JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Июни 2023 16:30

Таъсири ғариза, ирода, хоҳиш ва ниёзу талаботи инсонӣ дар ташаккули ахлоқ

Муаллиф:

  Ахлоқ яке аз куҳантарин навъи маънавиёти башар маҳсуб аст, ки аксар аз пажуҳишгарони тамаддуни инсонӣ онро аввалин унсури фарҳанг меҳисобанд. Масъалаи зуҳур ва пайдоиши ахлоқ баҳси доманадорест, ки дар дарозои таърих онро ҳар пажуҳишгар аз диди ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии худ мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамин масъала сабаби он гардидааст, то назариёти гуногуне доир ба пайдоиши ахлоқ ба миён оянд.

  Дидгоҳи антропологӣ дар мавриди пайдоиши ахлоқ бештар ба табиати инсон такя мекунад ва ин масъаларо аз зовияи ҷанбаҳои биологӣ, физиологӣ, психологӣ ва маънавию хирадии инсон мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Вобаста ба  тарзи баррасии масъала низ мактабҳо ва назарияҳои гуногун зуҳур намудаанд.

  Тарзи баррасии масъалаи инсон, табиат ва фардияти ӯ   заминаи асосии шаклгирии ҳар гуна назария ва қонун дар мавриди шинохти инсон аст. Аз ин рӯ сарчашмаҳои қоидаҳои ахлоқӣ низ ба навъи инсоншиносӣ марбут аст. Мафҳуми инсонро вобаста аз тарзи баррасӣ ва навъи ҷаҳонбинӣ дар се маънӣ корбаст менамоянд: 1. Дар ҷаҳонбинии динӣ ба ҳайси мафҳуми динӣ-каломӣ, ҳамчун Одаму Ҳавво офаридаи Худо; 2. Мафҳуми фалсафӣ, ки дар он инсон ҳамчун мавҷуди оқил ва нотиқ дар табиат аст; 3. Мафҳуми илмӣ, ки дар он решаҳои равоншиносӣ, инсоншиносӣ, биологӣ ба ҳам пайвастаанд. Вобаста ба ин дидгоҳҳои ахлоқӣ низ дар баррасии масоили ахлоқӣ ба навъи ҷаҳонбинӣ ва корбурди ин мафҳум сахт алоқамандӣ доранд.

  Мусаллам аст, ки инсон навъи зиндаи бохирад маҳсуб аст. Яке аз вижагиҳои олами зинда аз олами ғайризинда дорои пӯёиву ҷӯёӣ будани он аст, ки бевосита аз сиришти навъи зинда берун меояд. Дар сиришта навъи зинда ниёзу талаботе барои зинда мондан мавҷуд аст, ки тибқи қонуни олами зинда ҷиҳати бароварда кардани ин ниёзҳо ҳамеша дар ҳоли пӯёиву ҳаракат қарор мегирад. Дар рустаниҳо ин пӯёӣ бо ҳаракати дохилӣ сурат гирифта, дар ҳайвоноту инсонҳо ҳам бо мутаҳаррикии дохилӣ ва ҳам ҳаракати берунаи фазоӣ (яъне ҳаракат аз як макон ба макони дигар) сурат мегирад. Дар иддае аз анвоъи зинда ин пӯёӣ тавассути ғаризаҳо (майл, хоҳиш, ниёз, ирода) роҳандозӣ гардида, дар инсон ҳам тавассути ғариза ва ҳам тавассути хирад ё ба қавле ҳам тавассути шуур ва ҳам тавассути таҳтушшуур сурат мегирад. Чунин тарзи баррасӣ намудани масъала сабаби ба миён омадани назарияҳои гуногуни ахлоқӣ гардидааст.

  Назарияпардозони ахлоқие, ки таъсири ниёзу эҳтиёҷот, майл, хоҳиш, ирода ва ғаризаи инсонро бунёди ахлоқ медонанд, муътақиданд,ки одамон ба мисли дигар намудҳои зинда ниёзҳои хосае доранд. Ин ниёзҳо ба сурати ангезаҳои муайян навъҳои хоси рафторро ба вуҷуд оварда ва бо ба кор гирифтани огоҳию шуур дар зеҳнияти инсон боядҳое (қоидаҳо) ба вуҷуд меоваранд.  Дар натиҷа ҳар бояд сабаби танзимкунандаи чигунагии рафтор мешавад, ки он бархоста аз тақозои ниёзҳои табиии инсон аст.

  Одамон дар дарозои зиндагӣ ҳамеша ба ғизо, гармо, сарпаноҳ, равобити ҷинсӣ ниёз доштаанд ва ҳамаи он чи ки ин ниёзҳои асосиро бароварда месозад, ҳамеша боаҳамият буданд. Ҳамин аст, ки ин масъалаҳо ҳамеша арзишманд будаанд ва бо ин кор мафҳумсозӣ оғоз шуд ва мафҳуми хубӣ ё хайр ба вуҷуд омад.[1]

  Ҳамеша баҳси бисёре аз андешамандони илмҳои инсоншиносӣ аз ин пурсишҳо ба вуҷуд меояд, ки чаро фардҳо як навъи рафторро ба рафтори дигар бартарӣ медиҳанд. Зиндагии худро барои наҷоти фардҳои дигаре ба хатар мегузоранд. Барои дастёбӣ ба ҳадафҳои хос соатҳои тӯлонӣ кор мекунанд. Кадом омилҳо фардро маҷбур месозад, ки боиси нерӯ бахшидани рафторҳояш шавад. Ба саволҳои гузошташуда, вобаста аз шинохту ҷаҳонбини пажуҳишгарон посухҳои гуногуне дода шудааст, ки дар заминаи онҳо назарияҳои гуногун шакл гирифта, сабаби пайдоиши назарияҳои гуногун дар мавриди ахлоқ гардидаанд.

