JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Муҳаммад Закариёи Розӣ (IХ-Х) аз қабили бузургтарин донишмандон ва симоҳои намоёни афкори фалсафӣ, тиббӣ ва ахлоқии мардуми Шарқ мебошад. Ӯ дар баробари ҳаллу фасли масоили фалсафӣ, аз пешвоёни илми тиб ва ахлоқ низ буд, ки дар ин боб асарҳои зиёде таълиф намудааст. Ҷавҳари таълимоти Закариёи Розиро ахлоқ ташкил додааст, ки онро “Тибби рӯҳонӣ” номидааст, яъне масоили ахлоқӣ бо тибби амалӣ дар иртибот ва вобастагӣ ба ҳам баёноти худро ёфтаанд. Китоби «Тибби рӯҳонӣ»-и ӯ бештар ахлоқӣ буда, дар он аксар ахлоқи замимаи инсонҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, аз лиҳози иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор додааст.
Сактаи дил вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз раги хунрасони дил ( яъне раги иклилӣ –тоҷӣ ё коронарӣ ) хун мегирад, бо баста шудани раг ба далели ташкили лахта дар дохили раг мемирад ва аз байн меравад.
Санги гурда- бемории мазкур дар минтақаҳои гарму хушк ва кӯҳистону шимол бештар дучор меояд. Санги гурда ва роҳи пешоб на танҳо дар одамон, балки дар ҳайвонот низ дучор меояд. Ин бемориест, ки аз қадим одамизодро заҳмат медиҳад ва -4 фоизи аҳолӣ, хурду калон ба он гирифтор мешаванд. Қариб 65-70 фоиз ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба бемории санги гурда ба ашхоси 20-55-сола рост меояд. Аз занон дида бештар мардон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.
Саҳифа аз 3 то 7