JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Апрели 2020 07:50

Ҳасад аз нигоҳи Муҳаммад Закариёи Розӣ

Муаллиф: Муродова Тоҷинисо
Муҳаммад Закариёи Розӣ Муҳаммад Закариёи Розӣ

  Муҳаммад Закариёи Розӣ (IХ-Х) аз қабили бузургтарин донишмандон ва симоҳои намоёни афкори фалсафӣ, тиббӣ ва ахлоқии мардуми Шарқ мебошад. Ӯ дар баробари ҳаллу фасли масоили фалсафӣ, аз пешвоёни илми тиб ва ахлоқ низ буд, ки дар ин боб асарҳои зиёде таълиф намудааст.

  Ҷавҳари таълимоти Закариёи Розиро ахлоқ ташкил додааст, ки онро “Тибби рӯҳонӣ” номидааст, яъне  масоили ахлоқӣ бо тибби амалӣ дар иртибот ва вобастагӣ ба ҳам баёноти худро ёфтаанд. Китоби «Тибби рӯҳонӣ»-и ӯ бештар ахлоқӣ буда, дар он аксар ахлоқи замимаи  инсонҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, аз лиҳози иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор додааст.

  Муҳаммад Закариёи Розӣ самту тамоилҳои мухталифи фазилатҳо ва разолатҳои ахлоқи инсониро дар муқоиса бо ҳам дида баромада, иллати зуҳурёбии онҳоро хеле моҳирона ба хонанда ошкор месозад.