  Муссаллам аст, ки ғаризаҳо, ангезаҳо ва хоҳишу талабот ҳамеша дар инсонҳо будаанд ва яке аз шарти зисти инсон низ қонеъ намудани ин ниёзҳо аст. Ҳанӯз дар аввалин умумиятҳои иҷтимоӣ, ки ахлоқ содда ва номукаммал буд, инсонҳо ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳо ва сода кардани тарзи зист меъёрҳои ахлоқиро корбаст намудаанд. Яке аз ҳадафҳои асосии меъёрҳои ахлоқӣ он аст, ки тамоюлоти табиии башарро ки тағйирнопазир ё тақрибан тағйирнопазир аст, бо эҳтиёҷоти зиндагонии иҷтимоӣ, ки доиман дар тағйир аст, мутаносиб ва ҳамоҳанг месозад. Дар бомдоди рӯзгори башар ҳамон ғаризаҳо ба хотири зинда мондан худхоҳӣ, ҷанг, якдигарро нобуд кардан, дуздию ғоратгарӣ ва амсоли ин амали ҳамешагии инсонҳои нимаваҳшии ибтидоӣ буданд. Дар тули даврон наслҳои зиёде барои танзим кардани манфиатҳои хеш қонун ва усулу роҳкорҳоеро барои содда кардани ҳамзистӣ ба миён овардаанд. Аксари ғаризаҳои аввалия, ки бештар ба ҳайвонот марбутанд, аз он ҷо маншаъ мегиранд, ки ҳайвонот аз он ҷиҳат шиками худро то гулӯ аз ғизо пур мекунанд, ки намедонанд чи вақти дигар ба хурок дастрасӣ пайдо мекунад. Ҳамин шакк доштану эмин набудан аз оянда аст, ки сабаби пайдо шудани орзумандӣ мешавад. Итминони иқтисодӣ, ки аз натиҷаҳои маданият аст, ин хело ва хело ба давраҳои нави инсонӣ марбут аст. Ҳамин ҷиҳат аст, ки то ба имрӯз инсон дар гирд овардани пулу мол ҳарис аст. Зеро ғаризаи таърихии ҳайвонии он ва хотираи таърихияш ҳамеша далолат ба он мекунад, ки ҷиҳати эҳтиёҷоти баъдиаш, ки ҳанӯз муайян нест, фардо онро чӣ гуна бояд бароварда кард, захира мекунад.[2]

  Масъалаи таъсири ҳолатҳои равонӣ, майлу хоҳиш ва бароварда кардани ниёзҳо дар рафтори инсонҳо ҳанӯз дар фалсафаи антиқа сурат гирифта буд. Инро метавон дар назарияҳои ахлоқии Суқрот, Афлотун, Арасту, Эпикур, Протогор ва Аристипий Киери мушоҳида намуд. Аксар аз пажуҳишгарони ахлоқ муътақиданд, ки маҳз ҷараёнҳои антропологии гедонизм, ки лаззатро асоси ахлоқ меҳисобад ва эвдемонизм, ки саодатро асли ахлоқ медонад, маҳз дар ҳамин давра ва аз ҷониби мутафаккирони болозикр поягузорӣ шуда, шакл гирифтаанд.[3]

  Ҳамчунин масъалаи чигунагии рафторро алоқаманд ба назариёти Афлотун дар мавриди ахлоқ баррасӣ менамоянд, ки баъдан бо номи равоншиносии сегона шуҳрат пайдо намудааст. Ин назария бар навиштаҳои Афлотун бармегардад ва ӯ далели рафтори одамонро аз равони сеҷузъӣ медонист, ки ибтидои он аз сатҳи руҳи  иштиҳоӣ маншаъ мегирад. Кашишҳои физиологии инсон, аз ҷумла гуруснагӣ, ташнагӣ, ғаризаи ҷинсӣ ба он шомил мешаванд. Дар сатҳи дуюм, ҷанбаи рақобатӣ қарор мегирад, ки ба он меъёрҳои иҷтимоӣ  мисли эҳсос, ифтихор, шарм ва кумак дохил мешаванд. Дар сатҳи сеюм бошад, ҷанбаи муҳосиботӣ ва ангезаҳои шинохтӣ монанди тасмимгирӣ, андешидан ва ҳисоб намудан аз ин бахши равон шакл мегирад.[4]

  Назарияи дигар, ки чигунагии рафтор ва ахлоқро бар пояи неруҳои моҳиятӣ ва сириштии инсон тавъам медонад, ин назарияи ирода аст, ки дар даврони нави Аврупо онро Рене Декарт ба миён гузошт. Декарт равонро иборат аз се бахш медонист: тафаккур, эҳсос ва ирода. Ба назари ӯ, олитарин нерӯи интихобгар ирода аст, ки решаи бисёре аз рафторҳои инсонро бояд дар он ҷустуҷӯ кард. Ҳарчанд ин дидгоҳ дар он замон ривоҷ ёфта бошад ҳам, вале андешамандон натавонистанд моҳияти ирода ва қоидаҳои шаклбандии онро мушаххас намоянд. Баъдан назарияи ирода дар рафтори инсонҳо дар мактаби фалсафаи ҳаёт идомат пайдо намуда, аз ҷониби Артур Шопенҳауэр ва Фиридирих Нича дар доираи  категорияи хоси фалсафӣ арзёбӣ гардид. Ин боиси он гардид, ки назарияи дигаре бо номи назарияи ғариза ба вуҷуд ояд.[5]

  Дар даврони тафаккури механикӣ, баъзе аз файласуфон дидгоҳи механикиро дар бораи рафтор матраҳ карданд. Бар асоси ин дидгоҳ, рафтори инсон аз нерӯҳои дарунию берунӣ ба вуҷуд меояд ва он инсонро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ин дидгоҳ назарияи ғариза ном дорад, ба ин маъно, ки як нерӯи зистии фитрӣ аст, ки ҷондоронро аз пеш омода месозад, то дар шароити муносибе ба шеваи хосе амал кунанд. Бинобар ин, ба ҷои ин ки инсон аъмолашро интихоб кунад, вай таҳти таъсири нерӯҳои фитрие аст, ки рафторашро таъйин мекунад. Вобаста ба ин Чарлз Дарвин ба тарҳи назарияи такомулии худ ин идеяро матраҳ кард, ки рафторҳои инсон низ монанди ҳайвонот бар пояи ғариза шакл мегирад. Ба ақидаи ӯ, инсон ба сабаби ғаризаи ҷамъгароӣ маҷбур ба зиндагии гурӯҳӣ аст ва ё ба иллати ғаризаи пархошгарӣ маҷбур ба ҷангидан аст.[6]

  Назарияи ғариза баъдан аз ҷониби равоншиноси австриягӣ Зигмунд Фрейд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷавҳари таълимоти Фрейдро консепсияҳои  сохти дастгоҳи психикӣ  ва сиришти психоневроз ( ҷунуни рӯҳӣ) ташкил медиҳанд. Дар асоси онҳо ғояи  бешуурӣ қарор дорад. Фрейд сохтори равонии шахсро бар се омил бунёд намуд: а) таҳтушшуур “Ид” (онҳо)- сатҳи ду ғариза марг ва зиндагӣ; қисмати психика  аст, ки дар он таконҳои ғаризавӣ (хоҳишҳо)  ва  ғояҳои аз шуур маҳдудкардашуда бароварда мутамарказ шудаанд; б) сатҳи шуур “эго”(Ман)-сатҳи шинохт ва огоҳии фард. Шуур як намунаи болотар аз он чизест, ки “Ман” дар зери шуур қарор дорад ва  дар он ба шакли кристаллӣ медарояд, миёнарав байни "Ин" ва олами беруна, онҳо ба принсипҳои мувофиқат кардан ба мақсадҳо такя мекунанд;  в) “Фароман” “Супер эго”-сатҳи меъёрҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ, қоидаҳо, меъёрҳои рафтор, мамнуъиятҳо, интиқод, сензураи ахлоқӣ ва миёнарав байни "Ин", "ман" принсипи воқеият. Як қисмати назарраси назарияи Фрейд таълимот дар бораи майли ҷинсӣ  (либидо) маҳсуб мешавад.  Мувофиқи  ин таълимот, ҷараёни инкишофи психикии инсон моҳиятан раванди аз лиҳози биологӣ муайяншудаи табдилоти пайдарҳами ғаризаи шавҳонии ӯ ба ҳисоб меравад.[7]

