаест, ки ҳеҷ гоҳ монда намешавад ва доимо дар ҳаракат аст. Мо ҳамагон дар бораи арзиши вақт суханҳо мегуему медонем, локин мутаасифона онро дуруст истифода намебарем. Вақт қимат аст, набояд онро бар корҳои беҳуда сарф кард, Чунонки дар ин хусус Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ менависад:

Вақт чун барқи шитобон меравад, ҳушёр бош,

Чархро баҳри ману ту фурсати таъхир нест.

  Бузурге мегӯяд, ки одамон барои ҳама чиз вақт меёбанд, агар хоҳиш дошта бошанд. Бовар кунед ҳаёти мо, ояндаи мо, дар дасти худи мост. Барор ва нобарориро танҳо як бенишонӣ бо номи “вақт надорам” аз ҳам ҷудо месозад аз байн мебарем. Дар асл вақти мо бароямон басанда аст, то ки тавонем онро дуруст тақсим карда, онро бошуурона истифода намоем. Вақт ҳаргиз моро мунтазир намешавад. Дар хусуси муҳим ва мубрамияти вақт Бернард Вербер чунин гуфтааст: “Қимати солро аз донишҷӯи аз имтиҳон афтида, қимати моҳро аз модари бармаҳал таваллудкарда, қимати ҳафтаро аз муҳаррири ҳафтанома, қимати соатро аз ошиқи интизори роҳи маҳбуб, қимати дақиқаро аз аз мусофири аз қатора ва ё ҳавопаймо ақибмонда, қимати сонияро аз аз шахси дар садама азизи дилашро аз дастдода ва қимати як ҳиссаи сонияро аз дорандаи медали нуқра ё тилло дар бозиҳои олимпӣ бипурс !”

Чунончи Ҳофиз гуфтааст:

Вақтро ғанимат дон, он қадар, ки битвонӣ,

Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ.

Умари Хайём низ таъкид мекунад:

Рӯзе, ки гузаштаст, аз ӯ ёд макун,

Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.

Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,

Холӣ хуш бошу умр барбод макун.

  Дар ҳақиқат, фикр кардан ва дар хотир гирифтан лозим аст, ки дирӯз гӯзашт, аз ӯ дигар ёд кардан лозим ҳам нест, аниқтараш ягон фоидае ҳам нест. Фардо ин рӯзи оҷизону танбалон ва дар гумон аст, пас, андеша куну ҳамин алон ва дар ҳамин лаҳза зиндагӣ кун. Ба қавли шоир:

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натавонӣ кард.

Рамазон ШАРИПОВ

Докторант (PhD)- и курси 1 аз рӯи ихтисоси “Генетика”-и Институти ботаника,

физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (28), 2022 

 

[1] Устоев М.Б. Биология Анатомия ва физиологияи одам. -Душанбе: Собириён, 2008. - №1.- С.2-4.

Хондан 1293 маротиба