  Дар ин мақола андешаҳои Муҳаммад Закариёи Розӣ дар бораи яке аз категорияҳои зишти ахлоқи разила -- ҳасад мухтасар баррасӣ мешавад. Аз нигоҳи Закариёи Розӣ, ҳасад бурдан нуқсонест, ки дар нафси  инсонӣ аз ҷамъ шудани ҳирсу тамаъ ва бухл ба вуҷуд меояд. Одамони ҳасуд бадкору шарур буда, аз озор расонидан ба мардум лаззат мебаранд. Чунин инсонҳо аз «рӯйдодҳои ногувори мардум шод мешаванд, гарчанде мардум ба ӯ осебе нарасондаву зулме ҳам накарда. Одати чунин кас бад дидани абнои ҷинс (навъи башар – Т.М.) аст. Ҳол он ки мардум аз абнои ҷинс умедвор аст, ки онҳо хайру некиро аъмоли худ қарор дода, ба ҳамдигар хубӣ мекунанд».[1] Аз тарафи дигар, аксари кулли мардум саъю талош мекунанд, ки дӯстдору муфид барои ҷомеа бошанд. Аммо қисмате аз одамон ба ҳасадбарӣ шуғл меварзанду онро дар дили хеш парвариш медиҳанд ва сарчашмаи ҳирсу ҳасодатро мутафаккир дар хислати бахил будан медонад. Аз ин ҷо, ба фикри ӯ, шахси ҳасуд тобу тоқат надорад ва раво намебинад, ки ягон шахси дигар, он чизе, ки ӯ дорад, дошта бошад. Бинобар ин аз нигоҳи Закариёи Розӣ, « …ҳасад дарде аз дардҳои нафсонист, ки дорои зарарҳои беҳисоб мебошад».[2] Шахси ҳасуд аз он чизе, ки одамони хайрхоҳ ба он мехоҳанд ёрӣ расонанд ва аз ин роҳи ноҳамвору нодуруст боздорӣ намоянд, безор аст. Ҳасудию бахилӣ сифати разили бадкорону баднафсон аст ва ин қабил одамон на ба инсонҳои хуб ва на ба корҳои хайр тамоюл доранд, балки танҳо ба шарру шурури худ ихлосманданду халос. Онҳо, пеш аз ҳама, афзалияти худро нисбати дигарон қоил буда, муҳаббати зиёде ба нафси худ дар дил парварида, доираи ҳасодати худ васеъ мекунанд. Вале ҳақ ба ҷониби некону хайрхоҳон аст ва мардум аз ҳасуд умеди некию хубӣ надоранд ва аз онҳо безоранду нисбаташон нафрат доранд. Зеро тинати инсонӣ зидди зулму бадкирдорӣ мебошад. Инсони ҳасуд дар назди инсонҳои пок макруҳ аст, чунки шахси ҳасуд ҳам бахилу бадхоҳ ва ҳам дурӯғгӯю бадқавл аст. Ҳасуд дар пайи амалӣ намудани  хоҳишҳои ҳасудонаи худ буда, «аз содир кардани қабоҳат ҳаргиз худдорӣ  намекунад. Мақсуди ҳасуд ҳаргиз ба ёрию дастгирии навъи башар равона нест».[3]  Шахси ҳасуд на танҳо ба наздикони худ, балки ба онҳое, ки намешиносаду намедонад ва ҳатто ба онҳое, ки аз ӯ хело дурранд ҳасадбарӣ мекунад. Вай фикр мекунад, ки мардумони дигар кишварҳо дар неъмату фаровони умр ба сар мебаранд ва дар чунин ҳолат ҳасуд рӯҳан дар озобу ранҷ рӯз ба сар мебарад, дар ҳоле, ки шояд  ҳақиқати ҳол баръакс бошад. Закариёи Розӣ чунин аъмоли ҳасудро ҷанбаи аҳмақӣ медонад. Агар ҳасуд аз аҳволи наздикон бо имконияти дидани ҳол ҳасад барад, аз аҳволи дур будагон ба фикру тасаввур ҳасад бурда, хобу хаёлашро гум мекунаду ҷонашро дар азоб мемонад. Ҳасодат дар бисёр ҳолатҳо инсонро ба худхоҳиву худпарастӣ, бадбинӣ ва худтаърифкунӣ водор намуда, ба дараҷае мерасад, ки гӯё он хислат ва он чизро танҳо ӯ дораду дигарон аз он бенасибанд. Аз ин ҷо, аз назари Закариёи Розӣ «танҳо он касонро бояд ҳасуд гуфт, ки аз ноил гардидани касе ба ягон чизе ғамгин ва маҳзун гарданд, гарчанде ноил шудани он кас ба он чиз барои ҳасуд ҳеҷ гуна зараре надорад».[4] Бадтарин ҳасуд он шахс аст, ки аз чизе, ки ба дигарон мерасад ва он чиз барои он кас ниҳоят муҳим аст, ҳасуд ба мақсад ноил шудани он шахсро ҳис намуда, аз ҳасодат чун мор печу тоб хурда ранҷу азоби сахте мекашад. Он вақт дар вуҷуди ҳасуд макру найранги зарароварӣ бо ҳасади ҳасуд ба кумак мешитобад ва дар якҷоягӣ дар нафс на танҳо ҳисси ҳасадбарӣ ҷой мегирад, балки адовату душманӣ дар вуҷуди ӯ рушд мекунад. Баъзан дар зиндагӣ ҳамин гуна ҳасадбар дар байни хешовандону рафиқон ва ҳатто дар байни хоҳару бародарон ва ошноёни наздик вуҷуд дошта метавонад. Баъзе вақтҳо байни волидайн, модару духтар, писару падар, бародару бародар, хоҳару апа низ ҳасодат ба вуҷуд омада, боиси носолимии иртиботи волидайну фарзандон мегардад, ки чунин аъмоли ба ҷомеа низ бетаъсир намемонад. Чунки аз байн рафтани рафоқату ягонагии оила ва носолимии он боиси баҳамрехтани ваҳдату ягонагии ҷомеа шуда метавонад. Дар натиҷа ҳасад шабеҳи марази сирояткунанда аст, ки ба оила ва пешрафти ҷомеа халалпазирӣ мекунад ва мубориза дар муқобили ҳасаду бахилгӣ аз сахтарин ва вазнинтарин масъулияти инсонҳои оқилу донишманд ва аҳли фаҳм ва устодони ахлоқ ба ҳисоб меравад. Чунки ҳасади аксари ҳасудон дар хуну вуҷуди онҳо ҷо гирифта, чун одати қалбиашон гардидааст.