Карл Густав Юнг (1875-1961) равоншиноси машҳури шведӣ муддате аз дидгоҳи Фрейд пайравӣ мекунад. Баъди қатъи муносибат бо Фрейд,  дар соли 1913 аз назарияи либидои Фрейд интиқод кард ва назарияи худро бо номи «Психологияи аналитикӣ» кор карда баромад. Ҳарчанд аз назарияи “лебидо” интиқод мекунад, вале иддае умумиятҳо дар назарияи Юнг ва Фрейд мавҷуданд. Махсусан, принсипи тақсимбандии ҳолатҳо ва таъсири мотиватсия ба рафтори инсонро метавон мушоҳида намуд. Ба Юнг типологияи характерҳои  коркардааш шуҳрат овард, ки он одамонро ба «интровертҳо» ва «экстровертҳо» ҷудо мекард. Тақсимбандии назарияи К.Юнг аз қарори зайл аст: а) “Ман”- қисмати бошуур равони инсон, ки ба василаи он шахсият худро мешиносад; б) “Як шахс”- ниқобе, ки шахс  ҳангоми талаботҳои муҳти иҷтимоии иҳотакардашуда  мепӯшад ва нақши иҷтимоии худро мебозад; в) “Анима” ва “Анимус”- Анима архетипи занона дар зан, Анимус архетипи мардона дар мард ва дар асоси онҳо ҳамдигарфаҳмии ҷинсҳо сурат мегирад; г) “Соя”- “Архетипе”, ки ғаризаҳои ҳайвонот таркиб ёфтаанд, тарафҳои норӯшани ғайризаминии шахс мебошад; ғ) “Худ”- Архетипи марказӣ, ки дар атрофаш тамоми хусусиятҳои равонии шахсият мутамарказ мегардад  ва  маркази умумии вай маҳсуб меёбад. Д) архетипҳои бешуурии коллективӣ. Дар фаҳмиши Юнг, ин мафҳум, образҳои даркношудаи саршор  аз ҳиссиёт, таассурот, вокунишҳои андӯхтаи башариятро дар навъе хотираи «коллективӣ» аст, ки онҳо қабати амиқи шахсиятро ташкил  медиҳанд. Архетипҳо ифодаи рамзии худро дар устураҳо,  образҳо ва сюжетҳои санъат дармеёбанд. е) Инсони шарқӣ- Як дарунгароест (интроверт), ки зеҳнияти худро ба самти дохилӣ, ба сӯи огоҳии ботинии худ ҳидоят мекунад. Ӯ аз дунболи растагорӣ, ниҳоди худро дар худ меҷӯяд ва дар ин ҷода ҳамеша барои беҳбудии маънавиёти худ мекӯшад. Инсони шарқӣ ба табиат ҳаргиз чун ба чизе, ки онро бояд ҳатман тасхир кунад ва ё мутеи худ гардонад ё ҳатто, дар ин ҷода онро ба харобӣ оварад, амал намекунад. Ба ӯ хислатҳои хоксорию таваҷҷуҳ кардан нисбати табиат хос аст. Инсони шарқӣ ба табиат чун ба як чизи худодод нигариста, нисбати он фурӯтанӣ, эҳтирому таҳаммул зоҳир месозад, ба он эътиқод намуда, онро мепарастад; ё) инсони ғарбӣ- берунгаро (экстроверт) аст. Ӯ барои наҷоташ зеҳни худро ба сӯи сиришти худ нею ба муҳити атроф, ба берун равона мекунад. Бинобар ин, инсони ғарбӣ ҳамеша барои тасаллут ёфтан бар муҳити атроф майлу рағбат намуда, ба ин хотир баҳри фатҳу тасхири табиату ҷаҳон кӯшишу ғайрат мекунад. Шуури ӯ ба сӯи ояндаи ғайб аст, ӯ ҳимояи хешро на дар худ, балки дар ҳукмронии худ аз болои табиат ва муҳити атроф меҷӯяд. Инсони ғарбӣ худро офаранда ва муҳофизи холиси табиат меҳисобад.[8]

 Ифрот дар назарияи ғаризагароӣ ва ҷавобгӯ набудан ба баъзе аз суолот боиси он мегардад, назарияи ғариза ҷои худро ба назарияи соиқа (кашонанда) бидиҳад.

Истилоҳи соиқ (драйве) бори аввал дар шакли вудворз барои баёни манбаи дугонаи энергетикӣ организмро водор ба рафторҳои муайян мекунад, ба кор гирифта шуд. Донишмандони дигар ин таърифро бо тағйироте барои ишора ба гурӯҳе аз омилҳои бавуҷудорандаи энергияи хос, монанди гуруснагӣ, ташнагӣ ва монанди ин ба кор бурдаанд. Уолтер Брэдфорд Ке́ннон (1871-1945) донишманди Физиология ва пизишки машҳури амрикоӣ сабаби пешрафти умдае дар назарияи соиқа гардид. Вай мафҳуми таодули ҳаётӣ (ҳомеостазис)” ро соли 1932 ба илм ворид намуда, онро муаррифӣ кард. Ба ин маъно, ки ҳар гоҳ шароити дохилӣ аз ҳолати табиӣ берун шавад, организм ба василаи соиқаҳо ва муҳаррикҳои дарунӣ ангехта мешавад, то ин бетаодулиро коҳиш диҳад ва ба ҳоли табиӣ бозгардонад.[9] Мафҳум ва принсипи  ҳомеостаз баъдан аз физиология ба равоншиносӣ ва кибирнетикаву дигар соҳаҳои илм мавриди истеъмол қарор гирифт.

Рукни аслии назарияи соиқа ниёзҳои баданӣ ба ҳисоб мераванд, аммо ниёз ва соиқ ҳарду як нестанд, балки ниёзҳоро соиқҳо ба вуҷуд меоранд. Соиқ он нерӯ ё барангехтагие аст, ки вуҷуди ниёзро эълом медорад ва онро ба намоиш мегузорад.[10]

Донишмандон бо пазириши назарияи соиқа ва талош дар ҷиҳати басту густариши он баъдҳо дарёфтанд, ки ниёзҳои баданӣ наметавонанд ангезаи ҳамаи рафторҳои инсонӣ бошанд. Зеро гоҳо ниёзи бадание дар инсон вуҷуд дорад, вале шахс даст ба рафторе намезанад. Барои мисол, шахс муддати дарозе ғизо тановул накардааст. Пас ниёзи баданӣ дар ӯ вуҷуд дорад. Вале ӯ ҳамчунон иштиҳо надорад, то хӯрок хурад. Аз ин рӯ ниёзҳои баданӣ наметавонанд муайянкунандаи ҳамаи рафторҳо бошанд. Ин боиси он гардид, то назарияҳое ба вуҷуд оянд ва рафторҳоро бештар бар асоси ақоид ва таваққуоте, ки фардҳо дар бораи руйдодҳои оянда доранд, таъйин намоянд. Бар асоси ин, назарияҳои наве ба вуҷуд омадаанд ва андешамандоне ба баррасии ангеза ва табақабандии онҳо пардохтанд. Дар баробари ниёзҳои физиологӣ ба ниёзҳои равонӣ ва иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳ намуданд.

