JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Марти 2024 06:30

Хидмати модар (Ҳикоя)

Муаллиф: Дидавар Бекзода

  Дӯстон дар қаҳвахона нишастаанд ва дӯсташонро интизоранд. Қаҳвахона дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Ҳар рӯз ба ин қаҳвахона одамон аз гирду атрофи маркази шаҳр меоянд. Ин қаҳвахона бо қаҳваҳояш дар кишвар машҳур гаштааст. Аз ин сабаб дӯстон барои қаҳванушӣ ба инҷо омаданд. Онҳо як дӯсташонро, ки дер карда буд, интизор буданд.  Яке аз онҳо, ки Фарангис ном дошт, дӯсти деромадаашонро дида гуфт:

‒Шариф чаро дер кардӣ? Мо туро аз дер боз интизорем?

‒Ростӣ, як масъалаи муҳим пеш омад, -- гуфт Шариф.

Ёсуман ба Шариф нигариста гуфт:

Тинҷӣ буд?

Дар ин лаҳза, пешхизмат -- духтари ҷавоне, ки чашмону мӯйҳои сиёҳ дошт, ба назди онҳо омаду ба суҳбаташон музоҳим шуда, бо тамкини ба худ хос гуфт:

-Шумо чи мефармоед? Лутфан, арз доред?

‒Барои мо чаҳорто  оби мева биёред, -- гуфт Фарангис.

Пешхизмат фармоишро дар дафтарчааш сабт карда оромона идома дод:

‒Чизи дигаре майл надоред?

‒Ташаккур, ҳангоми зарурат ҳатман шуморо фаро мехонем, -- гуфт Ёсуман.

Шариф  оҳи сарде кашиду дар мақоми як  қиссапардоз ба сухан даромад:

‒Ман дирӯз ва имрӯз ба дидори як бемор рафта будам. Ӯ дар зиндагии ман таъсиргузор буд. Он кас як зани миёнаумр буд. Дар мактабе, ки мо мехондем, кор мекард. Он зани зебои қадбаланди сафед бо чашмони кабуд Лола ном дошт. Лола бисёр ҳам инсони мулоим ва ботаҳаммул буд. Вай дар ошхонаи мактабамон барои талабаҳо ва устодон хурок мепухт ва мо ҳамагӣ ӯро мисли модарамон эҳтиром мекардем, чунки ҳар синфе, ки мактабро хатм мекард, ҳамеша нону намаки ин занро хурда буд. Ман 8 сол мешавад, ки мактабро хатм намудаам ва хабардор гаштам, ки ин зан бемор шудааст. Ба хабаргирии ӯ рафтам. Дар беморхона бистарӣ буд. Ҳангоме ки дари утоқи ӯро кушода, ба утоқ даромадам, ӯро  дар зери асбобҳои нафасдиҳии тиббӣ хобида дидам. Аз манзараи ҳазин дилам таҳ кашид ва саргаранг шудам. Хайрият ки маро духтур ҳамроҳӣ мекард вагарна ҳолатам ба ҳам мехурду мувозинатро гум карда, меафтидам. Сипас бо духтур каме суҳбат кардем, ки ногаҳон ин зан чашмонашро оҳиста-оҳиста кушодан гирифт ва аз хоб бедор шуд. Чашмонашро кушод ва ман ба наздаш рафтам. Худамро шинос кардам ва ӯ маро шинохт. Дар лабонаш табассум ҳувайдо гашт. Баъди чанд лаҳзае ашк дар чашмонаш ҷорӣ гашт.

Худро дошта натавониста, дар ҳоле ки оби даҳон гулӯгирам мекард, гуфтам:

--Холаҷон, салом, Шумо хуб ҳастед?!

Ӯ бошад ба ман менигаристу ашки чашмонаш аз рухсораҳояш ҷорӣ мешуданд. Ман дасташро гирифта садо дардодам:

   ---Модар, ман ба дидани ту омадаам..

  Дар симои модари хаставу бемор асари шодию нишотро эҳсос кардам ва ӯ  ба сухан даромад:

‒Ман шодам, ки туро мебинам. Аз ин ки ба назди ман омадӣ, миннатдор ҳастам, писарам. Писарам ҳолам хуб нест. Намедонам, чанд рӯзи дигар зинда мемонам. Ман ба назди писарам меравам. Ҳар оғозеро анҷомест ва ман фикр мекунам, вақти рафтан расидааст.