  Тамоми мутафаккирони бузурги Шарқи миёна, махсусан форсу тоҷик дар бораи категорияҳои ахлоқӣ китобу рисола ва шеъру достонҳои зиёде навиштаанду саъю талош намудаанд, ки фазилатро дар муқобили разолат гузоранд ва инсонҳоро ба роҳи рост ва дуруст ҳидоят намоянд. Муҳаммад Закариёи Розӣ низ аз қабили бузургоне буд, ки ҳануз дар асрҳои 1Х-Х ба ин масоили дардноки ҷомеа диққати махсус додааст ва «Тибби рӯҳонӣ»-и ӯ бештар ба ахлоқ ва разолатҳои он бахшида шудааст. Мутафаккир барои мисол доир ба ҳасодат намунаи хубе меорад, ки масалан «ба мисли он аст, ки агар шахси бегона сардори шаҳр шавад, мардуми он шаҳр ӯро бад намебинанд, валекин касе аз сокинони худи он шаҳр сардори онҳо шавад, онгоҳ қариб аксарият бар ӯ ҳасад мебаранд, агарчанде манфиати он марди худӣ барои онҳо зиёдтар аз одами бегона бошад».[5]Чунонки дар боло гуфта шуд иллати чунин аъмолу рафтор дар он аст, ки шахси ҳасадкунанда дар дил шавқи аз дигарон бе асос бартарию афзалиятнокӣ доштанро мепарварад ва дар натиҷа ин саъю талош бар нафси инсон осор мегузорад. Ин гуна одамоне, ки муҳаббати зиёде бар нафси хеш доранд, хоҳони онанд, ки ба рутбаҳои боло бирасанд, вале каси дигар ба он нарасад. Дар ҳоле, ки касе аз байни онҳо ба мартабаи болотаре нисбати дигарон расад, онгаҳ ҳасудон ғамгин шуда, мутаассир мегарданд. Бо вуҷуди он ки он шахси соҳибмартаба ба онҳо бо назари лутф нигоҳ кунаду хайрхоҳашон бошад ҳам, аз вай розӣ намешаванд ва чунон ба назар мерасад, ки хайрхоҳии вай  ба онҳо хуш наомада, худашон хоҳиши ба он мартаба расидан доранд. Аз назари Закариёи Розӣ ин тавр андешидан ва аъмоли онҳо аз рӯи адолат нест, чунки онҳо на ба ақл такя мекунанд, балки аз рӯи эҳсосот рафтор намуда, барои қонеъ шудани нафсашон талош менамоянд. Дар асл ин шояд арзиш надошта бошад, вале ҳасуд ақлро тамоман ба назари эътибор нагирифта, аз паи эҳсосоти худ шуда, барои худ расидан ба он мартабаро орзу мекунад. Дар ин ҳолат Закариёи Розӣ ба ақл такя намудану дар бораи ин умур фикр карданро тавсия мекунад ва мефармояд, ки бад дидани ҳасуд ва нисбати ӯ парваридани ҳисси хашму ғазаб ва аз нигоҳи интиқодӣ ба онҳо бархурд намудан амали доимии одамон бояд бошад. Чунки бо он шахси наздик ва ё худӣ, ба рутбаи баланде сазовор шудааст, парваридани ҳасад нисбати ӯ аз рӯи инсофу одамгарӣ нест. Зеро ки фарди соҳибмартаба каси аз худ поёнтарро аз кушиши ба мақсад расидан манъ намекунад. Ва он рутбае, ки ӯ ба даст овардааст, арзише надорад, ки ҳасад дар вай ҷо дошта бошад ва ё барои он ҳасуд ҳасад варзад. Агар фарди ҳасадбар солим фикр кунад, пас соҳибмартаба шудани он шахси муқобил ҳаргиз иллати қаҳру ғазаб намешавад.[6] Ҳасадбар бояд бифаҳмад, ки агар соҳибмартаба бародар, дӯст ва ҳамшаҳрии ӯ бошад, барояш беҳтар аст, чунки вай метавонад барои ӯ нафъе расонад. Аз тарафи дигар он соҳибмартаба ба ӯ зараре нахоҳад расонид, зеро ки дар байни онҳо новобаста ба шуғлу вазифа алоқаи наздики табиӣ вуҷуд дорад. Дар баробари ин агар дар байни мардум, подшоҳон, сарватмандон, мансабдорон робитаи аслӣ бошад, шахси ҳасадбар набояд хоҳишманд шавад, ки дороии онҳо ба вай расад. Пас, дар ин ҳолат ҳасад хурдан бефоида аст ва онҳо аз назари бад нигаристан ҳеҷ гуна асоси ақлӣ надорад. Бинобар ин аз назари Закариёи Розӣ шахси бофаҳму оқил бояд нафси наботӣ, ҳайвонӣ, шаҳватӣ ва ғазабии хешро зери назорат гирад, то битавонад нафсашро аз ҳавою ҳаваси чизҳои лаззатбахш ва шаҳват нигаҳ дорад.[7]Бисёр чизҳое аст, ки ба ӯ тааллуқ надорад, бинобар ин барои вай на лаззат ва на кайфият дорад. Дар ин маврид ҳасад хурдан барои ҳасуд ба ҷуз зиёни нафсонию ҷисмонӣ дигар манфиате надорад.   Зарари нафсонии ҳасад он аст, ки нафсро парешон намуда, онро ба чизи набуда саргардон мекунад ва аз фикри солим дур месозад ва ба саломатии ҷисми худ осеб мерасонад. Дар натиҷа ҳасуд гирифтори ғаму дард, дилшикастагӣ ва андӯҳи тулонӣ мегардад.