Дар бораи мафҳуми ниёз баҳсҳои зиёде вуҷуд дорад ва донишмандон дар навиштаҳояшон онро бо мафҳумҳои ангеза (мотив), хост ва тамоюл (дисерт) ҳаммаъно донистаанд. Аксар аз назарияпардозон онҳоро ҳаммаъно ироа кардаанд. Ба ин маъно ки ниёз як мафҳуми умумӣ аст, ки дар риштаҳои мухталифи илмӣ, таърифҳои гуногун дорад.

Ҷомеашиносон ниёзро аз назари робитаи фард бо ҷомеа ва муҳити атрофаш баррасӣ менамоянд. Дар ин тарзи баррасӣ, ниёзҳо дар сатҳи фарду шароиту мавқеияти ӯ матраҳ нестанд, балки ниёзҳои гурӯҳӣ, ҷамъӣ ва иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ мешаванд. Ҷанбаи иҷтимоии ниёз бештар ҷиҳати беҳтарсозии робитаҳои иҷтимоӣ ва ташкили ниҳодҳои фарҳанги иҷтимоӣ хидмат намуда, боиси боло рафтани сатҳи омӯзишу парвариш дар ҷомеа мешавад.

Дар фарҳангҳои иқтисодӣ ниёзро муодили хост, тамоюл, эҳтиёҷ, тақозо ва масраф баён кардаанд. Умуман, ниёз омиле барои истифодаи бештар аз коло дар ҷомеа аст. Дар равоншиносӣ мафҳуми ниёзро ба маънои хостан, орзу, ормон, таваққуот, майл ва интизорот шарҳ медиҳанд.  Дар ин фаҳмиш ниёз ба манзалаи айб, нуқс фаҳмида шудааст. Ҳамчунин ҳолате, ки дар аксари марҳилаҳои ёдгирӣ вуҷуд дорад. Генри Александр Мюррей равоншиноси амрикоӣ дар таърифи ниёз мегӯяд: “нерӯе ки аз зеҳниёту идроки одамӣ сарчашма мегирад ва андешаю амалро чунон танзим мекунад, ки фард ба анҷоми рафторе мепардозад, то вазъи номатлубро дар ҷиҳати муайян тағйир диҳад ва  ҳолати нориоятиро ба қонеъ кардани ниёз табдил кунад”[11].

Вобаста аз таърифҳои ниёз онро метавон чунин шарҳ дод. “Ниёз иборат аст аз ҳолати маҳрумият ё камбуди ҳар навъе барои давом додани ҳаёти як мавҷуди зинда зарурат дорад”.[12]

Дар мавриди шинохт ва чигунагии ниёзҳо низ ақидаҳои мухталиф вуҷуд доранд, ки ин, пеш аз ҳама, ба табиати худи инсон алоқаманд аст. Яке аз хусусиятҳои фитрии инсон тамоюлот ё гароишҳои гуногуни ӯст, ки онҳо аз ниёзҳои мухталифи инсон маншаъ мегиранд. Гурӯҳбандии  ниёзҳо аз дидгоҳи инсоншиносии назарияпардозони он маншаъ мегирад. Инсоншиносоне, ки табиати инсонро моддӣ медонанд ва ба ҳамаи буъдҳои инсонӣ таваҷҷуҳ доранд, дар баробари ниёзҳои моддӣ, ниёзҳои маънавиро низ зикр мекунанд. Дар бораи ниёзҳо тақсимбандиҳои мухталифе вуҷуд доранд, ки ду намунааш оварда мешавад: 1. Ниёзҳои ҷисмонӣ (физиологӣ) ва равонӣ. Ниёзҳои физиологӣ талаботе ҳастанд, монанди ниёзи гуруснагӣ, ташнагӣ, ғаризаи ҷинсӣ, ки бадани инсон барои бақои худ ба онҳо эҳтиёҷ дорад. Ин ниёзҳо аз назари таъсиргузорӣ ва ҷойгоҳ дар дараҷаи болоӣ қарор доранд. То замоне, ки  ин ниёзҳо қонеъ нашаванд, ниёзҳои дигар дар фард фурсати зоҳиршавӣ пайдо намекунанд. Бинобар ин, то замоне, ки фард ниёзҳои моддии хешро қонеъ насозад, ба думболи ниёзҳои равонию иҷтимоӣ ба мисли илмҷӯию шуҳратталабӣ намеравад.

Ниёзҳои равонӣ аз заруратҳо ва камбуд дар ҷисми инсон падид намеоянд. Эҳтиёҷоти равонии инсон ба мисли озодӣ, эҳсоси тааллуқ, шоистагӣ, иззати нафс, эҳтиёҷ ба амният, эҳтиёҷ ба дарки худу ҷаҳон, эҳтиёҷ ба ниёиш ва эҳтиёҷи худшукуфоӣ решаи ин ниёзҳоянд. Ҳар инсоне ба озодиву истиқлол ниёз дорад, то бо ихтиёри худ тасмимгирӣ намуда, амал кунад. Ҳар фард ниёз дорад, дар зиндагӣ касеро дӯст дошта бошад ва шахсе нисбат ба ӯ эҳсоси тааллуқ кунад. Инсон ниёз дорад шоистагию коршоямиву муфид будани худро барои хонавода, гурӯҳ ва ҷомеа нишон диҳад. Инсон табиатан ҳисси кунҷковӣ дорад ва пурсишҳое аз қабили чарову чуну чанд дар он  ниёзеро ба вуҷуд меоранд, то ҷаҳони атрофи худу тавоноиҳояшро шиносад ва истеъдодҳояшро шукуфо созад. Ниёзҳои равонӣ ҷанбаи иктисобӣ надоранд ва ҷузъи фитрату зоти инсон ба ҳисоб мераванд. 2. Ниёзҳои воситаӣ ва ниёзҳои асосӣ: баъзе аз чизҳое, ки ба онҳо ниёз дорем, танҳо ба хотири бароварда кардани эҳтиёҷот ба чизҳои дигар аст, ки онҳоро мехоҳем, тарҷеҳ диҳем ё арзишманд шуморем. Барои мисол, агар ба дӯсте нома нависем, мо ба қаламу қоғаз ниёз пайдо мекунем. Ин гуна ниёзҳоро ниёзи воситаӣ меноманд. Ба иборати дигар, вақте иддао мекунанд, фарде ниёзманди чизе аст, метавон пурсид, ки далели ин ниёз чист? Вақте фард чизеро ба ин далел, ки заминаи таҳқиқи эҳтиёҷи дигаре аст, чунин ниёз ниёзи воситаӣ ном дорад.

