Истеъмоли хушкмева ба инсон дар тўли ҳазорсолаҳо маълум ва маъмул аст. Ҳанўз дар карни санг, вақте, ки мардҳо ба шикор мерафтанд, занҳо меваҳои аз дарахт афтодаро ҷамъ карда, дар зери нури офтоб хушк мекарданд. Мусофирон дар вақти ба сафар баромаданашон, ҳатман хушкмеваро озуқа мекарданд, зеро меваи хушк дар сафар инсонро сер мекард ва аз касалиҳо эмин нигоҳ медошт. Табибони қадима хушкмеваро ганҷинаи табобатӣ меҳисобиданд.