  Зарари ҷисмонии ҳасад аз он иборат аст, ки иллатҳое дар нафс пайдо мешаванд, ки онҳо ба ҳасуд бехобӣ, камиштиҳои ва дигар ҳолатҳои рӯҳу равониро ба вуҷуд меоварад. Дар натиҷа ҷисми инсони ҳасуд заифу нотавон, рангу рӯяш бад ва мизоҷи баданаш фосид мешавад. Аз ин ҷо, аз нигоҳи Закариёи Розӣ, агар инсони оқил бошад ҳам, вале лаҷоми нафсашро озод бигузорад, дар он ҳолат вай чунин лаззату шаҳватҳоро талабгор мешавад. Чунин аъмоли ифротӣ хоҳ нохоҳ ба зарар ва беобрӯӣ бурда мерасонад, ҳол он ки ҳамаи инҳоро шахс бо кумаки ақл метавонад аз худ дур кунад ва ҳавою ҳавасҳои нафсонии ба вуҷуд омадаро ба фаромушӣ супорад. Дар айни замон инсони оқил метавонад дар бораи он аслан фикр накунад ва беҳтарин фикр он аст, ки инсон аз ин феълу атвори аблаҳона ва разолату касофати зараровар худдорӣ намояд. Бинобар ин беҳтарин фикр он аст, ки инсон тавассути ақлу тафаккури хеш девонагӣ ва дарду алами бефоидаро аз худ барӣ созад ва бо аъмоли зерин ҳасадро аз нафси хеш дур карда метавонад: якум ин ки шахси хирадманд пеш аз ҳама аз паи аҳволи мардум бояд бошад ва дар бораи фирӯзиву беҳбудии ҳолу аҳволи онҳо фикр кунад. Дуюм дар бораи амалӣ намудани ин гуна аъмоли худ собитқадам ва устувор бошад.[8]