Дар баробари ин ниёзҳое мавҷуданд, ки эҳтиёҷи бунёдианд ва байни инсонҳо муштараку дар шароити оддӣ барои хайру саодати ҳар фарде зарурианд. Ин гуна ниёзҳоро “ниёзҳои асосӣ” ё “”ниёзҳои масири зиндагӣ” номида мешаванд.  Ин эҳтиёҷот аз он маншаъ мегирад, ки ҳар фарде барои касбе ё ҳифзи он далеле дорад, ки мустақил аз майлҳояш ё арзишҳояш ба онҳо зарурат дорад. Фард бояд барои пешгирӣ аз ҳар гуна осеб, ниёзҳои асосии худро бароварда кунад. Ин ба он маънӣ аст, ки дар асоси қонунҳои табиӣ ва ҳақиқатҳои муҳити зистиву қонунмандии физиологияи инсон, маҳрумият аз як ниёзи асосӣ ба маънои осеб дидан, ё дар маърази хатари осеби ғайриқобили чашмпушӣ қарор гирифтан аст. Ниёзҳои асосӣ барои зиндагии оддиву рӯзмарра зарурӣ буда, аз унсурҳое иборатанд, ки дар робита бо қонунҳои табиат, воқеъияти муҳити зистӣ ва ҳақиқатҳои физиологӣ барои зиндагии оқилона ва мустақили як фард зарурианд.

Вобаста аз чигунагӣ, таъсиргузорӣ ва мавқеияти фардӣ ва равониву иҷтимоӣ дар бобати ниёзҳо, дараҷабандии онҳо донишмандон назарияҳои гуногунеро пешниҳод намуаанд, ки аз машҳуртанин назарияҳо дар бораи ниёзҳо метавон ба назарияҳои зерин ишора кард:

 Яке аз назарияҳои машҳур дар мавриди ниёзҳо ин Назарияи табақабандии мартабавии ниёзҳои Авраам Маслоу (1908 -1970) донишманд ва равоншиноси амрикоӣ, поягузори равоншиносии гуманистӣ маҳсуб аст. Муаллиф дар ин назария кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба ин пурсиш, ки чаро дар лаҳзаҳои гуногун инсонҳо барои бароварда кардани ниёзҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ҷавоб ҷӯяд. Ӯчунин меҳисобад, ки ниёзҳои инсонро вобаста аз муҳимияти силсиламаротибӣ ба 5 даста табақабандӣ намуд: а) ниёзҳои физиологӣ; б) ниёзҳои эминӣ; в) ниёзҳои иҷтимоӣ(ишқу тааалууқият); г) ниёз ба эҳтиром; д) ниёз ба худшукуфоӣ.[13] Маслоу ду гурӯҳи якуми эҳтиёҷотро ниёзи аввалӣ ҳисобида се гурӯҳи баъдиро ниёзҳои дуввумӣ арзёбӣ менамояд ва онҳоро дар шакли пирамидаии талаботи инсонӣ таҷассум менамояд, ки қисмати поёнӣ ва ҷойгоҳи зиёди пирамидаро ниёзҳои аввалия ва қисмати болоии ва ҷойгоҳи нисбатан маҳдуди онро ниёзҳои дуввумӣ ташкил медиҳанд. Идеяи меҳварии назарияи Маслоу он аст, ки ниёзҳои инсонӣ аз лиҳози тавлиду рушду тассаллут бар рафтор тартиби силсиламаротибӣ дорад. Яъне ҳар чи ниёз ба мартабаи пойинтар қарор дошта бошад, дар раванд рушд зудтар ошкор мешавад. Нуктаи дигар ин ки ниёзҳои поинтарин қавитарин ангезаҳои инсонӣ ҳастанд. Дар ҳоле ки ниёз ба худшукуфоӣ заифтарини ангезаҳо аст.

 Назарияи дигар дар мавриди ниёзҳо бо номи назарияи “ERG” маъруф аст. Поягузори ин назария   Клейтон Алдерфер донишманд ва равоншинос (1940 -2015)-и амрикоӣ ба ҳисоб меравад. Алдерфер асосан ба консепсияи Маслоу такя менамояд ва онро тақвият медиҳад.

Алдерфер дар муқобили ниёзҳои Маслоу ниёзҳои сегонаи худро матраҳ мекунад, ки аз ин қароранд: 1. Ниёзҳои ҳаётӣ(Existence) 2. Ниёзҳои ҳамбастагӣ (Relatedness) 3. Ниёзҳои рушд (Growth). Аз ҳарфи ҳар яке аз ин маҷмуаи ниёзҳо номи назарияи ERG ҳосил шудааст. Бар асоси назарияи Алдерфер, бар хилофи назарияи Маслоу мумкин аст чанд ниёз ба тавре ҳамзамон сабаби ангезиши рафтор шаванд. Алдерфер дар таҳқиқоти худ кӯшидааст то ҳамбастагие байни қонеъшавии ниёзҳо ва фаъолшавии ангезиши онҳоро дар 7 принсип муайян намояд:

  • Ҳар қадар ниёзҳои вуҷудӣ (E) камтар қонеъ шаванд, онҳо бештар тазоҳур мекунанд;
  • Ҳар қадар ниёзҳои иҷтимоӣ(R) камтар қонеъ гарданд, ҳамон қадар ниёзҳои вуҷудӣ бештар мешаванд(E);
  • Ҳар ҳадар ниёзҳои вуҷудӣ (E) бештар қонеъ шаванд, ҳамон қадар ниёзҳои иҷтимоӣ (R) бештар аз худ дарак медиҳанд;
  • Ҳар қадар ниёзҳои иҷтимоӣ(R) камтар қонеъ гарданд,ҳамон қадар фаъолшавии онҳо тақвият меёбад;
  • Ҳар қадар ниёзҳои рушди шахсӣ(G) камтар қонеъ шаванд, ҳамон қадар ниёзҳои иҷтимоӣ(R) бештар мегарданд;
  • Ҳар қадар ниёзҳои иҷтимоӣ(R) бештар қонеъ гарданд, ҳамон қадар ниёзҳои рушди шахсӣ фаъол мегарданд;
  • Ҳар қадар ниёзҳои рушди шахсӣ(G) камтар қонеъ шаванд, онҳо бештар аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. Ҳар қадар ниёзҳои рушди шахсӣ(G) бештар қонеъ шаванд, онҳо қавитар мегарданд[14]

 Назарияи дигар ин “назарияи ниёзҳои ошкоро” маҳсубаст, ки ин назария марбут ба Генри Александер Мюррей (1893-1988) равоншинос ва равонкови амрикоист, ки мафҳуми персонологияро бори аввал мавриди истифода қарор дода, дар асоси таҳлил ва баррасии осори З.Фрейд, А.Адлер ва К.Юнг таълимоти хешро ба роҳ мондааст. Тафовути бунёдии таълимоти Мюррейро аз мутафаккирони зикршуда шарҳу тафсири ниёзҳои инсонӣ ташкил медиҳад.

