Ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демокросӣ ва мардумсолорист. Бо таваҷҷуҳ ба мавзуъ, чанд нуктаро ихтисоран ироа медорем:
Якум. “Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан” (ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодӣ ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию мазмуни “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” инсиҷом меёбанд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти сиёсию давлатӣ расиданро нишон медиҳад.
Тибқи анъана, 30 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мулоқоти навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва доираи таҳсилотии кишвар сурат гирифт. Суҳбати Сарвари давлат як соат давом кард ва тайи суханронии яксоатӣ мавсуф роҷеъ ба мақому ҷойгоҳи дониш дар зиндагии инсонӣ, вазъи маорифи ватанӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, муаммоҳои раванди таҳсилотӣ, роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти соҳавӣ ва то ба сатҳи ҷомеаи донишбунёди миллӣ баровардани миллат гузориши ҷолибу ҷиддии таҳлилӣ ироа фармуданд. Агарчи аз Рӯзи дониш ва дарси сулҳ чанд рӯзе сипарӣ шудааст, аммо ҳоло ҳам фурсат дорем, ки дар ҳошияи мулоқоти Сарвари давлат бо маорифиёни ватанӣ ва дар партави Рӯзи дониш чанд нуктаи иҷмолиро хидмати хонандагон қарор бидиҳем.
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)
(бардоштҳо дар заминаи маҷмуаи ҳикояҳои таҳиянамудаи шарқшиноси муосири миллӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов зери унвони “Ҷиҳози арӯс”)
Дар рушду пешрафти ҳар кишваре мардуми бофарҳанг, меҳанпараст ва соҳибтахассуси он нақши калидӣ дорад. Захираҳои зеҳнии ҳар миллат пояи асосии ба иҷро расонидани ҳадафҳои бузург мебошанд. Дар ин миён, адабиёти бадеӣ дар тарбияи мардуми бофарҳангу соҳибтахассус ва худшинос мақоми арзанда дорад. Ба воситаи ин абзор корҳои тарбиявӣ дар ҷомеа амалӣ гашта, шаҳрвандон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳалолкорӣ, масъулиятшиносӣ ва зиндагидӯстӣ тарбия меёбанд. Аз ин ҷост, ки адабиёт дар баробари театру синамо ва Васоити ахбори омма дар ростои зеҳниятсозӣ дар ҷомеа хизмат намуда, ҳувияти миллиро боло мебарад ва таъсири падидаҳои манфие ба монанди хурофоту бегонапарастӣ ва ифротгароиву нафратпароканиро кам мекунад.