Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад. Эмомалӣ Раҳмон Саломатӣ – воҳиди ягонаи ҳолатҳои биологӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонии организм буда, нисбати фаъолиятии меҳнатии ҳар як шахс дар мувозинат мебошад. Тавре аз тадқиқотҳои илми тиб бармеояд, агар саломатии одам 100 % қабул карда шавад, аз ин 50 % -аш аз тарзи зиндагонӣ, 20 % аз муҳити атроф, 20% -и дигар аз хусусиятҳои ирсии шахс ва 10% -и боқимонда танҳо аз аз ёрии тиббӣ (духтурон) вобастагӣ дорад[1].