Мюррей феҳристи ҷомеъи ниёзҳои инсониро дар 36 номгӯй таҳия намуда, онҳоро ба ду навъ тақсимбандӣ намуд:[15] 1.Ниёзҳои аввалия, ки ҷамбаи физиологӣ доранд; 2.Ниёзҳои дуввумдараҷа, ки ҷанбаи равонӣ дорад. Ниёзҳои аввалия ба мисли ниёз ба ҳаво, ғизо, умури ҷинсӣ, об ва ғайра аҳамияти зиёде доранд. Аммо он чи бештар таваҷҷӯҳи Мюррейро ба худ ҷалб кард, ниёзҳои дурумдараҷа буд. Натиҷаи пажӯҳиш Мюррейро водор намуд то феҳристе аз 20 ниёзро муайян созад, ки иборатанд аз:  1.Хориталабӣ, 2.Пешрафт, 3. Пайвандҷӯӣ, 4. Пархошгарӣ, 5. Худмухторӣ, 6.Муқобала, 7. Хештанёбӣ, 8. Думболаравӣ, 9. Султагарӣ, 10. Намоиш, 11. Осебгурезӣ, 12 Таҳқиргурезӣ, 13. Меҳрварзӣ, 14. Назм, 15. Бозӣ, 16. Тард, 17. Шинохти ҳиссӣ, 18. Майли ҷинсӣ, 19. Меҳрталабӣ, 20. Фаҳм. Феҳристи ӯ аз ниёзҳои инсон муҳимтарин хадамоти вай ба равоншиносӣ ҳисобида мешавад.[16] ().

Назарияи ниёзҳои экзестенсиалӣ (вуҷуди)-и Эрих Фром.[17] Эрих Фром муассиртарин омил дар шахсияти инсонро ниёзҳои равонӣ медонад. Ба бовари Фромм ниёзҳои ҷисмонӣ байни инсон ва ҳайвонот муштарканд. Дар ҳоле, ки ҳайвонот ниёзҳои равонӣ надоранд ва ин ниёзҳо хоси инсонанд. Фром муътақид аст ин ниёзҳоянд, ки моро ба самти кушоӣ ва пайвастан ба ҷаҳону табиат савқ медиҳанд. Ӯ ниёзҳоро ба панҷ даста тақсим намуда, ба унвони ниёзҳои вуҷудии равонӣ ном мебарад. 1.Ниёзи вобастагӣ ва алоқамандӣ- ин ниёз бозгӯкунандаи он аст, ки инсон зарурияти ягонагӣ бо дигар анвоъи зинда дорад. Э.Фромм се ҳолатро барои расидан ба ин гуна ягонагӣ ҷудо менамояд: а) итоъатнамоӣ (ба шахсияти алоҳида, гуруҳ, муассиса ва Худо); б) ҳокимият; в) ишқ. Дар маҷмуъ итоъатнамоӣ ва ҳокимият барои ташаккули солим ва маъмулии шахсиятӣ имкон намедиҳад. Вай чунин меҳисобад, ки танҳо ишқу муҳаббат метавонад стратегияи солими рафторро ба вуҷуд оварада, ниёзи ӯро барои қонеъ намудани ҳамбастагиаш ба ҷаҳону табиат таъмин созад ва дар баробари ин ҳисси ягонагию фардиятиашро қонеъ намояд.  2. Истеъло, инсон ҳамеша эҳсос менамояд, ки аз назари вуҷудӣ хеле худкамбинӣ мекунад. Ин аст, ки ҳамеша ақли ӯ ва тасаввуроташро ин нақши худкамбинӣ қонеъ карда наметавонад. Ин хоҳиш боиси он мегардад, ки аз нақши анҷомдодааш норозӣ буда,  худро ҳамчун созандаи зиндагии хеш ва ба сатҳи болотар дар зеҳни иҷтимоӣ муаррифӣ намояд. Яъне ин ба он маъност, ки инсон ҳамеша дорои хоҳиши аълотар будан ва дар ҷойгоҳи болотар қарор гирифтан аст. 3. Ниёз ба реша доштан. Инсон дар ҳақиқат эҳсос мекунад, ки ин ҷаҳон ҳамчун хонаи хусусиш аст ва вай вазифадор аст, дар баробари алоқаҳои ноустовору тағйирпазири табиату ҷаҳон решаҳои наву мустаҳками хешро худро дарёфт намояд. Инсон ба воқеияти табдилу тағйири ҳамешагии ҷаҳон розӣ буда наметавонад 4. Ҳисси ҳуввият. Ин ниёз аз нигаронию тарс дар баробари ҷаҳони мавҷуд маншаъ мегирад. Тағйироти ҳамешагӣ вуҷуда ҳаводиси заминиву кайҳонӣ дар инсон чунин ҳолатеро ба вуҷуд меоварад ки ӯ гирифтори хатари вуҷудӣ мегардад Инсон эҳсос мекунад, ки дар он танҳо  афтода аст ва ба хотире ки дар ин гиру дори ҳаводис шахсияташ аз байн наравад, пайи кистиву чистии худ мегардад. Баъдан дар зеҳнаш  чунин тасаввуроте шакл мегирад, ки ӯ эҳсос мекунад ва мегӯяд,  “Ман ин ман ҳастам”. Дар ин ҳолат инсон зарур медонад, худро аз ҳар он чи ки дар атрофаш мавҷуд аст, ҷудо намояд ва бартар ҳисобад. 5. Мавозии ҷиҳатгирӣ.[18] Дар ин ҳолат зарурати эҳсоси фардии он ба миён меояд, ки ӯ худро бо хусусияту аломатҳои муайян аз киҳое ва ё чизҳое ҷудо менамояд. Барои инсон низоми дурнамое зарур аст, то ҷаҳонро якмаром дарку фаҳм намояд. Низоми мазкур на танҳо ба тарзи тафаккури муайян хос аст, балки ба ҳамбастагии наслҳо ва арзишгузории маънии зиндагии аз тарафи пешиниён муқаррар шуда ва ҷойгоҳи инсон дар ин ҷаҳон иртибот дорад. Ниёз дар низоми дурнамои вуҷудӣ дар ду сатҳ қарор мегирад. А) ниёз дар ин ё он низоми дурнамоӣ новобаста аз он ки ин низом хусусияти воқеӣ дорад ва ё хусусияти дурӯғин; Б) ниёз ба алоқамандии фарду воқеъияти ҷаҳон ба воситаи ақлу хирад, ки дар он дарки айнии ҷаҳон ба вуҷуд меояд.  

