JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 01 Августи 2020 08:44

10 - нуктаи муҳим барои тарбияти фарзандон

Муаллиф: Алишер Собир

1 – Ба ҳамроҳи кӯдакатон бозӣ кунед

  Бо кӯдакатон бозӣ кунед. Ҳангоми бозӣ бо кӯдак, бигзоред онҳо навъи бозиро интихоб кунанд. Дар бораи қавонини бозӣ ҳам зиёд сахтгирӣ накунед ва шумо ҳам бо ҷараён пеш биравед ва лаззат бибаред.

2 – Ҳар рӯз бо ҳам китоб бихонед

  Китоб хонданро аз замоне, ки фарзанди шумо ҳанӯз навзод аст, оғоз кунед. Бачаҳо ошиқи гӯш додан ба садои падару модари худ ҳастанд. Вақте ӯро дар оғӯш гирифтаед, хондани китоб барои вай, таҷрибаи хуберо шакл медиҳад ва ӯро барои як умр китоб хондан тарбият мекунад.

3 – Дар пеши чашми фарзандон, бо ҳамсари худ бо меҳрубонӣ рафтор кунед

  Ҳеч вақт пеши чашми кӯдакон бо ҳамсари худ низоу муноқиша накунед. Бо меҳрубонӣ ҳамсаратонро садо занед ва бо ӯ меҳрубон бошед. Издивоҷи шумо ягона сармашқи фарзандатон барои дарки чигунагии як робитаи амиқи эҳсосӣ аст. Ин ки чунин робитае чӣ гуна бошад, чӣ эҳсосе дар он ҷараён дорад ва чӣ маъное медиҳад. Пас ин вазифаи шумост, ки равиши саҳеҳу дурустеро дар зеҳни кӯдакатон ба вуҷуд биёваред.

4 – Кӯдаконро таърифу тамҷид кунед

  Таърифу тамҷиди худро нисбат ба рафторҳои кӯдак ба сурати дақиқ баён кунед. Масалан ба ҷои он ки иборати куллии “ту олӣ ҳастӣ”-ро ба кор баред, дар ин маврид сӯҳбат кунед, ки ӯ дақиқан чӣ коре анҷом додааст, ки шоистаи аксуламали мусбати шумо шудааст. “Офарин, ки сабр кардӣ, писарам. Сӯҳбати модарат бо талефон тамом бишавад, баъд ба ту ширинӣ медиҳад. Кори сахте буд, ин ки сабр кардӣ, ман хеле хуҳшол шудам”.

5 – Дар баробари беэҳтиромии фарзандатон қотеона амал кунед

  Ҳаргиз ба фарзандатон иҷозат надиҳед, бо шумо ё каси дигаре густохона сӯҳбат кунад, ё аз калимоти озордиҳанда истифода намояд. Агар ӯ чунин калимотеро ба кор барад, қотеона ба ӯ ёдоварӣ кунед, ки ҳеч гуна беэҳтиромиро таҳаммул нахоҳед кард.

6 – Шуҷоатро ба кӯдакон биомӯзед

  Аз равиш, худбоварӣ ва шуҷоати кӯдакатонр оафзоиш диҳед. Ба ӯ биомӯзед, ҳамеша ба ранги чашмони дигарон диққат кунад. Ҳидояти таваҷҷӯҳи кӯдак ба чашми дигарон боиси барқарории тамоси чашмӣ бо онҳо мешавад ва ба як кӯдаки мураддад кӯмак мекунад, ба эътимод ба нафс ва худбоварии бештаре бирасад ва ба ҳар бачае кӯмак мекунад, қотеътар бошад ва дигарон камтар ҷуръат пайдо кунанд, то ӯро ба масхара бигиранд.

7 – Хислатҳои хубу бади инсониро ба ӯ омӯзиш диҳед

  Ба ӯ бигӯед, одами хуб кист ва одами бад кист. Ин корро зуд оғоз кунад. Барои мисол, замоне, ки қиссаи пеш аз хобро барояш мехонед, аз кӯдакатон бипурсед, ки кадом шахсият меҳрубон аст ё бад аст? Ва аз ӯ бипурсед, ки чаро ин тавр фикр мекунад.

8 – Аҳамияти арзишҳоро ба кӯдакон ёд диҳед

  Кӯдак бояд бидонад, ки чӣ чиз арзиш аст ва чаро муҳим аст. Ба ӯ ба содагӣ бифаҳмонед, ки вақте шумо одами меҳрубон, бахшанда, содиқу ростгуфтор ва боадабе ҳастед, афрод дар канори шумо эҳсоси хубе хоҳанд дошт. Ва муҳимтар ин ки шумо дар бораи худатон эҳсоси хубе хоҳед дошт.

9 – Ба кӯдакатон ёд диҳед, ки муҳити зистро олуда накунад

  Ба онҳо ёд диҳед, ба табиат, кӯчаву хиёбон ва дарахтону ҳайвонот зарар нарасонананд. Ба бачаҳо нишон диҳед, ки чӣ қадар осон метавон рафтори беҳтаре дар баробари муҳити зист дошт. Камтар партову поруб бирезед, маводро барои бозёфт ҷудо кунед, мисли коғаз, плостик ва монанди онро дар зафҳои махсус бирезед. Дар муқобили ҳайвонот ва гиёҳони атрофи худ масъулият нишон диҳед. Ҳатто метавонед партовҳои баҷо монда аз дигарон дар табиатро ба кӯмаки фарзандатон ҷамъ кунед.

10 – Ризояти худро аз корҳои хуби фарзандатон ба ӯ нишон диҳед

  Вақте дидед, фарзандатон кори мусбат ва хубе анҷом дод, ба ӯ бифаҳмонед, ки чӣ эҳсосе доред ва хушҳол шудаед. Баёни эҳсоси хубатон ба ӯ роҳи олӣ барои тақвияти рафторҳои хуб аст ва эҳтимоли ин ки он корҳоро такрор кунад, боло меравад.

Таҳияи Алишер Собир 

Хондан 1306 маротиба