  Маълум аст, ки вазъияти ҳасадшаванда дар нафси худ нисбат ба ҳолати ҳасадбар дигаргун аст. Аз ин рӯ, ҳар он чи ҳасуд дар бораи маҳсуд тасаввур мекунад, бо ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Ҳасуд фикр мекунад, ки ҳасадшаванда дорои чизи азим, ҷоҳу ҷалол ва фараҳмандӣ аст, аммо дар асл ин тавр нест. Дар ин бора мутафаккир менависад: «Табъи инсон чунин аст, ки агар ягон ҳолате ва ё мартабаи азиме, ё худ пуршукуҳеро бинад, ҳамоно орзу мекунад, ки вай ҳам ба он ҳолат бирасад ва боварии том дорад, ки каси ба он ҳолат ноил гардида дар ниҳояти хурсандӣ ва таматтӯъ мебошад. Аммо ҳақиқати ҳол дигар аст. …Баъдтар воқиф мегардад, ки он ҳолат на он қадар хурсандиовар аст».[9] Ҳасуд ҳатто ба ин марому мақсади худ ноил гардида, машҳур шавад ҳам боз худро ба ҷои баландтар дидан мехоҳад, чунки ба он мартабае, ки хоста ва муштоқи он буд расид, дар айни ҳол он мартаба барояш пасту беқурб буда, ба ғаму кулфат ва тарсу хавф гирифтор мегардад. Тарсу хавфаш дар он аст, ки мабодо аз ин рутба, ки заҳмати зиёд кашида буд, ронда шавад. Вале иллати ғаму андуҳаш аз барои он аст, ки то чи ҳад қудраташ мерасад, ки вазифаи ишғол кардаашро иҷро карда метавонад ва дар айни замон хостори дараҷаи баландтари рутбаи хеш мешавад. Натиҷа ин мешавад, ки чунин фикру андешаҳои парешонхотирӣ шахси ҳасуди соҳибмартабаро ба ғаму дилшикастагӣ ва хавфу хатар меандозад. Дар баробари ин дар ҷараёни фикру хаёли аз ин мартаба боз ба мартабаи болотар расидан ҷисму ҷон ва рӯҳи ӯро дар азоб мемонад. Пас одами оқилу доно набояд аз паи ҳирсу ҷуши мансабу рутбаи боло ва сарвати муфт ба даст меомада фикри худро машғул кунад. Ва ба фикри Розӣ беҳтарин ҳолатҳо он аст, ки барои бақои зиндагии оддию ҳатмии инсон бо дарёфти чизҳои зарурӣ қаноатманд шаваду бас. Аммо мутаассифона, тамоми ин ҳолатҳои оддӣ барои ҳасудон бешавқу белаззат менамоянд, зеро ки онҳо ҳамеша дар ғами инкишофу пешрафти муфт ва расидан ба мартабаҳои болотар мебошанд. Пас, хушҳолии ҳасудон камтар аз ғаму андуҳашон буда, оромишу роҳати онон камтар аз роҳати касонеанд, ки таҳти фармонашон мебошанд. Бояд қайд намуд, ки ин ҳолати ҳамешагӣ ва табиии инсонҳо аст, яъне зиддияти ахлоқҳо, хостаҳову нохостаҳо, фазилату разолат, ҳасодату қаноатпешагӣ ва ғайраҳо дар хуни инсонҳо ҷараён дорад ва ҳаллу фасли онҳо аз қадимулаён то имрӯз идома дорад. Ин ба маънои он аст, ки инсон дорандаи ҷисм, нафс, рӯҳ ва ақл аст ва ҳар кадоми онҳо бо ҳам иртиботу дар айни замон зиддият доранд. Ҳоло инсон агар тавонад аз ҳар кадоми онҳо дар ҳадди эътидол истифода намояд, олам гулистон мешавад. Аммо, мутаассифона, боз ифроту тафрит аст, ки инсон фиреби онҳоро мехурад, ҳадду васатро монда, майл ё ба ифрот ва ё ба тафрит мекунад. Аз тарафи дигар, инсон барои он ки дурусткор бошаду ҳасуду бахил набошад, бояд нажодан «хуни пок» дошта бошад ва ё тарбияи дурусти хонавода ва мактабу ҷомеаро гирифта бошад. Ва аз тарафи дигар дорандаи илми кофӣ бошад, то тавонад аз рӯи ақлу хирад амал кунад, то ки чунин аъмолҳои разила дар вуҷуди ӯ ҷо нагиранд ва ӯро ба касолату касофат набаранд.