Имрӯз аксар аз дидгоҳҳои муосири ахлоқӣ бар онанд, ки чигунагии рафтор ва ахлоқи инсонҳо бо анвоъи ниёзҳои одамӣ ҳамбастагии бевосита доранд. Вақте ахлоқи инсонро аз назарияи ниёзҳо шарҳ медиҳем, бояд ӯро, пеш аз ҳама, ҳамчун мавҷуди биологӣ ва табиӣ матраҳ намоем. Яъне инсон ҷузъе аз ҳастӣ ва табиат аст. Он мавҷудест, ки табиатан дорои ҳадафҳо майлҳо, ғаризаҳо, ниёзҳо ва хостаҳо аст. Аз ин хотир, рафторҳои инсониро аз дидгоҳҳои физиологӣ, антропологӣ ва равоншиносиву сотсиологӣ дар маҷмӯъ метавон шарҳ дод ва омилу ангезаҳои онро муайян намуд. Ин назарияро инсонравоншиносӣ (физиологикал) номидаанд. Ин назария дар баробари ҳавзаи равоншиносӣ дар дигар ҳавзаҳои илмӣ низ аз ҷумла ҷомеашиносон, равоншиносон, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тибқи ин назария, пояи илми ахлоқ аз ҳамин ниёзҳои инсонӣ маншаъ мегирад. Моҳияти назарияи мазкур чунин аст, ки инсон аз маҷмуи ниёзҳое иборат аст, ки ин ниёзҳо ба мавҷудияту зиндагии бақояш алоқаманданд ва онҳо сабаби тамоюлот ва омили асосии чигунагии рафтори инсон мегардад. Яъне ҳадафи ниҳоии ҳар гуна фаъолияту рафтор ба ин ниёзҳо алоқаманд аст. он чи ки инсонро ба талошу такопу  вомедорад ва барои рафтораш нерӯи нав тавлид мешавад, ҳамин ниёзҳоянд. Ниёзҳо ба сурати ангезаҳое барои навъҳои хоси рафтор оварда мерасонанд ва рафторҳо инъикосе аз ниёзҳои инсон ҳисобида мешавад. Яъне инсон бояд кадом навъи рафторро анҷом диҳад ва чи кореро ба замони дигар гузорад, ба моҳияти навъи ниёзи ӯ бастагӣ дорад. Ниёзҳо ва хостаҳо инсонро маҷбур месозанд, ки ӯ ба “боядофаринӣ” тамоюл пайдо кунад. Яъне ниёзҳои табии андомҳову нерӯҳо бо дарёфти огоҳиву шуур дар мо боядҳое ба вуҷуд меовранд, то ба кумаки онҳо ниёзҳои худро бартараф созем, дар натиҷа ҳар бояд сабаби тақозои нерӯи фаъоли табиӣ ва таквини инсон мегардад. Масалан робитае ки миёни ғизо ва серӣ аст, робитаи ҷабрию зарурӣ аст. Яъне ғизо хурдан бар асоси қонуни сабабият эҷод мешавад. Аммо миёни серӣ ва кор анҷом додан робитаи ҷабрӣ вуҷуд надорад. Вале дастгоҳи дарки мо ки аз сохтмони табиии мост миёни ғизою серӣ “бояди” ҷабриро ба вуҷуд меоварад ва аз рӯи он мунозимаи ҳақиқии эътиборӣ дар эҳсоси дарунии мо ба вуҷуд оварда ба ӯ посухи мусоид меҷӯяд. Дар асоси ин назария собит шудааст, ки инсон нерӯи худро барои иҷрои ин бояд сафарбар мекунад. Яъне боядҳое, ки аз сохтмони физиологии инсон маншаъ мегиранд, боядҳо ва ҳукмҳои табиию фитриеанд, ки санади ҷоиз ва воҷиб будани худро бидуни ниёз ба ҳеҷ бурҳон бар души худ ҳамл мекунанд. яъне вақте мушаххас шуд, ҳукми фитрӣ аст дигар наметавон аз хуби ва бадии он пурсише кард. Зеро ҳар ҳукми фитрӣ худ ба худ хуб аст[19].

Инсон табиатан як мавҷуди пуё ва ҷуёву дар ҳоли таҳаввул аст. Ниёз калиди дарки ин пуёию таҳаввул ба ҳисоб меравад. Дар тули таърихи мавҷудияти инсон ва ҳатто аз замони тавлид то марги як фард ҳамеша ниёзҳояш дар ҳоли таҳаввулу дигаршавианд. Ҳамеша ниёзҳои нав иқдомҳо ва фаъолиятҳои наву рафторҳои навро барои инсон дар вазъиятҳои муайян ба вуҷуд меоранд. Дарки тағйирёбии мутақобилаи ниёзҳо, вазъиятҳо, шароити зиндагӣ, роҳро барои фаҳми чигунагии таҳаввули табиат ва фардияти инсон ба миён меоварад. Зеро инсон ниёзҳо ва хостаҳое дорад, ки онҳо дар пайи худ “бояд офарин” мешаванд. Ҳар бояд сабаби тавлиди қувваи фаъоли табии ба сохтмонии маънавӣ (шахсияти инсон) ё бадании инсон мегардад. Вобастагии ҳар гуна кору фаъолият пеш аз ҳама ба хотири зинда мондани инсон ва хушбахтии он аст. Пас барои мавҷуди зинда коре ки битавонад ба василаи он ҳаёти худро ҳифз кунад, бояд ба ҳар кори дигар муқаддам ҳисобида шавад. Зеро агар фаъолиятҳое, ки барои ҳифзи ҳаёт анҷом дода мешаванд, бар дигар навъи фаъолият бартар ҳисобида шаванд, дар ин ҳолат арзиши худи зиндагӣ поин рафта моҳияташро аз даст медиҳад. Пас илми ахлоқ бояд ба ин воқеъияти табиӣ ки берун аз ҳавзаи ахлоқ ба вуҷуд омадааст, таваҷҷӯҳ кунад ки бархоста аз худи ҳаёт аст. Инсон ташаккулётатарин мавҷуди зинда ба ҳисоб меравад.  Ҳаёти ӯ тобеи қонунҳои умумитарини олами зинда аст. Ибтидоитарин асли ҳаёт ва хайрхоҳиву навъи дӯстӣ такя бар фардият ва табиати худи инсон дорад. Зеро то инсон худ мавҷуд набошад, наметавонад навъдӯст бошад. Аммо шинохти зот ва табиату фардият фақат аз тариқи тамоюлот ирзо мешавад. Пас ҳифзи ҳаёт машрут ба ирзои тамоюлот аст.[20]

Ниёзҳо аз шароити табиӣ ва иҷтимоии вуҷуди инсон сарчашма мегиранд. Онҳо бар зиндагии инсон печидаанд ва фарогири навъҳои гуногунанд. Инсон ҳар замон метавонад ниёзи дигаре дошта бошад ва дар замони кутоҳе наметавонад онро бароварда созад. Вобаста аз мутолиоти равоншиносӣ метавон ба қоидаҳои ахлоқии ниёзҳо расид. Яъне қоида ва рафторҳои беруномада аз ниёзҳо моро маҷбур ба ин ё он тарзи рафтор месозад. Мо ҳеҷ гоҳ наметавонем қарордодҳоеро ба миён оварем, ки онҳо натавонанд аз назари равоншиносӣ, ниёзҳои моро бароварда созанд. Барои мисол наметавонем қарордод кунем ва муносибатҳои ҷамъиро бар пояи дурӯғ бино созем. Зеро яке аз ниёзҳои асосии инсонҳо ниёз ба эҳсоси амният аст ва ин ниёз бо қарордоди мазбур бароварда намешавад.