Ман, ки аз ҳолати ноҷури бемор ғамзада шуда будам, афзудам:

‒Хола, Шумо қавӣ ва солим ҳастед ва имрӯзу пагоҳ шуморо ҷавоб медиҳанд, ба хона бармегардед.

‒Не писарам, ҳар чиз вақти худро дорад ва ман фикр мекунам, ки имрӯз вақти рафтанам расидааст, -- оҳи сарде баркашида гуфт Лола.

Дасти модарро гирифта, самимона ламс кардам ва базӯр ғаму андуҳи худро пинҳон дошта, гуфтам:

--Эй холаҷон, ин тавр нагӯед, Шумо хуб мешавед. Шумо ҳоло ҷавонед ва ҳамааш хуб мешавад.

‒Туро дидам, Амин писарам, ба ёдам омад. Ёд дорам, ки Шумо чи гуна ҳамроҳ дар саҳни мактаб бозӣ мекардед. Хотироти кӯдакии Шумо пеши назарам меояд, ки шумо синфи якум мехондед ва ман дар ошёнаи дуюм хурок мепухтам ва аз тиреза шуморо нигоҳ мекардам, ки дар саҳни мактаб бо туп бозӣ мекардед. Ҳоло ки туро дидам, дубора он хотираҳо дар зеҳнам зинда шуданд, -- гуфт модари хаставу бемор Лола.

‒Бале, холаҷон. Амин, воқеан писари нотакрор буд, ҷасур, далер ва нотарс. Бояд иқрор шавам, Амин, аз ҳамаи мо дӯстон дида шиновари моҳир буд. Ҳеҷ кас аз мо ҳамсинфон ба андозаи ӯ шиновар набудем. Дӯстии мо ҳамеша пойдор монд. То охир мо дӯст будем ва ҳеҷ гоҳ бо ҳам даъвое низ надоштем. Аммо ростӣ,  ҳодисае, ки Амин дар садама ба ҳалокат расид, ҳамаи моро маҳзун гардонд. Холаҷон, шумо барои мо талабаҳои мактаб мисли модар будед ва ҳастед. Мо ҳамеша нону намаки Шуморо хурдаем. Он нону намаке, ки Шумо барои мо додаед, ҳамеша пос медорем. Ман аз ҷониби худам ба Шумо ташаккур мегӯям, бобати  ҳамаи заҳматҳоие, ки Шумо дар ин ёздаҳ сол барои ман ва ҳамсинфонамон кашидаед, миннатдорам.

‒Ҳеҷ гап нест, писарам. Шумо ҳамаатон барои ман мисли фарзандонам будед ва ҳастед. Ман ягон маротиба Шуморо аз фарзандони худ кам надонистам. Ман аз омадани ту хурсанд шудам. Ту имрӯз нагузоштӣ, ки ман набудани Аминро ҳис кунам. Орзуи ман ин аст, ки ҳамеша тансиҳат ва муваффақ бошӣ, -- гуфт Лола.

      Дар ҳоле ки гиря гулӯгирам мекард, рӯйи худро аз модари маҳзуну бемор пинҳон дошта, дилбардорӣ кардам:

‒Ташаккур холаҷон, Шумо барои мо мисли модар ҳастед. Ман дар симои Шумо модари худро мебинам. Агар орзуи Шумо нисбати ман ин бошад, чунин меҳисобам, ки орзуи модарам низ ин аст.  

Дар ин лаҳза буд, ки  дуто ҳамшираҳои шафқат омаданд ва гуфтанд,  ки мебахшед, ҳоло вақти гузаронидани дору аст. Агар иҷозат бошад, моро танҳо гузоред, то  беморро дору гузаронем.

‒Хуб, хола майлаш, ман  ҳамин наздикиҳо ҳастам ва Шуморо мебинам,- гуфтам.

‒Саломат бошӣ, писарам, миннатдорам ки омадӣ, -- гуфт Лола.

Сипас ман аз утоқ ба берун баромадам ва духтурон ба доругузаронӣ оғоз карданд.

Қиссаи Шариф ба ин ҷо расида буд, ки ҳамнишинаш Ёсуман пурсид:

‒Имрӯз он зан чи ҳол доранд?

