Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нуров Нозим иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Рӯшангарони миллӣ дар "Ёддоштҳои" С.Айнӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Имрӯз, ба таври куллӣ, ҷомеаи тоҷик ва бештари манотиқи ҷаҳон ба сохтани ҳувияти динӣ машғул аст. Оё ин раванд як зарурат ва талаботи воқеии ҷомеаҳо аст? Донишмандон ва чеҳраҳои рӯҳонии кишвар, оё ин равандро огоҳона пайгирӣ мекунанд ё ноогоҳона? Чаро тӯли 70 соли Шӯравӣ, ки гӯё ҷомеаи бединӣ буд ва донишмандони он атеизм мехонданд, яку якбора ба дин рӯ оварда, имрӯз яке аз мақомоти меҳварии ҳувиятсози динии ҷомеа шудаанд? Суоли охир ин аст, ки ин раванд худҷӯш аст ё дар паси ин раванд манфиатҳои геосиёсии кишварҳои хориҷӣ нуҳуфтааст ва ё ин чеҳраҳо танҳо дар дохил фазосозӣ мекунанд?
Он чи Куруш карду Доро в-он чи Зардушти меҳин,
Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсии сеҳрофарин.
Маликушшуаро Баҳор
Мусаллам аст, ки то асри гузашта адибони миллии мо, аз ҷумла Фирдавсӣ, дар мактабу мадорис мавриди омӯзиш қарор надоштанд, зеро мо аз давлати миллӣ бархӯрдор набудем. Саҳеҳтараш, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва арзишҳои миллӣ мавриди бемеҳрӣ қарор дошт.
Астероиди наздизаминии 2014JO25 соли 2014 кашф карда шудааст. Баъди муайян кардани мадор маълум гардид, ки астероид ба Замин ба масофаи минималӣ наздик шуда метавонад, аз ин сабаб он ба гурӯҳи объектҳои ба Замин хатари эҳтимолӣ дошта дохил шуд. Ин астероид яке аз астероидҳои калонтарин ҳисобида мешавад, ки андозаи он ба 1.4 км баробар аст. Суръати ҳаракати астероид дар фазои байнисайёравӣ зиёда аз 33 км дар як сония мебошад, ва ин суръат барои астероидҳо бениҳоят баланд ҳисоб мешавад.