  Ҳоло фақат дар бораи яке аз категорияҳои разила “ҳасодат сухан рафт, аммо ин ҳасодат оқибатҳои баде аз паси худ дорад, ки он бахилӣ, кибру ғурур, кинаву кинатузӣ, шаҳватпарастию худхоҳӣ, бадбиниву бадхоҳӣ, қаҳру ғазаб, дурӯғгӯӣ ва дигар омилҳои замимаро дар инсон ба вуҷуд меорад, ки одамиро ба ҳайвони ба ҳеҷ ҳайвон монанд набуда табдил медиҳад. Хуб мешуд, ки хонандаи ин мақола ба он саҳлнигарӣ накарда, бо ҷиддият ба он таваҷҷӯҳ намояд, то панде аз он гирад.           

  Аммо, мутафаккир на танҳо иллатҳои пайдоиши ҳасадро, балки роҳҳо ва воситаҳои илоҷи табобату аз байн бурдани онро низ бозрасӣ намудааст. Дар навбати аввал, инсони оқил бояд дар бораи зарару оқибатҳои нохайри он фикр кунад, чунки дар ҷараёни фикру андеша кардан шахси бофаҳм метавонад ба хулосаҳои амиқу дуруст биёяд, ки барои ислоҳи ӯ кумаки бузурге мешавад. Аз тарафи дигар, шахсони наздики ҳасадкунанда аз гирифтории ӯ ба ҳасаду бухл бояд маҳзун гарданд ва аз ибтидои шурӯъ кардан бар ҳасаду бухл ғазабро раво дида, ӯро барои расидан ба ҳадафҳояш манъ мекарданд. Ҳамчунин дар кори шахсии ҳасадбар халалпазирӣ менамуданд, онгоҳ он шахс аз рафтори худ дар хиҷолат монда, аз ин аъмоли зишташ шояд даст мекашид.  Ва минбаъд ҳам баҳри ислоҳи ҳасуд чи наздикон ва чи бегонагон дар дил шавқе парваранду софдилона ӯро бо роҳи рост ҳидоят намоянд.

  Ин буд мухтасаре дар бораи ҳасад, оқибатҳои он ва илоҷу роҳҳои наҷотёбӣ аз он бо умеди он ки хонандаи муҳтарам аз назари мантиқӣ ба ин мақола назар намуда, хулосаи заруриро ба даст меорад.

Муродова Тоҷинисо

номзади илмҳои фалсафа

 

 

 

[1] Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор.Тибби рӯҳонӣ.  Тарҷума ва таҳияи А.Девонақулов, М.Бақоева, С.Раҳимзода. Душанбе: «Адиб», 1989. -С.75-76

[2] Ҳамон ҷо. -С.76

[3] Ҳамон ҷо.

[4] Ҳамон ҷо.-С.77

[5] Ҳамон ҷо.-С.77

[6] Ҳамон ҷо.-С.78

[7] Ҳамон ҷо

[8] Ҳамон ҷо.-С.79

[9] Ҳамон ҷо.-С.79-80

Хондан 2634 маротиба