‒Ҳоло ман аз беморхона меоям. Имрӯз ба дидани холаи Лола рафтам, ки гуфтанд, имшаб ногаҳон  фишораш баланд шуда, дар давоми ним соат вафот кардааст. Мо ба утоқи духтур рафтем ва суҳбат доштем, аз ин сабаб, каме дер кардам, -- гуфт Шариф.

‒Духтур дар ин масъала чи гуфт? – илова намуд Фарангис.

Шариф андаке сукут варзид ва пасон ба сухан идома дод:

‒Духтур дар бораи бемории ин зан суҳбат кард ва гуфт, ки фишор сабаби марги ин зан гаштааст. Ва суҳбати мо дар бораи марг рафт ва ман аз духтур пурсидам, ки Шумо дар бораи марги ин зан сухан гуфтед, фаҳмо, аммо дар бораи худи мафҳуми марг чи мегӯед. Марг, ба назари шумо чист?

Духтур аз ин навъ суолгузорӣ, аввал як кам дасту по хурд, баъдан ба худ омада, аз чунин ранг гирифтани суҳбат қаноатманд гардида, мутафаккирона ба илман асоснок кардани ҷавоби худ шуруъ кард:    

‒Мебинам, Шумо ба масъалаҳои тиббӣ шавқ доред аз ин сабаб ба Шумо кушоду равшантар мегӯям. Марг ин қатъшавӣ ё қатъи пурраи равандҳои биологӣ ва физиологии бадани инсон аст. Дар тиб маргро илми танатология меомӯзад. Дар тиб аксар вақт дар бораи ду шакли марг суҳбат мекунанд, ки яке марги клиникӣ ва дигаре марги биологӣ аст.

Якум, марги клиникӣ чунин шакли марг аст, ки тамоми фаъолияти узвҳо қатъ мегардад, аммо дар ин ҷо як имтиёз ҳаст ва ба зиндагӣ баргардонидани бемор вуҷуд дорад. Агар ин марҳиларо бо дақиқа чен кунем, ин марҳила аз 5 то 7 дақиқаро дар бар мегирад ва пас аз ин марҳила марги ҳақиқӣ ё марги биологӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми марги клиникӣ фаъолияти дил ва нафаскашӣ қатъ мегардад ва бемор ба комаи амиқ меравад. Шуури инсон қариб як лаҳза хомуш мешавад. Чунки дар ин ҳолат майнаи сари инсон оксиген намегирад ва норасоии оксиген ба вуҷуд меояд. Бояд гуфт, ки дар ин ҳолат инсон ҳанӯз ҳам зинда аст. Баъди аз кор мондани дил, 2‑7 сония ба табибон имкон медиҳад, ки инсонро аз марг наҷот диҳанд. Тақрибан баъди 3 дақиқа пас аз қатъ шудани нафас, марги ҳуҷайраҳо дар кортеки мағзи сар оғоз мешавад, ки онро мо табибон декортикатсия  меномем. Декортикатсия, яъне аз байн рафтани пурра ё қисмани мағзи сарро меноманд. Мухтасар бигӯям, ки кортекси мағзи сар аз қабати тунуки моддаи хокистаранг иборат аст, ки сатҳи мағзро мепӯшонад. Қишри мағз, маркази бисёре аз иттилооти иродии бадан ва маркази фаъолияти иттилоотӣ-ҳиссӣ дар мағз аст. Баъди якчанд дақиқа ҳуҷайраҳо дар таламус[1] (thalamus), гиппокамп[2] ва нимкураи мағзи сар ба мурдан шуруъ мекунанд. Бояд гуфт, ҳолате ки майна нейронҳои кориро комилан аз даст медиҳад, десеребратсия номида мешавад ва онро метавон бо марги биологӣ муқоиса кард. Бояд қайд кунам, ки ба зиндагӣ баргардонидани инсон баъди десеребратсия мумкин аст, аммо инсон бояд тамоми умр дар зери вентелятсияи сунъии шуш ва дигар корҳои ба ин монанд боқӣ монад.

Метавон гуфт, ки дар айни замон бо ёрии гипотермия, яъне сардкунии сунъии бадан, давомнокии марги клиникиро то 2 соат зиёд кардан мумкин аст. Аммо аз 3 то 4 дарсади бемороне, ки марги клиникиро аз сар гузаронидаанд, ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд ва аз ягон ихтилоли равонӣ ранҷ намебаранд. Боқимондаҳое, ки эҳё мегарданд, ҷароҳатҳои гуногуни майна пайдо мекунанд. Аммо аксарияти кулли беморон дар ин ҳол мемиранд, -- гуфт духтур.