Бо назардошти баррасии назариёти фавқуззикр метавон натиҷагирӣ намуд. Инсон бахше аз табиат аст ва ӯро метавон танҳо вобаста аз қонунҳои дар олами зинда мавҷуд буда, шинохт ва баррасӣ кард. Инсон мавҷуди табиии мавриди омӯзиш аст. Тамоми пажуҳишҳои ахири равоншиносиву инсоншиносӣ бар он назаранд, ки инсон аз маҷмӯи ниёзҳо иборат аст. Ниёз як ҳисси дарунӣ ҳаст, ки дорои рутбаҳои гуногун аз ниёзҳои ҷисмӣ то ниёзҳои равониву маънавӣ мебошанд. Ниёзҳои асосӣ бо тарҷеҳотё соири олатҳои равоншиносии фард таъин намешавад. Агар фард ниёзи асосие ба чизе дошта бошад, он гоҳ ба манзури касб ва ҳифзи он барои хештан далеле дорад. Бояд қоидаҳое бар рафтор вуҷуд дошта бошанд, ки то тавонанд ниёзҳои моро бароварда созанд. Ба воситаи ташхиси ниёзҳои одамӣ метавон ба қоидаҳои ахлоқӣ расид. Инсон ҳамчун мавҷуди зинда ҳамеша дар ҳоли тағйир ва таҳаввулу такомул  аст, ки дар ин раванд  ниёз  мафҳуми асосии дарки ин тағийрёбист. Дар баробари ин ки ниёзҳо ва роҳҳои қонеъ намудани онҳо шарти асосии бақои инсон мебошанд, инчунин онҳо омили асосии рафтори инсонҳо низ ҳастанд. Аҳамияти рафторҳо ба моҳият ва навъи ниёзи барангезандаи рафтор вобастагӣ дорад. Ниёзҳои табиӣ барои ин ки қонеъ шаванд, боядҳоро (қоидаҳоро) ба вуҷуд меоваранд. Ҳар бояд сабаби тавлиди нерӯи фаъоли табии дар бадани инсон мегардад. Ин боядҳо ҳукмҳои табиӣ ва фитрианд. Аз ин рӯ онҳо зарурат ба иҷро доранд. Тамоюл ба хайри хос бар вуҷуди тамоюли бунёдитар ба ғизо, шаҳват ва омезиши ҷинсӣ аст ва агар ҳеҷ як аз ин хостаҳои аввалия дар мо набошад, хайре нахоҳад буд, то ба он алоқаманд бошем. Беҳбудӣ ва беҳрӯзии мо аз бароварда кардани ин ниёзҳост. Бароварда кардани ниёз ҳадафи ниҳоии ҳар гуна фаъолият ва таккондиҳандаи бунёдӣ дар ҳар фард аст. Вобаста ба пажуҳишҳои охири улуми равоншиносӣ пояи аслии илми ахлоқ ҳамин ниёзҳоянд. Илми ахлоқ бояд ба ин воқеъяти табиие, ки берун аз ҳавзаи ахлоқ ба даст омадааст, таваҷҷуҳ кунад ва он ҳам бархоста аз асли ҳаётӣ, яъне ниёзҳои инсонӣ аст.

 Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа

[1] Ҳолез Роберт Ол. Мабонии фалсафаи ахлоқ. Теҳрон: Қақнуз. Чопи 3, 1385. С. 24.

[2] Таърихи тамадун. Вел Дюронт. Ҷилди аввал. Машриқзамин гаҳвораи тамаддун. Созмони интишороти омӯзиши инқилоби исломӣ.  Теҳрон, 1367 (1988).  С. 64.

[3][3] Лосев А. Ф. История античной эстетики. Софисты. Сократ. Платон — М.: ООО «Издательство ACT»; Харьков: Фолио, 2000. С. 128.

[4] Ҷон Маршал Рю. Ангезиш ва ҳаяҷон. Тарҷумаи Яҳё Саидмуҳаммадӣ. Теҳрон,  1381. С. 24.

[5] Ҳамон ҷо. С. 32.

[6] Муҳаммад Порсо, Бунёдҳои равоншиносӣ, Теҳрон, Нашри сухан, 1378 С. 217.

[7] Фрейд, Зигмунд. Основные психологические теории в психоанализе / пер. М. В. Вульф, А. А. Спектор. — М.: АСТ, 2006. — 400 с. 

[8] Психологические типы / Пер. с нем. С. А. Лорие. — М.: Университетская книга; АСТ, 1998. — 720 с. — (Классики зарубежной психологии).

[9] Сайид Алии Алавӣ. Тавфиқталабӣ дар тамаддуни Эрони Исломӣ. Теҳрон, 1385. С. 21.

[10] Муҳаммад Порсо. Бунёдҳои равоншиносӣ. Теҳрон: Нашри сухан, 1378. С. 219.

[11] Мақолаҳо дар бораи мабонии рафторсозӣ, Теҳрон, 1370. С. 58.

[11] Murray, H.A (1938 )Explorations in Personality. New York: Oxford University press

[12] Брондон Нотонил. Равоншиносии иззати нафс. Теҳрон, 1380. С. 41.

[13][13] Барои маълумоти бештар ниг ба: Маслоу Абрахам Харольд. Мотивация и личность. Издательства «Питер», 2019. С. 46-79.

[14] Альдерфер, Клейнтон П. Эмпрический тест новой теории человечиских потребностей; Организационное повидение и деятельност человека. Том 4, Выпуск 2, С. 142-175, май 1969 г.

[15] Murray, H.A (1938 )Explorations in Personality. New York: Oxford University press

[16] Муҳаммадсодиқи Шуҷоӣ, Назарияи ниёзҳои маънавӣ аз дидгоҳи ислом, Теҳрон.-1386.саҳ. 91

[17] Фромм Э. Анатомия человеческой деструктивности / Перевод; Автор вступ. статьи П. С. Гуревич. — М.: Республика, 1994. — С. 203. — 447 с. 

[18] Фромм Э. Здоровое общество. Догмат о Христе / Пер.с нем. — М.: АСТ; Транзиткнига, 2005. — С. 36—79. — 571 с. 

[19] Абдукарими Суруш. Дониш ва арзиш. Теҳрон, 1342. С. 239- 240.

[20] Манучеҳр Сонеи Дарёободӣ. Фалсафаи ахлоқ ва мабонии рафтор. Теҳрон, 1377. С. 334.

Хондан 2316 маротиба