Лекин инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки беҳтарин вақти чидан ва ҷамъ кардани чойи кабуд моҳҳои апрел ва май аст. Чойи дар тобистони гармо чидашуда пастсифат мебошад. Чойи кабуди кӯҳнашуда чандон муфид нест ва он таъми хушро дода наметавонад. Барои муайян кардани он қуттии чойро ба даст гирифта, онро афшонед. Ҳар қадаре, ки чанг бисёр резад, ҳамон қадар чой кӯҳнашуда асту, сифаташ паст мебошад. Чойи кабуди тоза сифати хешро дар давоми 12 моҳ нигоҳ дошта метавонаду халос.
Табибон тавсия медиҳанд, ки чойи кабуд ба табобати касалиҳои дилурагҳо, касалиҳои милки дандон, санги гурда, саратон, касалиҳои чашм, касалии қанд ёрӣ мерасонад.
Аз ҳама навъҳои аълосифати чои кабуд ин чойи талхча ва чойи аз баландкӯҳҳо чидашуда мебошад. Чойи кабуд бояд ранги зумурад ё зумуради пастро дошта бошад. Агар чои хушк тобиши зард ва ё қаҳваранг дошта бошад, пас вай кӯҳнашуда аст. Барои он, ки чойи кўҳна намуди чойи навро гирад, баъзе истеҳсолкунандагон баргакҳои чойро ранг мекунанд. Лекин Шумо метавонед ин ҳилларо бо зуддӣ ошкор кунед. Барои муайян кардани он санҷиши оддӣ гузаронед: ба чой пораи қоғази сафедро партоед. Агар қоғаз ранги сабзро гирад, маълум мешавад, ки ин чой рангкардашуда аст. Агар чой дорои сифати баланд бошад, пораи қоғази таркардашуда хеҷ гоҳ ранги сабзро ба худ касб намекунад. Хуб мешуд агар чойникҳо тасфон бошанд.
http://tiroz.org/choyi-kabud/