‒Воқеан, ин тааҷҷубовар аст. Ман то ҳол дар бораи ин чизҳо фикр накардаам,-- ба духтур гуфтам ман.

Шариф як кам сукути маънидорона кард ва дар ин дам Фарангис ба гап ҳамроҳ шуд:

‒Ман низ дар бораи он ки ҳангоми марги инсон дар бадани ӯ чи протсессҳо мегузаранд, намедонистам.

 ‒Ҳар инсоне, дар зиндагиаш ба як шуғле пайваст аст. Ва дар он роҳ меравад. Аммо ин зан тамоми зиндагии худро сарфи  пухтани хурокҳо баҳри талабагон, устодон ва кормандони мактаби миёна намуда буд. Ман борҳо ба наздашон ҳамроҳи дӯстонам мерафтам. Ӯ бисёр хурокҳои болаззат пепухт. Боре ёдам аст, ки  мо хатмкунанда будем, яъне синфи 11. Рафтем ба ошхонаи мактаб. Холаи Лола барои мо хурок овард. Чун маълум буд, ки мо ҷавон будем, парвои ҳеҷ чизро надоштем. Бо ҳам нишаста суҳбат мекардем, механдидем ва намедонистем, ки зиндагӣ печутобҳои гуногун дорад, -- давом дод Шариф.  

Дар ин лаҳза дар болои миз рӯзномае гузошта шуда буд ва Шариф чашмаш ба он бархурд, ки дар салавҳаи яке аз мақолаҳои ин рӯзнома навишта шуда буд: “Бурд чист ва бохт чист?”

Шариф гуфт:

‒Дӯстон медонед, сарлавҳаи ин мақоларо дидам, як сухани ин зан ба ёдам омад, ки лаҳзае дар мавқеи бозӣ кардан писараш ғамғин шуд ва гуфт: модар ман дар бозӣ бохтам. Ҳамон лаҳза ман ҳамроҳи Амин будам ва модараш ба Амин гуфт:

‒Шикаст аз касоне аст, ки бетафовут иҷоза медиҳанд зеҳнияти шикаст дар онҳо нуфуз кунад. Аз ин сабаб, ҳеҷ гоҳ иҷозат надеҳ, ки афкори шикастхурдагӣ дар зеҳни ту ҷой гирад.

Сипас ба дӯстон, пешхизмат обмева ва хурок оварду онҳо нишаста дар бораи аҷоиботи зиндагӣ бо ҳам суҳбат карданд.

Ин буд қиссаи як зани пок, ки қалби беолоиш дошт. Зане буд, ки танҳо ба ҷуз аз некӣ ба толибилмони мактаби миёна коре накарда буд. Аз суханҳояш меҳру муҳаббати модарӣ меборид. Талабагон ҳузури ин занро дар мактаб фоли нек медонистанд. Садҳо инсонҳо мемиранд, танҳо номи касоне дар зиндагӣ боқӣ мемонад, ки некӣ пешаи онҳо будааст ва барои мардум некӣ карда бошанд. Хулоса, ин буд яке аз қиссаҳои мактаби мо, ки ҳеҷ толибилми мактаб онро фаромӯш накардааст.

Дидавар Бекзода

ҷомеашинос

 

[1] Таламус‑органи марказиест, ки барои паҳн намудани ҷараёни иттилоот масъул аст. Ё агар ба таври дигар гӯем, вазифаи асосии таламус интиқол додани сигналҳои моторӣ ва сенсорӣ-ҳиссӣ ба кортекси мағзи сар аст. Барои мисол, дар кӯдакон, таламус дар қисми марказии майнаи сари инсон ҷойгир аст ва аз бадани инсон паёмҳои ҳиссӣ, ба монанди ламс карданро қабул мекунад ва паёмҳоро ба қисми мувофиқи майнаи сар мефиристад то тафсир шаванд.

[2] Гиппокамп-дар муттаҳидсозии иттилоот аз хотираи кӯтоҳмуддат то хотираи дарозмуддат...нақши муҳим дорад.

Хондан 774 маротиба